Асрор

Вақте коҳин барои анҷом додани маросим ба назди зан даромад, шавҳари он бемор духтарчаашро, ки мисли маймун бетоқатӣ мекард, нигоҳ медошт. Духтарак дар долони беморхона дарҳол дилгир шуд, бинобар ин ҳеҷ чизро фаҳмидан нахоста, ба палата даромадан хост. Ба вай маъқул буд найрангҳое кунад, ки диққати ҳамаро ҷалб намояд. Танҳо ба ҳилаҳои кўчак, вале ба ҳар ҳол, макри хоси занон ақлаш мерасид. Гоҳо махсус мехост коре кунад, ки падараш ўро сарзаниш намояд — вале вонамуд кунад, ки аз ў наметарсад. Пас аз он мулоим шуда, худро итоаткор нишон медод ва ногаҳон ба сўи дари мамнўъ метохт, бехабар аз он, ки падар дасти ўро сахт доштааст. Эҳтимол барои расидан ба ҳадафи худ ҳама найрангҳоро ба кор бурда, духтар фарёд зад, ки падараш одами бад аст, бегона аст — ва бо гиря фиғон кашид: «Очаҷон! Очаҷон!» — Барои ин рафтораш падар нохост ва бераҳмона ба лабонаш зад. Акнун духтарча воқеан гирист, гўё якбора ғизои гарм хўрда бошад, ҳаворо бо гиря фурў бурда, даҳонашро пур кард. Ҳама чиз якбора дар чашмонаш хира шуд. Ба даҳшат омад... Ашк ҷорӣ шуд ва гўё чашмонаш кўр шуд. Духтар оби дидаашро пок кард, беранг ва бо як башараи каси ҷабрдида ба кафи дастонаш нигарист, гўё аз ифлос шудан тарсид, мехост дард ва хуни дили худро боз ба ягон каси дигар нишон диҳад. Ва тамоми вуҷудаш ларзида, нафас дар гулўяш дармонда, гўё мемурда бошад, ҳиҷо ба ҳиҷо, канда-канда, базўр гуфт: «Ма-н ди-лам-ро фу-рў бур-дам...»

Падар ба ин хама бетафовут монда, ба девори беморхона менигарист.

Модар агар ҳоли ўро медонист, хафа шуда, духтарашро маҷбур менамуд хомўш шавад.

Онҳо соҳиби фарзанди нав шуданд ва ҳеҷ кас ба духтарак шафқат намекунад.

Ва он чӣ аз ў гирифтанд, ба додараш доданд.

Кўдаки навзод мисли лўхтак, фақат зинда, ба ў маъқул набуд. Агар ў зоча мебуд, бозичаи дасти вай мешуд, бе ҳеҷ пушаймонӣ мешикаст, пойҳо, дастҳо ва каллаашро меканд. Чунки пайваста чизе мехост: чир-чир мекард, мегирист, нола мекашид. Тагашро ифлос мекард ва умуман ба назари ў як маъюб менамуд. Аммо кўдак аз они волидонаш буд ва ў ҳатто ҷуръат надошт, ки бе рухсати онҳо ба ў даст расонад.

Ба духтарак гуфтанд, ки ў калон шудааст ва бояд тифлро дўст дорад.

Ва ин махлуқча додараки ҳамхуни ўст.

Духтарча бошад, тоқат мекарду мунтазири марги ў мешуд: охир заиф аст, зишт, зиёдатӣ...

Вай дар ин бора беихтиёр сабукфикрона андеша мекард, аз чӣ сабаб бошад, гумон дошт, ки танҳо орзу карданаш кифоя аст, ки хоҳиши ў иҷро шавад.

Ва пинҳон дошт ин сирро.

Ва гўё сирри каси дигар буд, на аз они худаш, зеро намедонист, ки ин чӣ гуна ва кай рух медиҳад. Аммо вай бовар мекард чун каси гўё огоҳ аз ин.

Ин асрор ўро ҳеҷ азият намедод.

Танҳо мехост бародарашро ҳарчи зудтар фаромўш кунад: хоб раваду бедор шуда бинад, ки ў дигар нест — ва боз ў дўстдори ягонаи аҳли оила шавад.

Бовар дошт, ки волидонаш писарчаро фаромўш хоҳанд кард, чунон ки тифлро барои худ ба дунё оварда, ўро фаромўш карданд, то писарчаро аз духтарашон бештар дўст доранд.

Фаромўш мекунанд — ва аз мурдани ў дигар пушаймон намешаванд.

Вай дар маъбад ҳам хомўш буд. Ба он ҷо ўро барои он бурданд, ки ба коҳин дар бораи рафтори бади худ нақл кунад ва пас мукофот бигирад.

Духтар бовар дошт, дар осмон Худое ҳаст, ки заминро офаридааст, одамонро сохтааст ва ҳама бояд ба ў итоат кунанд ва онеро, ки итоат намекунад, ҷазо медиҳад, бемор мекунад ё тамоман мекушад.

