Муаллими адабиёт

Қисми 1. Субҳ

Ҳар субҳдам, ҳанўз дар рўшании ахтарон, Якоб Иванович Бах бедор мешуд ва зери парбистари лагандаи паруболи мурғобӣ дароз кашида, гўш ба ҷаҳон медод. Садоҳои орому ноҷўри ҳаётҳои бегона, ки дар дуриҳо — атрофи ўву боло аз ў ҷорӣ буданд, оромаш мекарданд. Рў-рўи бом бод сайругашт мекард: зимистон — вазнини барфолуду яхолуд, баҳорон — чандиру рутубат ва барқи осмонӣ дар димоғ, тобистон — ланҷу хушк ва омехтаи ғубору тухмии сабуки алафҳо. Сагҳо, ба соҳибони ба айвон баромадаашон дуруд гуфта, меҷакиданд, ғулғулаи ҳайвонҳо дар роҳи сўи об гўшхарош мерасид. Дунё нафас мегирифт, қарсас мекард, ҳуштак мекашид, баос мезад, сум мекўфт, ҷарангос садо медод ва бо овозҳои мухталиф месуруд.

Садоҳои ҳаёти худаш чандон берангу беаҳамият буданд, ки Бах шунидани онҳоро фаромўш карда буд: аз байни сели овозҳо ҷудояшон мекард, лекин ба гўшҳои хеш роҳашон намедод. Шишаи ягона тирезаи ҳуҷра зери вазиши бод ҷаранг-ҷаранг мекард, дудбарои дер боз тозанакарда қарс-қарс садо мебаровард, гоҳ-гоҳ аз ким-куҷои зери бухорӣ муши сафед ҳуштак мекашид. Ана, ҳамааш ҳамин.

Гўш ба ҳаёти бузург додан ҷолибтар буд. Баъзан ғарқи шунидан шуда, Бах ҳатто фаромўш мекард, ки ў худ ҳам як ҷузъи ин дунёст, ў ҳам, ба айвон баромада, ба ин суруди серовоза ҳамроҳ шуда метавонад: таронаи рўҳбахше сурудан, ё дарро сахт пўшидан ва ё, ҳеҷ набошад, атсаи оддӣ заданаш мумкин аст. Лекин Бах шуниданро афзалтар медонист.

Соати шаши саҳар, бодиққат либос пўшидаву мўйсар шона карда, соати кисагиаш дар даст, аллакай ў дар пеши маъбади назди мактаб меистод. Ба як хат расидани ақрабакҳои соатро (ақрабаки соат — ба рақами шаш, ақрабаки дақиқаҳо — ба рақами дувоздаҳ) интизор шуда, бо тамоми қувва бандро мекашид ва зангўлаи биринҷӣ бо ҷарангос посух медод. Дар тўли солҳои зиёди машқ Бах дар ин кор чунон моҳир шуда буд, ки овози зарб дақиқан дар лаҳзаи ба авҷ расидани ақрабаки дақиқасанҷ баланд мешуд, на сонияе пешу на сонияе қафо. Лаҳзае пас ҳар сокини деҳа бо шунидани ин садо паҳлў мегашту дуои кўтоҳеро вирди забон мекард. Рўзи нав фаро мерасид.

Қисми 2. Рўз

...Дар солҳои муаллимӣ, ки ҳар кадомаш соли гузаштаро ба ёд мерасонду аз он фарқе надошт, Якоб Иванович чунон ба такрори ҳамон чанд калима ва хондани ҳамон чанд супориш одат кард, ки фикран андаруни худ дугона шуданро ёд гирифт: забонаш ғурунгосзанон матни қоидаи навбатии грамматикиро мегуфту дасташ бо хаткашак ба паси гардани шогирди беҳад лаққиаш мефаровард ва пойҳояш бо низом ҷисмашро аз минар то ба девори охири синф мебурданду аз девори охири синф то минбар ва ба ҳамин тариқ ин сўю он сў. Фикраш бошад, зери навои аллаи гуфтор ва ҷунбиши бомароми сар ба зарби қадамгузории бешитобаш пинак мерафт.

Забони немисӣ ягона фане буд, ки дар фикри Бах таровату бардамии собиқашро пайдо менамуд. Дарсро аз машқҳои шифоҳӣ сар мекарданд. Ба шогирдон пешниҳод мешуд, ки чизе нақл кунанд, Бах мешуниду тарҷума мекард: ибораҳои мухтасари лаҳҷавӣ ба ҷумлаҳои зебои забони адабии немисӣ тадил меёфтанд. Бешитоб, ҷумла аз паси ҷумла, калима аз паси калима пеш мерафтанд ва гўё рў-рўи барфи ғафс, пайи ҳамро гирифта ҳаракат мекарданд. Ба алифбову тозанависӣ машғул шуданро дўст намедошт Якоб Иванович ва гуфтугўро анҷом дода, бошитоб дарсро сўи бахши назмаш равон мекард: ҳамоно, чун об аз тағора ба сарҳои сабзи жўлида шеър мерехт.

