Нимфа
1
Албатта, Хилъати сафед бисёр гап мезанад. Гаштаву баргашта аз боби «стариаз» ба гӯшам мехонад. Як қадами дигар монда, ки ба он бирасам... Ва ин ки ман «сатирмэн» ҳастам. Ин ки ман пирмарди хобгард ҳастам... Ва ҳатто бо беэҳтиромии ошкоро аз забонаш берун омад, ки «пирамарди сатир». Гӯӣ дар куҳансолӣ ин амр бисер рух медиҳад. (Агар ҳамин ҳоло дармон карда нашавад!.. Девона метавон шуд... Оҳ! Оҳ! Хеле хатарнок аст!..) Бигузор гуфтан гирад... Кораш хамин!.. Пизишк ҳақ дорад истилоҳоти олимонаи худро ба кор бигирад. Аммо ман ҳақ дорам, ки тан надиҳам... Зиндагӣ сармоя аст. Ман зиндагиямро ба сар бурдам... Метавонам муталошӣ шудани нарму оромро ба худ иҷоза бидиҳам.
Хилъати Сафед, албатта, ором аст ва ҳадафмандона ба бемор тарс, агарчи тарси нармкардашуда, вале устуворро талқин мекунад. Ҳолаи тарс. Бемор нишастааст... Сукут кардааст... Бемор бо пизишк, чунин иттифоқ уфтодааст, — дар самтҳои муқобили миз нишастаанд. Дар самтҳои комилан мухталиф!... Дар девор нақшаҳо... Аксҳо... Ҳатто тоблуҳо... Ҳамааш барои он ки ҳарчи бештар ин тарси устувори бо меҳрбонӣ нармкардашударо зоҳир кунанд. Аммо бемор — манам. Ва зери лаб ба худ мегӯям, ки ман фақат вокуниши носозгор дорам. Дарди ман сабук аст. Сабуктарин!.. Маро намешавад бо аксҳои девор моту гипноз кард.
Аммо чи ҳад ман силаҳшӯрона фикр мекунам дар дафтари кори ӯ нишаста! Дар рӯ ба рӯйи Хилъати Сафед нишаста... Ман, гӯӣ, дар ин дақиқаҳо мудофиаи бузургро ба ӯҳда дорам... Ҳазорҳо ва даҳҳо ҳазор пирмардони нишаста дар ҳуҷраҳо ва аз тарс ба мурдан наздик расида. Бечораҳо!.. Мо —одамиёнем. Бояд барои шуури худ мубориза барем. Дар ҷабҳаи ба бениҳоят тӯлкашидаи мо... Бояд истодагарӣ кард, зеро мубориза меравад... Ва бигузор пизишкон замоне бигӯянд, ки ин Петр Петрович Алабин буду шуд як пирамардаке буд, вале чӣ пирамарде!
— Охирин суол барои имрӯз, Петр Петрович... Оғоз... Чӣ тавр ва чӣ гуна сар шуд, дақиқан метавонед бигӯед?
Рӯзи севум буд, ки суолборон мекардам.
— Чӣ сар шуд?
(Ба кундӣ мефаҳмам дигар. Хаста шуда будам...)
— Он чӣ, ки мою шумо дар борааш суҳбат мекунем.
Аммо ман қариб буд бори дигар бипурсам — бале, бале... фаҳмо... дар бораи чӣ гап мезадем?
— Он чӣ, ки мову шумо рӯзи севум гап мезанем. Он чи, ки Петр Петрович, шумо ба хотири он ба назди мо омадед.
Ман хомӯш мондам... Ман?.. Ба хотири чӣ?.. Вале ман дигар бемор нестам. Гирифтории ман, шумо доктор, худатон гуфта будед, сабуктарин аст... Ва, агар рости гапро бигӯям, ман ин ҷо ба назди шумо (ба шуъбаи асабшиносӣ ва равонковӣ), ба сабаби кунҷковии каме батаъхируфтодаам омадам. Ба сабаби кунҷковӣ... Боз барои он ки муддате дар миёни одамон бошам. Пирмард мехоҳад бо одамон бошад!
Ва ҳамчунин барои он ки каме андаруни худро сарфаҳм биравам. Аз ин бобу он боб андеша кунам. (Қисман ба сабаби мувозибати маъмулӣ.)
Овози пизишк Недоплёсов як парда болотар рафт:
— Он чӣ, киаз тарсаш шумо ба ин ҷо омадед. Аз чӣ ва чӣ тавр сар шуд?
