Оромии деринаи соҳил
Аз мактубҳо ба дӯст
Агар медонистем, ки зиндагии ҳамвори одамони шӯравиро чи интизор аст, агар худи Худованд моро аз ин ва дигар бадбахтиҳо огоҳ менамуд, неъматҳои аз даст рафтаро бештар қадр мекардем, метавонистем боз зиндагиамонро бо майлу рағбат идома диҳем. Ҳеҷ чизе нест, ки ба осонӣ ба даст ояд! Истифодаи ҳама гуна имтиёзҳои якҷоя ба даст овардаамонро раҳо кардан лозим набуд. Оҳ агар, агар... Ҳама чиз дар он ҳаёти аз даст рафта осон, арзон ва одӣ анҷом ёфт. Мумкин буд дар охири ҳамааш кӯшиш намуд ва дар ҳеҷ дурӣ гум намешудем. Акнун ҳаст чизе, ки барояш мутаассиф шавем.
Беҳуда ман нашитобидам, ҳатто ба он ҷойҳое нарафтам, ки хешовандон маро хуш қабул менамуданд... Дар Тошканд бародари падарам Тимофей Фёдорович мезист, ки боре ба аёдати бародаронаш Степан ва Пётр ба Новосибирск наомадааст: то замони ҷанг ва баъд аз он аз Осиёи Миёна ба роҳ баромадан ин таърихи дуру дароз аст, гарчи хахолҳои Елизаветии мо дар Кривошеков на як бор ба гурӯҳи роҳбаладоне афтодаанд, ки ба Тошканд ва Ашқобод мерафтанд, ба хотир дорам, ки аз он ҷойҳо зардолуҳои ширин меоварданд. Хешовандони падарам аз авлоде набуданд, ки мисли дӯст ғамхор бошанд, ба мисли хешони модариам (меҳрубону дилкушод, ҳеҷ нафари аз худиҳоро фаромӯш намекарданд). Бо амакбачагони духтарони холаам зуд-зуд вомехӯрдам ва то ҳол медонам, ки аз авлоди падариам фақат бо се хоҳарам дӯстӣ доштанд, «холаи Таня»-ро хоҳиш ва дӯст медоштанд, яъне модари маро. Шояд дар Тошканд ҳолномаи ман банд шуда мемонд, агар амакам Тимофей наметарсид, ки ман омада ба донишгоҳ дохил мешавам: ба хоҳиши шикоятии ман ӯ посух надод. Шояд беҳтар шуд. Вагарна ман Таман ва Пересип намедоштам, аз хусуси Екатеринодар роман наменавиштам ва дар деҳа дар назди дарёчаи Псебебс бо наҷотдиҳандагони худ Терентий Кузмич ва Мария Матвеевна вонамехӯрдам, ки ҳикояи аввалинам «Брянсиҳо»-ро дар бораи онҳо навиштаам ва ҳатто модарам бо ҳеҷ ваҷҳ аз Сибир ба Тошканд ва Ургенч намерафт.
Ашқобод, Душанбе, Алмаато барои ман фақат дар суҳбатҳо доир ба адабиёт медурахшиданд...
Ҳа, ба Тбилиси ҳам надаромадам, то ки дар бойгонӣ ба ганҷинаи намояндаи подшоҳ ба кофтуков машғул шавам ва бо қатораи Симферопол — Боку ба назди нависандагони Озарбойҷон ҳам нарафтам. Дар Махачқалъа дар маҳфили адабии Расул Ғамзатов нанишастам ва дар он ҷойе, ки княз Баратинский бо Шамил вохӯрд, наистодам.
Ҳамаашро ба таъхир гузоштам ва ба рӯзҳои дигар умед бастам.
Ҳамаи замин умумӣ мебошад, боз вақт меёбам. Баъд аз табадуллоти Елтсинӣ дар саристгоҳҳо истакони чой даҳ рубл арзиш пайдо кард ва ба ҷойе, ки дуздиву мардумфиребист, бисёр сафар карда наметавонӣ.
Лекин дер шуд, муҳлатҳои ман гузашт.
Роҳи кӯтоҳтарини ман ба Пересип ва Таман мебошад.
