Ба пас нигар

Як рўзи гарми моҳи май дар Равенна, ҳамон шаҳраки Италия, ки Данте он ҷо гўронда шудааст. Як вақтҳо, дар аввали асри панҷум Р. Х. — император Гонорий пойтахти Рими Ғарбиро ба ин шаҳрак кўчонда буд. Замоне дар ин ҷо бандар буд, вале акнун баҳр кайҳо ва хеле дур ақибнишинӣ кардааст ва ҷои онро ботлоқу гул, чангу хок ва токзор гирифтааст. Равенна бо нигораҳояш машҳур аст ва анбўҳи сайёҳон аз қаср ба қаср мешитобанд, то кулоҳҳояшонро афтонда, ба он баландӣ, ба зери тоқҳои тираранг нигаранду дурахши хираи шишарезаҳои рангини хотамкориро бинанд. Чизе намоён аст, лекин аён не. Дар расмҳои рахшон беҳтар дида мешаванд, лекин беҳад равшан, тахту якранг ва арзон.

Нафасам мегирад, гармову ғубор ҳукм меронад. Дар дилам изтироб ғалаён мекунад. Падарам, ки беҳад дўсташ медоштам, дигар бом ан нест! Замоне, хеле пеш, чил сол қабл аз ин ў сари роҳи сафар ба ин ҷо, ба Равенна омадаву ба ман расме бо тасвири яке аз нигораҳои машҳур фиристода буд. Дар пушти расм, барои чӣ бошад, шояд аз саросемагӣ, бо қалам навишта: «Духтарам! Аз ин зеботар (ба пас нигар) дар умрам надидаам! Гиряам меояд! Кош ту ин ҷо мебудӣ! Падарат!»

Ҳар ибора бо аломати дилнохоҳи хитоб тамом мешавад, зеро ў ҷавон буд, хушдил буд, шояд дар он лаҳза май ҳам нўшида буд. Ман ўро бо кулоҳи нафиси ба паси сар моилаш — мўди охири солҳои панҷоҳ, сигор зери дандонҳои сап-сафеди ҳанўз табииаш, бо қатрачаҳои арақбори ҷабинаш — қоматбаланд, мавзунқад, зебо мебинам: чашмонаш зери шишаҳои гирдаи айнак аз хушбахтӣ медурахшанд...

Дар расме, ки ў содадилона ба ду почтаи беэътимод — русӣ ва италиёӣ бовар карда, ба қуттӣ партофта буд, гўё биҳишт акс ёфтааст. Дар он ҳазрати Исо дар байни биҳишти сабзи чашмрабову ҷовидона баҳороғўш нишастаасту дар атрофаш баррачаҳо машғули чароянд. Ду почтаи номуътамад — русӣ ва италиёӣ кунҷҳои расмро шикаставу фарсуда кардаанд, лекин боке не, он ба суроға расид ва дар маҷмўъ ҳама ҷузъҳояшро дидан мумкин аст.

Агар биҳишт мавҷуд бошад, падарам он ҷост. Боз дар куҷо буда метавонист? Аммо ў даргузаштааст, дигар ба ман кушоданомаҳои* аломати хитобдор наменависад, аз тамоми гўшаҳои Замин хабарҳо намефиристад; ман ин ҷоям, падар, дўстат медорам, ту маро дўст медорӣ? Ҳамроҳи ман хурсанд мешавӣ? Он зебоиеро, ки ман дар ин лаҳазҳо мебинам, мебинӣ? Салом, падар! Ана, он кушоданома! Ана, он акси арзонбаҳои рахшон — ман дар ин ҷоям! Олиҷаноб аст ин ҷо! Оҳ, кош ту ҳам ин ҷо мебудӣ!

Ў тамоми дунёро гашта буд ва ҷаҳонгардиро меписандид.

Акнун ба қадри имкон аз пайи ў меравам, ба шаҳрҳое меравам, ки ў буд ва мекўшам онҳоро бо чашмони ў бинам, мекўшам, ки ўро, ки ҷавон асту инак ба он кунҷ мегардаду сигор зери дандонҳо, ба зинаҳои панҷарадори соҳил по мегузорад, тасаввур кунам.

