Света, ё Рўзе ки ман марди ҳақиқӣ шудам

(порча)

Агар вазни ҳайратовари тифл, ҳаштод километр дур аз падари коммунист бо назокат таъмид кардани ў ва тасвири хонаи панелии падариро дар саргаҳи Дон (ана он ғўлаи пур аз захм барои майда кардани гўшт аз тарафи рости даромадгоҳ, мизи доминобозӣ дар назди иморати муваққатии тахтагӣ, ниқобҳо барои сур, ки дар байнашон аз ҳама ҷолиб милитсионер бо бурути аҷибаш тасвир ёфтааст) канор гузорем, бояд аз он биоғозем, ки тобистони гузашта духтари ман (Алисс ном мебарем ўро, ки маънояш «гулаки лаблабуст»; Авериллро бояд маънояш «муҳорибаи хуки ахта» бошад) чанд ҳазор фунтеро, ки модараш ба муаллими хонагӣ дод, ба адади дурақама дар сутуни «натиҷаи ЕГЭ*» иваз намуду ба ягон маслиҳати банда гўш надода, барои ба даст овардани билети лотереяи комиссияи қабули панҷ донишгоҳ дар навбат истод.

Баъди итмоми яке аз онҳо Алиссро муҳтоҷии шадид ба ёрии башардўстона интизор аст, — пешгўӣ кард падари вай: — зуд сарф кардани мероси волидайн, мутеъи шавҳар будан (бадтар аз талоқгирӣ гапу корҳои дигар низ ҳаст, духтарҷонам!), бо илтиҷо дар пушти ресторанҳо бурдаи нон талбидан, хонаи ҳамсинфҳои бойи худро, ки замоне ба гапи волидайни хеш гўш додаанд, рўбучин кардан...

Дигар чӣ кор кунад падари пир? Падаре, ки бино бар беэҳтиётӣ дар толори машқ ба дарди чурраи сутунмўҳра гирифтор аст.

Ҳамроҳӣ кардан. Дар назди деворҳо, «монеаҳо» ва «чорчўбаҳо» газидани канори истаканҳои картонии аз қаҳваи эспрессо холишуда! Тахмину фарз кардан: Алисс чӣ кор кард? Ба ҳама саволҳо ҷавоб дода бошад? Шпаргалкаро истифода карда тавонист? Мабодо — ғамгин барояд? Тезтар ғизо хўрондан даркор! Агар дар ҳамин лаҳза гулаки вай воқиф шуда бошад, ки дар ин дунё ҳақиқат нест, ҳама чиз кайҳо фурўхтаю харида шудааст ва барои ҷойҳои беҳтарин бисёриҳо ҳанўз аз хонаҳояшон номнавис шудаанд?!

Дар он рўзҳои пуразоб ман, гўё дар интизори баровардани ҷасад, мисли дигар волидайн, дар байни издиҳом хомўш меистодам. Довталабонро баъди нишон додани маълумотнома медароварданду хатмкунандагон дипломҳояшонро ба сари синаашон зер карда мебаромаданд. Ба назар чунин мерасид, ки онҳо ҳама ба якдигар монанданд, панҷ сол дар паси дар ҳабро аз оқибаташ наандешида фурў бурдаанд, ба Боргоҳи Дониш бегонаанд (дар байнашон «ҳанўз» ва «кайҳо» қисмат мешавад); қаду қоматашон аз ҳам чанд сантиметр фарқ мекунад; ҳаяҷони воридшавандагону бепарвоии тарккунандагон, ки ба ҳар тараф пароканда мешаванд.

Ногаҳон ёдам омад, ки тамоми умр мехостам Алиссро бовар кунонам, ки баҳо, озмун, табъи хуш ё бад доштани муаллим, қабул шудан ва ҷойи таҳсил ба Толеъ ягон зарра иртибот надорад. Баъд худамро воҳима гирифт (ба назар чунин мерасид, ки бале, ҳамин ҳозир масъалаи ҳаёту мамот ҳал мешавад) ва ман Худоро шукр гуфтам, — чи хушбахтист, ки ман дигар довталаб нестам!