Дар соҳили дарёе, ки аз халиҷи Ахтанизов ҷорӣ шуда ба баҳр меомезад, дар байни парандагон нишастаам, кабукҳоро* паҳн мекунам ва бо кадоме дур аз худ дар гуфтугӯям. Ба ман осон аст, ки касеро ба худ ҷалб намоям. Бо яке меистам, ба дур нигоҳ карда, дуо мехонам, боз дигареро банд мекунам, ҳоло ту бо манӣ, ба ман гӯш андоз, чи тавр мавҷҳо дар ҳаракатанд, оҳаксангҳои ковокро ба соҳил мепартоянд, дар як рӯз теппачае ба вуҷуд меояд. Ман танҳоям, бо ман фақат парандаҳоянд дар рӯи об, дар рӯи қум. Дар пеш, ҷониби Шарқ, водии теппаҳои Голубитский возеҳ дида мешавад, маҳз дар он ҷо фонуси сафед раҳнамои дарёист, аз он ҷо ман наздик мешавам, ҳамеша қалбам ба Пересип ва халиҷ салом мегӯяд. Дар ғарб зери абрҳои соҳили Кучугуроб гандида менамояд ва дар паси димоға, агар он ҷо дар баландӣ биистӣ, Керчро дидан мумкин аст. Сӯи Шарқ рӯ гардонида, дар бораи нависандаи меҳрубони наздиуралии деҳаи Санавбарзор дар Табол фикр мекунам ва ба сӯи Сибир, ба соҳилҳои азизи дарёи Об даст дароз менамоям. Ҳоло ту, таърихнигори зудраву чолоки Вятскийи ман, бо ман кабукҳои тарро ҷудо мекунӣ.
Ту ҳамчун ҷавони чолок гирди олами равшан мегардӣ, дувоздаҳ маротиба ба назди тобути худованд ба зону мезанӣ ва боз ба ман китобҳоро аз хусуси фосилаҳои хурди замин ва «Ташвишҳои рӯзгор» тӯҳфа менамоӣ. Ман аз қамишзор гузашта қад-қади об меравам ва зери пойафзорам кабукҳо ғиҷиррос мезананд. Ман ба ҳеҷ ҷойи дур намеравам, дарозтарин роҳи ман чил мил аст, яъне то Таман. Дирӯз он ҷо будам.
Дар он ҷой, азизам, дар Таман, роҳиб Никон дайр сохтааст (иҷозат диҳед, бори дигар хотиррасон намоям), ҷое, ки юнониҳо, тоторҳо черкесҳо, туркҳо, генеузҳо асрҳо боз маскунанд ҷое, ки Суворов ба запорожӣ Чепига чой нӯшид, Пушкини ҷавону чолок лаҳзае дар баландӣ истода буд, ҷое, ки ба Лермонтови ғамгин бачаи нобиное писанд наомад, ҷое, ки Александри II дар роҳи Екатеринодар ба соҳил фуруд омада, шабро дар хонае гузаронд, дар ҳамон Тамане, ки баъд аз даҳсолаҳои зиёд тасодуфан, вале танҳо барои ту, духтарчае бо номи Надя пайдо шуд. Ӯ боре аз дасти ту гирифта хоҳиш намуд, ки бо ту кўҳҳои Лиска ва Керчро тамошо карда мафтун шавад. Дар ин ҷо, эй Худованд, дар соҳилҳои Таман чоряк аср шуд, ки киштиҳо намеистанд ва дар мавҷҳо заврақҳои моҳигирон намеҷунбанд. Дар ин муддат духтаре, ки ӯро шумо абадан ба Маскав бурдед, дар соҳили баҳр дигар намегиряд. Шумо ба ман аз гузаргоҳи машҳури Камергерский худ наменависед ва гӯшаҳои Пересипро ба хотири ман намеоред.
Ман саҳифаҳои дафтари шуморо аз назар мегузаронам.
Ман тамоми рӯзро дар саҳни ҳавлӣ танбалона гузаронидам, бо модарам суҳбат кардам, мактубҳои аз Топкиву Запороже ва Петрозаводск ба ӯ омадаро дубора мутолиа намудам, китобҳоро варақ задам.
«Дар Байт-Лаҳм навиштаи ту, ман даҳ рӯзи пурра зиндагӣ кардам. Чи тавр ман онро дӯст медоштам ва медорам! Ва ҳангоме, ки онҳо маро бори дуюм ба Байт-Лаҳм ба муддати ду соат бурданд, ман чи гуна эҳсосоти даҳшатовар ва ноумедиву ранҷу азобро дарк намудам. Ҳа, боз тела доданд: «бишитоб, бишитоб!»