Инак, ман дар Равеннаи чун ҳамаи ҷойҳои сайёҳӣ пурғубору гарм ва дилгирам, ки кўчаҳояш пур аз издиҳом аст. Шаҳре бесокин, пурғавғо, нафасгир, ки ҷои нишастан ҳам надорад. Мазори Данте, ки аз зодгоҳаш Флоренсия ронда шуд, ин ҷост. Қабри Теодорих ҳам. Мақбараи Галла Пласидия, ҳамсари Гонорий низ, ки Равеннаро пойтахти Империя карда буд. Понздаҳ қарн гузаштааст. Ҳама чиз тағйир ёфтааст. Ҳама ҷо зери гарду чанг, нигораҳо фурў рехтаанд. Он чизе, ки замоне муҳим буд, акнун муҳим нест, чизе, ки дилҳоро ба тапишу ҳаяҷон меовард, ба хоку рег мубаддал шуд. Баҳр ҳам гурехт ва он ҷое, ки мавҷҳои сабзу бозингар ҷилва мекарданд, акнун холӣ, ғубор, хомўшӣ, токзорони пурҷўшухурўш аст.

Чил сол, яъне як умр пеш, падарам дар ин ҷойҳо мегашту чашмони камбинашро нимво карда, механдид, дар паси мизҳои кўчагӣ менишаст, майи арғувонӣ менўшид ва бо дандонҳои мустаҳками табиияш питсаро газида-газида мехўрд. Ва ҳангоме ки шаби нилгун фаро мерасид, дар як кунҷаки ин миз, ба ҳар ҷое, ки рост омад, аломатҳои хитоб монда, шитобон барои ман суханони пурваҷду пурмеҳрашро дар бораи ин ҷаҳон менавишт.

Осмони дими абрӣ. Гарм аст, лекин офтоб наменамояд. Гарду чанг. Он ҷое, ки замоне зери баҳр буд, акнун саҳрои васеи кишт аст, ки атрофи шаҳрро фаро гирифтааст; дар он ҷое, ки харчангҳо мехазиданд, акнун хару хингил тохта мегардад, дар ҷои обсабзҳо гулҳо мерўянд. Ҳама чиз мурдаву сокит аст ва дар пойтахти як вақтҳо беназири Олами Ғарб сайёҳзанони пушаймонхўрдаи амрикоӣ, дар тан куртаҳои сурхи пешибаркушода, мегарданду аз он норозигӣ мекунанд, ки идораи сайёҳӣ боз фиребашон додааст: дар ин Аврупо ҳама чиз ин қадар хурд, ин қадар ночиз, ин қадар куҳна аст! Панҷ садсола. Марқади Данте. Оромгоҳи Галла Пласидия. Қабри падари ман. Кадом як биҳишти сарсабзи рўи кушоданомаи фарсуда.

Чӣ ўро дар ин ҷо ин қадар мафтун кард? Ман маъбади даркориро меёбаму ба боло менигарам — дар ҳақиқат, чизе сабзфом аст он ҷо, дар он баландӣ, зери тоқ. Баррачаҳои сафед дар марғзор машғули чароянд. Ранги муқаррарии хиратоб. Аз поён лаҳҷаҳои мухталифи сайёҳон ба гўш мерасанд. Бо ангуштон ишора мекунанд, дар роҳнамоҳо шарҳу тавзеҳ меҷўянд. Фалон аср, фалон санъат. Ҳама чиз чун дар ҳама ҷо, чун ҳамеша. Дуруст дида намешавад.

Дар ҳар як ибодатгоҳи италиёӣ дар девор ҳамчун хизматрасонии иловагӣ барои хоҳишмандон қуттие барои маблағ овезон аст. Агар ба он сесад лир, яъне чоряк доллар, партоед, якчанд лаҳза шаҳчароғҳои равшани зери шифт дармегиранду бо нури тозаи сап-сафед сангчаҳои тасвири ангоравиро равшан мекунанд. Рангҳо аёнтар медурахшанд. Ҷузъиёт ҳам намоён мегардад.

Издиҳом ба ҳаяҷон меояду ғавғояш баландтар мешавад. Ҳамагӣ чоряк доллар. Аздусар шумо ба ин ҷо аз дуриҳо омадаед, ҳақи ҳавопаймо, қатора, меҳмонхона, питса, нўшобаҳои сард, қаҳваро пардохтаед. Акнун якчанд сентро дареғ медонед?.. Лекин бисёриҳо дареғ медоранд. Норозианд онҳо, ки огоҳашон накардаанд. Биҳиштро муфт дидан мехоҳанд. Тўдаи сайёҳон интизоранд, ки кай ягон каси боҳиммату пуртоқат ба сўрохи дастгоҳи маккоронаи италиёӣ — италиёиҳо ҳама маккоранд, ҳамин тавр не? — тангае мепартояд ва ҳамоно шаҳчароғҳо даргирифта, лаҳзаи кўтоҳи барои чашми одам нокифоя биҳишт сарсабзтар, баррачаҳо маъсумтар, ҳазрати Исо меҳрубонтар мешаванд. Ғурриши издиҳом баландтар мешавад... — лекин рўшанӣ қатъ мегардад ва ғулғулаи сайёҳони маъюс дар як лаҳза ба хирасадои эътирозӣ, ғур-ғури хасисона, пичир-пичири дилмондагӣ табдил меёбад. Ва боз ҳама ҷоро нимторикӣ фаро мегирад.

