Ваъдаи шоир буд, идҳо кунун наздик меоянд...
* * *
Ваъдаи шоир буд, идҳо кунун наздик меоянд,
пухта нон, омода нозу неъмат асту нуқлу ҳалво.
Дар тани оинаҳои хира он анвори яхбаста зимистон,
мешавад обу бирезад бо сурур аз домани он
нест ҷои доштан, ҷуғрофиё, аммо, чӣ қадре хостӣ
пур бувад, хоҳӣ бигираш аз ҳамин ҷо то Находка.
Дар фазои ҳастии мо навбаҳор эҳёи нав ёбад, ҷанин
дар фазои рӯҳи афзояндаву дар сабзии нарм.
Бӯи меҳан, меҳани дудӣ, барад бо ашкрези чашм боло
дар бухории самоӣ, мезанад зангӯлаву дорад шино
шишаи тирезаро шӯяд ба покӣ, Панҷшанбеи Мусаффо
дар фурӯғи равшани масҷид бо амри Худо.
Ҳарчи моро — шабнами Эзад, куҷо бегона мефаҳмад,
интизори ид бояд будан акнун, истироҳат ё маош,
интизори посухе дар саф ситода, ё ба нӯги по
шустани тирезаҳо бо кӯҳнагашта рӯзнома
то ба шаффофияти бемунтаҳо.
Ид наздик мешавад, хуршед меғелад басуръат
аз Чукотка моварои Яну Лена то ғуруби хеш фурсат ёфта
сӯи Байкал, балки аз Иркутск то Курган, Самара
баъди Волга Москва в-он гаҳ ба Питер то Калининград.
Рехта нӯшад ҳама кишвар пас аз иҷрои хизмат,
мизҳо густурдаву гармон, садои зарфҳо ояд
в-ин ҳавои беҳудуди шишаиро шуста то сурхӣ
ҳамчу эъҷози шаби писҳо (пасха) мунаввар рӯ намояд.