Ман намедонам аз чӣ... Аз хастагӣ... муҷмал гуфтам:
— Дар ёд надорам.
Ӯ хандид:
— Хилват гузидем? Мефаҳмам, Петр Петрович... Нахустин васвасаи мӯйсафедӣ... Нахустин! Ин ҳам айнан мисли он аст, ки равоншинос аз хонум дар бораи марди аввалаш суол бикунад... Ин хонум, ангор ҳамаро дар ёд дорад, медонад. Лекин сухане аз даҳонаш берун намеояд... Ин далели мутаноқиз, вале дар айни ҳол одии карахтии асаб аст. Дар воқеъ ҳам ман сухане гуфта наметавонистам. Ва воқеан ҳам ман гӯё хотираи ман заиф шуда буд.
— Ҳаройина, Петр Петрович, худатонро маҷбур кунед... Ҳадди ақал ҷузъиётеро ба ёд оваред. Ҳар чи бошад... Фаромӯш накунед: таҷрибаи нахустин шумо ҳомили таҷаммуъи неруманд, ҳатто фаронеруманди иттилоъ дар бораи шахси шумост. Иттилоъи рамзӣ. Онро на шумо, на ман ба ҳамин содагӣ ва дарҳол наметавонем фаро бигирем ва пай барем... аммо агар ба оҳистагӣ... Қадам ба...
Албатта, асабшиноси равонков метавонист ба бемор фишор оварад. Бигузор фишор оварад. Кудом касе дар ҷойе дар бораи ин Недоплёсов гуфта буд... Аз телевизор тавсиф карда буд. Тавсия дода буд... Баъд набераҷияни ман Олежка (дуруст ин ки рафиқи нимдевонаи Олежка) дар Интернет кандуков кард. Ва ӯ ҳам — ин ҳам тасодуф, иттифоқан — маҳз ҳамин пизишкаки ашрофонро пайдо кард...
Мо он вақт чой менӯшидеи. Олежка себ мехойид. «Бобо, эҳтимол, барои ту ҷолиб бошад?.. — хандида гуфт ӯ. — равоншинос Недоплёсов. Шунидаӣ?.. Тахассус ба пирмардон дорад». Олежка, албатта, механдид. Ва (ба сабаби ҷавонӣ) андаке маро сӯз медод. Ва ман ба дом уфтодам.
Ман хоҳиш кардам ҳамаи матнро бароям нишон бидиҳанд. Ва баробари хондан таваҷҷуҳамро кард. Аҷиб!.. Асотири юнонӣ ҳамчун намунаҳои равоншиносии одамӣ хеле ҳамқадами замон буд! Ва инак, пизишке ба номи Недоплёсов бемории маълуми пирамардонро бо рафтори боз ҳам маълумтари сатир* дар устураҳои гуногун муқоиса мекард. Худи ҳамон сатирро... Сатири пир ва бадманишро, ки аз тоблуҳои наққошони бузург чандин аср боз пинҳон ба нимфаи** хобида менигарад. Недоплёсов зебоии устураро меҳрубонӣ — ва, чунонки ба назари ман расид, то ҳадде, ҳатто истиғфори эҳсосоти ноороми рӯзгори мо тафсир мекард. Оё бад аст? (Меҳрубонии томасеҳиятии дурушт. Вале на фақат)
Ва дар канор — танзу мазоҳ. Чунонки маъмул аст, ҳар гуна талоши ҳозирҷавобӣ ва афзудаҳою иловаҳо аз хонандагони фаъъол. Пӯзхандҳои интернетӣ. Ҳазлу шӯхӣ... Вале ҷолиб ин ки ҳам ҷинниву девонаавзоъҳо ва ҳам дар канори онҳо оқилон ҳарфи «ё» дар насаби ин ҷавони машҳурро хеле мазоҳу масхара карда буданд. Ӯро яке пизишк Недоплясов номида буд. Дигар Недоплюсов. Ва Недоплаков. Ва ҳатто Недописов ва Недопихов. Ман хандидам.
Ва, албатта, маро эзоҳи зайл хеле алоқаманд кард:Дар мавридҳои ҷолиб мушовираи пизишк ва машғулиятҳо маҷҷонӣ анҷом мешавад.
