Фурсати сўхтани гўгирдчўб

Ҳикояҳо дар бораи калисо

Дуои модар

«Дуои модар дар қаъри баҳр ҳам асар мекунад» — ин мақолро, албатта, ҳамагон медонанд. Вале оё ҳамагон бовар доранд, ки он барои хушсуханӣ гуфта нашудааст ва дар тўли асрҳои зиёд мисолҳои зиёде исботаш кардаанд.

Роҳиб, падар-Павел ҳодисаеро нақл кард, ки ба наздикӣ бо ў рўй додааст. Чунон нақл кард, ки гўё як чизи одӣ бошад. Лекин маро ин ҳодиса моту мабҳут намуд, аз ин рў, ба шумо ҳикояташ мекунам ва, гумонам, ки натанҳо барои ман ҷолиб аст он.

Боре дар кўча зане падар-Павелро вохўрда, хоҳиш кард, ки назди писараш биравад. Барои ниёиш. Ва суроғаашро гуфт.

— Ман бисёр шитоб доштам, — гуфт падар-Павел, — ва он рўз ҳам дер мондам. Рости гап, суроғаро ҳам гум карда будам. Як рўз пас, саҳарии барвақт, он зан боз дучорам омад ва бо ҳаяҷону исрор хоҳиш кард, ки худи ҳозир назди писараш биравам. Барои чӣ бошад, ман ҳатто напурсидам, ки чаро худаш бо ман намеравад. Боло баромада, занги дарро пахш кардам. Марде дарро кушод. Ҷавоне бисёр бесаранҷом, маълум буд, ки сахт менўшад. Нохуш ба ману либоси мазҳабиам нигарист. Ман салом дода, пурсидам: «Модаратон хоҳиш кард, ки ба наздатон биёям». «Дурўғ нагў, модари ман панҷ сол пеш мурда буд», — бехудона дод зад ҷавон. Ман ба сурати модараш, ки байни аксҳои дигар дар девор овезон буд, ишора кардам: «Ана, ҳамин зан хоҳиш кард, ки аз ҳолатон хабар бигирам». «Ҳа-а, пас шумо аз он дунё омадаед ба назди ман?» — киноя зад ҷавон. «Не, — гуфтам, — алҳол аз ҳамин дунё. Гапи маро бигиру пагоҳ саҳар ба ибодатхона биё». «Наоям, чӣ?». «Меоӣ. Хоҳиши модарат аст ин ва хоҳиши модарро иҷро накардан гуноҳ».

Омад ў. Ҳангоми ниёиш аз гиря меларзиду мегуфт, ки модарашро аз хона пеш кардааст. Ва ў, дар ба дари мардум гашта, аз дунё гузаштааст. Инро ҷавон баъд фаҳмидааст, дар ҷанозааш ҳам набудааст.

Бегоҳӣ охирин бор модарашро вохўрдам. Хурсандиашро пинҳон намедошт. Рўймоли то ҳол сиёҳи сараш имрўз сафед буд. Бисёр миннатдорӣ карда, гуфт, ки писарашро дидаву пиҳил кардааст, чунки ў изҳори пушаймонӣ намудаву ба ниёиш рў овардааст. Рўзи дигар пагоҳӣ худ ба дидани ҷавон рафтам. Ҳамсояҳояш гуфтанд, ки дирўз ҷон ба ҷонофарин супурду ба мурдахона бурдандаш.