Аввал аълохонҳо — чеҳраи баъзеашон зебою бархе безеб, каме лангида, ба атрофиён таҳқиромезу каҷ-каҷ нигариста баромаданд: чунон осон, ки одам зиқ мешавад! Онҳоро касе пешвоз нагирифт. Эшон телефонҳоро ба гўш бурда, ба саволҳои «чанд?» «кадом мавзуъ?» «дар як дарсхона чанд нафар нишастаанд?» посух надода рафтанд. Баъдан бачаҳои доро, ғайри одат хастаю мисли ҳарвақта хотирҷамъ пайдо шуданд. Зуд аз даруни «мерседесҳо» адъютантҳои сурунғафси дар танашон куртаи гулобӣ баромада, онҳоро пешвоз гирифтанд ва роҳравон ба касе занг зада мегуфтанд: «Акнун чӣ кор кунем? Ба кадом даромадгоҳ? Бо қалами бунафшранг навиштааст!». Дар охир «қисми асосӣ» баромаданд.

Ба бачаҳои музофотӣ — ҷавонони шимашон дарзмолшуда, туфлиҳояшон тоза, тугмаи болоии куртаашон гузаронидашуда, дар дасти падарашон сумкаи вазнини андарунаш банкаҳои пур аз котлет, садои ғарч-ғарч хўрдани бодиринг ва ба теғаи сутуни девор тиқ-тиқ задани пўчоқи тухм, — ҳавасам меомад. Онҳо ба роҳгузарон аз ҳад зиёд боадабона муомила мекарданд, дар гўшае дуру дароз байни ҳам пичиррос мезаданд ва қабл аз бо эҳтиром аз дарбон ба куҷо рафтанашонро пурсидан, масъулияташонро байни ҳам тақсим мекарданд. Вақте ки дарбон нармдилона мегуфт, ки ба самти бо тирча нишондодашуда раванд (самте ки таҳҷоиҳо бе пурсиш мерафтанд), музофотиҳо чунон хурсанд мешуданду миннатдорӣ мекарданд, — муваффақияти калон! — гўё аввалин имтиҳонро супорида, нахустин қадами ҳалкунандаро гузошта бошанд.

Музофотиҳо — аскари пиёдагарданд, пулемёт дар сари китф медаванд. Одатан пиёдагардҳо дар майдони ҷанг мемонанд, аммо, баръакс, аз музофотиҳо касе намемонад; дар канори роҳравҳо, дар даҳлез, дар сари китфи волидайн ашк мерезанд онҳо: ҳамагӣ ним балл нарасид! Баъд ҳамин ки ба вокзали Курск қадам монданд, лошахўрҳои аз қафояшон равон варақаҳоро дароз мекунанд: биёед, ба таҳсили пулакии мактаби мо.

Рўямро мегардонам: аз пуштам бинои факултаи журналистика, пешорўям донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африқо, ки хиштҳои таърихиашро намоёнида, андоваи деворҳояшро метарошиданд. Дар болои бинои он шамол буттаи чандинсоларо алвонҷ медод. Бо вуҷуди ин, андеша маро тарк намекард... Ана дар асл чӣ одамонро идора мекунад, ана дар куҷо монданд ва мисли мавҷҳои паст шино мекунанд он ҳафтаҳои тирамоҳ: дар айвончаи дари даромад ва ё дар остона; таассуф мехўрдам. Дигар чӣ ҳам гуфтан мумкин? Ҳаяҷон ва ҳасрати сабук. Ҳа, дар таваққуфгоҳ мошин зиёд шудааст. Не, мошинро ёд надорам. Бале, мошин набуд! Аз барояндагон ман ёдҳои бистсоларо меҷустам. Ўст? Киро ман дар ин ҷо мешинохтам. Барои чӣ ту намедароӣ? Танҳо боре аз қафои Алисс ба дарун даромадам. Довталабону ҳаводоронашон дар даруни собиқ китобхонаи дуртар аз зинапояи тарафи чап менишастанд, факулта чиркин, фарши паркет ғиҷиррос мезанад. Ман зинапояро аз қафо давр зада гузаштам; ким-кадом «шуъбаи ҷобаҷокунӣ» — қироатхонаи рўзномаҳо куҷо шудааст? Мисли гузаргоҳҳои зеризаминии вокзалҳо дукончаҳои хўрокворӣ пайдо шудаанд, лавҳачаи «донишкада»-ро болотар насб кардаанд; ба дарсхона даромадам ва гўё ў худаш ба ман гуфт: «сесаду шонздаҳум!» — тахтаи синф, як порчаяк бўр, ман дар ҳамин ҷо дохил шуда будам, ана дар он мизи ҳамсоя зеботарин духтари дунё табассум мекард сўям. Ҳозир чӣ? Ҳозир пирамарди олудаи гели карахткунанда, гўё аз боқӣ мондани нақши ангуштонаш метарсида бошад, зўр зада аз нўки онҳо пайи бўрро тоза мекард.