Модараш маҷбур кард, ки падар ҳамроҳи онҳо ба калисо равад. Ҳоли мард хандаовар буд, зеро ба Худо бовар надошт, худро хеле оқил медонист. Модар гуфт, ки бибиаш Вера ўро бад тарбия кардааст. Вай гуфт, ки Вера — бибӣ беақл аст. Духтарча гўш мекард ва ба ҳоли ў механдид, зеро ба модараш чун ба худаш бовар мекард. Дид, ки вай ба Худоҷон дил бастааст, ў ҳам дар ҳақиқат мехост, ки ошиқаш шавад. Онро афсона пиндошта, хоҳиш кард, ки пеш аз хоб дар бораи Ў китоб хонад, вақти хобаш бурдан, фикр мекард, ки барои мулоқот ба назди ў парвоз мекунад, рост ба осмон меравад. Ва модараш ўро бо навозиш «фариштаи ман» мегуфт.

Ба назари вай калисо ҷое менамуд, ки онҳо ба меҳмонӣ мерафтанд.

Духтар тавре ба ў ёд дода буданд, дуо хонд ва салиб кашид, то ба худо ва модарҷон писанд ояд, дар дохили он худро чунон эҳсос менамуд, ки гўё ба ид даъват шудааст, қариб иди кўдакон. Оҳ, агар боз рухсат медоданд, ки давутоз кунад, овоз барорад, хандад.

Аммо шамъ даргирондан мумкин, мисли шамъи рўи торт дар зодрўз.

Ва бо оташи он маъбадро оростан мукин.

Ба ў ҳама чизи зебо маъқул буд ва калисо зебо буд.

Аммо аз ҳама бештар духтарак бўсидани тасвиру нишонаҳои Исои Масеҳро дўст медошт, дар онҳо Худоро медид, нафас ба дарун кашида, ба Ў менигарист ва баъзан ба назараш чунин мерасид, ки на духтарак, балки Ў бодиққат ба вай менигарад. Бидуни ягон ҳадафу маънӣ, бо сипоси қариб омехта бо саодат ба Ў чун шахси хозир табассуми шодиомез мефиристод. Ва ҳамеша мукофоти худро мегирифт. Модар бошад, ифтихор мекард, ки духтараш хеле хуб аст, боимон аст. Ва вай низ фахр мекард, худро дўст медошт. Коҳин меҳрубон буд. Вай аз ў наметарсид, зеро бояд иқрор шавад, ки медонад, он чӣ модараш медонад ва барои он, ў худро комилан гунаҳкор ҳис мекард. Баъд ўро дар зери пешдомани зарринаш пинҳон карда, дар болои сараш чизе гуфт ва бахшид. Баъд модарашро пинҳон кард — ва ўро низ бахшид. Аммо ў дар бораи гуноҳҳои худ ҳеҷ чиз нагуфт ва ҳарчанд кўшиш кард, ягон чизеро шунида натавонист. Танҳо дид, ки модараш гирист, талх, гуё ўро сахт хафа кардаанд. Худи духтар чунин гириста наметавонист, ҳатто мехост бардурўғ бисгиряд, вале хосил намешуд. Ҳарчанд воқеан ҳам мехост мисли ў бошад, ҳама чизро мисли ў кунад. Модар аз чизе ҳарос дошт. Аммо духтар, агар аз чизе метарсид, танхо аз ашки модар буд.

Вай аз Худо бахшиш ва саломатӣ хост — ба худаш, ба волидонаш. Вай аз модару падар илтиҷо кард, ки хоҳишҳояшро иҷро кунанд, гарчанд ин боиси ханда шуд: аз Худо он чиро хост, ки падар ва модар аз бозор харида метавонанд.

Аммо вақте ки додарак пайдо шуд, вай ба Худо хашм гирифт.

Вай бародар талаб накард — аммо ў пайдо шуд.

Аз падару модар хафа шуда, пеш аз хоб дуо хонданро бас кард: барқасди ҳама.

Ва ҳатто дар дилаш тарс пайдо нашуд: аз марг наметарсид.

Марг ба назари вай чизи хандаовар менамуд.

Вай ба худ қоим буд, ки танҳо аблаҳон бемор мешаванд ва мемиранд.

Нопадид мешаванд, тамом, вассалом. Ҳаво мешаванд — ва аз ин рў дигар намоён нестанд.

Худро оқила медонист, зеро волидонаш табиб буданд. Ва агар аз ў пурсанд: «Калон шавӣ, кӣ шудан мехоҳӣ?» — посух медод: —Духтур мешавам. Ва боз боиси хандаи ҳамагон мегашт: «Мехоҳам мардро дўст дорам ва чанд забон донам!»

Падар ўро саҳар бо мошини худ ба гимназия мебурд — он ҷо вай забони англисиро меомўхт ва дар як миз бо як писари сарватманди зебо менишаст.

Вале модар ба гапи худ истода, ўро ба дарси рақс бурд.

Ў музокира намуданро дўст медошт, худро калонсол вонамуд кардан мехост.

Калонсол буданро тасаввур кардан осон буд.

Ин сабукӣ имкон медод ҳеҷ чизро ҳис накунад.

Аммо қаҳру ғазаб — маҳз ҳамин эҳсос маҷбур менамуд худро парешону хаставу нотавон кунад.

Рафтори аз ҳама тоқатфарсояш он буд, ки аз дигарон нисбат ба худаш шафқат мехост.

