Бабри коғазӣ
Потапов бо дасти рост гиребони палтояшро даври гулў ҷамъ оварда, ҷониби кўча қадам гузошт. Аз сармои шадид нафасаш бипечид ва дар чашмонаш якбора ашк ҳалқа зад. Гўшҳо ва сари тосашро зиреҳи вазнини ях пўшонид. Тақрибан панҷоҳ метр дуртар аз вурудгоҳи меҳмонсаро таксие ба мушоҳидааш расид ва ў даст афшонда, мошинро ҷониби хеш бихонд. Дастпўш надошт, аз ин сабаб дасташ андарзамон шах бишуд, вале такси аз ҷояш наҷунбид.
Ў шитобон гиребони фиту фусурдаи палторо бардошт ва сипардани пиёдароҳаи яхбастаро идома бахшид. Ин лаҳза Потапов ба назари худ кайҳоннаварди банохост аз киштии кайҳонӣ берунафтодаро мемонд. Рўдаи ноаёне, ки ҳамчун риштаи ноф ба киштӣ пайвандаш медод, бигусаст ва ў инак дар фазои куллан беҳаво миёни ахтарони шуълапош даступозанон шино мекард. Ду дафъа лағжидаву бархоста, то мошин бирасид, дарашро бикушод ва сухане ба забон наёварда, худро андаруни нишемани дудхўрдаи он афканд.
— Чӣ гап? — бипурсид ронандаи тануманд, сарашро ба тарафи ў нагардонда.
— Ҳеҷ гап не, — посух дод Потапов ва ашкҳояшро бисутурд. — Даромадам, ки гарм шавам.
— Роҳпулӣ дусад сўм аст.
— Э, бигзор сесад сўм бошад.
— Ба сесад сўм туро ман иловатан сайр ҳам медиҳам.
— Бисёр хуб... Пас, рафтем. Ман бояд телефон бихарам. Маро ба фурўшгоҳи наздиктарин бубар.
Смартфони Потапов як соат қабл аз фарти сармои чиҳилдараҷагӣ корношоям гашт. Потапов онро дерёз дар каф нигоҳ дошта, баҳри шумора чидан ҷуръат нанамуд ва телефон аз фаъолият бозмонд. Кунун ангуштони сармозадааш ҳар чини ҷайби палторо дардангез мепалмосиданд. Тўли даҳ соли дар шаҳри худ набудан ў мутлақо аз хотир зудуда буд, ки зимистони Шимоли Ақсо чист.
— Ҳамин ҳозир омадӣ? — пурсон шуд ронандаи такси, дар курсиаш ҷунбуҷўл карда.
— Ду соат пеш.
— Ҳа, аз ҳамин сабаб мувофиқи мавсим либос напўшидаӣ. Чикораӣ?
— Коргардонам.
— Э, аҳсант!...
— Гўш деҳ, шояд ба роҳ бароем, а?
Ронанда ГАЗ-24-ашро ба ҳаракат даровард, «Волга»-и куҳан, мисли қатора дар пайвандгоҳи релсҳо, чархҳояшро тақ-тақзанон ба оҳистагӣ ҷода бипаймуд. Агар мошин ҳангоми сармо дар ҷояш мутадовил меистод, қисми поёнии чархи он шах шуда, ба худ шакли росткунҷа мегирифт ва баъдан боз чанд муддат ба вазъи пешинаи доиравиаш баргардидан наметавонист. Ба туфайли ин дар шаҳр, ки аз сабаби яхбастагии абадӣ роҳи оҳан надошт, зимистонҳо гоҳ-гоҳ чунин тақ-тақи сурурмандона танин меандохт.
Ронанда мошинро назди хонае биистонид, ки Потапов дар он бачагияшро гузарондааст. Агар як моҳ қабл мебуд, ў ба чунин иттифоқ ҳеҷ таваҷчуҳ зоҳир наменамуд, лекин алъон ҳатто аз мошин ба зудӣ нафуромад ва андак даступо хўрда, биандешид, ки ин яқинан фолест.
Назди ҷаъбаи шабакаи гармидиҳӣ дар шафати анборҳо уазики полис ва фосилае дуртар мошини боркаш меистод. Ду полисмард, ки пўстинҳои ноҳинҷор пўшидаанд, бо кадомин касе, ки дар ҷаъба нишастааст, суҳбат мекарданд.