Ман низ дар Байт-Лаҳм будам ва як лаҳза ба ибодатгоҳи Масеҳӣ даромадам.
«Хушбахтона, — навиштаед шумо, — ман дақиқаҳои зиёд дар назди ситораҳои Байт-Лаҳм будам».
Лекин ман дар байни анбӯҳи ками адибон будам ва он лаҳза ба ман рафтори одамони машҳурамон писанд наомад, онҳо мисли сайёҳон истода, ба ҳама менигаристанд, таъмид намекарданд, назди ситора ба зону намезаданд, ин одатро бештар дар чеҳраи олимон дидан мумкин буд, хирадмандии мондашуда, гўё аз деҳа пиёда омадаанд, гӯё ситораро дар осмон пеш аз чӯпонон мушоҳида намудаанд ва ин лаҳза низ иззату эҳтиромро интизоранд.
Магар пири дайр Даниил, ки дар асри ХII саёҳати худро ба Консантинопол ва Байтулмуқаддас тасвир кардааст, донишаш кам ва сазовори меҳрубониву таҳаммулпазирии бародарони равшанфикр буд? Ман танбалӣ накарда, китоби ӯро ёфтам.
Оё ду фарсах дуртар аз Байт-Лаҳм «калисои фатаротшударо дар боғи зайтун» бо номи фаришта башоратдиҳанда дидаед? Фаррор дар бораи он менависад: «Ман ҷилди вазнини ӯ — «Ҳаёти Исои Масеҳ»-ро дар рӯзҳои идҳои муқаддас мекушоям. Чаро? Дар китобҳои Фаррор ва китобҳои кўҳна дар бораи сарзамини муқаддас расмҳо, кандакориҳо, аксҳои аввалин муҳтавои онро оро медиҳанд ва чунон ҳассосона ба Худо, ба дуо ҷалб менамоянд, ки дар як лаҳза худ итоат мекунед, нафас мекашед, ба ҳамвориҳои Галилей ва Иерихон, ба тирезаҳои маҳками калисо, нишеманҳо бо гўсфандони инҷил ибодат менамоед. Акнун дар вақти авҷи тараққиёт ҷамъ кардани ҳиссиёт, чун дар давраи пеш, душвор аст. Магар дар охири тирамоҳ холигӣ ба минтақаи регзор ишора мекунад (мавзее, ки алҳол Голубитская ва Пересип ҷойгиранд), абадан танҳо дар он даврони қадим, вақте ки юнониҳо дар назди Меотид шино мекарданд, аз халиҷи Ахтанизовский канали нисбат ба ҳозира калонтаре ҷорӣ мегардид.
Ман назди дарёям ва туро бо хотир меорам, дар даст китоби бароят азизи «Рӯшноии беғуруб»-ро дорам. Синаҳои парандаҳои моҳихӯрак сафедӣ мекунанд ва гӯё аз паси ман мепоянд. Ҳеҷ кас нест, холигӣ дар баҳр ва осмон ва ба назар чунин мерасад, ки аз паси соҳили баланд дар деҳа ҳама мурдаанд. Ва ин оҳанги холигии ҳазорсола дар ин атроф барои ман шунавост.
Чӣ, ман ба ту оҳҳои худро бифиристам? — Ту хеле дур аз манӣ ва ҳеҷ чизро пай намебарӣ, ҳасадҳои маро ҳис намекунӣ, ҳамаашро ту дидаӣ, ба ҳамааш таъзим намудаӣ, салибро табаррук кардаӣ, он ҷо сангҳоро низ интихоб кардаӣ, ҷое, ки Малика Олга таъмид гирифт (дар Айя София) Шумо гӯшаеро дӯст доштаед ва мани бечора иқрорҳои шуморо ба моҳиҳо хондаам: «Алвидоъ, Истанбул! Ва бигзор Сар-град, пойтахти Византия, шаҳри калисои Софияи Муқаддас, суратҳои худоён, фариштаҳо, авлиёҳо, Модар — Худо дар қалбҳои мо зиндаг бошанд.
Ҳанӯз фаромӯш накардаем, ки ту то нуҳсоатӣ дар дайри Пантелеймон бо роҳибон ибодат мекардӣ, дувоздаҳ маротиба дар тобути Худованд ба зону мезадӣ ва пойбараҳна назди Иерихон мерафтӣ.