Ана, ҳамаи нақли падар-Павел. Мани гунаҳкор аз дил гузарондам: пас ба модар насиб карда будааст, ки писарашро аз он ҷое, ки баъди анҷоми ҳаёти заминиаш рафта буд, бубинад ва вафоти ўро медонистааст. Яъне, дар он дунё ҳам дуоҳояш чунон самимиву сўзон будаанд, ки муяссараш шудааст зинда бишаваду аз рўҳонӣ хоҳиши ниёиш карда, он бандаи бадбахти Худоро ба роҳи ҳақ баргардонад. Даҳшат аст, охир, бе тавба, нону шароби калисоро начашида, мурдан. Муҳимаш, ки дўст медоштааст писарашро, писари арақхўрашро, ки ҳатто аз хона пешаш кардааст. Пас, ғазабро ба дил роҳ надодааст, вуҷудаш лабрези афсўсу надомат будааст ва азбаски беш аз ҳамаи мо аз тақдири гунаҳкорон огоҳӣ дошт, ҳама корро кардааст, ки писараш аз он барканор бошад. Писарашро аз қаъри гуноҳ берун кардааст модар. Оре, ў, маҳз ў — бо қудрати муҳаббату ниёиши худ.

Маро ба маъбад роҳ надоданд

Оре, ана, ҳамин хел шуд. Роҳ надоданд. Кӣ? Аскарони рус. Кай? Дар Рўзи Ғалаба. Қаблан омода шудам, ки ба намози субҳгоҳии Нуҳуми май биравам. Барвақт бархоста, таҳорат кардам ва навиштаҷоти занамро бо дархости саломативу оромиш гирифтам, илова кардам, ки «Ҳамаи қурбониёни Ватанро ҳам раҳмат кунад» ва рафтам. Дар аввали хиёбони Твер, дар муқобили телеграфи марказӣ зиндагӣ мекунем мо. Ва бояд аз кўча гузарем. Соат ними ҳафт. Кўча пур аз монеаҳо. Дар паси он техникаи ҳарбӣ — танкҳои ҳозиразамон ва ҳатто замони ҷанг — меистод. Машқи паради ҳарбӣ идома дошт ва ғурриши моторҳои онҳоро ҳафтаҳои охир пайваста мешунидем. Ба гузаргоҳи байни монеъаҳо наздик шудам. Лекин роҳам надоданд, ки ба сўи гузаргоҳи зеризаминӣ биравам. «Ба калисо меравам ман, ана, дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунам, марҳамат, шиносномаам». «Роҳро баъди парад мекушоянд». «Азизонам, то парад ҳоло қариб чор соати дигар ҳаст, охир». «Биравед аз ин ҷо».

Ана, ҳамин хел. Сўи гузаргоҳи Моссовет рафтам, низ маҳкам буд. Гузаргоҳи Пушкин ҳам. Ана, ҳамин хел кору рафтор. Ҳаваси он қудрати ҳарбиро дидан ҳам барҳам хўрд. Охир, ба намоз аз ҷумла, ана, ҳамин ҳарбиён роҳам надоданд.

— Шумо, чӣ, православӣ нестед?

— Фармон ҳаст, ки касеро роҳ надиҳем.

Ана, кору мана кор. Ман, албатта, баргаштам. Алам мекард, албатта. Ниёишгари хуб нестам ман, албатта, гуноҳам бисёр. Лекин шояд он рўз маҳз дуои ман лозим буд ба лашкари пуршони Россия?

Ана ҳолу мана ҳол. Ноилоҷ парадро дар телевизор тамошо кардам. Марде, ки вазири мудофиа гуфтандаш, либоси шаҳрвандӣ ба тан ва сари луч, ягон бор даст ба чакка набурда, аз назди кўшунҳо гузашт, «ура»-гўии секаратаи онҳоро шунид, назди минбар омад ва ба сарфармондеҳ, ки низ либоси мулкӣ дошт, оид ба омодагии қўшунҳо ба парад гуфт; сарфармондеҳ низ, даст ба чакка набурда, аз назди қўшунҳо гузашт, чунки, тавре ки моро ҳам дар аскарӣ ёд дода буданд, «ҳангоми сарлуч будан даст ба чакка бурдан мумкин нест».

Парад сар шуд. Наттоқон бо муҳаббати хос дар тафсирҳояшон иштирокчиёни хориҷии онро зикр намуданд.

Баъд техника ба ғурриш даромад. Сипас аз болои бомҳоямон ҳавопаймоҳо парида гузаштанд. Баъзе беҳад бузургҳаҷм буданд. Наттоқ гуфт, ки агар боз даҳ метр поёнтар мефуромаданд, дар ягон тиреза шиша намемонд.