Алисс, ман бори аввал ба ин факулта моҳи ноябри як ҳазору навад омада будам. Аллакай курси аввал дар мавсими картошкачинӣ ба онҳое ки соати рўимизии зангўладорро метобанд ва онҳое ки чӣ будани идрорпулиро намедонанд, ҷудо шуда буд.

Соҳибони соатҳои зангўладор барои ба «ҷуфти аввал» рафтан барвақт мехестанду («ман имрўз ба ҷуфти дуюм меравам»), субҳгоҳони сард трамвайи бисту шашумро интизорӣ мекашиданд. Баъд паридаю ҷаҳидаю ҷафс шуда, якдигарро оғўш кардаву ба гардани якдигар овезон базўр пойи росташонро ҷой кунонида, ба дами дар монда ва ё ба пешвози бўрон қоматашонро хамонида аз байни ҳавлиҳою назди кинотеатри «Улан-Батор», ки дар толори ҳавояш дими он рўзҳои якшанбе нумизматикҳо** ба фестивали шаҳрии бўйҳои арақ ҷамъ меоянд, ҷониби «Академический» мерафтанд.

Факултаро онҳо баъди ғуруби офтоб, баъди муаллимони дўстдоштаи худро то метро гуселонидан, тарк мекарданд. Бегоҳӣ, баъди дар ошхона як истакон қаймоқро нўши ҷон кардан дар китобхонаи хобгоҳ вомехўрданд ва вақте ки он пўшида мешуд, дар қироатхонаи факултаи журналистика (аз қабати дуюм то ҳаштум) мизеро банд менамуданд ва ё дар ошхона ба пухтупаз машғул мешуданд, либос мешустанд, газетаи девориро омода мекарданд, ба Днепропетровск ба модарашон нома менавиштанд ва ё ба ошёнаи нуҳум баромада, бо донишҷўдухтарони хокшинос (барои чӣ мардҳо ба ин факулта дохил намешуданд — то ҳол яке аз асрори мудҳиши тартиботи хунини коммунистист) аз сиёсат баҳс мекарданд. Духтарон аз дилхоҳ суҳбати мардон хушунд мешуданд ва ман то ҳол, вақте ки ҳамсари неккирдору модари мушфиқ бо овози баланд «ман факултаи хокшиносии МГУ***-ро хатм кардам!» мегўянд, аз шарм сурх мешавам. Чӣ хел бо ин фахр кардан мумкин?!

Онҳое ки соати рўимизии зангўладорро натофта (хизмати аскариро ба ҷо овардагон, ветеранҳои меҳнат, кўҳистониҳо, онҳое, ки ба воситаи «рабфак»-у сиёсати миллии КПСС — қабилаҳои ришнотарошида!) дохил шудаанд, ҳамеша хоб буданду бисёр менўшиданд, баъзан посбонӣ, фаррошӣ, қаллобӣ мекарданду хориҷ мешуданд, барқарор мекарданд, пул қарз мегирифтанд, меҳмон қабул мекарданд, обрўи бошандагони қисми якуми хобгоҳ — психологҳоро мерезонданд, ба сардори милитсияи маҳал баёнот менавиштанд ва дар донишгоҳ танҳо вақти имтиҳонсупорӣ пайдо мешуданд, асосан мехўрданду менўшиданд, — намедонам ба забони муосир чӣ гуна аниқ баён кунам, — хулоса, онҳо духтарҳои шинос зиёд доштанд. Онҳое, ки соати рўимизии зангўладорро наметофтанд, имконияти бо онҳо шинос шуданро меҷустанд. На ҳама вақт шикорашон барор мегирифт, аммо пайваста меҷустанд. Аз ин бармеояд, ки эшон дар биҳишти кўчаи Шверник, 25, иморати дуюм ба сар мебурдаанд.