Андаруни кабинаи мошини боркаш оташаки сигори шахси нисбат ба ҳама чиз бепарвое шарора мепошид. Потапов хуруҷи ногаҳонии сарчархзаниро фурў нишонда, ҷониби мағозаи хурде, ки бар фарозаш вожаи «Робита» фурўғ мепароканд, қадам бардошт.
Эҳсоси фалокати азим ва арасоти оянда, ки баробари ба ҳавлии куҳан ворид шудан фарояш гирифт, барои ў аллакай ошно буд. Аслан, эҳсоси мазкур ўро чанд моҳ боз тарк намекард. Тобистони сипаришуда, ки дар атрофи Маскав аз гармои бемисл рустоҳо, ҷангалҳо, торфзорҳо сўхта, биноҳои баланди сталинӣ, аз ошёнаи понздаҳум оғозида, зери дуди хокистарфом нопадид мегаштанд, Потапов ҳар бомдод аз ҳуҷраи салқини худ ба шаҳри тасфхўрдаи дар меҳи ғуборандуд печида тўлонӣ дида медўхт ва ҳавосозҳои пурқувват, ки аз ҳар ҳуҷра ғурросашон аранг-аранг ба гўш меомад, ҳисси амониву осудагӣ намеангехтанд. Баръакс, ин таҷҳизот вобастагии комили Потаповро ба ҳолатҳои лавнолавне таъйид менамуданд, ки онҳо бароҳатии зиндагонияшро таъмин мекарданд, вале ҳар вақти дилхоҳ метавонистанд бар муқобилаш қарор гирифта, дар исканҷаи тамуз бифишоранд, хоку хокистар бигардонанд, бо дигар мардум ҳамгун бисозандаш.
Ҳангоми сиголиш ҷиҳати қатъ ёфтани неруи барқ, садама дар шабакаи обтаъминсозӣ, гармои шадид, даҳшату ваҳшат, хуруҷи ногузири тааррузу таҷовуз, бебандубории оммавие, ки ягон давлат аз уҳдаи ҷилавгирияш намебарояд, муҳимаш, ҷиҳати баробарии худ бо дигар шаҳрвандон дар назди ин ҳарҷумарҷ Потапов нафақат заифии вуҷуди худ, балки беҳимоятии соири инсониятро идрок менамуд.
Аммо дар ин масъала ў пеши худ чандон ҳилаомезӣ буруз намедод. Ҳалокати қариб ҳафт миллиард одамро ғолибан аз лиҳози хаёлотӣ ва фалсафӣ ба тасаввур меовард, бар акси ҳол фавти нобаҳангоми худро ҳамчун беадолатии шахсан ба алайҳаш нигаронидашуда мепазируфт. Агарчи дар асл аз марг намеҳаросид, ҷиддият ва моҳияти ҳақиқатеро, ки зимни фалокати азим метавонанд ҷамеи одамон ба ҳалокат бирасанд, эътироф наменамуд. Ин ҷамеи одамон ҳамонҳоеанд, ки ў ба ҳеҷ вазъу ба ҳеҷ ваҷҳ, ҳатто мисли онҳо ҷон ба ҷонофарин супурда, ҳамсонашон шудан намехост.
Марг барои Потапов хусусиятҳои умумӣ ва ҳамагонбаробарсозиеро надошт, ки онҳо, ба пиндори ў, фақат барои он андешида шудаанд, ки ба шахсони аз беморӣ ё бебизоатӣ ранҷур, ё ба шахсони ноуҳдабарои аз истеъдод маҳрум баҳри тан додан ва пазируфтани адами ногузир мадад расонанд. Ҳалокати эҳтимолии худро ҳангоми фалокати азим ҳамчун мағлубияти шахсияш мефаҳмид.