Худро пири зишт, ранҷур, қурбонӣ вонамуд мекард.

Вақте додарашро ғусли таъмид намуданд, барояш аҷиб ва даҳшатноктарин рўз шуд. Онҳо дар мошин мерафтанд — вай дар як гўшаи курсии қафо пойҳояшро ба ҳам ҷафс карда менишасту хомўш меистод, аммо ба ў аҳамият намедоданд. Кўдак дар он ҷо, дар аробачаи худаш хобида буд: модараш ба қафо гашта, онро бо як даст ба ҷунбонд. Баъд падараш ўро ба бағал гирифта, бо эҳсосе, ки чеҳраи одатан ороми ўро тамоман дигар кард, тифлро ба калисо бурд. Ногаҳон ягон чиз барои фикр кардан намонд. Он чӣ дид, ба назари духтар хоб менамуд. Ва дигар чизе ба ёдаш намонд — танҳо он ки дасти ўро бибии беақлаш Вера медошт. Эҳтимол, мехост худаш бимирад ва ҳамаро тарк кунад: модар, падар, бародар ва ҳатто Худоро. Бихобаду дигар бедор нашавад. Танҳо як лаҳза, вақте кўдакро бо сар ба об андохтанд, ў аз об баромадан хоста дод мезад, ба назараш расид, ки додараш ғарқ шуда мемирад: вале ўро дарҳол аз об бароварданд.

Вай аллакай дар хона иконаи дўстдоштаашро ба рўи фарш партофт, ки модараш як вақтҳо дар калисо ба ў харида буд, аммо баъд дар як утоқи холӣ ба атроф бо табассуми ногувор нигариста, онро бардошт ва бодиққат дар дохили он гузошт, то касе чизеро пай набарад.

Ва чизеро интизор набуд, азбаски дигар ба касе бовар намекард, духтар ба он, ки бародараш зиндагӣ мекунад ва ўро дўст медоранд, розӣ шуд.

Аммо ногаҳон бо ин махлуқ не, балки бо модараш мусибат рух дод.

Модар ҳамеша рўи бистар мехобид, қариб ҳеҷ гоҳ аз ҷояш намехест.

Вай гуфт, ки хеле хаста шудааст.

Ва он гоҳ модар рафт ва онҳо танҳо монданд.

Модар пайваста сафар мекард — ба дигар кишварҳо, шаҳрҳо ва аз ин духтар хафа намешуд, вай бо падараш монданро дўст медошт. Акнун модараш дар беморхона мехобид — дар ҷойи на он қадар дур. Чунон ки ба назари духтар менамуд, одамон ҳеҷ коре намекарданд, танҳо хўрок мехўрданд, мехобиданд ва ба гуфтаи духтурон итоат мекарданд. Падараш ба кор рафтанро бас кард. Ҳама корҳоро якҷоя анҷом медоданд: сайр мекарданд, ба худашон хўрок мепухтанд, зарфҳоро мешустанд, телевизор тамошо мекарданд. Вай ҳис кард, ки ў ба вай рўҳан пайваст шуд, гўё модарашро фаромўш кард — ва онҳо ҳама кореро, ки мехостанд, иҷро менамуданд, ки эҳтимол онҳоро модар манъ мекард. Ва ў дар нигоҳубини додарчааш кўмак мерасонд, ифтихор дошт, ки мадади ў лозим аст. Танҳо монда, пинҳонӣ ба назди кати ў рафта, орзу дошт ҳангоми хобаш вайро аз хона бароварда ба ягон ҷо партояд. Аммо додар бедор мешуд ва духтар боз вонамуд мекард, ки ў модараш аст ва кўдак бовар мекард.

Ўро фиреб додан хеле осон буд.

Шояд писарча ҳанўз намедонист, ки модараш кист: дар хотир надошт, намедонист ва дўст намедошт, ягон зарра шафқат намекард, аз ин рў вай ҳам ўро дўст намедошт.

Ў то ҳол фикр намекард, ки сабаби бемории модараш худи ўст...

Бемории модар танҳо ба кунҷковии худхоҳонаи ў осеб расонд.

Духтар ба асрори аҳли оила тоқат надошт. Ҳатто бибиаш Вера баъзе сирҳоро медонист ва чун барои ёрӣ расондан омад, худро соҳибхона вонамуд мекард ва ба назараш чунон мерасид, ки мехоҳад духтарча ба ў ҳам чун ба модараш итоат кунад. Ана, имрўз ҳам падараш ўро бо худ бурдан нахост. Духтарча фаҳмид: онҳо аз ў сирри хеле муҳимро пинҳон мекунанд.