Солҳои барҷомондагию карахтии ҳокимияти шўравӣ мафҳумҳои таҳсил кардан, вазифа ҷустан, эҳтироми моликияти давлатӣ, риояи қонун, зиндагии бошарафона, хидмат ба Ватанро бе маънӣ кард. Албатта, ҳеч кас намедонист, ки ба қарибӣ роҳ ба сўи адолати комил дар мисоли қонеъ намудани талаботи ройгон ба садди қавӣ бармехўрад ва мо ба қафо бармегардему аввалинҳо ба охирин табдил меёбанд. Аммо ба ҳар ҳол бемаънӣ будани ин ҳаракатро ҳамагон ҳис мекарданд. Кам-кам пионерҳо, бештар комсомол, аз ҳама беҳтар армия (то ба ҳизб расидан ду сантиметр камӣ кард!) ба одамон фаҳмонданд: агар зинда мондан бихоҳӣ, худро канор бигир. Бе хунрезию ба майдон баромадан оҳистаю номаълум аз амри замон мисли мушхор ҷудо шав: ҳисоб ёфтан — марҳамат, дар коғаз — иштирок бикун; тазйиқ биёранд, — овоз деҳ; хоҳиш кунанд, — баромад бикун; маҷбур кунанд, — биёву дар қатори охир пинак бирав, аммо лагомро таранг нигоҳ дор, агар ягон ҳодиса шавад, — дур шав, варақи корношоямӣ бигир, фаромўш бикун ва ё бубахш оҳиста-оҳиста, калон нашав, ҳамеша бепарвою ҷавон бимон дар байни духтарони хандон.

Ана ба ҳамин маънӣ изҳор карданд ҳақиқатро ҳамсабақон вақте ки ман дар оғози моҳи ноябр, баъди гум кардани билети комсомолиям, ба қисми таълимӣ омадам. Кори ман ба ҳар ҳол омад кард, зеро аввалин шуда маро ҷавоб доданд. Хидмати аскарии ман дар таҳхонаи ситоди Матросская Тишина таҳти ғурроси асбобҳои ҳавотозакунӣ гузашт. Ягона тирезаи он ҷониби чоҳи бетонӣ, ки кабўтарҳо барои мурдан он ҷо мефуромаданд, кушода мешуд; барфу баргҳоро ёд надорам. Мо дар ҳамон долони симетраи таҳхона хоб мекардем ва худро дар давоми якуним сол аз ҳуҷуми калламушу шабушкҳо муҳофизат намудем.

Пагоҳӣ, то омадани афсарону генералҳо, ман барои тоза кардани дандон ва шустани дасту рўй ва ё чизҳои майда-чуйда (асосан мо рўзҳои шанбе дар ҳаммоми Медвежие озера шустушў мекардем) ба ҳоҷатхонаи ошёнаи дуюм ва ё сеюм (агар дуюмро фаррош банд карда бошад) ва ё чорум — мавқеи хадамоти ақибгоҳ мебаромадам.

Он рўз ғайриодӣ буд, зеро ман барои хамираи дандоншўӣ пул харҷ кардам. Охир, бас будагист барои сарфа кардани пул бо чўтка ба хокаи дандоншўӣ нўл задан. Баъд то охир шустан наметавонӣ доғи онро аз дасту рўй! Ба қарибӣ ин камбағалӣ аз ҳисоби давлат ба охир мерасаду моро зиндагии дигар интизор аст! — аз ин ҳиссиёт хурсанд бо ангуштон лўлачаи вазнини хамираи дандоншўиро оҳиста зер кардам, то зиёд набарояд. Аммо хамира набаромад берун.

Ба даҳани он кадом чизи ҷилодор... амсоли фолга часпонида будаанд. Бояд аввал ба ҷойи аҳмақона зер кардан, бо чизе онро шикоф намуд. Ана ҳамин хел хамира истеҳсол мекунанд дар Москва. Мо, албатта, хеле қафомондаем. Чиро бояд халонд? Бо ангушти хурдам кофтам, бо дастаи чўткаи дандоншўӣ зер кардам — фолга гўё пачақ шуд, аммо сўрох нашуд. Ягон асбоби тез даркор. Барои аз таҳхона овардани мех дигар вақт набуд, зеро ҳамин ҳозир дар ҳар ошёна шахсони босалобати паҳлуи шимашон зеҳдору папахапўш пайдо мешаванд. Агар якбора бо ҳарду даст лўларо сахт бифишорам, хамира монеаро бартараф намуда мебарояд, тахмин кардам ман, Албатта, каме қаҳрам омад, ки модом молро бо нархи гарон мефурўшед, онро бояд созу муносиб кунед.

Чобукона бояд фишурд.

Ман тасмим гирифтаму дастамро аз дастшўяк берун овардам... то ки зиёдатиаш... агар банохост бичакад, ба фарш не...

Як!

Нашуд.

Ва я-я-як!!!

Тавре ки тахмин задам, ҳамон шуд. Ҳатто зиёдатӣ.