Недоплёсов гуфт:
— Шумо ҳоло гап мезанед, Петр Петрович... Шумо ҳатман гап мезанед... Имрӯзу фардо набошед ҳам, мо ҳатман гирифтории нахусти шуморо, бидуни он ки ҳамла оварем, ба қайд хоҳем овард. Бо муҳосира. Мо мутаффиқем, дуруст?..
Ман сар ҷунбондам.
— Ягон даҳ дақиқа истироҳат кунед. Баъд — ба синфхона.
Недоплёсов варақеро, ки иттилоъоти марбут ба манро менавишт, сабук ба канори миз афканд. Варақеро, ки то лаҳзае пеш беморашро ламс карда, хоначаҳою радаҳои зидахлро пур мекард.
Ман бархостам:
— Доктор... Ба ман гуфтанд, ки ёрӣ диҳам тоблуро биёвезанд.
— Бале-бале. — Недоплёсов чашм аз кадом як варақи дигаре намеканд.
— Лутфан, каме заҳмат бикашед. Ин кор ҳамин даҳ дақиқа вақт мехоҳад. Ҳамаи гурӯҳи чаҳорнафараи шумо дар он ҷоянд. Ва баъд — ба синфхона.
Бархостаму ба сӯйи дар рафтам. Ман, аслан рафта будам, назди дар будам, дастаи дарро фишор овардам ва дар боз шуда буд, ки пизишк аз пасам оҷилона фарёд кард — айнан дар ҳамон лаҳзае, ки мерафтам:
— Петр Петрович, ба ҳар сурат... Посух оҷилӣ... Шумо мавриди нахустинатонро бо чӣ марбут медонед?.. Тадоъӣ. Дафъатан! Бо як калима, ҳарчи ҳам бошад... Бо аввалин вожае ки ба зеҳнатон меояд.
— Боржоми, — хеле зуд ҷавоб додам ман.
— Хеле хуб. Боржоми маҳалли сукунат ё нӯшокӣ?
— Об.
— Равед, равед. Тамом.
Ман аз даҳлез мерафтам. Чӣ тавр заранг аст!.. Иттилоъро канда гирифт!.. Эҳтимолан Недоплёсов ҳамин ҳоло варақи маро боз пеш кашид ва эҳтимолан дар яке аз хоначаҳои холии он навишт:Боржоми. Нӯшокӣ.
Дар даҳлез Чижовро дидам, ки аз гурӯҳи чаҳоргонаи пирмардон бароям аз ҳама дилчасптар буд. Вай муаллими мактаб аст.
Наздиктар омадаму гуфтам, барои пешбурди тибби модерн омодаам хидмат бикунам, — вале тоблу куҷост? Куҷост наққошӣ?
— Намедонам. Бо мошин меоваранд, шояд... Ё фуровардаанду доранд бардошта меоранд.
— Хеле таърих карданд. Ман гумон кардам, доранд тамошояш мекунанд.
Хостам ҳазл бикунам:
— Бовар дорам, ки тамошояш мекунанд... Даст-даст мекунанд. Оҳиста сурини нимфаро навозиш мекунанд.
Ӯ бинӣ кашид:
— Расмро?
— Бале, наққоширо... Чаро не?
Аммо шӯхии ман ба Чижов намефорад. Муаллими мактаб ба машғулияти мо хеле ҷиддӣ муносибат мекунад. Хеле ҷиддӣ Недоплёсовро мепазирад. Ҷиддан ба зиндагӣ менигарад. Ба фикри ман, ба ӯ гоҳе сабуксории пирӣ намерасад. (Давутози сафедсарӣ! Ҳазлҳои пирмардӣ!.. Инҳо барои Чижов бегонаанд.)
Аммо, шояд байни онҳо бо Недоплёсов пуштибонии иҷтимоӣ, мусоидати иҷтимоӣ, ёрии байниҳамӣ барқарор аст. Муаллим наметавонад пизишкро сарфи назар бикунад.
— Барои ман пизишкамон мавриди таваҷҷуҳ аст. Вай боистеъдод аст. Ба ҳар сурат, мутахассиси нодир аст, — оғози сухан мекунад Чижов (бо таҷрибаи муаллимиаш андешаҳои камбинонаи маро пай мебарад). — Ба ман фақат истилоҳи ҳамеша сари забони вай, ҳамин «сатирмэн» хуш намеояд... Медонед, ки вай хеле фаровон ин калимаро ба доираи илмӣ мекашонад... Мақолаҳои ӯро дидед?
— Не.
— Афсус.