Ин ҷо, дар соҳили дарё, ман ба навиштани мақола оид ба сафари адибон ба Шимол шурӯъ намудам ва баъд аз навиштани саҳифаи якум дигар идома дода наметавонам, калимаҳои муносиб намеёбам. Ҳама махфиёнаанд, чизҳои қимат мӯякҳо барин ба ту мемонанд, чун сурудхонии дароз кашол меёбанд.
Акнун, баъди он чи, ки дар охири аср дар мамлакати мо рӯй дод, ба назари ман ҳаёт дигаргуна инъикос меёбад, ба назарам сафари мо охирин менамояд, барои он охирин, ки дигар ин гуна такрор намешавад, гарчи то табадуллоти Елтсинӣ боз даҳ соли пурра мондааст, чӣ қадар оби бисёр ҷорӣ шуд ва аз он ҷомеа он қадар нури илоҳӣ ғайб зад, ки акнун барои ман андӯҳовар аст лаҳзаҳоро интихоб намудан, раҳм кардан ба онҳое, ки дигар ин гуна зиндагӣ карда наметавонанд. Ана, дар вокзали Ленинград адибони «музофотӣ» пайдо шуданд, аз дидори ҳамдигар чун хешовандон шоду масруранд: Сергей Павлович Залигин, Виктор Петрович Астафйев бо Мария Семёновна, Василий Белов, Валентин Распутин, Анатолий Ким, Владимир Личутин, Владимир Гусев, Владимир Коробов, Борис Романов, парастори хуби хокшиносони рус Валерий Ганичев ва боз чанд нафари дигар. Дар Петрозаводск ва Мурманск ба онҳо Д. Балашов, В. Бондаренко, В. Маслов ҳамроҳ мешаванд.
Ва ин манам, муаллими собиқи мактаб дар назди Анапаи регзор, дар он ҷамоати ростқавлон.
Акнун фақат нидо мекунам: вой, чӣ хушбахтист!
Ҳикояи «Брянсиҳо» ва повести «Туро дӯст медорам, равшанӣ» маро ба доираи нависандагон ворид намуданд. Вагарна бо чунин аҳвол дар мактаб низ маро дафтарҳои талабагон ва шӯроҳои педагогӣ фаромӯш мекарданд.
Ба ин минвол ба Распутину Астафйев, Белову Балашов, Олег Михайлов наздик намешудам, умуман ҳеҷ вақт, на дар вақти наҳории нисфирӯзӣ ва на дар вақти саёҳат ба онҳо гӯш намедодам. Дар бораи нависандаи назди Урал аз деҳаи Утятка чиҳо гуфтан мумкин аст. Ба Виктор Потанин, ки муносибатҳоямон бо риштаҳои наздик таъмид ёфтааст. Ӯ дар нашриёти «Молодая Гвардия» аз хусуси кадом як чиз аз ман пурсон шуд. Даҳ сол аст, ки пурсиданашро қатъ намекунад. Ман бо ӯ дар купеи Астафйевҳо ҷойгир шудем: Мария Семёновна гуфт: «ана, акнун се Витя дорам, пеш якто буд, якто Витя безор карда буд». Монанди як оила ҳама хандидем: ҳамин тавр чун оила барои хӯрокхӯрӣ нишастем, ба мо боз панҷ нафари дигар ҳамроҳ шуданд, паҳлуи ҳам нишаста оғоз кардем. Ана, онро эҳё намекунем! — На ҳарф задан, на қаҳ — қаҳи ханда, на ҳеҷ кас бо асрори механикӣ баста мешуд. Сатрҳоро дар дафтару дафтарчаҳо ҳеҷ кас пинҳон надошт. Лаҳзаҳоро кам қадр кардем? Зиндагӣ ва зиндагӣ. Ва он чизе, ки дар ёд мондааст, чун зарраи тилло аст. Ҳатто чунин шуд: шаб ман аз кати қабати дуюм поин шудам ва натавонистам, ки фишанги дарро тоб диҳам: Астафйев шунида бедор шуд, фишангро тоб дода маро раҳо намуд. Аз бедор шуданаш хиҷолат кашидам. Ӯ панҷоҳу ҳафт сол дошт. Ман ба наздикӣ ҳаштодсола шудам. Он, ки як вақт Виктор Петровичро ногувор аз хоб бедор кардам, баъзан ба ёдам мерасад, лаҳзае ғамгин мегардам.