Бале, лўлача дар дастам кафид!

Гўё кайҳо аз дарун ҷўшида, дамидаю тафсида буд ва маътали берун паридан буд. Тамом! Ана ин фишурдан. Ана ба ту «як бор нағзакак дандонамро бишўям»...

Чўткаро ҷониби дастшўяк бурдам, то хамираи он ҷо афтодаро бо мўйҳояш андармон карда бигирам. Аммо набуд хамира! Ягон қатра. Ҳамааш куҷое афтода буд. Ба атроф нигаристам: ин чӣ гап? Мисли ҳар одами аз хоб сернашуда, ки гўё ҳама чизро мебинаду дар асл чизеро намебинад... Ба болои ин шоҳиди беному нишон гум гаштани чизи дар бастабуда... дар болои дастшўяки назди се хонача... дар рўбарўи оина... дар болои кошини қаҳваранг...

Гўё бедор ҳам набудаам — хоби бади боварнокарданӣ.

Тезтар аз қабати дуюм гурехтан лозим.

Лўлача, эҳтимол, тамоман холӣ буд! Иллатдор! Фақат кафид.

Ва нохост ҳушёртар шуда, ба худам нигаристам... О, Худоё!!! — ман бо дастонам хамираи бечораро чунон фишурдаам, ки вай аз даҳони лўлача нею баръакс аз чоки канори даридаи лўлача баромадаасту ба қафо парида, ба шиками ман часпидааст... акнун доғи равғании бўйи пудинадор дар камзўли ман паҳн шуда, дар шимам акси мўйлабро мемонд.

Бояд гурехт! Ман зуд чўткаро ба хамираи муаттари рўи шикамам тар карда, дандонамро шустам ва ду бор дастамро дар зери ҷумак тар намуда, рўямро тозаю мўйҳоямро тахт кардаму лақу луқамро гирифта ҷониби зинапоя давидам (мисди ҳарвақта аввал бояд гўш дода, баъд ба поён нигоҳ кардан даркор). Ҳама бо қомати рост меистоданд, зеро як нафар ҳаракат мекард — боло шуд, қоматбаланд, бовиқор қадам мезад танҳо Маршал, Фармондеҳи қўшунҳои мо, ҳеч гоҳ ба атроф нанигариста, ғарқи андешаи мушкилоти муборизаи артиши кишварҳои аъзои Шартномаи Варшава бар зидди ниятҳои таҷовузкоронаи... Ман якбора худро ақиб кашида, пинҳон шудам ва мунтазир истодам: акнун чӣ? Акнун навбатдори ситод, полковник Г., ки дар хабаркашӣ аз вайронкориҳои ҳамяроқони худ — майзадаҳо ном бароварда буд, намедонам барои чӣ ҷониби ман пичирросзанон такрор мекард: аз қафои ў рав! Фармондеҳи қўшунҳо гуфт, ки ту аз қафояш биёӣ! Полковник Г. меларзид, наметавонист бо дастонаш нишон диҳад (дар навбатдории ў!) ва такрор мекард: аз қафои ў! Фавран аз қафои ў!

Чӣ кор бояд мекардам? Рафта мўзаҳоямро тоза кунаму дар зери кат фуражкаамро биҷўям? Вуҷудамро мавҷи пурталотуме фаро гирифту маро рост ба даруни танўри сўзони Тақдир — қабулгоҳи маршал кашида бурд. Дар он ҷо ду адъютант-майори ҳанўз аз саломуалеки тантанавӣ ба худ наомада бо як овоз дод заданд: куҷо? Ман базўр бо овози нимшунаво гуфтам: рафиқ фармондеҳ гуфтанд, ки ба наздашон дароям, — ва ба варта паридам.

Маршал хеле дур, қариб даҳ метр дуртар дар паси миз туфлияшро иваз мекард. Ман ба таври низомӣ «аскари қаторӣ фалонӣ бо фармони шумо» гўён қадам зада, дар назди глобуси ҳаҷмаш баробари дастгоҳи киштии кайҳонии «Шарқ», ки дар он Гагарин ба замин баргашта буд, бозистодам.

