Билол
Дар мактаби Маскав чечени ҳафтсола,
Ҳамнишини хештанро мезанад дӯғ, гарданаш хоҳад задан.
Ва дасти худро бигзаронад аз таги фуки худаш.
Дар маҷлиси волидон калонсолон ба фарёданд: «То ба кай?»
«Агар хуш-шон наояд, бигзор, Маскави дигар гузинанд аз рӯи харита.
Ва бе инҳо, осудатар хоҳем зист».
— Бингаред, чи дандоннамоии ваҳшиёнае ӯрост.
Чӣ рафторе. Кӯдакон бемор хонандаш ба таҳқир,
Зеро зуд-зуд ӯро ғазаб мегирад.
— Падарам меояд ва туро тир мезанад, — мегӯяд Билол,
Писараки хурдакаки рангбохтаро, — бигӯ ба дигарон
Онҳо гӯсфанданд, шағоланд. Ва каме сард мешавад.
Пушти ҷевон менишинад ва нафас мезанад, —
— Тағои ман дар Грозни уқобро гирифт, — мегӯяд Билол —
Ва ӯро дар қафас нишонд ва мурғобиро ба пешаш андохт.
— ...Модаронро ба маҷлиси волидон ҳеч зарурат нест.
Бояд падаронро бифиристод, то бидонанд,
Писаронро ин ҷо дақиқае тоби зиндагӣ нест.
— Устухони мурғобиро уқоб топ-тоза кард,
Қатрае хуне намонда хӯрд ӯрдакро уқоб, —
Мегӯяд Билол ва ифтихори уқоб мекунад —
Ва ҷӯраи тағои ман говеро паронда кушт,
Ва барои хӯрдани он саросари кӯча
Сари миз нишастанд.
— Ин хуб нест, —
Шувшувест, ки чечендухтари хапакро модар дигар аст, ва падарҳо хомӯш.
Ва духтарак сар биҷунбонад, ки ба Аслон мерасонам,
Ҳар замон, ки ӯ бозояд.
Чашмони олуии Билол ду пай дорад,
Ва нигоҳаш ба таъқиб омода.
Чашмони Билол ними пешонӣ ва лабрези ғами хашмӣ.
Гӯӣ, Худои идорадори пораи маълуми Қафқоз аст.
Ва ин чашмҳоро бо дастҳо кушода.
Лек, сахт тез, ба дарди буранда ва ғайриинсонӣ.