Дар интернет матолиби ҳангомаомезу воҳимабарангезро доир ба охирзамон, ки гўиё соли 2012 падидор хоҳад гашт, аз назар гузаронда ва маблағҳои худро, ки бояд лоақал то даҳ соли дигар кифоят бикунанд, шумурда, хулосаи одии риёзӣ баровард ва мамнунияти пуршигифте эҳсос намуд, ки захираи побарҷоияш нисбат ба аҳли сайёра фузунтар боқӣ мондааст. Яъне ў метавонист ба ҷадвали ҳаётии худ ду-се тарҳи бо нобарорӣ мувоҷеҳшавандаро ворид бисозад, вале аҳли сайёра наметавонист. Дар ин сабқат бо ў аҳли сайёра мебохт.
Потапов дар бардама лағжон-лағжон ба дарунтари ҳавлӣ, ҷониби кунҷе, ки ду бинои ҳузнафзои панҷошёна мавқеъ гирифтаанд, диққаткорона нигариста, ҷода тай мезад. Дар он ҷо вурудгоҳи собиқи ў сиёҳӣ мекард. Лўлаи шабакаи гармидиҳии шафати вурудгоҳро, чун одат, риши ғулии яхшўшаҳо пўшонида буд. Тафовут ин, ки қисми болоии риши мазкур якуним метр масоҳат дошта бошад, қисми поёниаш фарохтар густариш ёфтааст.
Потапов ёд дорад, ки аз лўлаи гармидиҳӣ умре об мечакид. Об зимистонҳангом ба чунин кўҳи яхин мубаддал мегашт, тобистонҳангом ба зери бино таровида, яхбастагии абадиеро, ки сутунҳои синҷи иморат бад-он ҷойгиранд, оҳиста-оҳиста гарм карда, кам-кам шуста мебурд. Аз ин рў бино, биангорӣ, «шино менамуд», дар девори ҳуҷраҳо тарқишҳои дароз падид омада, зимистонгаҳон бо қирави шоха-шоха фаро гирифта мешуданд. Лекин заҳиши об аз лўлаи назди вурудгоҳ тамоми сол идома меёфт ва ин касеро ба ташвиш намеовард. Агар касе ҳуҷраи худро фурўхтан мехост, тарқишҳоро бо тасмаҳои коғаз ширеш менамуд, деворҳоро сафед мекард ва танҳо баъди чунин тадбирҳо муштариёнро барои муоина мехонд. Тасмаҳои коғаз расо ду моҳ дошт медоданд.
Карахши яхҳои таҳти лўла ба ёди Потапов равзанҳои хонаи куҳнаашро ҷилвагар месохтанд. Чорчўбаҳои сеқабата, ки бо пахтаи техникӣ маҳкам карда, бар замми он бо коғази дурушт часпонида шудаанд, аз бардама наҷот намебахшиданд, бад-ин ваҷҳ баҳорҳангом дар танаи равзанҳо дурдаи хокистариранги шахшўли на камтар аз понздаҳ сантиметр ғун мегашт. Сатҳи мушаббаки дурда ҳеҷ замон ранги сафед намепазируфт, зеро ҳаёти муқаррарии инсонӣ дар ҳуҷраи тўли чанд моҳ шамолнахўрда анбўҳи азими гарду чангро тавлид месозад ва он ҳиссаи гарду чанге, ки дар шуши соҳибхона таҳнишин намегашт, лоя-лоя дар ин бардама ҷамъ меомад.
Бо умеди сўйи берун ақаллан нимназар афкандан бо ҳаври даҳон ё бо кафи дастон гарм кунондан ва ё бо нохун харошидани бардама суде надошт. Ҳатто рўшноӣ аз хилоли он бо душворӣ мегузашт. Бардама муддати чаҳор моҳ тақрибан як соат ҳар рўз, мисли ҷинояткоре, ки ҳанўз баҳри ҷиноят ба қароре наомада, вазъиятро меомўзад, ором-ором ба ҳуҷра метаровид. Бо сипарӣ гардидани айём сатҳи шишагии равзан барои бардама тангӣ мекард ва он ба чаҳорчўбаҳо интиқол ёфта, дамидаву варамида, монои тармаи пешазтаърихӣ ба зертахтаи равзан меғеҷид. Аз чунин ғасбкории он ранги чаҳорчўба ва зертахта ҳар баҳор қубла мезад.