Маршал аз ҳаждаҳсолагиаш барои бомбаборон кардани Америка тайёрӣ медид ва ҳамеша ба парвоз, тайёраҳои бомбаандозу сар додани мушакҳо шавқ дошт ва ин ҳама дар саф қадам задани қаторию ефрейторҳо, анборҳои сўзишворӣ, либоси зимистона, хондани ҳар гуна коғазро хуш надошт; ман ягон бор нашунидам, ки маршал душном дода бошад, ба ранги ҳошияи роҳравҳо, дер мондани ронанда аҳамият диҳад. Ором меомаду оҳиста мерафт; ин аввалин ва охирин вохўрии мо буд.

Маршал чунон бо ҳайрату андўҳ ба ман нигарист, ки қариб буд даргирам: раваду навбатдор саҳв карда бошад? Мабодо Фармондеҳи қўшунҳои мо маро ба ин ҷо даъват накарда бошад? — ва акнун намефаҳмад, ки ин аскар барои чӣ омада, ба пойафзоливазкунии ў халал мерасонад.

Ман дар пой мўзаи кўҳнаи андозааш чилу шашум (нўги росташро каме бо корд буридаанд) доштам ва метавонистам бо як пойафшонӣ онро бадар кунам (мўзаи худам дар «таълимгоҳ» гум шуд ва инро ба ман «муваққатӣ» доданд, ки аз он якуним сол гузашт); аз шим хотирам ҷамъ буд: нав аст (кўҳнааш ҳангоми сементборкунӣ дар гауптвахта корношоям шуд), аммо ду андоза калон аст. Ва ман бо ин шалвор йигитҳои бўзбалаи украинро ба ёд меовардам, ки ҳангоми иҷрои рақси миллиашон чобукона дар ҳаво пойҳояшонро ба ду тараф меёзониданд; дар сари синаи чапам нишони «Аълочии ВВС», аз тарафи рост кисаи дамидаи равғанолуди андарунаш ҳамён, билети ҳарбӣ, оби дандони «дюшес», қалам, сўзану ришта, билети комсомолӣ (агар онро намедуздиданд!). Айнак дар рўям каҷ меистод, зеро як мурвати дўғаи росташ тоб хўрда баромаду оқибат дар куҷое афтида гум шуд ва ба ҷойи он як бурида бандаки конселяриро гузоштам. Дар дасти ростам чўткаи дандоншўӣ, сачоқ ва собунмонак, дар росташ ҷўроби шуста ва зершалвор, ки низомномаи ҳарбӣ пўшидани онҳоро иҷозат намедод (бояд пойтобаю калсон**** бипўшӣ); дар рўи шикамам як порча хамираи сафедфоми дар ҳолати шоридан сахтшуда буд ва дар назари аввал пайи тўби футболро мемонд. Ман кўшиши чизеро шарҳ додан надоштам: чӣ даркор? Мо кўдак нестем, мефаҳмидем, ки ҳеҷ кас дар андешаи мо нест, намепурсад, ки «чӣ воқеа рўй дод?» ва ё «ёрӣ диҳам»... Барои ҳама равшану возеҳ аст, ки касе парвои мо надорад — ҳар кас дар ғами худ аст, армия аз ҳар гуна чизҳои нодаркор халос шуд ва умуман мо ба кӣ даркор? Шояд ман доим ҳамин хел гардам.

Чеҳраи фармондеҳ ба падари хохолаш (украин) монанд буд. Фақат Никитаамак резапайкар буд. Оромтабиатию бо овози паст гап заданаш мерос аз модар. Кампири Таня ҳамеша дар сар рўймоли гарм дошт, қоматаш хамида, чеҳраи пурожанги гўё мудом ба гиря моилашро пинҳон карда мегашт. Аввал вай аз дунё гузашту Никитабобо (дар кўча ўро ба тарзи гуфтори хохолӣ «Ныкита» ном мебурданд) ҳатто ранҷид: «барвақттар намурдӣ, ки ман ғами ояндаамро барвақт хўрам», лекин ҳарчанд кару фартут шуда буд, хеле сол умр дид вай. Дар муддати понздаҳ сол ман боре ҳам бе кулоҳ ва куртаи афсарӣ надидам ўро. Гўё гузаштаи пурифтихораш — қассоби назди бозори вокзалро фаромўш кардан намехоста бошад. Ҳамчунин вай попўшу мўза медўхт (хешони уразовияш аз корхонаи чарм резгиҳо меоварданд) ва ба таъбири имрўза «ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои қарз бераҳмӣ мекард». Замоне ки одамон дар Валуйк зоғу зағанро паронда мехўрданд, Никита пулашро барои харидани хона дар кўчаи Ворошилов сарф мекард.