Меҳри назм ҳанўз дар наврасӣ ба дили Бах ҷо шуда буд. Он вақт чунин менамуд, ки ў на аз картошкашўрбову шўркарам, балки аз балладаву гимнҳо ғизо мегирад. Ва гумон мекард, ки бо ҳамин чизҳо дигаронро ҳам сер кардан мумкин аст, барои ҳамин муаллим шуд. То ҳанўз ҳангоми қироати сатрҳои дўстдоштааш тапиши пурҳаяҷони дилашро эҳсос мекард.

Бачаҳо ба шавқу ҳаваси муаллим шарик набуданд: чеҳраҳои одатан шўху ороми онҳо бо аввалин сатрҳои шеър ифодаи мутеъонаи шабгардонро* касб мекард. Романтизми немис ба аҳли синф беҳтар аз доруи хоб таъсир дошт. Бароҳат шеърхониро ба ҷои доду фарёд ва зарбаҳои хаткашак барои ором намудани синфи лаҷомгусехта ба кор бурдан мумкин буд...

Қисми 3. Шом

...Аз пешайвони мактаб поин шуда, ба майдони зери маъбаде рафт Бах, ки толори барҳавои ибодаташ тирезаҳои сернақшунигори равоқӣ ва зангўлахонаи муҳташами чун қалами нўгтез дошт. Роҳаш аз паҳлўи хоначаҳои батартиби чўбӣ, ки тирезаҳояшон рангҳои чун осмон нилӣ, чун арғувон сурх ва чун ҷуворӣ зард доштанд, аз бари тавораҳои тарошида, қаиқҳои дар интизори обхез чаппахобонда, аз назди боғчаҳои пур аз буттаҳои ғарқи мева мегузашт. Дар зимистон ғарч-ғарчи барфу дар баҳор шалап-шалапи лойу чалро баланд карда, чунон бошитоб мерафт, ки гумон мекардӣ даҳ кори таъхирнопазире дораду бояд ҳатман ҳамин рўз анҷомашон диҳад...

Раҳгузарҳо, резаандомии муаллимро дида, гоҳе ҷеғаш мезаданду аз пешрафти фарзандонашон мепурсиданд. Вале ў, ки аз шитоб нафасгир шуда буд, бо дили нохоҳам ва кўтоҳ ҷавоб медод: вақташ бисёр танг буд. Барои тасдиқи ин аз киса соаташро бароварда, ба он нигоҳи ҷиддие меафканд ва, сар афшонда, шитобон ба роҳаш мерафт. Ба куҷо меравад, худ ҳам фаҳмонда наметавонист.

Бояд гуфт, ки шитоби ў боз як сабаб дошт: ҳангоми суҳбат бо одамон забони Якоб Иванович мегирифт. Ҳамон забони машқдидае, ки ҳангоми дарсҳо бомарому бетаваққуф кор карда, калимаҳои мураккаби забони адабии немисиро бесакта баён менамуду ҷумлаҳои мураккаби тобеъро чунон осон ба забон меовард, ки баъзе шогирдон, то охираш расидан, аввалашро фаромўш мекарданд.

Ана, ҳамон забон, ҳамин ки Бах ба гуфтугўи лаҳҷавӣ бо ҳамдеҳагон сар мекард, баногоҳ гапи соҳибашро намегирифтагӣ мешуд. Ин забон, масалан, пораҳои «Фауст»-ро аз дилу ҷон равон мехонд, аммо ба ҳамсоя гуфтани «бесаратон имрўз боз беадабӣ кард!»-ро ҳеҷ намехост, ба ком мечаспид, чун туппаи ғафсу хом байни дандонҳо раҳгум мезад.

Ба назари Бах менамуд, ки бо гузашти солҳо гирифтани забонаш бештар мешавад, лекин санҷидани ин душвориҳо дошт: бо одамон ҳарчи камтару камтар суҳбат мекард ў... Ҳамин тавр мегузашту мерафт зиндагиаш, ки ҳама чиз дошт, ба ғайр аз худи зиндагӣ, зиндагии ором, пур аз шодичаҳову ташвишакҳо, зиндагии аз бисёр ҷиҳатҳо ҳатто хушбахтона.



* Шабгард — лунатик (беморӣ).

Другие произведения автора

2 произведения