Тимур Кибиров

Соли 1955 дар Шепетовкаи вилояти Хмелнитский (ҶШС Украина) таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории вилояти Москва мебошад. Осораш дар интишороти ғайрирасмӣ нашр шудааст. Муаллифи бисту ҳафт китоби шеър, аз ҷумла: «Кўчаи Островитянов» (2000), «Ҷашни қаҳрамони лирикӣ» (2000), «Amor, exil» (2000), «Кӣ ба куҷо — ман ба Россия». (2001), «Шалтай-болтай» (2002), «Шеърҳо» (2005), «Кара-барас» (2006), «Се манзума» (2008), «Шеърҳо дар бораи ишқ» (2009), «Ниг. ба боло» (2014), «Театри драмавии мусиқӣ» (2014), «Субҳи офтобӣ» (2020), «Шаклҳои хурд. 1978-2015» (2020); ду китоби наср. Шеърҳояш ба чанд забонҳои Аврупо ва Осиё тарҷума шудаанд. Дорандаи як қатор ҷоизаҳо, аз ҷумла ба номи Пушкини Бунёди А. Тёпфер (Олмон), ҷоизаҳои «Антибукер», «Северная Пальмира», «Станционный смотритель», ба номи Бунин, «Anthologia», ҷоизаи миллии «Поэт», Ҳукумати Федератсияи Россия дар соҳаи фарҳанг, ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Осетияи Шимоли — Алания ба номи К. Л. Хетагуров ва ғ. Дар Москва зиндагӣ мекунад.
Адабиётшинос ва мунаққид Андрей Немзер навиштааст: «Моҳияти ашъори Кибиров дар он аст, ки ӯ ҳамеша дар воқеияти муҳит чӣ гуна шинохтани «намунаҳои абадӣ»-ро дарёфт менамуд. Нооромиҳои шаҳрвандӣ, ишқ ва нафрат, боридани борон ва хазонрез, таълимоти зеҳнии ҷолиб, казармаи аблаҳона, «ҷойҳои умумӣ» ва ситораи дур, мушкилоти пулӣ, талаби мутлақ, табиат, таърих, Россия, ҷаҳони Офаридгор бо Кибиров (ва ба воситаи ў — бо мо) танҳо ба як забон — забони фасеҳу озод, хашмгину нарм, алфози қабеҳ, бо забони суруду суханварӣ, тираву равшан, пурмазмуну бениҳоят дакиқи назми рус сўҳбат менамояд».