Гуфтугўи пасту ба овози баҳр монанди гуногунзабон дар гўшаш, ҳамроҳи издиҳом аз ибодатхона ба ибодатхона мегардаму гирдобҳои сусти одамӣ печутобам медиҳанд, пеши чашмам чеҳраҳои хаставу бемаъное — чун чеҳраи худам — аёну гузарон мешаванд, шишаҳои айнакҳояшон медурахшанд, саҳифаҳои китобчаҳои раҳнамо хишир-хишир садо мебароранд. Худро ба дарҳои хурди ибодатхонаҳо гунҷонда, мекўшам, ки ҳампаҳлўямро танг кунам, мекўшам, ки чун ҳамаву ҳар кас дар ҷои беҳтар истам, мекўшам, ки зиёд асабонӣ нашавам. Охир, агар биҳишт дар ҳақиқат вуҷуд дошта бошад, — аз дил мегузаронам, — ба он ҳамроҳи ҳамин хел як издиҳоми ба рамаи гўсфандон монанди одамон — одамони пиру нохирадманду ҳарису хасис — медароям. Вагарна, агар он барои мо набошад, аҷиб, ки барои кист? Магар ҳастанд дигаргунаҳо, махсусҳо, хеле беҳтар аз мо, муқаррариҳову миёнааҳволҳо?

Нестанд чунинҳо ва тамоман имконпазир аст, ки маҷбур мешавам норозӣ аз ин қадар қадимиву баланд будани ҳама чизи ин ҷо, дар марғзорҳои сабзу хуррам бо рамаи сайёҳони амрикоӣ баҳудаву беҳуда бигардам. Ва агар чунин бошад, маълум мешавад, ки биҳишт ҳам дилгиру нохуб будааст ва моҳиятан чунин буданаш мумкин нест. Биҳишт бояд бисёр дилпазир бошад.

«Аз ин зеботар (ба пас нигар) дар умрам надидаам» — навишта буд падарам ба ман. Ба пас менигараму биҳишти муқаррариро мебинам. Чӣ чизи ноаёнеро дидааст ў, ки ман дида наметавонам?

Ҳамроҳи анбўҳи одамон ба бинои хурдакаке медароям, ки дар борааш сайёҳи руси аввали аср Павел Муратов дар вақташ дар китоби машҳури «Ангораҳои Италия» навишта буд: «Ранги нилии сияҳфом дар шифти мақбараи Галла Пласидия ба таври ғайриодатӣ ва даркнашаванда амиқ аст. Он, вобаста ба тобиши нур, ки аз равзанакҳо ба ин ҷо медарояд, бисёр зебову ғайричашмдошт — гоҳ сабзфом менамояду гоҳ бунафшранг ва гоҳ арғувонӣ. Зимни ин тасвири машҳури чўпон — кашиши ҷавону меҳрубон гузошта шудааст, ки дар байни баррачаҳои сап-сафед нишастааст. Нимдавраҳои назди тирезаҳоро нақшу нигори пайванд бо оҳувон, ки аз чашма об менўшанд, оро медиҳад. Шилшилаҳои баргону меваҳо аз тоқчаҳои пастак овезонанд. Бо дидани ин манзараи олиҷаноб беихтиёр фикр мекунӣ, ки инсоният ягон вақт барои ороиши девори ибодатхонаҳо воситаҳои беҳтари бадеӣ наофарида буд. Дар ин ҷо аз шарофати андозаҳои беҳад хурди ибодатгоҳи мақбара нақшу нигор муҳташамии муҷарради беҳудаву сард наметобад. Ҳавои бо оташи нилӣ муҷаллое, ки дар дахмаи замоне ҷасади мўмиёшудаи императорзан дар оғўшро фаро гирифтааст, сазовори орзўи тасаввури шуълабори мазҳабист. Оё ҳадафи офарандагони шишаҳои рангаи калисоҳои ҷомеъи ба услуби готика** бунёдёфта ҳамин набуд?»