Солҳо чун об гузашта мерафтанд. Мо кадом як зиндагии дигарро пайдо кардем. Сафари ин дафъаина ба Шимол ба назарам охирин менамояд, маҳз барои он охирин ба назар мерасад, ки тағйироти дигар, садамаҳо пешгӯӣ карда нашудаанд.
Он лаҳзаҳои хушбахтии дӯстонаи мо буданд дар рӯи замин. Ҷудоиҳо ба наздикӣ ба вуқуъ намепайванданд. Лаҳзаҳо дар Мурманск, дар Апатит, Североморск, Кандалакша буданд, пешвақт ҳамагӣ дар Петрозаводск, дар ҷое, ки аз намудор шудани Дмитрий Балашов, Володя Бондаренко, ки нисбат ба доирҳои адабӣ дар театри хурд бештар машҳуранд, хеле шод гардидам. Бондаренко ба хонаи волидайнаш ба зиёфат даъват намуд. Ман Балашовро интизор шудам. Ӯ дар даргоҳ пайдо гардид. Қадпасти дар пойҳояш мӯза, монанд ба князи рус дар китобҳои таърих. Ӯ романҳои бисёрсаҳифагии худро дар як зимистон менавишт, дар деҳа мезист, модагову асп дошт, худ алаф медаравид, хона месохт. Ман аз ӯ метарсидам. Ана, Астафйев ба ӯ хурдагирона муносибат мекард, бо кадом айбе барояш корношоям гардид, шояд бо ин музаҳои нармаш ё куртаи камарбанддораш, бо таваҷҷуҳ ба шахсияти адабӣ будани Виктор Петрович китобро гирифт, аз назар гузаронд ва каме чапак зад, сипас очерки Балашовро ба даст гирифт, назди тиреза рафт, аз мо дур шуд, варақ зад, бо шубҳа хонд. Ин дам худи Балашов бо садои баланд аз дар даромад.
«Шоҳзода Дмитрий ҳама чизро медонад», — гуфт Астафйев. Балашови чашмзирак чунон гӯш мекард, гӯё на дар бораи ӯ сухан меравад.Ў дар Сарград низ монанди худист, ҳамаи гӯшаҳои Айя — Софияро аз назар мегузаронад, дасти патриарх (рӯҳонии сафдор) Филодейро чунон моҳирона мебӯсад, ки мо чалдонҳо (сибириҳои аслӣ) панҷ қарни дигар ҳасад мебарем. Ин аз куҷост? Астафйев чунон қасдан тааҷҷубро бозид. Балашов ба фарш нигоҳ мекард: — Ана, ба вай худи Мамай гуфт, ки Ботуи дуюм мешавад. Ӯ ҳама чизро медонад ва менависад, ки шумо ҳамаро ба ҳайрат хоҳед овард: Чӣ тавр инро дидан ва шунидан мумкин аст, баъд аз садсолаҳо? Шаҳзода Дмитрий дар утоқи хоби худ дар паҳлуи Дуня менишаст. Дуня синаи нарми худро ба зонуҳои ӯ такя дода, мегирист. Магар муаллиф чунин Дуня надошт?
Ва на якто — иқрор шуд Балашов ҷиддиёна. «Ӯ... гӯш кунед — бӯйид, поймол кард, қадам зад, занро сӯи худ кашид, аз пешониаш бӯсид». Шумо ин гуна киро бӯсидед? Меравам ман ҳам Марияи худро мебӯсам, — тамасхур кард Астафйев ва бо дасташ Балашови ботамкинро ба оғӯш гирифт, назди миз бурд.
Ман таъхир кардам ва ҳамон китобро гирифта, кушодам. Ва...
«Ҳамаи он одамон мурданд, аз бештари онҳо ҳатто қабр намондааст. Ҷавонони тануманди боҳунар, духтарони гулрухсор пир шуданд ва онҳо низ пӯсиданд. Қасрҳову кушкҳо чанд бор сӯхтанд, боз барқарор гардиданд. Деҳаҳо аз байн рафтанд. Ҳоло ҳамаи онҳо дар заминанд ва мо он чизеро, ки дар солномаҳо кам дарҷ ёфтаанд, намедонем, суханони гуфташударо намедонем ва фақат тахмин карда метавонем, ки шоҳзода, ҷанговар, каниз дар бораи чӣ ҳарф зада метавонистанд».