Батадриҷ аламам гузашт. Гулдастаҳо, орденҳо, бачаҳо, мусиқӣ. Чӣ илоҷ, сазовори шарафи бузурги барои зиндагону мурдагон ниёиш кардан набудаам. Бо ҳамсарам, назди иконаҳои хонагиамон истода, навиштаҳоямонро хондем.

Хондему ба кўча баромадем ва эҳсос намудем, ки файзи Ғалабаи соли 45 ба мо ҳам расидааст.

Ман дар он ҷо набудам

Ҳамааш буд: чашмони осиёӣ, пешонии васеъ ва чизе, ки баногоҳ дид — роҳравии бошитоб...

Дар зинаҳои эскалатор қадам зада, суръати болоравиашро зиёд мекард. Баъд истоду ҳамоно, бе ягон кўшиши барзиёд, ба боло рафтанашро давом дод. Ин дам каме болотару чаптар занеро дид; нури неонӣ сояҳоро аз чеҳраи нозукаш бартараф мекард ва фарбеҳии барои аврупоиён бегонаи рухсораҳову дарҳамкашидагии чашмонаш аксҳои япониро ба ёд меовард.

Ҳамзамон фикри ногуворе ба сар зад: чӣ хел тасвираш мекунӣ? Бо мусаввара муқоиса намудан — кори осон. Ҳарчанд ки барои ин ҳам донистан лозим аст, ки чиро бо чӣ муқоиса мекунӣ. Табиист, ки ин кори ман нест. Дарвоқеъ, мўйҳои шоназада ба зане, ки Бунин дар асараш «Душанбеи соф» тасвир кардааст, симои зебосанами шарқии дар суратҳои начандон боназокат аксёфтаро медиҳад. Бунин аст ў, охир.

Агар он ҳамаро пайиҳам таҷриба кунам, аниқ, аз даст меравам.

Хуллас, ҳама чиз буд магар? Худи ман набудам. Пас, ман манам ё инъикоси умумии гузаштагон?

Кори туст, Худоё! Оё дар кишваре, ки насри Пушкинро мехонад, мо ҳаққи навиштан дорем? Аз ин рў, агар навиштаҳои ман мақбули хонанда набошанд, бигзор нигоҳашонро комилан ба Пушкин бубанданд. Ман бе ягон даъво худро ба чанги фаромўшӣ месупорам. Фаромўшӣ набояд боиси ранҷишамон бигардад: он чизе, ки ба хотираш осори мо ба фаромўшӣ дода мешавад, ба ин меарзад.

Эскалатор дар баҳои панҷтинаи қаблан пардохтаам то ҷои муқарраршуда расонд. Боқии роҳро бояд худ бипаймоям.

Тўмор

...дар деҳаамон, ҳанўз ҳангоме ки ман мактабхон ҳам набудам, удмуртдухтараки лоле зиндагӣ мекард. Як ё ду зимистон дар деҳаи мо зисту таҳсил намуд ў. Он вақт на ҳар деҳа мактаб дошт.

Хўрокаш бисёр қашшоқона, танҳо иборат аз картошка буд. Ду-се донаашро мешусту ба бухории сўзон мепартофт. Картошкаҳо зуд мепухтанд, лекин на чун дар оташ, рўсухта не, арғувониранг мешуданд. Дарунашон бо ранги маҳини нуқрагӣ ҷило медод.

Боре ба ў як бурда нон додам. Ҳаросид, нахўрду ба гадое дод.

Дили модарам месўхт ба удмуртдухтар.

— Чӣ хел қашшоқанд.

— Лекин нонро нагирифт, — гуфтам ман.

— Албатта, намегирад, ҳамдини мо нест, охир.

— Динаш кадом аст?

— Ман ҳам дуруст намедонам. Мо ба икона саҷда мекунем, онҳо барои ибодат ба бешазор мераванд, пинҳонӣ саҷда мекунанд.