Мунтазир шудан, ки бардамаи равзанҳо худ аз худ об гарданд, ба Потапов ҳаргиз даст намедод. Дар айёми бачагӣ ў ба ин яхтўда тангаҳои хурдро метиқонд, вақте онҳо канда шуда, ба замин меафтоданд, ў корди оширо гирифта, ба тарошидани яхи нафратангез мепардохт ва ин машғулият барояш лаззати муқоисанопазир мебахшид.
Потапов кордро дар оташи плитаи газ метасфонд ва ба хотири сард нагардиданаш аз ошхона бо суръати тамом дав-давон омада, онро фашшосзанон ба дурдаи хираранг фурў меандохт. Корд жарф ворид мегашт, аммо ин ба тўдаи ях осебе намерасонд. Зарур меафтод, ки ў ба ошхона боз чандин дафъа битозад, то аз ин яхкўҳ лоақал порачае канда бигирад. Потапови майдаяк ба зертахтаи равзан баромада, ҳамчун асири дижи тираву тор дар романи Александр Дюма бехудона яхро метарошиду метарошид. Яхрезаҳо дар таги зонуи ў қирс-қирс мекарданд, вале анбўҳи ин Гренландиёи амудӣ зинҳор сўрох намешуд.
Боре Потапов хеле кўшид ва ҳамроҳ бо яхтикка пораеро аз шишаи кунҷи поёни чаҳорчўбаи берунӣ барканд. Инро ў танҳо лаҳзае пай бурд, ки зертахта ба хун биолуд. Вале ў зонуҳои мискинашро аз ёд сутурда, рўяшро ба сўрохи қутраш тахминан бист сантиметр ҷафс бикард ва фонуси фурўғпоши кўчаро дида, қариб буд, ки ашк бирезад.
Фонусҳо дар навбаҳорон барои иддае сокинони шаҳр чунон аҳаммияте доштанд, ки мино барои дастаи баҳрнавардони аз ғояти шинои дарозмуддат беҳолу афсурда. Ба ҳар сурат, онҳо барои Потапов бархурдор аз чунин эътибор буданд. Тамоми зимистон фонусҳо аз худ бо лаккаҳои бохтаранги рўшании дар моварои меҳ базўр ташхисшаванда дарак медоданд, фақат дар моҳи март ногаҳон ҷониби осмони нилгуни шомгоҳӣ ба шаъшаангезӣ меоғозиданд, гўиё касе холи ғуссаовари ба чашми шумо афтодаро якбора бурида партофта бошад. Воқеан, осмон ҳам то ин лаҳзаи ноаён ва шукўҳмандонаи найсон ранги нилӣ надошт. Сареҳтар гўем, осмон аслан мавҷуд набуд, зеро дар фазои ба куллӣ тираву тор фақат шахси дорои тахайюлоти ғанӣ, ё баръакс шахси маҳрум аз чунин тахайюлот, метавонад бо итминон иброз намояд, ки ин лаҳза куҷост осмон. Албатта, на ҳама кас пайдошавии фонусҳои навбаҳориро пай мебурд, аммо дар шаҳр нафароне низ буданд, ки ба азоби тирагӣ ва меҳи анбўҳ моҳҳо тоб оварда, онҳоро интизорӣ мекашиданд.
— Бало занад, — Потапов остонаи лағжони дуконро убур намуда, аз пушти худ ҳалқаҳаврҳои сапеди сардро ба дарун раҳ бидод. — Ин ҷо фурўшгоҳи видеост магар?
Деворҳои мағозача бо мусаввараҳои калони филмҳои машҳур оро ёфта буданд. Аз яке Ҷон Малкович, байни сарҳои зебои Мишел Пфайфер ва Гленн Клоуз тазйиқ хўрда, ба Потапов розомез дида медўхт. Нигоҳи исроркорона ва ҳамзамон беэътиборонаи Малкович, ки мўйи ориятии сафедранги дарбориро бар сар ниҳодааст, ба кадом як амали мамнуъ илқо менамуд, вале бодбизанҳои хонумҳо гўиё хатарро бартараф мекарданд. Аз ҷониби рости ин гурўҳи ишвафурўш Марлон Брандои ба куллӣ бараҳнаро рафиқаи айнан ҳамин гуна бараҳнаандоми порисии ў, ки зонувонашро то сандуқи сина бардошта нишастааст ва аз ин ваҷҳ дуруст диданаш муяссар намегардад, оғўш гирифтааст. Изофатан, ин ҷойи сурат бо ҳарфҳои сафеди номҳои ғуломони барои ҳеҷ кас нолозим ва мағрури Бертолуччи пур карда шудааст.
