Навҳа бар марги хамӯшӣ
Бурдам аз ёд хамӯшӣ чӣ забоне дорад,
Ба чӣ лафзе ба сухан омада буд
Буд садбарги забони русӣ,
Ё ки бо шеваи немисӣ ҳамегуфт дуруд.
Ё яҳудӣ ба кафаш дошт паём,
Ё ки меҷаст чу теғе зи ниём,
Балки ӯ худ сухани оина буд,
Балки гуфтед, ки фавтид ба ком?
Чун гузаштам зи бари рӯди равон,
Аз бари рӯшанӣ рафтам он сӯ,
Худ хамӯшӣ ҳама мешуд хомӯш,
Монда дар тӯри табиат зи нумӯ.
Рафта гамбусксавор лӯказанон
Бо паёме ба лабам дар дили чошт.
Бурдам аз ёд, хамӯшӣ чӣ забоне дорад,
Ту ба ман гӯ, ки забон дошт, надошт?



