Андар умқи ҷангалистони далерону ғамангезон...

* * *
Андар умқи ҷангалистони далерону ғамангезон
бо хуморангез оҳанги Глинкоӣ*
чеҳра мешуд тоза аз оби шифобахше, ки
ях рӯяш шино дорад.
Бор** шӯҳрат ёфта бо шохаҷӯш.
Бозгашта бозмерафт
шӯълаафшон аз қафои абр
дар канори чанбари сӯзандаи Хуршед.

 Гӯ чиҳо дидем мо он гаҳ?
Дар паси озодандешона як ханда
Не, на сокинони ноқусӣ
бубастанд аспаки моро.
Ту ҷафидӣ кай ба дастонат
дастҳои он баҳодурмарди Псковӣ?
То пиёда, суда афсурда ман аммо даступоафшон
Бурдаам як шиша аз дӯкон.

 Будаӣ ту ҳамшабеҳи он мураббӣ ширбахшое
он ки пероҳан ба тан
бас танг мепӯшид.
Аз Худо ӯ дошт як хоҳиш
То ба дӯши лӯлак он фарзанди шаҳзода шабу рӯз
ин мабодо, ки равад пинак,
ин мабодо, тифлро сардӣ бигирад.

 Шуд шафақ дар пушти дар тобон,
Гӯӣ оташ зад касе бар домани қурғон.

* Михаил Глинка — оҳангсози рус.
** Бор — номи мавзеъ.