Чижов мехоҳад суҳбат бикунад. (Ҳар кас, ки ба назди пизиш меояд танҳост. Ин аст, ки пирамардон махсусан ба суҳбатҳо дар даҳлезҳои бемористон арзиш қоил ҳастанд. Шабеҳаи дӯстии сарироҳист.)
— Чаро нахондед?.. Худи шумо, Петр Петрович, аз «сатирмэн» хушатон меояд?
— Ҳм-м.
— Мефаҳмам... Мешавад одат кард. Вале дар навишт ин калима хоҳу нохоҳ чашмро мезанад. Чаро бо «э»?.. Аҷиб, ин калима дар ингилисӣ чӣ тавр менамуда бошад... Охир, ба забони русӣ ҳамаи чунин калимаҳо бо «е» навишта мешавад... «спортсме́н», «бизнесме́н», «ҷентлме́н»...
Овози ӯ баланд шуд:
— Мехостам Недоплёсовро бипурсам. Хоҳиш мекунам, барои ман аҷиб аст... Навишт,охир, хеле чизро бозгӯ мекунад... Аммо тарсидаму хомӯш мондам. Яке бигӯяд, ки «ҷентлмен» — дар бораи одамони комилан дигар аст.
Аҳа, аҳа! Мо ҳам каме шӯхӣ мекунем. Бояд муаллими мактабро дастгирӣ кард. Мегӯям:
— Бале. Дар вақташ забон газидеду хомӯш мондед. Дар бораи ҷентлмен напурсидед.
Мо се нафар шудем. Аз аз он тарафи даҳлез боз як нафар аз гӯрӯҳи мо — Дибикин омад. Ва баробари расидан дод зад:
— Хуб, чӣ гап, хирадмандон?
Метавон ҷавоб надод. Дибикин аҳмақнамост, бо ӯ дар ҳеч боб намешавад гап зад.
Онҳо канори ҳам меистанд — ҷуфти мутаноқиз. Чижов боназокат аст. Чижов — қоматбаланд, лоғар, ришаки сафеди кӯтоҳ ва айнак ба чашм дорад. Вай ба Чехов монанд аст, Чехови замони зиндагӣ дар Ялта. Ҳамааш фаҳмост. Муаллими мактаб, албатта, шабоҳати худ бо Чеховро медонад.... Ва шояд, ин шабоҳатро парвариш медиҳад. Хулоса, вай навъпараст, одам-дӯст аст. Дибикин дар канори ӯ чу кӯҳ аст. Пирамарди неруманду бо китфу бозуст. Мо ҳама (ҳамаи чаҳоргона) пирмарди танумандем, вале Дибикини дурушту таҳамтан — комилан каси дигар аст. Ҳама тубраи мушак аст.
Ин тубраи мушак ниҳоят ба хотир овард:
— Рафтем, рафтем, ба даромадгоҳи эҳтиётӣ, хирадмандон!.. Ҳа-ҳа-ҳа. Тоблу он ҷост. Тоблу омад!
Вай қоҳ-қоҳ механдад... Чӣ чизи хандаовар аст?
Мо ба даромадгоҳи эҳтиётӣ меравем. Тоблу воқеан дар он ҷост. Онро аз мошин фуроварда дар канори дар гузоштаанд. (Садои мошини раванда ба гӯш мерасад.) Дар канори тоблу парастор Ариша ва пирамарди чаҳоруми мо — Клюшкин истодаанд. Вай пирамарди асабист. Ӯ дасти маҷрӯҳ ва бинтпечонидаи худро ба самти мо меафшонад.:
— Чаро он ҷо истодаед!.. Биёед, биёед, сатирмэнҳо. Бояд бибарем... Кӯки чашмам аз интизорӣ канд, касе нест!
Мо меоем. Менигарем, ки чӣ тавр бардорем. Ман аз поину канори тоблу мегирам.
— Ваутерс... Нусха аз рӯйи нусха, — муаллими мактаб Чижов бо садои паст дар бораи тоблу ба ман иттилоъ медиҳад. Муаллим мехоҳад, ки одамон ҳама чизро бидонанд. Маорифпарвар... Вай ҳам аз поини тоблу мегирад.
Бардоштему рафтем.
