Бархез, ай Иляи киевӣ...

* * *

Бархез, ай Иляи киевӣ,
Бисёр махоб, эй баҳодур.
Саҳрои маро басо гарон аст
Қонун зи барои хуфта куштан.
Бедор шав, эй набарданеру,
Шамшер алам куну бикун тез.
В-он хӯд сабук ба фарқ бигзор,
Инак, бирасадамат зи тотор.
Ман омадаам талабгари ту
Бо ҳам бизанем то дили шом,
Охир ҳама чи кашад ба фарҷом.
Аммо, ки дар ин ситезаи сахт,
Ғолиб нашавад агар кас аз мо,
Он гаҳ бадар бародар оем,
Гӯё ки бародару баробар —
Он гуна баҳодуру баҳодур.