Аммо ин мард — коҳин бо ҷомаи фарсудааш ба назари ў як аблаҳ менамуд. Бинобар ин бехуд гашта, дар куҷо буданшро фаромўш карда, қиқир-қиқиркунон хандид ва аз ин ҳеҷ хиҷолат накашид, қасдан ба ў менигарист ва худро калонсол вонамуд мекард. Ба назараш чунон мерасид, ки ўро аз кўча гирифтаанд. Ҳатто хафа шуд, ки аз тамоми асрори модар огоҳ мегардад. Духтар тахмин кард: чунон мешавад, ки дар маъбад рух медод — ба Худои меҳрубонаш дуо мехонанд: бовар дошт, ки Вай ашки ўро мебинад ва аллакай интизори кушодани асрор шуд ва дид, ки модар бо асабоният ба худ омад, чеҳрааш зишт гашта, ба чизе омодагӣ мебинад. Хомушӣ ҳукмфармо шуд, ки дар он як илтиҷо бо исрор садо медод: «Равед... Хуб, меистед?.. Мумкин нест!» — ана ҳамин вақт духтарак ба назди модараш шитофт, дасташро гўё навакак зада бошанд, гирифту бўсид ва сабук ба оҳанги илтиҷо гузашта, тавалло намуд: — «Очаҷон! Очаҷони азизам! Ман духтари бад ҳастам! Ва ман мехоҳам бо ту бошам!»

Дар ин вақт аёдати беморон манъ буд. Шавҳараш ба ҳама чиз розӣ шуд, коҳинро низ ў ёфт. Хеле кофт... Ба шиносҳояш,албатта, насрониҳои ихлосманд занг зада пурсид. Маслиҳат додан ба ў душвор буд, чунки умуман ба чунин вазъият дучор нашуда буданд. Ва боз метарсиданд: «Чӣ, вай мемирад?» Ва ў мушаххасан посух дод: «Не, не. Зистан мехоҳад».

Ҷарроҳ ва садҳо ҷарроҳӣ...

Ў ба худ бовар мекард, зеро ба ҳеҷ чиз ихлос надошт.

Рўдаҳои дигаронро кофтуков мекард?

Дар ин фаъолият ягон чизи ҷолиб буд?

Ё даҳшатнок буд?

Худро омода мекард. Духтурон ба беморони худ шафқат надоранд. Вагарна, пушаймон мешуданд, нафрат ва ҳам тарсро эҳсос мекарданд.

Апендитсидҳо, чурраҳо, захмҳо... Эҳсосаш кунд гашт: одамонро мебуриду медўхт, ба истиснои амалиёти нисбатан башардўстона — иваз кардани узвҳои бемор бо пораҳои тани каси дигар. Кори якранг коҳил намуда, онро ба як одат табдил медиҳад. Ҳатто ба маош — ё чунон ки бо ҳазл мегуфт, «чирки даст» ҳам одат кардааст. Фақат мехост аз хоб сер шавад. Ҳаёт сурати одӣ дошт: оила, кор. Ба гумон, ки ў дар бораи чизе фикр мекард... Барои чӣ зиндагӣ мекунад? Ин савол дарднок мегашт вақте дар бораи кўдаконаш фикр мекард, ки ба онҳо ҳаёт бахшидааст. Онҳоро мисли ҳар падар дўст медошт, охир аз хуни худаш. Идомаи насл... Чизе ки бақо мемонад... Аммо бо ин афкор ягон динро ташвиқ карда наметавонист... Медонист, ки ў аз устухон, рагҳо, мушакҳо, торҳои асаб иборат аст. Ва аз марг наметарсид. Барои онҳое мезист, ки ба ў ниёз доштанд. Ҳаёт ва ҳам марг хати ростест, ки ба охирати бепарво мебарад. Дар он ҷо касе ё чизе нест, ки биҷўӣ. Дар ин ҷо чӣ?

Лабҳои зан ғафс, синааш калон, танаш нарми сафед, пўсташ гўё нам гирифта. Ягон ҷолибият надорад. Гуфтан мумкин, ки байнашон фақат ҳирси дағали шаҳвонӣ буд. Дар донишкадаи тиббӣ як шаб шинос шуданду ҳамхоба гаштанд ва дўст шуданд. Физиология — ҷисми одам як фанни таълимӣ аст мисли фан дар бораи ҷасади инсон патолого-анатомия. Ҳама ихтисосҳо якҷинсаанд. Баробарии гендерӣ бошад, дўстӣ аст. Доира метавонад васеъ бошад. Ва давра занад. Донишҷўён бо ҳазл мегуфтанд: «Ҳама пизишкон бародаранд ва кулли ҳамшираҳои шафқат фоҳиша!» Духтурон аз ҳама бештар ҳазар мекунанд. Шояд дўстӣ аз ишқ безарартар аст? Чунин ҷуфтҳо бунёд мешуданд: духтури дасту пой ва чашм, дилшинос ва гурдашинос, дандонпизишк ва пизишки рўдаи рост... ё ҷарроҳ ва духтури пўст. Баъд оила барпо мегашт... Он замон аз чӣ бошад, бе якдигар зиста наметавонистанд. Баъдтар бо бисёриҳое, ки ҳамроҳ тахсил мекарданд, дўстони оилавӣ шуданд... Рафиқон, ҳамкорон, эскулапҳо — ҳама як савганд ёд мекарданд: «Қасам ба Аполлон, Асклепий, Гигей ва Панакей, ҳама худоён ва олиҳаҳо — онҳоро ба шоҳидӣ гирифта, софдилона, аз рўи нерў ва фаҳмиши худ иҷро мекунам ин савгандро...»

