Маълумоти тоза дар бораи Петрарка ва Лаура

Лаура нома бинвисад ба Петрарка,
Ба хатти Times New Roman —
Рӯи дафтари интернет.

Нома гум мешавад.

Петрарка барои Лаура сонет менависад,
Панҷаҳои тугмачаҳои роял медаванд.

Нома гум мешавад.

Рӯи пероҳани Лаура баргҳои
Ҳарф пош мехӯрад.

Дар ин ҳангом
Онҳо чунон бо ҳам наздиканд,
Ҳамин ки даст биёзӣ,
Ба лелачаи чап мерасӣ