Ӯ, гӯӣ, ки гург буд, гӯӣ, гурги баҳрӣ. Ӯ ба ман бо ҳамсараш дар...
* * *
Ӯ, гӯӣ, ки гург буд, гӯӣ, гурги баҳрӣ. Ӯ ба ман бо ҳамсараш дар
як хона зистан омӯхт, ва мо ризо будем, сухан миёни мо на аз
ҷаҳон мерафт, балки аз ишқи замонӣ.
Зану шӯ писарҳо доштанд. Ҳамсоли ман буд зан, вале чизе ӯро сӯи пирӣ мекашид. Ғами ман ин буд, ки чи гуна ҳастии
худро ба ӯ бубахшам. Зан норизоӣ нишон намедод, — Мард,
хирадманд, — ӯ сари ҳамсарашро бо афсонаҳои қалбакии
шарқӣ пур карда буд ва зан дар сурати шохнишон* хомӯштар
аз гӯсфанд. Ёд дорӣ, ки он ҷо чӣ Касӣ ва чӣ гуна моро Ту ба ҳам
овардӣ? Расвошудае зери назари Ту, аз сӯрохгори поракор бӯ
набурда, пас аз он, домани худро ҳамеша миёни ронҳо фишоранда, дар ҳолати хостан оҷизона, дар ҳоли хостани бемуҳаббатона маслуқона, дар хостани ноошиқона номутаносиб ризоманд, аммо, гӯё ҷудошуда ба бӯи худӣ, ҷабран модариро ба
ӯҳда гирифтам. Часпидам чунонки дар афсонаҳои куҳан.
Мамлакат, чун хола дар вакзол, зиндагӣ дошт: чакаш дар
киса, хотирааш бухчабаста, танҳо, ҳеч не, ки қатораро бидиҳанд. Ва мо бо вараҷаи оинпарастона парвоз кардем! Ва севумашро дар бачадони қонунӣ месабзонидаму ишқ ба мушт
мекоштам. Бо бӯи нишастаи чалғӯза, бо наму мавҷи намакдамида, ба ҳавои сиёҳи Чита ба хонаи он зан, бо тамғаи кӯрмушонаи хушбахтии занона чун зани захира бармегардам.
Ман бист сол онҳоро ба хотир наовардам. Ҳангоме мард ба
ман чӣ гуна зистан миёни занҳои захираро як ба як омӯзонд,
онҳо чун оилаи якдил нопайдо шуданд.
* Хиёнатдидае.