Шаби тору сокит ва зулмоти ғафс...
* * *
Шаби тору сокит ва зулмоти ғафс,
Дурахшидани бурҷ нохуб буд.
Ба рўҳ ин ҳама ҳис чӣ бегонаваш
Чу даврони Исҳоқу Яъқуб буд.
Забони шукуфои садбарги тар
Ва рангинкамон рўи ин осмон.
Дурўғ аз муҳаббат занад то ба ҳол,
Чу дар вақти Нерону* Веспосион**.
Ва ин қалби кўчак, ки чун ҷоми пур
Зи андўҳу аз аҷзу ғамҳо бувад.
Ба боде шикаста шавад, алғараз,
Чу аз даври Хашёру Доро бувад.
* Нерон — номи пуррааш Нерон Клавдий Сезар Август, ки бо номи Нерон иштиҳор дорад.
Охирон императури авлоди Клавдийҳо буд.
** Веспосион — номи пуррааш Тит Фловий Веспосион (Флавий Веспасиан) аст. императури
Рим соли 9-и мелодӣ зода шуда, соли 79 даргузаштааст. Ў хонадони Фловийҳоро дар Рим
асос гузошт, ки чор насли онҳо импературҳои Рим буданд.