Ман маҳз дар бораи Екатеринодар дар роман навиштам ва ҳамон оҳанги пушаймонӣ ба ҷонам даромад.
Ман мешунидам, чи тавр дар ҳуҷраи дигар Балашов дар паси миз Петри Якумро сарзаниш мекард, дертар, вақте ки ман даромадам, аллакай дигар чизро шунидам: «Акнун ӯ дар Шимол нест... Дина ман дар бораи духтарони дар болохонаҳо гӯшанишин, аз ғаму андӯҳи зиёди пинҳонии онҳо, аз он хусус, ки чи тавр аз як сухани хуш, аз як нигоҳи зебои ҷавони раҳгузар ба ӯ ошиқ мешаванд, ӯро абадан аз они худ медонанд, омодаанд, ки ӯро интизор шаванд, навиштам».
Ҳамин тавр мо барои баргашти духтарони болохонашин менӯшем, — гуфтам ман ва ҳама ба тарафдориам оҳ гуфтанд.
Шояд ман аллакай фикр мекунам? Он лаҳзаи паси миз нишастан ҳам бо дуд тӯл кашид, дуд рафт, ба Балашов осон буд, ки занҳоро дар вақти ресмонресиашон дар назди тоторҳо тасвир намояд, назар ба ман, ки паси шабнишинии сӣ сол пешро дар Петрозаводск нависам.
Ман танҳо Балашовро мушоҳида менамудам. Ӯ дар рустои худ пинҳон мешавад, дар Москва намебинамаш, ӯро шунидан мехоҳам, чунин руси нодирро, ки дар русто зиндагӣ мекунад ва имрӯз аз мо бо кадом як сифаташ баландтар мавқеъ дорад, аз ононе, ки аз Владимир Мономаху Иван Калита ва Сергей Радонежский маълумот надоранд. Фақат баъд аз нуздаҳ сол ӯро дар наздики Новгород ба қатл мерасонанд, дар ҷое, ки ман бори дигар ӯро дар намоишнома, дар Юрев, дар сайру гашт ба ибодатгоҳи мардум, дар вақти хӯрокхӯрӣ дар хонааш дар рӯзҳои ботантанаи идкунии 1000-солагии Таъмиди Рус дидам. Баъд аз фавти модараш, моҳи декабри соли наваду нуҳ бо ӯ дар таҳхонаи Иттифоқи нависандагон дар Москва чой нӯшидем ва ӯ ваъда дод, ки баҳори оянда ба Таман меояд, аз моҳи январ инҷониб ман ба ӯ мактубҳо, даъватномаҳо мефиристам.
Лекин дигар ӯ зинда нест. Ҳангоми чойнӯшӣ вай гуфт, аммо ман ин ҳама риштаи нодирро нанавиштам ва баъд аз ин толеъ надоштам, ки онро барқарор намоям. Афсус, ки имрӯз Дмитрий Михайлович дар он ҷое, ки Пушкин истода Керч (Корчев)-ро дидааст, намеистад.
Бале, гӯё ҳама солҳо бе ӯ марҳилаҳои хатарноктарини набардҳо холӣ буданд. Ман ба ӯ раҳм карда, тақдири ӯро бо тақдири Василко Требовалский, князҳо Борис ва Глеб баробар мекунам ва ӯро куштанд, шояд ҳамон Святополк. Дар хотир дорам, вақте ки дар «Тирамоҳ дар Таман» аз Василко ёдовар шудам, чӣ тавр кўдаквор ғамгин гардидам. Магар ҳамон вақт набуд, ки Худованд маро аз дастам гирифта ба роҳи ҳамдардии казакҳои бадбахти Кубан бурд ва ин Попсуйкулоҳи нармро ба ман фиристод?
