Сонет*


Мошинаи ҷомашӯиро васл задам,
Шанбеву ҳазор мушкиле ҳар сари дам,
Хам гашта қубури об аз роҳи худ,
То васл намерасид, медодам ғам.
Бояст буридану ба ҳам пайвастан,
Бурдан ба қубур сӯяш оби рӯшан
Чун гардиши зиндагонӣ мушкилҳо дошт,
Ҳар мушкили ӯст бор андар гардан.
Гуфтам ба худам ки кори номумкин нест,
Як бор таваккале куну шав хушбахт,
Дар зиндагӣ нест ҳеҷ гаҳ роҳе тахт.
Заҳмат зада ним рӯз, пас фаҳмидам,
Душвор бувад кор, вале мумкин аст,
Заҳмат, ки задӣ ҳосили он ширин аст.


* Сонет — шеъри чаҳордаҳмисараа, ки аз ду рубоӣ ва ду мусаллас иборат аст.