— Дини ман кадом аст?

— Ту православиӣ.

...ёд дорам, ки модари удмуртдухтар чӣ хел аз ҳавои қаҳратун бармегардад; чӣ гуна пойҳояшро афшонда, узр мепурсад, чӣ сон дар торикӣ, зери рўшноии акси оташи тобадон мешинанд. Забонашонро надонам ҳам, мефаҳмам, ки духтарак дар бораи ман нақл мекунад.

Саҳари рўзи дигар пинҳонӣ, ҳамчун як чизи бисёр муҳим, як бути аз мурури замон сиёҳшуда — тўмори диниашонро ба ман медиҳад. Тўмори дини барои ман номафҳум, лекин подоши бурдаи нонеро, ки ба духтарчаашон додам.

...рўзона, вақте ки баъди даводав дар ҳавои қаҳратун, рўи кати чўбин гарм мешавам ва нури офтоб рўкаши мушаммоии* мизро заррин месозад, удмуртдухтар, паси миз нишаста, сабақ азбар мекунад: «Сабзӣ мекунад булўте дар соҳили халиҷ...» Ман шеърро пештар азёд мекунам ва ў, хандида, як картошкаи калони гармакакам медиҳад.

Тиллои сафед

Ана, яке аз хотираҳои беҳтарин аз умри гузаштаам: дар болои мошини боркаш истодааму шохаҳои тари дарахтонро аз худ дур мекунам. Мошин меноладу резинчархҳои хўрдашудааш чун пойҳои бараҳна дар лой мелағжанд.

Баногоҳ мошин ба саҳрои ба тиллои сафед монанду беканори марҷумак мебарояд. Ва маро бўе, ки хотираи ягон машом тасаввураш карда наметавонад — бўи гарми асал, гармтар аз тасфи шаппотие, ки ба рўй мезананд, фаро мегирад.

Саҳрои бекарони матоъи сафед ва дар байнаш — риштаи қаҳваранги роҳ, ки батадриҷ дар ҷангалзори тираи навбатӣ гум мешавад.

Барги нилуфар

Ман як одами бенозунузам, ғизоҳои гуногуни чинӣ, гурҷӣ, японӣ, арабӣ ё хўрокҳои бомаззаи русиро бемалол мехўрам ва ҳамзамон метавонам бо як картошка қаноат кунам, лекин баногоҳ, бо гузашти солҳо, пай бурдам, ки дар масъалаи аз кадом истакон нўшидан ё бо кадом чангча хўрдан бепарво нестам. Зарфҳои пластмассиеро, ки дар парвозҳои тўлонӣ медиҳанд, дўст намедорам, аммо худро тасаллӣ мебахшам, ки ин ҳадди ақал ҷавобгўи қоидаҳои гигиена аст.

Вобастаи синну сол аст ин, аз дил мегузаронам, ё тақозои рўшанфикрӣ? Оё бефарқ нест, ки аз чӣ хўрда сер мешавӣ, муҳим, ки сер бишавӣ. Оё туе (худамро дар назар дорам), ки гушнагиҳои тоқатфарсоро аз сар гузарондаӣ, дигар кор надорӣ, ки дар бораи зарфҳои нўшокиву ғизо фикр мекунӣ?

Намедонам, барои чӣ баногоҳ фикрам ин қадар банди косаву табақ шуд. Чинӣ зебост, булўр — олиҷаноб, нуқра — муътадил, тилло — такаббур, вале, ҳамаи инро аз сарам биборӣ ҳам, тобистонеро интихоб мекунам, ки ба Валяи китобдор — дастпарвари хирачашму боақли хонаи бачаҳо дил додам ва он рўзеро меписандам, ки дар рўди деҳаамон рўболо мерафтему бисёр нўшидан мехостем. Атрофамон — пур аз чашма. Ман, худро ба замин партофта, серӣ оби ях барин сардро нўшидам, баъд, кафамро пур карда, дилбарамро таклифи нўшидан намудам.