— Ба ман содамарде гуфт, ки ин ҷо телефон мефурўшанд, — ғурунгид Потапов, нигоҳашро аз Мария Шнайдери урён ба фурўшандаи баландқомат ва азаматҷусса, ки сар ба китобчаи сурхмуқовае хастааст, равона карда.
— Ин ҷо ҳар чӣ гуфтан мегиранд, — баъди фосилае посух гардонд фурўшанда, чашм аз китобча барнагирифта. — Ба ҳама гап эътимод бастан набояд... Аммо дуруст, ки мо телефон мефурўшем,
— Рост? — Потапов сўйи Жерар Депарде, ки аз равзан Фанни Ардани ҷиддисимои андаруни хона нишастаро тамошо менамуд, каҷ-каҷ нигарист.
Дар зертахтаи равзан сабадчаи бофтае анбошта бо афлесунҳо меистод ва Фанни шавқмандона яке аз онҳоро бо корд мебурид. Ў бо пироҳани нимтанаи сафедаш кулли мадди аввали мусаввараро фаро гирифта буд. Васвасаи пардапўши ботинӣ, мубориза барои пешсафӣ, муносибати бераҳмона ба меваҷот, — чунин тасаввур мекард Трюффо занонро, агар аз рўйи ин тасвир ҳукм барорем.
— Пас, ин мусаввараҳо чӣ заруранд?
Фурўшанда ба Потапов ало чашм дўхта, суолашро шоёни посух донист.
— Ин эҷоди мост. Хўҷаин аз файзи ақли воло чунин иқдоми таблиғотӣ андешидааст. Нархҳо бояд аз биноҳои осмонхарош ҳам боло мерафтанд... Вале чӣ шуд, ки ҳеҷ намеафзоянд.
Фурўшанда барои ин гуна тиҷорат шахси ғайриодӣ метофт. Мўйсари зарди дарозашро ба қабзаи ғафс ҷамъ овардааст. Зери нимтанаи беостини замшӣ пўстини чармини шомили парчинҳои зиёди фулузӣ ва занҷиракҳо пўшида. Почаҳои шими сиёҳашро ба соқи мўзаи сарбозӣ андароварда. Аз таҳти пешонии коҳидаранги пургўшти гармичадору пурожангаш як ҷуфт чашми калон-калони начандон илтифотогин ба кас менигарад. Дар рўйи муқоваи сурхи китобчаи зери дасти ў чеҳранигораи доирашакли Мао Сзедун ба мушоҳидаи Потапов бирасид.
Мухлиси ғояҳои пешвои бузург дар ин дукон, сареҳан, на дар мақоми худ қарор дошт. Ё то ҳол кӣ будани худро дарк нанамудааст. Зимни гуфтугузор ў аз нигаристан ба чашми шариксуҳбат мегурехт. Нигоҳаш аз шинухези сатҳӣ дар чеҳраи Потапов оғозида, пасон ҷониби чап ё ҷониби рост медавид, гўиё Потапов танҳо наомадааст, ё фурўшанда бо вуҷуди итминон ба худ ва нафрати возеҳ нисбат ба атрофиён кадом як ҳисси шармангезеро пинҳон кардан мехост.
— Иқдоми таблиғотӣ? — пурсид Потапов.
— Бале, — фурўшанда пай бурд, ки муштарияш одами аз ҳар ҷиҳат ғайримаҳаллист ва бад-ин ваҷҳ омода буд аз вақти пурқимати худ андакеро барои ў ҷудо созад. — Ба сари хўҷаин фикри ҳамин суратҳои фоҳиш омад. Мегўянд, ҳамаашон аз филмҳое мебошанд, ки фарогири мавзуи робитаҳои ошиқонаанд.
— Хайр-чӣ?
— Охир, мағозаи мо «Робита» номида шудааст, — чашмони ў ба паҳлуи Потапов ғел хўрданд ва Потапов бидуни ихтиёр ба он ҷониб рўй тофт.