Ба Балашов водии назди соҳилии Пересипро нишон медодам, ӯро ба паси Ахтанизов, ба Кӯҳи Борис ва Глеб мебурдам, аз ӯ он чиро мешунавидам, ки дигар ҳеҷ кас онро ба ман гуфта наметавонад, бо ӯ тахмин мезадем, ки ҳазрати Никон дайрро дар куҷо асос гузошт, ӯро ба таҳхонаи худ мефуровардам, ба ӯ шароби сард мерехтам ва модарам мекӯшид, ки ба мо хӯрок омода намояд, баъд аз гузашти андак вақт модар аз ман мепурсид. «Чӣ, вай ҳам нависанда аст? Пешониаш хеле васеъ». Воқеъ нашуд. Мо дар Шимол сайру сайёҳат мекардем, модарам ҳар рӯз маро «ҳамроҳӣ» менамуд. Ҳис мекард, ки ман чи тавр бо холаи Паша вомехӯрам, ҳатто аз дур ба суҳбати мо ҳамроҳ мешуд, аз он хурсандӣ мекард, гўё вай ҳам бо дугонаи рустоиаш ҳарф мезада бошад. Чил сол аст, ки онҳо ҳамдигарро надидаанд, холаи Паша аз Кривошеково ба Карелия аз паси духтараш рафт, дигар онҳо дар ин дунёи равшан ҳамдигарро намебинанд, ман ҳам пушаймонам, ақлам нагирифт, ки волидайнамро розӣ кунонам, ки ба Елизаветино сафар намоем. Ҳамаро дар як лаҳза дар як ҷо гирд оварем! Номи падари холаи Паша Григорий дар китоби қайдҳои дайр дар вақти таъмид кардани падари ман — Иоанна навишта шудааст. Дигар ҳеҷ чизро намедонам. Ҳамаи солҳои баъди рафтани ӯ ман фақат шикоятҳои модарамро мешунавам, ки дигар холаи Паша нест. Ҳа, мактубҳои аз Карелия омадаро бо гиряву нола мехонд: баъд аз Сибир ба ҷои бегона одат кардан мушкил аст.
Хабар медиҳам, — такрор мекунам, ки ин бегоҳ дар паси миз нишаста бо оҳанги маҳзун суруде замзама намуда, ангуштонамро ба рӯи сатрҳо медавонам — мо аз они туем, Таня, мактуби деринтизорро гирифтем, ман хеле шод гаштам, магар нанависам, ки ману ту дӯстони қарин будем, чандин сол аст, ки ҳамдигарро надидаем. Ман аллакай ҳафтодусесола шудам. Вақтҳое буд, ки мо дар Кривошеково механдидем, барои якпула чиз қоҳ —қоҳ зада хурсандӣ мекардем, акнун ҳамааш гузашт, бегоҳро интизор шуда, зуд ба кат дароз мекашам. Ба хотир дорӣ, ки мо дар Кривошеково чи тавр зиндагӣ мекардем, чи қадар аз паси говҳо медавидем, дар бозор дар паси тахтаҳо истода шир, мураббо мефурӯхтем, боз вақт ёфта дар хонаҳои ҳамдигар менишастем, меҳмононро қабул мекардем. Ту менависӣ, ки Сибирро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонӣ, албатта, азизам фаромӯш кардан душвор аст, бисёр солҳои ҳаёти худро он ҷо гузаронидам, модарро он ҷо ба хок супоридам, акнун чӣ тавр бе кӯчаи худ ва дар поёнаш ботлоқ одат мекунӣ, як писар дорам, вай ҳам дар барам нест. Яъне, Худованд чунин фармудааст. Амаки Тишко дар деҳаи Воронежии мо фавтид. Зимистон аз он ҷо чанд нафар омаданд, дар бораи бисёриҳо ҳарф заданд, вале... ман баъзеашонро фаромӯш кардам. Хоҳиши рафтан дорам... Витяро интизорам, бо нависандагон меояд, бигзор ба хонаи мо дарояд. Парасковя Григоровнаи ту».
Духтараш Маруся ӯро ба истгоҳ бурд, то ки хайрухуш намояд ва бори дигар ба «дугонааш Таня» салом расонад. Кампир либоси тоза пӯшида буд, ҷавонтар менамуд, дар сар рӯймоли ғафс дошт. Дар як чашмаш холи сафед намудор. Ман нависандагонро назди ӯ овардам.
«Модар назди онҳо ҳамчун малика рост шуд... ба мо, ба Пересип навиштааст Маруся, — дастонашро дар чӯб чиллик кард, онҳо пайи ҳам назди ӯ таъзим мекарданд, ҳар кадом суханони ҳалимона мегуфт, Витя ҳар кадомро муаррифӣ менамуд, модарро ҳамчун Брежнев шинос карданд, баъдан мо дар хона хандидем: «Модар, ин ба шумо монанд нест, шумо назди онҳо чун малика истодед, шумо на аз он зотед ва сардор ҳам нестед, ки ҷиддитар худро нишон диҳед...». — «Ман чӣ гунаам?» — посух дод у.
