Андешаи субҳгоҳӣ оид ба қудрати Илоҳ, ки ба шеъри халқии русӣ бадал гашт

Офтоби арғувонӣ бар фарози хокдон бархост,
Нурҳояшро ба зери осмон ҳар сў парешон кард,
дарзамон зулмоти ҷоҳилро мунаввар хост,
ҷону дил болида шуд з-ин манзари зебо —
кори дасти офаридгори Худо:
метавон кардан тасаввур он пур аз анвор Симо!

 Ҷумла онҳое, ки аз дунёи фонӣ дасту дил шустанд,
бо пари ҷонҳои худ ба авҷи аъло пар кашиданд,
гар ҳама он чашмҳои бебақоро
ҷониби хуршеди рангин мекушуд,
ҷумла Уқёнуси бе ҳадду ҳудудеро ҳамедиданд,
к-аз ҳама сў дар канори шуълаоташ буд.

Мавҷҳои оташин он ҷо ба ҳар сў раҳсипоранд,
мавҷҳои баҳри оташ кай дигар соҳил шиносанд,
тундии тўфони бадхўро бубин ин ҷо
ҷовидон дар баҳри оташзо,
сангҳо чун об меҷўшанд,
селборонҳо дар ин ҷо шуълаборанд.

Як шарорак беш набвад пеши Ту
он ҳама оташ, ки пурбим аст пешаш чашми инсон.
Манбаи нуре, ки додастӣ, аё Яздон,
аз барои рўшании ҷони мо, ғарқигуноҳон
в-он амалҳои бади афтодадарроҳон —
бандагони амри некў кеши Ту!

Раста аз банди шаби тира
кўҳу саҳро, ҷангалу дарёи саршор
пеши чашмон мешавад чира,
ғарқаи афсуни дилҷўят:
Инсу ҷинсат ҷумла мегўяд
аз бузургиҳот, эй Яздон, батакрор!

Офтоби арғувонат мекунад равшан
фақат як зоҳири фонии ашёро,
як Ту пурнуру мунаввар мекунӣ доим
ботини беҳад амиқи ҷумлаи мавҷуди дунёро;
аз ҷамоли ғарқи нурат
ғарқаи анвор мешорад ба дунё рўди пуршодиву сурат,

Эй Худо, то нури дар зулмот рафтанро насибам кун,
бо ҳама он чизҳое,
ки Ту мехоҳӣ, ҳабибам кун.
Эй амири мутлақи дунё,
назар бо ҳайрат афкандан ба осорат бидеҳ ёдам
ва васфи ҷумлаи корат бидеҳ ёдам!