Дар хона касе ба ў аҳамият намедод. Бародари Маршал яхдон таъмир мекард, дар вақти холӣ менўшиду моҳӣ шикор менамуд. Янгааш ба духтарчаи бемораш андармон буд. Бино бар ин, агар борон наборад, пирмард ҳамроҳи сагчаи алочашмаш Бимо бо ҳимояи асо то хонаи мо меомад ва чанд лаҳза нафас рост карда, қадаме мегузошт ва бибиамро бо саволҳои якранги «Рита ку? Сашко чӣ?» безор мекард. Азбаски ба айвончаи дари даромад баромада наметавонист, дар харакча нишаста, сари ҳамаро гиҷ менамуд. Он вақт дар ҷойи мо назди меҳмон чой намеоварданд. Вақте ки аз тарқиши девор сурати одами миёнқад пайдо мешуд, бибиам дар тамоми кўча дод мезад, боқимондаҳо гурехта пинҳон мешуданд. Аммо бибиам тоқат мекард: хешамон аст! — писари ў ба духтари Никита оиладор шудааст; дар аввал ин никоҳи нобаробар буд, аммо бо гузашти солҳо он аз байн рафт. Ҳоло умуман касе ёд намеорад — ҳеч кас намонд ба ҷуз ман. Акнун ба кӣ исбот мекунӣ, ки мо ҳам одам шудем, аз дигарон беҳтар зиндагӣ дорем, дар манзари Биг-Бен акс гирифтаем. Лекин бисёр мехоҳам исбот кунам.

Хулоса, амаки ман ба хоҳари маршал оиладор шудааст ва Маршал, фармондеҳи қўшунҳо, алббата, дар куҷое шунидагист, ки ба шарофати ў як аскар дар аэродроми Мари-1аз қафои тайёраҳо намедавад ва шабонарўз дар Арединск барф тоза намекунаду (дар ҳар қўшун ҷойҳое ҳастанд, ки аз ҷаҳаннам бадтар; дар пеши назари ман одамони калонсол пеш аз парвоз ба Арединск гиря мекарданд), баръакс, дар Москва, дар ҷойи гарму нарм, наздик (ба гумон аст, вай дар бораи дар таҳхонаи ситод зиндагӣ кардани одамону дар хоначаи кинонамоишдиҳии толор барои бозиҳои оперативӣ либосҳои урфиамро пинҳон кардани ман ва рўзҳои шанбе аз ҷойи пинҳонии пушти гараж, ки ба ҳама аскарони қўшунҳои десанти ҳавоӣ ва авиатсияи нақлиёти ҳарбӣ маълум аст, аз болои девор гузашта, баъд... — кифоя, тафсилоташ чӣ даркор) хабар дошта бошад.

Яқин Маршал он некиашро фаромўш карда буд, аммо имрўз фурсати қулай буд аз он ёд кардану тараҳҳум намудан.

Ў, мисли онҳое, ки пеш аз хоб кўрпаро болои пояшон партофта, худ ба худ гап мезананд, ҳангоми бо сачоқ пок кардани рўй ғур-ғур мекунанд, аз роҳгузарон сигарет мепурсанд, — нофаҳмою бепарво гап мезад. Ман аз ин суханҳо чизе нафаҳмидам, аммо аз наздик шудану дубора пурсидан метарсидам ва аз оҳангу маънияшон тахмин мекардам (агар ман Фармондеҳ мебудам, ана дар бораи чӣ мепурсидам). Мо ба воситаи тарҷумон гап мезадем, яъне ман ҳам ҳамсуҳбат ва ҳам тарҷумон будам: ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? — ба ҳамин монанд савол дод Маршал.

Посух додам: хидмат мекунам; аз ин ў ҳайрон шуд: охир, фармони вазири мудофиа дар бораи ба эҳтиёт рухсат додан кайҳо чоп шудааст. Ман меандешидам: шояд Фармондеҳ то ин вақт аз некии ғайриқонунии ба ман кардааш азоб мекашид?

Ман ба шарҳ додан оғозидам: дарҳол ҷавоб намедиҳанд. Баъд аз имзои фармон моҳе мегузараду аввал нахустомадаҳо, баъди як ҳафта навбати аввал, ҳафтаи дигар — навбаи дуюм ва ҳамин тариқ аз рўи хидмату дастовардҳояшон рухсат медиҳанд ба сарбозон. Аскарони махсус «барҷаста»-ро навбати охир — 31 декабр, соати бисту сею панҷоҳ дақиқа ҷавоб медиҳанд. Аз ҳама таҳдиди даҳшатнок дар Қувваҳои мусаллаҳ: «Баъди садо додани нахустин соати соли нав» ба хона меравӣ.