Андозаи тоблу хурд нест, чаҳорчӯбаш сангин. Ариша, кори моро созмон дода, аз паҳлӯямон қадам мезанад ва бо фармонҳои кӯтоҳ ба пеш меронад: «Рост нигоҳ дор»— ва боз: «Дар гардиш эҳтиёт кунед!» — ва боз: «Оҳиста, оҳиста. Ин бароят роял нест!» Вале баъд хомӯш мешавад. Дастони мо ҳамоҳанг мешаванд, ва акнун Чижов фармон медиҳад — ҳангоми муаллимиаш дар мактаб бо тоблуҳо на як бору ду бор сару кор доштааст. Мо худ ҳам, аслан ҳамаашро медонем. Дафъ кун фармонатро! Пирамардон дар ҳар коре, ки бихоҳӣ, таҷриба доранд! Ба девор овехтани тоблу, ки ҷояш муайян карда шуда ва ҳалқаи асосиаш ба девор кӯфта шудааст, кори сода аст.
Дибикини таҳамтан тоблуро ба ҳалқа меовезад ва ману Чижов аз кунҷҳои поинаш нигоҳ медорем. Клюшкин, ки то кунун фақат қадам мезаду меомад, низ саҳм гирифт. Вай дасти бинтпечашро бардошту чун роҳнамо ишора кард ва бо асабонияту ғазаб фарёд зад:
— Каме ба чап! Чаптар!.. Чижо-оов!.. Ту, мӯйсафеди галу, аҳвал шудӣ чӣ бало?!
Корро ба охир расонида, мо ҳама чанд қадам ба қафо меравем ва он чиро, ки овардем, нигоҳ мекунем,— ҳарчи ҳам бошад, асари ҳунарист, охир! Мо, албатта, алаккай шунидаем, моҳияти пизишкӣ— тарбиявии тоблуро медонем. Недоплёсов дар суҳбатҳои худ на як бору ду бор ба усутра истинод карда буд... Франс Ваутерс, асри XVII, ранги равғанӣ, «Сатир ва нимфа»... Нимфа дар чаман... Албатта, маълум, ки урён, хобидааст. Сатир, пиру нафратовар, оҳиставу ношунаво қадам бардошта наздик меояд. Инак, вай дар канори нимфа. Дар атроф — ҳеч кас. Фақат ҷангал.
Чунонки мо аз Чижов фаҳмидем, ин нусха аз рӯйи нусха аст. Рангҳо дурушту бенафосат. (Нигористон дар Подолски ҳумаи Маскав.) Аммо нақсу камбуд танҳо дар рангҳо нест. Нимфа ҳам ҳангоми нусхабардорӣ хеле хароб шуда: нимфа лоғар шуда. Гӯши ҳолландӣ об шуда ва нимфаяк ба сездаҳсола бадал гардида, он қадар чавон, ки муаллим Чижов ба садои паст ва пандомез (ва шӯхиомез) ба ман мегӯяд: дар ин тоблуи ислоҳшуда, бояд номро ҳам ислоҳ мекарданд — на «Сатир ва нимфа», балки «Сатирмэн ва нимфетка».
— Асимметрия, — таъйид кардам ман.
— Бале. Воқеан! — Муаллим барангехта шуда. — Сатирмэнҳо мутобиқи хости модар табиат мавҷудияти нимфеткаҳоро таъйид... Чӣ тавр бигӯям таъйид ва барканор мекунанд. Уъҷуба уъҷубаро тафсир мекунад. Сатирмэнҳо нимфеткаҳоро тафсир мекунанд. Онҳо бо нимфеткаҳо мутавозинанд. Мутобиқи диагонали синнусолӣ... Мувозинаи асимметрӣ.
Диабикин, ки дар паҳлӯ истода ва ҳарфҳоямонро мешунид, иҷоза намедиҳад изҳори фазлро идома бидиҳем:
— Галуҳо. Чӣ мегӯед шумо!
Хомӯш менигарем... Ҳароина, тоблу хеле азим (!) аст. Муассир аст. (Ин слайд нест.)
— Мӯйсафед, — Дибикин аз остинам мекашад. — Касби ту чист?.. Бо чӣ коре касби маош мекунӣ?
Ман маркази омоҷро нишон гирифта, посух медиҳам:
— Боғчанишин.
—Ҳ м-м! — нобоварона ғурунгос мезанад вай.
Хомӯш меистем. Ба қалбаман асар гузошта. Зебоӣ, чун ҳамеша, кудом як чизи боарзишеро дар ботини инсон наҷот медиҳад — дар ин маврид чизеро дар ботини мо начот медиҳад. Муддате ҳамаи чаҳоргонаи мо хомӯш шуд. Мо ҳама босамимият даҳон бастаем. Мо аз канор ба шармандагии худ менигарем.