Ў пас аз як шабонарўзи кор дар бемористон ба хона баргашта, мошинро дар ҳавлӣ гузошта, ба чизе аҳамият намедод. Зан тахмин мекард, вале хомўш буд — ў аз ҳад намегузашт, вақте дурўғ гуфтан бемаънигӣ буд. Чизи умумӣ бояд тақсим шавад. Ва аҷибтарин чиз кўдаки умумӣ буд. Зан соҳиби пул, пули худаш шуд. Ногаҳон қарор дод, ки сафар мекунад, бо як дўсти номаълумаш. Вақте рафт, ба қафо нигоҳ накард. Ин кўшиши фирор буд. Зан метвонист барнагардад, мард ҳис мекард. Зан гуфт, ки ба Испания парвоз мекунад... Баъд ба Таиланд... Хаставу ранҷур, гўё ҳамаро бохта бармегашт: ба хона, ба назди шавҳар, ба назди духтарчааш. Ба ҳар ҳол, савғотӣ — туҳфачаҳои беаҳамияте меовард, аммо чизе намегуфт. Мард ҳам чизе намепурсид, дар шоми навбатдорӣ дигаронро иваз мекард ва рўзҳо, ҳатто шабҳое, ки дар хона мегузаронд, торафт кам мешуданд.

Ҳама чиз бояд замоне хотима ёбад. Якчанд маротиба, агар ўро мезад, шояд метавонист ҳама чиз анҷом ёбад... Аммо ў тоқат кард. Зеро мард тавоно буд ва ба касе намегузошт, ки ўро бишканад. Зан инро талаб мекард, барои ў бераҳмона, дурушт сухан гуфтан мушкилӣ надошт. Аз наздикӣ бо худ маҳрум кард ва агар байни онҳо қаробати ҷисмонӣ рух медод, хушҳолие намебахшид. Талаб мекард, талаб, талаб... Ё вонамуд мекард, ки шўяш вуҷуд надорад, ҳатто мавҷудияти ўро дар паҳлўяш чун одам қабул надошт ва сипас дар ҳузури ў дарғазаб мегашт, фиғон мекашид, нола мекард... Танҳо барои он ки ў худро ҳеҷ шуморад. Ва зан ҳар рўз худро бадбахттар мекард. Мегирист: дар хоб бо фиғон ҳасрат мекард мисли духтарча дунёро бо нола ба сар мебардошт. Аз зиндагӣ таҳқирдида, бечора, захми дарунӣ бардошта меҳисобид. Зоҳиран, ки ин як беморӣ буд... Ва ҳама чиро ки худ содир менамуданд, оид ба беморӣ ҳам пинҳон мекарданд. Аз хешу табор, аз наздикон. Ва ин тавтиаи хомўшӣ тамдид менамуд зиндагии танҳоӣ ва гунгонаро...

Мард гумон дошт, ки дар бораи занаш ҳама чиро медонад... Духтари ноздонаи падар, аз модар дида бо падар бештар ҳамроҳ буд. Падар пас аз марги модар оиларо тарк намуд, бо духтари ҷавони қариб ҳамсоли ў издивоҷ кард ва пас аз ду сол аз саратони ҷарроҳинапазиранадаи рўдаи росташ фавтиду ўро бева монд. Бепарво мурд, гуё ба ҳама хиёнат кардаву ҳама ўро фурўхта бошанд. Инро, ки ў ба касе даркор набуд, духтараш вақте фаҳмид, ки он мавҷудоти замоне падар номдошта ба кўраи ҷасадсўзӣ — крематория рафт. Ва ў мисли аксари одамоне, ки волидонашон реҳлат кардаанд, вонамуд месохт, ки ҳама чизро мефаҳмад. Эҳтимол, қаноатманд шуд, ки эҳсоси худро баён накарда, ўро бахшидааст. Духтар мехост ҳама ўро дўст доранд, танҳо ва танҳо ўро. Ин як навъ девонагӣ буд. Аз ин рў, ба модараш рашк менамуд, намехост, ки бо ин муросо кунад.

Мард бе падар калон шуд. Хуб ё бад, ҳама ўро доштанд. Вале дар шаҳодатномаи таваллуди ў ҷойи падар холӣ буд. Модараш гузаштаро пинҳон мекард, писар чуръат накард аз падараш пурсад ва дар бораи ў фикр кунад. Қонунҳои зиёде буданд, ки тибқи онҳо ба балоғат расид ва онро вайрон карда, хоин шуд. Ва ў агар ҳанўз ҳам худро модар ҳисоб мекард, аз он буд, ки хотираи падари писарашро аз байн бардошт. Ба ў сирри як каси бегона шуд: аз кист, фарқ надорад. Падар метавонист зиндагӣ кунад, метавонист аллакай бимирад, аммо ў вуҷуд надошт. Ба ҳар оин, ў ҳеҷ гоҳ мисли падар намешавад; чӣ хел бояд бошад — зиндагӣ, мисли писари ўгай, ўро омўхт.

Боре занаш ўро бо бўса бедор кард: рухсораашро сабук ва гарм ламс кард. Вай аз ин меҳрубонӣ бедор гашту гуё аз нав таваллуд шуд. Зан дигар шуд, ҳамчун як шабаҳи афсонавӣ боназокат ва ғамхор, босабр ва меҳрубон. Аммо ҳамин тавр, дар як шаб, бо хоҳиши ў, бо амри ў, ҳама чиз дар ҳаёти онҳо тағйир ёфт.