Онҳо наздик меоянд, ман миннатдорам, ман китоб намехонам, вале рафиқони Витя чизе менависанд, бошад саломуаллейк кардам, кадоме синну солаш болотар гуфт: «Ман ҳам Сибирӣ ҳастам» вале ман на Сибирӣ, балки Воронежиам, киро бадарға карданд, лекин Лихоносовҳо, падару модари Витя, худ ба Сибир рафтанд». — «Зот», — гуфт Астафйев. —«Зоти мо дар деҳа машҳур буд. Осикинҳо. Ҳавзи Осикин вуҷуд дошт. Ва Гайворовскийҳо, Лихоносовҳо бадтар буданд. Онҳоро дар кӯча Голичевҳо ном мебурданд». Хола, ман китобхониро дӯст медорам ва хурсандам, ки Астафйев ва Беловро дучор омадам. Белов ғамгин буд, ғур — ғур мекард, дарҳол аз модарам пурсид: пеш аз бадарға чанд модагов буд».
Распутин Валентини қаддароз камгап аст, вале меҳрубон. Потапин, повести ӯ «Дар рӯйи гаҳвора»-ро хондам, гиря кардам. Литучин, қадаш миёна, ҳарф мезад, қариб буд аз қатора дер мемондем, Балашови петрозаводскии мо, ба чашмонам хеле нигоҳ карда истод, вале Крупин ба модарам сурати фариштаеро, ки аз Байтулмуқаддас оварда буд, тӯҳфа намуд. Модарам қаноатманд гардид. «Ба Таня менависам, —гуфт ӯ. — Витя чи хел дӯстони хуб дорад? Аз авлоди мо фақат Витя нависандагиро хонда ба итмом расонид. Худоро шукр. Пеш хеле ҷиддӣ буд, аз ӯ ҳеҷ чиз пурсида намешуд».
Модар чандин бор мактуби аз Петрозаводск омадаро хонд, баъд ба замини зироаткорӣ рафт ва он ҷо бо холаи Паша гуфтугӯй намуд, оромона аз тақдири худ шикоят кард.
Дар рӯзномаам гуфта шудааст, ман фаслеро навиштам, ки дар он Попсуйкулаҳ дар солҳои дертар ба Толстопят дар бораи марги хоҳари ӯ Маня ҳикоят кардааст. Дар зодрӯзи Лермонтов ман ба Таман рафтам, аз он ҷо ба рустои юнонинишин Витязев ба назди духтари сардори обруманди маҳаллаи Благавошенский Константин Юхно, то ки боз як бори дигар бипурсам, бори дигар ба ягон мӯъҷиза умед бандам, бори дигар аз олам рафтагонро ба хотир биёрам.
Дар соҳили дарё ҳамеша маро парандагони хамшуда интизоранд.
Ҳоло низ бо онҳоям. Кабукҳоро ҷудо мекунам, мехонам, менависам ва фол мебинам, ки дӯсти вятскигӣ-московии ман ҳоло ҳам пойбараҳна ба Байт — Лаҳм мерафта бошад.
Алҳол намешунавад, ки ман дар дурӣ ба ӯ чи тавр меҳрубонӣ мекунам, агар ягон вақт, ки саҳифаҳои пур аз ашки худро навиштам, мехонад.Дар он вақт мо пир мешавем. Оё асарҳои маро славяни москвагӣ дар гӯшае аз деҳаи худ дар вақти дар Пересип дар соҳили дарё буданам намехонда бошад? Ана, он сатрҳои ӯ «Чор ҷое ҳаст дар олами равшан, ки ҷонам он ҷо зиндагӣ мекунад ва ман ҳамеша таъмид медиҳам, дуоҳои бегоҳӣ мехонам. Лавра, кулбаи омӯзгорон. Николское, Великореское, Килмез. Албатта, квартираи Москвагӣ»
Ман ба ҷуз дарё чӣ дорам? Дар гӯшаҳои азизи худ дар ҳама саҳифаҳо қадам мезанам. Омин
*Кабук — лонаи моллюск («ракушка»).