2
Бадани ӯ мисли шир дар кӯза аст, вақте ки кӯза шафоф аст. Ишора ба он ки бадани ӯ комилан сафед нест. (Хумори шири пухта.) Осмон бимангез нест. Осмон бар рӯйи нимфа — нимфаи урён ва хобида. Гармо... Буттаҳо...
Нур — аз васати баргҳои зайтун — тавониста сӯрохе эҷод бикунад. Ва нигоҳ мекунад. Ман ҳам менигарам. Ман дар ин нур шино кардам. Ман — заррае ҳастам, ки дар ин нур мерақсад. Вале аз баландӣ нимфаи хобидаро сар то по мебинам. Бадани ӯ ҳеч гоҳ намехобад. Бадани ӯ даъват мекунад. Пешонии кӯтоҳи ӯ аз ғаризаҳо дод мезанад. Аммо сатири бечора то ба ғаризаҳои ӯ (то найрангҳои сиёҳи ғаризаҳо ) чӣ тавр бирасад. Ҷаҳидан аз байни буттаҳо кори сода нест. Ҷаҳиш мардонагии дигарсон мехоҳад. Агар сатир паҳлавон буд...
— Петр Петрович, уҳу-у, шумо хобидаед! — пизишк Недоплёсов маро такон медиҳад. — Ку, каме тахайюлро ба кор гиред. Вале аввал муайян мекунем: сатири мо чӣ кор мекунад?.. Ку?
Равоншиноси шуҳра Недоплёсов хушбин аст. Соати даҳи рӯз — садои ӯ тоза, ботароват, зиндадил, боисрор, мутмаин ба пирӯзист ва бар он аст, ки мо —пирамардонро ҳам мутмаин созад. Ин кори сода нест. Ҳамзамон чаҳор нафар пирамардро, охир. Пирамардоне, ки боисрор наянд... Зиндадил нестанд... Ботароват низ...
— Нигоҳ мекунад, — посух медиҳам ман. — Чӣ кор бикунад боз.
— Хуб, ба фикри шумо, Петр Петрович, — нимфа пай мебарад, ки ҳоло марде ба вай нигоҳ мекунад?..
Аммо Петр Петрович қудрати андеша надорад. Наққошии ҳунармандона маро моту мабҳут мекунад. Ҳатто слайд ҳам бошад. Ҳатто кайфияташ поин ҳам бошад. Ҳатто дар экрани рангпарида, ки пас аз дарс мо худ менавардему лӯла мекунем.
Недоплёсов ҳамон дам рӯй аз ман мегардонад ва — бо садои зангӯламонанд— Клюшкинро аз нирвана дармеоварад:
— Нимфа пай мебарад, ки ҳамин ҳоло марде ба ӯ нигоҳ мекунад? Ё вай мутмаин аст, ки нигоҳ мекунад?
Аммо Клюшкин низ ҳанӯз чунонки лозим аст, посух намедиҳад. Фақат бо лабонаш садо дармеоварад. Птю-птю. Лабонашро дароз мекунад ва боз баландтар садо дармеорад. Ширин садо дармеорад... Ӯро нигоҳ бояд дошт.. Ва Недоплёсов механдад:
— Фаҳмидам. Фаҳмидам... Ҷавоб қабул!
Дар синфхона торикӣ, вале дар девори сафед (дар экран) Рубенс... Сатир поварчин наздик меояд, нимфаи урён хобида... Сатир хеле наздик омада, ҳоло ду қадами дигар монда, вале беш аз ин намеёрад. Гӯӣ аз пой монда. Бадани бузурги сафед кӯраш карда... Навори бетарафи миёни онҳо мисли хатти марз аст. Ду қадам... Андуҳи сатир... Птю-птю, лаб аз лаб мебардорад Клюшкин.
— Меҳвари дидро тағйир диҳед! — Садои Недоплёсов бори дигар маро аз ҳоли нимағанаб берун меоварад.
Синфхонаи мо хурд аст. Аммо ҳар яке аз мо дар паси мизи ҷудогона, ҳар як дар курсии устувор нишастаем. Равондармони субҳона барои чаҳор бемор — барои чаҳор пирамаде, ки аз фикрҳои манфур (тахминан) азият мекашанд. Ва аз хобҳои манфуртар низ... Ман нигоҳи кундамро медавонам... Се нафар (аз ҷумла худам) дар канори девори рост. Майсараи мо... Ва як нафар (Дибикин) дар назди тиреза. Тиреза, маълум ки пардапӯш аст.
