Варшава. Муқаддасоти сабз*


Белов шароб мерезад, Штокман маслиҳат медиҳад, аммо
Чӣ бояд кард, кашида гирифтан?.. Муқаддасоти сабз. Дорухонаҳо
Дар Варшава бастаанд. Дар Бухалово иҷозат ҳаст.
Ва аз Маршалговский хуморӣ одамҳо равонанд.
Биё, таҳти Шопен, дар он ҷойе, ки қаҳвахона зери алафҳост,
Мисли калисои** устувор барои одамони католик имрӯз
Дар зери осмони хокистарӣ, ки дар он НЛО-и бисёр аст.
Нанӯшидани «Соплитс» — сафсата, ёва, ҳарза!

Кӣ гуфт инро? — Ружевич, Галчинский, Тувим? —
Муқаррар навишт оид ба пивои сабзи хуштаъм
Ман низ (чӣ дахл дорам?), ман низ ҷавон будам
Ва худро партофта метавонистам ба зери ғалсамаи парчами сурх
Ва трамвайи сурх шино мекунад ба сӯе, ки дар он ҷо
«Манораи трамвай» Осип ба дунё омада буд.
Ва бӯи шамшергиёҳ мекунад каронаҳои калисо дар ҳама ҷо.
Ва мекашад қофияи аблаҳонаи «хоболудӣ»***.

Ва ба ростӣ ҳама иду иду иду ид — ва чӣ? —
Ҳеҷ не ба худ оянд аз ид мардуми маҳаллӣ...
Ва фариштаи аён, ки дар калисо лона мондааст.
Зиндагӣ дорад ҳушёр ва эъҷоз мебарад,
Нисбат ба ин шоироне, ки боз афтоданд, аммо
Ба онҳо он қадар гуворост дар каҳвахонаи зебои Фридерика.
Хондану хомӯш будан дар партави овои мошинҳои шабона.
Дар хомӯшие чунин шояд китобе андеша мешавад.



* Муқаддасоти сабз — рӯзҳои иди насоро аз рӯзи мавлуди Исо то рӯзи таъмиди ӯ.
** Костёл — калисои католикии полякҳо.
*** Масту аласт хобидан.