Ба зери пӯстам,гӯӣ ки андар сехи тақвимсоз...
* * *
Ба зери пӯстам,гӯӣ ки андар сехи тақвимсоз
Заданд арқоми «ду»-ро қолаби бисёр,
Навишта дар даромадгоҳи тори он чунин эълон:
«Бувад ин зиндагӣ аз ишқ»,
Ки аз он пайкари бедори ман меруст ҳар рӯзон.
Ба ҷисми тифл хуни нав гаҳе ки буд дар туғён,
Ҳамон гаҳ гуфт доя: рӯзро гӯям дуруд аз таҳти дил ёрон,
Ҳамон соне, ки меорад дуруд бар истгоҳи Курск
Расида шаҳрванди он.
Замини заҳматӣ хезад аз ин вайронаҳои ҷанг,
Зи Нева то ба Балкан посбонҳо монда по дар пайкари девор.
Чӣ мефаҳмидам он гаҳ ман супурда бегуноҳиро
Ҷавоби он паёми қудсӣ дар ин кишвари бемор?
Ман андар шаҳрҳо чун қосиди ҷангал сафо бурдам,
Валекин хира шуд табъам аз ин одоби дарборӣ,
Чи гуна мегирифтам қасди худро, аз дарун афканда дардамро,
Чӣ гуна мебаромад оҳи ман бо вожаи саршор.
Бувад чун чарх ин дунё, ман аммо баста дасту по,
Ҷаҳон ишқ аст, акси ахтаре андар чаҳи шабҳост.
Барои кист ҳастиям, киро дар вокзалҳо мезанам фарёд,
Дар ин шаҳри қатора дар қатора ҳуштаки поездҳо болост.