— Ҳа-а-а, ба ин маъно? — мад кашид Потапов, дар пушту паҳлуи худ чизи ҷолиберо надида. — Робита... Оре... Ман аввал дарк накарда будам.
— Ҳеҷ кас дарк намекунад. Вале хўҷаин мепиндорад, ки ин манфиатовар аст.
— Нафаҳмидам.
— Вай меандешад, ки ин таҳаввули беҳад ҷиддист, — ба шарҳу эзоҳ пардохт фурўшанда. — Сармоядор! Ана боз телефонмонаки махсусеро фикр кардааст.
Фурўшанда аз таги пешдукон поячаи телефонро, ки ба шакли лабҳои калони фарбеҳ сохта шудааст, берун кашида, ба Потапов нишон дод. Телефони ҳамроҳ ба ин даҳони арғувонӣ гузошта мешавад, лабҳо канор мераванд ва ин ҳама, аз афташ, то занг задани маъшуқа, бояд дар вуҷуди ошиқ ҳаяҷони шаҳвонӣ биангезанд.
— Ҳамчунин ў барои зангҳои пинҳонӣ бар навиштааст. Агар хоҳед, ба ивази пардохти алоҳида онро ба телефонатон гузарондан мумкин аст.
— Эҳ, бар чӣ бошад?
— Гуфтам-ку, як навъ бар. Яъне барнома.
— Ҳа-а-а, барнома... Ихтисораи вожа. Ва чӣ кор мекардааст он?
— Имкон медиҳад, ки баъзе зангҳо пинҳон нигоҳ дошта шаванд. Онҳо на дар рўйхати зангҳои шуморачидаи худатон ва на дар рўйхати зангҳои воридшуда инъикос меёбанд. Чунон ҷўр кардан низ мумкин аст, ки ин зангҳо бидуни садо ворид бигарданд. Масалан, шумо бо занатон дар мошин равонед ё дар тарабхона нишастаед. Телефон ҳатто нимовоз намебарорад.
— Пас, ман чӣ тавр мефаҳмам, ки зангам задаанд?
— Ларзиш. Метавонед ларзишро фақат дар ҳамон як шумора бигузоред. Ва ғайр аз шумо нафаре бохабар намешавад. Ҳамчунин, аз занг нишоне намемонад. Баъдан сафҳаи зангворидшударо тоза кардан ҳам лозим намеояд. Воқеан, баъзе касон инро комилан аз ёд мебаранд... Ва оилаҳои нағз барҳам мехўранд.
Фурўшанда бо чунон бовармандие сарашро ҷунбонд, ки гўиё худаш ин лаҳза чунин як хонаводаро наҷот дода бошад.
— Фаҳмо, — нафас рост кард Потапов. — Ту ин ҷо ба чӣ кор машғулӣ?
— Ман? — аз гардиши якбораи суҳбат фурўшанда худро бохт ва нигоҳаш барои ба ҷонибе гурехтан фурсат наёфта, монои пашшаи хуфта бар чеҳраи ҳамсуҳбаташ шах шуд.
— Охир, ман телефон мефурўшам.
— Бо Мао Сзедун?
Фурўшанда ноогоҳона чашмашро ба китобчаи дасташ бидўхт, аммо ҳамон лаҳза худро ба даст бигирифт.
— Хўш, чӣ гап? Магар шумо муфаттишед?
— Ҳа.
Нигоҳи фурўшанда оҳиста-оҳиста аз асабоният анбошта мешуд.
— Касе нафармуда, ки дар ҷойи кор мутолиаи китоб манъ аст. Шумо, умуман, аз назди кӣ ин ҷо омадаед? Толик гуфта буд, ки худаш ҳама корҳоро назора мебарад. Оё ў шуморо фиристод?
Потапов чунин як тарзи китфдарҳамкаширо медонист, ки онро тамошобини театр ҳатто аз қатори охирин ба осонӣ чунин мехонд: «Магар худат намефаҳмӣ?». Барои ҷустор ва дар хотири ҳунарпешагон нақш бандондани ин ибора боре як тамрини комил гузаронда шуд, аммо ин ишора ба чунин ҷаҳду ҷадал меарзид, зеро ҳамвора кор медод. Зимни шартгузории «Худат бифаҳм» одамон, чун одат, гумон мебаранд, ки онҳоро нохушӣ мунтазир аст, вале ниқоби хомўшӣ эҳсоси хатарро чандин карат зиёд менамояд.