Пас аз ин зан ба калисо рафт ва духтари хурдсолашро хамроҳаш бурд... Дар ҳама ҷои хона иконаҳои муҳофизатгар пайдо шуданд. Ихлосманд. Буд... Шуд... Аммо вақте бармегашт, дар чеҳрааш нури халосшавӣ медурахшид, дар интизории сахти чизе шах мегашт. Бо изтироб ба худ омада, бо ҳар фикри нав дар бораи оянда ба ҷўшу хурўш меомад, дарҳол талаб мекард, ки чизи интихобкардаашро харида биёранд, ҳар хоҳишашро иҷро кунанд. Шавҳараш итоат мекард ба дараҷае кўр гашта буд, ки дар вуҷуди ў тағйироти ҷиддиро пай намебурд. Зан ҳомиладории худро пинҳон кард. Аз ин фиреб доданаш шояд фахр ҳам мекард. Тоб меовард. Пинҳон мекард. Ва ин ҳама ба хотири он, ки як зиёфати хандаовар ташкил карда, таҳти шамъҳои фурўзон бо табассуми пурасрор бигўяд, ки вай кўдаки ўро дар шикам дорад ва, ў аллакай инро медонист, писар аст. Саховатманд буд, олиҷаноб менамуд. Ва гаронтарин тўҳфаро ба шавҳараш кард.

Писарак номи падари ўро мегирад, вай аллакай чунин тасмим гирифтааст.

Ҳама чиз гуфтан осон буд.

Ў ба осонӣ розӣ шуд.

Баъд ҳар дақиқа гуворо шуд. Вай ид мехост ва онҳоро ихтироъ кард: сайру гашт дар боғҳо, сафарҳои берун аз шаҳр, шоми зиёфат барои дўстон. Кўдак дар шиками модар гўё хобидаву ба ў мушкилӣ намеовард. Вақти барои озодӣ ҷудошуда зуд мегузашт. Ба охир расиданаш торафт ба таври тоқатфарсо кашол ёфт. Сипас хомўш шуд, ҳар рўз барои ибодат ба калисо мерафт, танҳо будан мехоҳам гуфт ва дигар духтарашро бо худ набурд. Ва як рўз рафту нопадид шуд ва ба хона барнагашт. Ва тайи чанд рўз касе дар бораи ў хабар надошт... Ва мард дар ҳар ҷое, ки метавонист, ўро ҷустуҷў кард — танҳо ба мурдахонаҳо занг назад.

Имон — интизорист. Асли ҳақиқат аст. Агар имон дорӣ, мунтазир мешавӣ.

Мард бояд интизор шавад.

Зан хеҷ чизро намефаҳмид... ба мард ҳама муаммо якбора равшан шуд. Вақте зан баргашт, ба ягон савол ҷавоб дода натавонист. Фақат нигоҳи нарму гарми навозишомези чашмони калон кушода дошт, ки дар он тарси номаълум шах шудааст. Як табассуми пурмеҳр... Бо шиками дамида... Дар охирин давраи ҳомиладорӣ... Ба касе чизе нагуфта... Вале девона набуд охир... Махлуқи беҳис ҳам не... Табассум мекарду хомушӣ ихтиёр мекард, охири пурсишро мунтазир шуд. Ба зан нигариста, мард аз худаш тарсид... Ўро аз озодӣ маҳрум кунад? Маҷбур кунад азият кашад? Аммо дар зери дилаш фарзанди ўст. Ҳама чизро бояд фаромўш кард. Вақте таваллуд кард, тамоман фаромўш кард. Ўро бахшид. Писар таваллуд шуд! Ва акнун шодии ором дилашро гарм месозад... Аввалин садои нозуки ў... Аввалин нигоҳи маънодор... Табассуми аввал... Ва ҳангоме ки пас аз ғусли таъмид ўро ба даст гирифт, худро нисбат ба ин одамчаи хурд нодону фарсуда эҳсос намуд ва майли ғуломонаи барои ў зистан, ба ў хизмат кардан пайдо шуд... Шодӣ чунон зиёд гашт, ки гоҳо ба даҳшат меомад: Барои чӣ? Вақте писарро дар ваннаи пластикӣ шуст, ба ёдаш расид: шодии онҳо дар тағораи оббозӣ буд...