Суханони ҷолиб! Лекин базўр ба ибодатхона роҳ ёфта, чизе ба ин монандро намебинам. Шояд дар вақташ раҳнамо маъбадро барои Муратов бо машъал равшан карда бошад, лекин он ҳоло топ-торик аст ва пеши он нури андакеро ҳам, ки базўр аз равзанҳо ворид мешавад, тахтапуштҳои сайёҳон мегиранд. Издиҳом зичу якравона тана ба тана истодааст. Ба қуттии равшанибахш танга партофтан лозим, лекин касе майл надорад, ҳама интизоранд, ки ин корро ягон каси дигар мекунад. Ман ҳам шитоб намекунам. «Ман борҳо партофтаам, — ботинан соф мекунам худро, — акнун бигзор дигарон партоянд». Дақиқае дар торикии нафасгир сипарӣ мешавад. Дақиқаи дигар низ. «Ман намепартоям» — фикр мекунад ҳар нафар.

Торикӣ ба сарҳо фишор меорад. Бўи муш, мағор ва боз ким-чизи қадимӣ ба димоғ мезанад, гўё вақт чунин бў мекунад. Баъд бўйҳои одамӣ — бўи тани пир, атриёт, ҳабҳои хушбў, арақи бадан, тамоку ба димоғҳо роҳ меёбанд. Ҳамоно баъди марг айнан ҳамин хел мешавад: торикӣ, нафаскашиву хур-хуркунӣ, гармо, интизорӣ, нафрати номафҳуме ба ҳамроҳон, кўшиши боадабонаи ин нафратро нишон надодан, андак худхоҳӣ, якравӣ, умед, шубҳа. Ин ҷо толори интизорӣ аст дар роҳи биҳишт — боз чӣ ҳам мехоҳӣ? «Аз ин зеботар (ба пас нигар) дар умрам надидаам! Гиряам меояд!» — навишта буд падарам аз биҳишт.

Ногоҳ ҷарангоси хосро мешунавем — касе оқибат ҷуръат кард ва чун ҳамеша чанд лаҳза чароғҳо равшан мешаванд. Дар он як лаҳзаи кўтоҳтарин, ки чашм имкони дидани тамоми шифтро намеёбад, тирагии дилгиру нафасгири фазо баногоҳ самои пурситора, гунбази нилии тирафоми пур аз ахтарони бузурги нурбор ба чашмон қариб мешавад. «О-оҳҳҳ!» — нидо бармехезад аз поён ва ҳамоно чароғ хомўш мешаваду боз торикӣ ҳукмрон мегардад, торикии аз пештара бештар.

Боз ҷарангос ва боз ситораҳои рангини афсонавие, ки чархҳои гардонро мемонанд, боз ҳамон тамошои лаҳзаина — «ҳавои бо оташи нилӣ сўзон» ва боз тирагии комил. Ва боз ҷарангоси тангаи афтода ва боз садои чароғ — эй тамошое дилфиреб, нарав, бо мо бимон! — ва боз зарбаи тирагӣ. Издиҳоми гунаҳкорони рўболо ҷодушудагонро мемонад. Роҳ дар зулмот кушода шуд, ваъда садо дод, шаҳодат пешниҳод гардид, ҳама наҷот хоҳанд ёфт, ягон шарҳу баён лозим нест — умқи сеҳрноки нилгун, ки рассомони гумном дар болои сари мо афрохтаанд, худ сухан мегўяд, худ бо забони бевожа месарояд. Ранги нилӣ ба поён, ба сўи сабадҳои мевадору баргдор мешорад. Ҳама чиз ғайб мезанад ва бозу боз чароғ дармегираду ид беохир мешавад ва ҳамин замон суруди фариштаҳо танинандоз мегардад. Поянда бод рўшноӣ!

Ман боэҳтиёт аз байни издиҳом роҳ меҷўям, дуздида ба он носерами рўшноӣ нигоҳ кардан мехоҳам, ки деворҳои дахмаро ба чор сў тела дода, ин фаввораи нурро дар пеши чашмони мо ҷилвагар сохт. Ў сархам дар аробачаи маъюбӣ нишастааст. Дар рўи зонувонаш — қуттии тангаҳо. Даст-даст карда, тангаеро мегираду ба сўрохи дастгоҳ меандозад ва дар он лаҳзаи кўтоҳе, ки фазои нилиро оташи бунафшу арғувонӣ пур мекунад, зани асокаш бошитоб ба гўшаш суханҳое мегўяд, ки ман намешунавам, шунавам ҳам, намефаҳмам: ин забон бароям ноошност.