— Ту алъон ба ман телефоне бифурўш. Баъд суҳбатамонро идома медиҳем.
Потапов ҷунбуҷўли ноозодонаи фурўшандаро, ки дар санадҳои техникӣ баъзе қайдҳо мегузошт, мушоҳидакунон назди пешдукон омад ва китобчаи кушодамондаро ба даст гирифт. Фурўшанда ба ин амали ў мушаввашона бад-бад нигарист, аммо сукут биварзид. Вай телефонро ба қуттиаш ҷойгир менамуд. Потапов шикебоёна ба варақзании саҳифаҳои китобак бипардохт.
— Шумо ба ҳар ҳол аз назди кӣ омадаед? — ба хомўшӣ тоб наовард фурўшанда.
— Ман? — Потапов ҷониби ў чашм бардошт. — Ман аз назди рафиқ Мао.
Дастони фурўшанда аз ҷобаҷокунии телефон бозистоданд. Аз умқи чашмони калонаш, ҳамчун аз уқёнус, кадом як андешаи калон мисли сояи наҳанг сипарӣ шуд.
— Ана ин ҷо навиштаанд, ки ҳар гуна империалист бабри коғазист, — суханашро давом бахшид Потапов. — Хўҷаини ту... Номаш чӣ буд?... Ҳа, Толик... империалист аст?
— Э, не... Вай ҳамагӣ боз ду хаймаи фурўшандагӣ дорад. Хайр, боз як веб-студия... Чор-панҷ роёна... Бисёр нест амволаш.
— Оҳо! Веб-студия! Тавассути ҳамин веб-студия Толик ба саросари олам дастони чирколудашро меёзонад. Маълум мешавад, ки аздусар ў империалист будааст. Яъне бабри коғазӣ. Пас, чаро ту ба хотири бабри коғазӣ заҳмат мекашӣ? Барои хиш-хиш занондани коғазҳо ёрияш мерасонӣ? Ба назар бигир, ин на ман, балки рафиқ Мао бо ту суҳбат мекунад. Ту худат намефаҳмӣ, ки ин ҷо чӣ галае мечарад? Дар ҳақиқат империализм сохтан дорӣ, ошно, пас, инқилоб чӣ мешавад? Хокистари Клаас дигар акнун дар дили ту шўр намебарангезад?
Марбут ба Уленшпигел, албатта, Потапов аз ҳад гузаронд, вале фурўшандаи ин дам сахт ҳаяҷонзада чизеро идрок накард. Алалхусус, ки Тил ҳам бо истисморгарон мубориза мебурд. Мавқеи Потапов боз бо он мустаҳкам мешуд, ки барои фурўшанда зинҳор фарқе надошт: муштарии тааҷҷубангезаш ҳазл мекунад ё не. Яқин, ў ин сарҳадро кайҳо гузашта, он чи, ки пештарҳо барояш базлаву арбадаи одӣ буду бо мадади он нобарории ҳаёташро аз дигарон маҳфуз медошт, ба як чизи бузургтар табдил ёфта, мақому манзалаташро ҳатто аз худаш ниҳон мекард. Ў ба инқилоб, Че Гевара, Мао Сзедун эътимод мепарварид ва ин эътимоди тасхиргар, мушобеҳи сўзандоруи дардфарсо, имкон медод, ки комёбиҳои дигаронро осон аз сар бигузаронад.
— Э, ман ин ҷо зиёд намеистам, — оқибат лаб кушод фурўшанда. — Фақат ин, ки модарам ба ҷонам зад. Мегўяд: «Чӣ хобидаӣ, бирав, кор бикун». Ман магар хобидаам? Ман андеша меварзам. Ман бояд руст шавам, бояд интизорӣ кашам. Мао навиштааст: «Аз лиҳози стратегӣ мо бояд адўвонамонро бад бинем». Ман ҳам ба онҳо нафрат дорам. Вале дар идома ў менависад, ки аз лиҳози тактикӣ бояд ба адўвон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. Бар изофа, модарам дилу ҷигарамро мехўрад... Хулоса, ман тасмим гирифтам, ки ба иктишоф пардозам.