Ногоҳ дастонаш ларзиданд. Аз чй сабаб бошад, чун хобу хаёл тасаввур кард: занги телефон ва овози касеро шунид, ки бо тамкин мегуяд: «Зани шумо мурд»... Худаш чанд бор ин суханро ба забон овардааст, бе ягон андеша, ки чаро ин тавр бошад: тамом вассалом ва дигар ҳеҷ чиз нест?! Ў ҳеҷ гоҳ худро ин қадар нотавон ҳис накарда буд, ки қобилияти солим гардонидани одамро надорад. Ҳар як духтур дар чунин ҳолатҳо медонад, ки дар Амрико ин намуди бемориро хеле содаву осон табобат мекунанд — аммо дар Русия одат доранд, ки коре мекунанд, харчанд худашон намедонанд чӣ кор мекунанд: санҷишҳо мегузаронанд, доруҳои будаю набударо медиҳанд, муолиҷа мефармоянд, ғизоро дар беморхона таъйин мекунанд... Аммо то ин вақт гемоглобин меафтад. Гипоксия инкишоф меёбад. Вай медонист. Бинобар ин, аз ҳамкорон хоҳиш намуд, ки на дар клиникаи худ, дар ҷойи дигар ўро хобонанд. Медонист, ки занаш аз муолиҷа сахт метарсад... Кўдаке, ки гумон мекард, ки ҳаёт абадӣ нест... Охири ҳаёт марг аст. Танҳо вақте ки пас аз ғайричашмдошт хомўш шудани дарди ҷонкоҳ, сарашро ба болин партофта, узв ба узв, хуҷайра ба ҳуҷайра бо ҳар тори асаб оромии одиро ҳис мекард, табассум чеҳраи камхун ва ниммадҳуши ўро нарм месохт.

Дар назди беморхона, шояд ба хотири рафъи тарс, ў маросими видоъ ташкил кард... Онро, ки фардо субҳ ногузир ўро ба муддати номаълум ба бемористон мебаранд, зоҳиран, ором, бо тантана дарк мекард, гўё як нақш мебозад ва зан онро иҷро мекард, аммо хеле ҷиддӣ. Барвақт, баробари дамидани субҳ бо аробача ба ҳавлии назди хонаашон баромада, маслиҳат карданд, ки духтарашонро бедор накунанд. Кўдак, ки дар тобистон аз тафси гармои шаҳр нафастанг мегашт, ҳоло хобаш бурда, сўрохи бинии худро ҳассосона кор фармуда, аз ҳавои салқини тоза аз тафту гард тозаро дам мекашид. Онҳо дар курсие, ки ба таври хандаовар ороста, бо ҳама рангҳои рангинкамон ранг карда буданд, дар байни майдончаи бозии кўдакон нишастаанд. Вай ба як шаҳри холии бозича монанд буд. Ва шароби сафедро бо оби маъдан омехта, бо қултҳои хурд ва, албатта, дар ҷомҳои булўрӣ нўшиданд ва чун дар Соли нав орзуву ормони худро фол диданд. Фақат на як бор, балки дубораву себора, қатра-қатра нўшиданд, то холӣ шудани шиша. Зан мехост, ки орзуҳояш зиёд бошанд ва онҳо аз ҳамдигар фарқ кунанд, вале ба якдигар ошкоро чизе нагўянд... Мард ўро дастгирӣ мекард, сахт мекўшид. Ва шароб ҳама чизро осону гуворо кард, ҳатто дардро ҳам.

Вақте тамоман аз иштиҳо монда буду таъом хўрда наметавонист ва танҳо оби сарди чун яхро фурў мебурд, нўшидан нофорам буд.

Дар бораи кўдакон гуфтанд... Дар бораи он ки вай танҳо бо онҳо чӣ гуна хоҳад буд... Аммо, аз хона, оила, фарзандон ҷудо шуд, худ надонист чаро аз шодии охирин ва табиӣ — дидани кўдак даст кашид... Зан метарсид, бовар кунонда илтиҷо менмамуд, ки ҳеҷ гоҳ ин корро накунад, гўё сухан аз боби ҳаёту мамот аст. Чизи аҷиб гуфт: «Бигзор писаракам чизе надонад. Ман ба хона бармегардам ва ўро мебинам».

Мард шарм дошт, ки занаш ўро солиму озод мебинад.

Беморӣ занро нозуку осебпазир гардонд... Дар паси дари палатааш, ки дар паси он корҳои барояш нохуш рўй медоданд, ҳоло ҳам дар бораи ў ҳамчун зан фикр мекард, дарди ширини баданашро эҳсос мекард. Барои ба вай нигаристан меомад...

Зан медонист, чӣ тавр ба худаш мафтун кунад, ин барояш осон буд... Ба касе табассум кардан дар навбати умумӣ барои муолиҷа, ё дар сари мизи таъоми бемористон. Ба ҳамшираи шафқат ё фаррош ширинӣ, мевае медод. Рухсат медод аз души ў истифода баранд, харчанд худаш ҳазар карда, танашро фақат бо сачоқи тари гарм пок мекард. Баъзеҳо баъдтар барои шунидани гуфтори ў дар бораи муъҷизаҳои муолиҷаи ҳозиразамони рўй, солим нигоҳ доштани пўсти бадан меомаданд. Ва шомҳо занҳои ихлосманд аз палатаҳои умумӣ ба ҳуҷраи алоҳидаи ў омада, намоз мехонданд. Вай онҳоро водор намуд, ки ин амалро ҳамроҳ иҷро кунанд: бо навбат хонанд ва дуоҳоро гўш кунанд. Вале аз ҳама як хоҳиш мекард: «Барои ман дуо хонед». Чунон ифода мекард, ки хоҳишаш ҳайратангез ва муқаддас менамуд, дилҳоро тасхир мекард.

Суханҳояш чун сеҳру ҷоду садо медоданд: «Бисёр занҳо барои ман дуо мегўянд.»