Ин одам нобиност. Чеҳраи ў, чун чеҳраи ҳамаи нобиноён, дарҳамкашидаву ботамкин аст, пилкҳои чашмонаш баста, сараш хам, гўшашро сўи ҳамроҳаш моил кардааст. Кист он зан — духтараш, ё ҳамсараш, ё шарики кирояи роҳи сафар? Мард ба пичирроси ў гўш медиҳад ва гоҳ-гоҳ сар меҷунбонад, ки оре. Оре. Ў боз мехоҳад, танга аз паси танга мепартояд. Тангаҳоро ба торикӣ мепартояд ва аз торикӣ садое баланд мешавад, ки ба қадри тавон дар бораи оромиши бемисл аз зебоӣ ҳикояташ мекунад.

Ў то охир гўш дод, сар ҷунбонд, табассум кард ва зан, моҳирона аробачаи маъюбиро аз байни издиҳом гузаронда, аз оромгоҳ берунаш кард. Ҳама ба онҳо менигаристанд: барои мард бефарқ буд ину барои зан одатӣ. Аробача, саворашро каме нороҳат карда, дар роҳи сангии майдон равон шуд. Дона-дона борон омад, лекин зуд монд.

«Ба пас нигар»! Лекин дар пас чизе нест, дар пас фақат торикӣ, гармо, хомўшӣ, асабоният, шубҳа, навмедист. Дар пас тасвири аз куҳнагӣ фарсудаи чизест, ки замоне муҳим буд, лекин на барои ман. «Гиряам меояд» — навишта буд падарам ва чил сол пеш дар бораи зебоие, ки он вақт мафтунаш карда буд (шояд оид ба чизе беш аз ин ҳам дахл дошта бошанд суханонаш), лекин ман барои он гиря кардан мехоҳам, ки ў дигар нест ва ман намедонам, ки куҷо рафтааст, аз ў танҳо ғарами коғаз мондааст ва ана ин кушоданомаи биҳишти сабзу хуррамдор, ки ман чун нишона аз китоб ба китоб кўчондаам.

Ё шояд ҳамааш чунин набуд, шояд ин ҳамаро ким-кайҳо тарҳрезӣ карда буданду аз рўи нақша амалӣ мешуд ва танҳо имрўз акси садо дод? Дар пеши чашми устоди гумноми византиягӣ, ки аз эътиқод рўҳбаланд буд, зебоии боғи Худо муҷассам гардид. Тавре ки тавонист, онро бо забони худ баён кард. Шояд алам ҳам кашид, ки қудраташ ба беш аз ин намерасад. Асрҳо гузаштанд, падари ман ба Равенна омад, сарашро боло кард ва тасвири биҳиштро дид, нусхаи арзонбаҳои он тасвирро харид ва барои садоқат бо аломатҳои хитоб таҳкимаш бахшида, бо меҳр ба ман фиристод. Ва агар ў онро намефиристод, ман ба ин ҷо намеомадам, ба ин маъбади тираву тор намедаромадам, ин нобиноро вонамехўрдаму намедидам, ки чӣ хел бо як ишораи дасташ дар паси зулмот нури нилгуни афсонаи биҳишт шуълавар мешавад.

Зеро мо низ инчунин, балки ҳазор бор бештар аз ин одами аробашини пир нобиноем. Ба мо мегўянд, вале мо гўшҳоямонро маҳкам мекунем, нишонамон медиҳанд, лекин мо рў мегардонем. Мо эътиқод надорем: метарсем эътиқод кунем, зеро бим дорем, ки фиребамон медиҳанд. Бовар дорем мо, ки дар дахмаем. Аниқ медонем, ки дар зулмот чизе буда наметавонад.

Дар ин байн онҳо дар кўчаҳои танги шаҳраки бесокин аз мо дур мешаванд ва зан, аробаро тела додаву то ба гўши нобино хам шуда, чизе мегўяд, эҳтимол гапашро гум мекунад ва суханоне кофтаву меёбад, ки ман ҳаргиз намеёбам. Мард ба чизе механдад, зан гиребони қатшудаи ўро дуруст мекунаду ба қуттии рўи зонувонаш танга мерезад, баъд ба майхона даромада, барояш як бурда питса меорад ва ў, миннатдорона, боэҳтиёту озода, ғизои барояш ноаёну форамро дар торикӣ даст-даст карда мехўрад.



*Кушоданома — открытка

**Готика — услуби меъморие, ки тоқҳоро барҷаста месохтанд.