— Ба мулозимати Толик омадӣ?
— Ҳа, дуруст. Мо бо ҳам замоне дар як синф таҳсил мекардем... Кўтоҳи гап, душман худ аз худ нобуд намешавад. Ўро омўхтан лозим. Медонед, ман аслан дар чӣ хусус орзу менамоям? Дар хусуси ҷип.
— Магар ин орзу аз ҳад буржуазӣ нест?
— Э, не, сабр бикунед. Ман ҷипи калони сиёҳи дорои тирбори сиёҳро мегўям. Дар «Сталкер» соҳиби чунин мошин будам.
— Дар куҷо?
— Дар «Сталкер». Бозии роёнаӣ дар Коиноти додарон Стругатскийҳо. Умедворам, шумо «Зиёфат дар ҳошияи ҷода»-ро хондаед?
Нигоҳи фурўшанда кунун ба ҷонибҳо намегурехт, балки аз таги пешонии ғафси рангбохта Потаповро парма мекард.
— Хайр..., ин муҳим нест. Идома деҳ.
— Алқисса, ба роҳи марказӣ мебаройӣ ва ба атрофу акноф тирандозиро оғоз менамоӣ — та-та-та-та-та...
— Биист, он ҷо на ҳама империалист аст-ку.
— Э, барои ман фарқаш не, хоҳ империалистон бошанд, хоҳ гўсфандҳояшон. Гўсфандҳоро аз байн мебарем, барои пашмтарошии империалистон касе боқӣ намемонад. Ва агар ҳаққи гапро гўем, гўсфандҳо бадтаранд. Охир, онҳо худашон мехоҳанд, ки дигарон пашмашонро битарошанд. Худашон зўроваронро ба васваса меандозанд. Воқеан, дар Библия навишта шудааст, войи касе, ки тавассути ў гуноҳу васваса ба дунё меояд. Онҳо бо кундақлии худ васваса меангезанд. Ба коре намекўшанд, ҳеҷ орзу намепарваранд, гўсфандгуна мутеанд. Пешакӣ барои нушхўри ҳаққи худ розиянд.
— Худи ту орзуе дорӣ?
— Албатта.
— Дар кадом бобат?
Фурўшанда сўйи Потапов ҳайратомез ва ҳатто андак гарангона нигарист, гўиё нохост ҳамсуҳбаташро аз даст дода бошад.
— Чӣ хел дар кадом бобат? О, гуфтам-ку. Орзуи ҷип дорам...
Меҳмонсаро салқин буд, аз ин рў Потапов барои палторо аз тан бадар овардан саросема намешуд. Телефони навро аз қуттӣ берун кашида, сим-кортро аз телефони пешина ба он ҷо кард ва ба соат чашм дўхт. Дар Маскав аллакай субҳ медамид.
Шумораи азёдшудаи ошноро чидан ба назараш начандон осон метобид. Ду бор то рақами охирин даст бурда, аломати қатъро пахш бинамуд. Баъд назди равзан истода, барои шуморачинии савум тасмим бигирифт.
— Дуру-у-уд, — оқибат садои хоболудонаи басо меҳрубононаи бонуе танин андохт. — Ту куҷо ғайб задӣ?
— Ман чандон дур нестам... Барои наворбардорӣ ба ҷустани ягон қаҳрамон омадам.
— Рў ба фиро-о-о-р ниҳодӣ, — тамасхуромез гўшрас бишуд садо, ки аз сабаби хоб камакак хиррӣ буд.
— Не-не, — оҷизона эътироз бинамуд Потапов. — Ман ҳамту...
— Беҳуда гурехтӣ, — зан дар он ҷониби телефон табассум бикард ва Потапов, монои саги аз иштиёқ ҳаяҷонзадаву бемадор, андарзамон табассуми ўро пай бурд.
— Бииист, магар ту натиҷаи ташхисро гирифтӣ?
— Оре-е, — тантана дар овози зан бо чунон рангҳое ифода биёфт, ки Потапов чунинашро зинҳор чашм надошт.
— Баъд чӣ? — базўр пурсид Потапов.
— Баргард. Ҷарроҳӣ барои ман лозим набудааст. Пизишк гуфт, ки ҳамааш баҷо.