«Бо ин кайҳо мурдаро зинда кардан мумкин буд», — ҳазл менамуд шавҳараш ва гўё ба шунидааш бовар намекард.

Ногоҳ зан дар бораи Дивеево ҳарф зад, аз он, ки шавҳараш бояд ўро бо мошин ба Дивеево, ба дайри занҳо барад ва он гоҳ ў шифо меёбад. Аммо ин имконнопазир буд. Ва ҳангоме хоҳиш кард, ки коҳинро даъват кунад, мард осуда шуд, ки ҳадди аққал як хоҳишашро иҷро карда метавонад. Бо духтури муолиҷакунандааш суҳбат кард, вай ҳам мисли ў фикр дошт, ки дар ҳолати ў чунин чизеро бояд манъ мекард. Вай ишора ҳам кард, ки ҳоло барои занаш машварати равонпизишк муфидтар аст — аммо ҷуръат накард, ки исрор намояд... Мард бо ғазаб андеша ронд: «Албатта, касе дар беморхонаат ҷон меканад, аммо ин барои ту як ҳолати муқаррарист... Худат қодир нестӣ ба ў ёрӣ расонӣ, вале доруи оромкунандаи асаб намехўрӣ... Ақлат комилан барҷост... Солим ҳастӣ... Барои хамин ту ҳама чизро медонӣ, ҳукм меронӣ... Ва ҳаёти беморонро идора мекунӣ...»

Чанд муддат тоб овард, вале маълум нест, ки боз чанд... рўз, ҳафта, моҳ лозим мешавад.

Дард ва арақи часпаки сард, қайкунӣ ва хунравӣ...

Талош мекард, муқовимат менамуд бе он ки на шуҷоат дошт, на қувват.

Зан ҳеҷ чизро намефаҳмид.

Духтарчаи ашколудашро ба наздаш хонда, падар ба чашми ў нигарист... Тинаташ ба модараш чунон монанд буд, ки духтарак бо хашм руй гардонд, чашмонашро пинҳон кард... Хурўшид: — «Чй? Мехоҳӣ муҳаббати худро ба ман эътироф кунӣ?» Вақте падар хомўшона ўро оғўш кард, ҳанўз ҳам ўро бахшидан намехост, вале оромтар шуда, пичирос зад: «Хайр, боз як кас ба ман ошиқ шуд...»

Дар долони беморхона занҳои танҳо бо хилъат равуо мекарданд... Ниҳоят аз палата коҳини вуҷудашро арақпахшкарда баромад. Зуд сар ҷунбонд ё таъзим кард ва шитобон рафт.

Зан рўяшро ба болин гузошта, дар кат мехобид. Духтараш дарҳол худро ба назди ў расонда, ба оғўш кашид ва бо тарс гуфт: — Очаҷон, дард мекунад? Ту дард намекашӣ?

Пас аз хурўҷи дард бемор чашм кушода, гўё дар хоб бошад, чеҳраҳои зиёдро дид...

Духтур, ки аз муомила бо ин бемор хаста гашта буд, бо назокат он чӣ рух дод, муҳокима накард.

Ҳамшираи шафқат ба раги вай сўзандору гузаронд, гўё ҳиҷом карда, хуни зиёдатиашро гирифт. Ҳоли зан сабуктар гашт ва ҳамаро фаромўш намуд, дар зераш чизи нарми ҳавоиро эҳсос кард.

— Дада, модарҷон мурд? — Овози ларзони пастакакро шунид зан...

Онҳо дар ин ҳуҷраи кўчаки пур аз бўи доруҳои гуногун бо деворҳои урён танҳо монданд. Яхдон, телевизор, миз ва боз як кати дигар, гуё аниқ хонаи кас буд.

«Хобаш бурд. Бедор намекунем, меравем».

Ва ў пеш аз баромадан ба фазои холӣ маҷнунвор гуфт: «Хуб, ҳоло Худои ту куҷост?»

Дар хона, ки бо ҳузури модараш бо кадом сабабе худро бегона ҳис мекард, ба саволҳои ў берабт, ё дағалона посух медод ва ишора мекард, ки дар ин хусус бо ў ошкоро ҳарф намезанад. Ва модар, ки пеш аз ин ҳам борҳо хафа шуда буд, аз ғалаёни эҳсос баромада рафт. Вале ў бетавфоут монд.

Духтар дар ҳуҷраи хурди худ пинҳон буд, вале аз танҳоӣ метарсид. Аз чӣ бошад, додараш ба ёдаш омад ва ўро хомўшии тазъиқовар ба утоқи волидонаш тела дод ки катчаи равонаш он ҷо буд. Додараш дар умқи мулоими катчаи хурдакак хобида буд ва ба назараш чунин намуд, ки ў нафас намекашад. Духтарак садо дод... Оромона.

Ва ногоҳ ў зинда шуд, бо тааҷҷуб чашмонашро кушод.

Духтарак гирист, гўё ўро бори охирин медид.

Кўдак ба ў нигариста, дастонашро ба сўи ў дароз кард ва табассум намуд.

Чашмонаш медурахшиданд — дар онҳо чӣ қадар шодӣ буд, нур буд, ҳаёт буд...