— Не, — гуфт Валя, — ман ин хел наметавонам. Ягон чиз лозим...

Ва «ягон чиз» пайдо шуд. Дар наздамон халиҷакеро дидам, ки нилуфарҳои шукуфон дошт. Либосамро ҳам накашида, худро ба об партофтам, як барги калони нилуфарро канда, дар оби чашма шуставу печонда, пури об кардам ва ба дилбарам пешкаш намудам.

Ў роҳат карда нўшид ва мо бомеҳр якдигарро бўсидем.

Пас, чист худ зарфи нўшокиву ғизо? Азобам надиҳед, ки намедонам. Умри ман гузашт, вале он рўз нагузашт. Чашмаҳо ва барги нилуфар. Ва ману ў зери осмони соф.

Тамошобин

Дар замонҳое, ки адибони русро барои суханронӣ ба телевизион даъват мекарданд, боре маро ҳам таклиф намуданд. Омадаму дар амри маъруфи даҳдақиқагӣ сабт шудам. Рўзи нишон доданашро ҳам гуфтанд.

Дар рўзи пахши барнома дар деҳа будам. Худам, ки телевизор надоштам, ба хонаи ҳамсояамон Настя-бибӣ рафтам. Назди телевизор нишастем. Настя-бибӣ ҳеҷ ҳайрон нашуд, ки ҳам дар ҳузураш нишаста чой менўшаму ҳам аз қуттии шишагӣ мелақам.

— Чӣ хел, Анастасия Дмитриевна,— пурсидам баъди даҳ дақиқа, — нағз гап задам?

— Нағз, лекин гапи асосиро нагуфтӣ.

— Кадомашро?

— Фурўшандаҳои моро назадӣ. Бисёр медузданд. Инсоф надоранд. Кулчақандхарӣ рафтам, ҳам шикастагиҳояшро доданду ҳам аз тарозу заданд. Дар ҷояшон шинондан даркор онҳоро.

Ман ҷиддан гумон мекунам, ки Настя-бибӣ ҳақ аст. Дар он фурсате, ки мо дар бораи маънавиёт мегуфтем, чобукдастон дуздиашонро давом медоданд. Баъд моро шуниданду ҳайрон шуданд: инҳо лақида истодаанд, ки дуздӣ кори хуб нест. Канӣ, зуд аз экран дафъашон кунед. Ва дафъамон карданду таърифу тавсифи қаллобону фиребгароне чун Остап Бендерро оғоз намуданд.

Ба наздикӣ Настя-бибиро хабар гирифтам, кулчақандаш савғо овардам. Дар назди телевизор нишаста, занозаниву фосиқиҳоро тамошо мекард. Туф мекарду чашм намеканд. Охир, дигар чиз нест. Барои ахборро дидан ҳам асаб лозим: махсус фақат садамаву ҷасадҳову хунро нишон медиҳанд ва фақат аз пул мегўянд. Ё Америкаи кайҳо аз ақл бегонашударо ба намоиш мегузоранд.

— Туро нишон медиҳанд? — пурсид Настя-бибӣ.

— Не, дигар нишон намедиҳанд.

— Барои чӣ?

— Ёд доред, дар вақти баромадам фурўшандаҳоро назада будам. Барои ҳамин аз ҳуқуқи овоз маҳрумам карданд. Аниқтараш, ҳуқуқ дораму овоз не. Агар хоҳӣ, дар ҳамин ҷо, бевосита дар назди худат баромад мекунам. Ҳангоми чойнўшӣ. Кулчақандҳоро бин, ҳамааш пурраву ношикастаанд.

— Сабр кун, телевизорро хомўш кунам.

Чӣ хуб аст бешитоб дар деҳа чой нўшидан. Хона сокит. Танҳо фотимачумчуқҳо дар паси тиреза болафшонӣ мекунанду дар шиша бо нўлашон мусиқӣ менавозанд. Бояд барояшон дон баровард, он вақт боз беҳтар мешавад.




*Мушаммоӣ — клеёнкагӣ