Се нигоҳ
1
Нагрифта қобҳои зимистонӣ —
Урдибиҳишту субҳ ҳама сард аст. —
Аммо зи як канори замин, донӣ,
Наргис ба офтоб рух овардаст.
Дар тирахок барфи сапед инак
Тобад чу қаҳрамон ба диёри ғайр.
Аз об серу аз сияҳӣ андак,
Чун сояи тасаввури гардунсайр.
2
Як хона дар иморати дарбаста,
Чун бар лаби тиреза биёӣ пеш, —
Гӯё миёни беда ниҳон гашта
Беруннамуда пилла зи ҷилди хеш.
Роғест дар фазо, ки аз он ҳар дам
Анвор пар кашад паси зулматҳо.
Эҷод карда баҳри худаш олам,
Дам мекашад ба қиф хамӯширо.
3
Яхрезаҳову қатраи боронҳо
Дар ҷуфти шишаҳои ҳама тасвир.
Чун пуштаҳои сурх-сафед онҳо
Ҳастанд ҷӯяҳои пури саршир.
Гаҳ нимхобу гоҳ-гаҳе мадҳуш —
Чун ҳифзи ҷон зи зарбаи нохӯрда.
Аҷзои васл ҳеҷу хапу хомӯш:
Дар пардаҳои вақти ҳадаркарда.
Нагрифта қобҳои зимистонӣ —
Урдибиҳишту субҳ ҳама сард аст. —
Аммо зи як канори замин, донӣ,
Наргис ба офтоб рух овардаст.
Дар тирахок барфи сапед инак
Тобад чу қаҳрамон ба диёри ғайр.
Аз об серу аз сияҳӣ андак,
Чун сояи тасаввури гардунсайр.
2
Як хона дар иморати дарбаста,
Чун бар лаби тиреза биёӣ пеш, —
Гӯё миёни беда ниҳон гашта
Беруннамуда пилла зи ҷилди хеш.
Роғест дар фазо, ки аз он ҳар дам
Анвор пар кашад паси зулматҳо.
Эҷод карда баҳри худаш олам,
Дам мекашад ба қиф хамӯширо.
3
Яхрезаҳову қатраи боронҳо
Дар ҷуфти шишаҳои ҳама тасвир.
Чун пуштаҳои сурх-сафед онҳо
Ҳастанд ҷӯяҳои пури саршир.
Гаҳ нимхобу гоҳ-гаҳе мадҳуш —
Чун ҳифзи ҷон зи зарбаи нохӯрда.
Аҷзои васл ҳеҷу хапу хомӯш:
Дар пардаҳои вақти ҳадаркарда.



