Сахра*
генерал-губернатор лашкарро сар медиҳад ба маҳмез
ҳамлаи афсонавӣ ба дастаи испанҳо
соли сеюм ҳамин ки хунин шуд ҳасрати ғализ
шаб туфангпоккунӣ саҳар навбат ба риштарошӣ
аз хурӯҷи дарди синг**дар сарҳо фиреб
қадид*** дар дандон аз субҳ нони қоқ дар киса
майдони фармондеҳӣ чун дег ва вақти хӯроки шом
ғукхонаи айғир мефиристат номгӯи хӯрданиро
ҳатто ба тухмҳо таъзим дар шӯрбои гарнизонӣ аммо мо
Гибралтарро намесупорем
дар баталёни панҷоҳу ҳаштум як нафар дар паси теппа
бодбонҳоро фуровард ки табиати тансабук гардад
аз боло садои ҳуштак бар сари чалаки ҷонпаноҳ бо ядро зад
ҷисми боқимонда чун уқоб идома медиҳад корро
ва ё ба хонум низ ҷуроби шерозадор мепӯшид
ки тит шуд ба пораҳои номуайян дар гармии ин ҷо
дар тобут наметавон ду ҷасадро зер кард
аз ҷуробҳо гуфтанд танҳо якеаш ёфт шуд баъд
дар ин аҳвол меояд ба лаб
Гибралтарро намедиҳем
оҳ агар бар хонаи молли**** ба кишварҳои йоркшир*****
ин ҷо бо ҳамсоя дар ҳамин хусус буд суҳбат
баногаҳ садои гурсас баромад касе кушта шуд ин ӯст ё ман
вале аз кӣ бояд пурсид агар на ман ҳастам на ҳамсоя
ба сӯи мо қалъаҳои шиновар шитоб мекунанд аъзоро гузошта
дар қисми ҳарбӣ муҳим нест кӣ зинда кӣ мурда
аз тири аблаҳона ва ё аз задани нури офтоб
қариби чоряки наздики шаб духтур дар печутоб
ҳама дасту панҷаҳо ва як тӯда ҷамъовардаҳоро барои ташхис медиҳем
аммо Гибралтарро намедиҳем.
генерал — губернатор ӯ бар сари кист
ҳоло эҷоде нест на обрӯст на ҳукмронӣ
каҷ мекунад тартиби ҳолатро дар ҷойҳои даркорӣ
дар атомҳои зиёндида қисматҳо пешниҳод мекунад
мо ва мурдаҳо қавитар аз осмону ин сахраҳо
дар сукунати ҳаво чун дар зери шиша ба паҳнии миз
ва вақте охирин урани зарба мекунад таҳдид
вақт бухор мешавад ва абадият таҳро****** нишон медиҳад
мо месупорем ба ҷойе ки мебояд супурд рӯҳи фарсударо
аммо намесупорем Гибраптарро.
* Харсанг.
** Синг (цинг) — искорбут, беморие, ки аз норасоии витаминҳо сар мезанад ва одамро тамоман беҳол мегардонад.
*** Гӯшти намакин.
**** Молли Майлз — актриса.
***** Йоркшир — мулки графӣ дар Англияи шимолӣ, ки бо ёдгориҳои меъмории римиён ва
викингҳо, қалъаҳои нормандӣ, дайрҳои асримиёнагӣ ва ғайра машҳур аст.
****** Қаърро.