Маршал ғамгину зиқ шуд ва гўё аз дур нишаста, аниқ кардан мехост: инҳо чӣ гуна навбатанд?

«Нахустомадаҳо» — рафиқ Фармондеҳи қўшунҳо, ин ронандаи шумо. Навбати якум — каптёр, нонбур ва сержанти калон Руденко (барои аз бригадаи алоқа дуздидани як мошин чўбу тахта — аммо дар ин бора нагуфтам); дуюм, (ҳис кардам, ки ангуштонамро қат карда шумурдани ман ғаши Маршалро овард, бино бар ин бас кардам ин корро) — дастёри духтур (барои пинҳон кардани ҳуҷуми шабушкҳо), ҷияни прапоршики калон Ковалчук ва ронандаи сардори ситод генерал лейтенант...

Фармондеҳ ду маротиба ангуштонашро ҷунбонд: яъне хомўш биист ва бирав. Ман ба қабулгоҳ баромадам, адъютант ва генералҳои ҷамъомада ба хамираи дандони ман бо даҳшат нигоҳ мекарданд. Гўё аскари маҷрўҳи мурдании рўдаҳояш баромадаро дида бошанд, ки дар майдони ҷанг ба ҷойи афтида мурдан даводав дорад.

Баъд аз пешин командирамон подполковник Фролови сараш мисли себча, бехабар аз он ки ҳамин ҳозир шароб ўро аз пой меафтонад (чи хел зани соҳибҷамол — мудири анбори озуқа — ўро дўст медошт! Худо биёмурзадаш!), хур-хуркунон ҳуҷҷатҳои аз хидмати ҳарбӣ озод шудани маро наздам гузошт. Боз як соати электронӣ (дар дастпонаи оҳанинаш, ададҳо, мусиқӣ, аз ду канор тугмаҳои шохдор) бо навиштаҷоти «Ба аскари қаторӣ фалонӣ аз Фармондеҳи қўшунҳо»; соатро дар хобгоҳ дуздиданд ва аз ин боре ҳам афсўс нахўрдам; аз даромадгоҳ баромадаму поям аз замин канда шуда, парвоз кардам.

Се рўз билети комсомолиамро ҷуста ва дар кумитаи комсомоли шаҳр панҷ дақиқа риёкорона оби дида рехта (доҳии қариб панҷоҳсолаи ҷавонон аз пушти ман қадамзанон батакрор мегуфт: «Чӣ хел ту гум кардӣ?» ва баъд оҳ мекашиду ашки чашмонамро пок кардани маро дида, аз нав такрор менамуд: «Не, ман ҳеч намефаҳмам: чӣ хел гум кардӣ? Эҳтимол ту беҳуш шуда будӣ?»), аз он ҷо баромадаму ба трамвай нишаста, аз истгоҳи «Октябр» то кўчаи Шверник, ба макони панҷ соли хушбахтиҳою пур аз (қариб буд «бегуноҳӣ» бинависам) хурсандиву ҳаловатҳо омадам ва ба ҳуҷраи одамони худӣ афтидам: марзбон, ходими оташнишонӣ, ветерани қўшунҳои дохила ва ҷинояткор (ўро дар миёнаи мавсими чорум дар вилояти Саратов куштанд); ба ман кате дар шафати дари даромаду назди девори хунук расид. Албатта, ҷойи ранҷиш нест, ман аз ҳама дер омадам.

Мо намехондем, дар вақти имтиҳон аз конспекти аълохонҳо рўбардор мекардем, худро бемор меандохтем, марги наздикон, музофотӣ буданамонро баҳона оварда, дили муаллимонро нарм мекардем. Баъзеҳо (агар дошта бошанд) ҷозибаи мардонаю бозувони зебояшонро ба кор меандохтанд. Назар ба онҳое, ки соати зангўладори рўимизиро метофтанду дар дафтарҳо мухтасари мазмуни китобҳоро менавиштанд, мо роҳи осони хидмат, яъне зиндагиро ёфта будем.





*Имтиҳони ягонаи давлатӣ.

**Мутахассисони нумизматика — илми ёридиҳандаи таърих, ки таърихи сикка ва муомилоти пулиро таҳқиқ мекунад.

***Донишгоҳи давлатии Москва.

****Эзори мардона.