Пизишк Недоплёсов дар паси мост, ӯ дар назди проектор қарор дорад. Вай аз он ҷо ба мусиқии мо дирижёрӣ мекунад. Бо табдили слайдҳо нимфаҳоро бадал мекунад. Ва худ шарҳ медиҳад... Нур рӯшан нест. Экран чун сатҳи Моҳ хира аст. (Ва ҳар қадар ки тоблу рангпаридатар аст, он қадар бадани занона нозуктар.) Сатирҳои тоблуҳо низ бадал мешаванд. Онҳо одамони зиндаанд. На ғӯлҳо, ки одамиёнанд!... Пизишк Недоплёсов исрор меварзад, ки мо чаҳор нафар, шармидан аз нақси худро бас кунем. Хайр, ба нав нест ин нақс, чунин мешавад... Пирамардони азиз! Дар ин ҷаҳон бисёр кор мешавад!.. Уқдаҳои нимакӯдакона худро канор афканед. Ин чӣ ки шумо аз он мешармед, аз қабл ба ҳамаи ҷаҳон маълум аст. Шумо ба асабвайронҳои воқеӣ намемонед. Шумо ҳатто ба сатҳи авбошӣ наздик нестед. Башар ҳазорсолаҳоро паси сар карда ва оё ӯро мешавад бо дуздона нигаристан ба бадани лумбаи зан ба ҳайрат овард! Хеч фоҷиае нест!
— Нуқтаи дидро дигар кунед. Ҳарчи бештар тағйир диҳед... Мо тоблуи зиёд надорем!
Пизишк аҷала мекунад. Вай моро маҷбур мекунад, сарамонро ҷунбонем, ним дақиқа ба самти рост хам кунем, баъд — ба чап... Каме биҷунбем. Андаке дидгоҳро тағйир диҳем... Пизишк талош мекунад аз як тоблу даҳ гуна таассурот барои мо ҳосил кунад. Аз як Рубенс даҳ наққоши ҳамсони ӯ берун оварад. (Мо, гӯйӣ, тамрини бадан барои беморони барҷоймонда анҷом медиҳем. Сарро ба дасти рости такя гузорем, оринҷ ба рӯйи миз, сарро ба дасти чап такя гузорем... Рост биншинем. Баданро ба ақиб партофта нишинем.) Хеле ҷолиб!.. Баробари пушт ба ақиб партофтан, калла ҷунбондан, он ҷо бод ба дамидан шуруъ кард, ба зайтунзор вазид! ба анбуҳи дарахтони юнонӣ...Баргҳо ба ларзиш омаданд. Ва худи сатир гӯё аз самти дигар, аз ҷониби наздиктари бутта ба сурини сафед наздик мешавад — хеле ҷуръат пайдо карда! Аммо Рубенс, таровати дигар пайдо мекунад. Дар бадани нимфаи хобида, на миёнаи ду пой, ки бо порчаи нафиси шаффоф пӯшида шудааст, на сурини чун шир сафед, балки пистон бештар ҷалби таваҷҷуҳ мекунад... пистони чап... бо чи неруи бузурге ин пистон нигоҳи пиронаро ба худ мекашад!.. Ва ларзиданд, зонуякони сафеди ӯ ларзиданд...
— Ин Марсий аст!.. Дар бораи чунин касе шунидаед, ҷанобон?.. Сатири фригияӣ Марсий. Ҳатто, агар шунида ҳам бошед, бори дигар гӯш фаро дореду бишнавед. Ӯ, ҳамин Марсийи мо арзишашро дорад...
Недоплёсов механдад:
— Бибинед, чӣ қадар мутавозеъ аст, ҳол он ки дар ин умур коршинос аст... Чӣ тавр ба нимфа менигарад... Чӣ гуна беҷуръат аст. Шарм мекунад! Кӣ гумон мекард, ки ин хапак аз сарнавишти худ чунин тӯфоне эҷод мекунад. Чӣ тӯфоне!
Ҳар рӯз ин Марсий меомад, ки дуздона нозанини ҷавонро пояд. Аз паси навдаҳои маҷнунбед, ғарқи тамошои оббозӣ кардани ӯ мешуд... вале баробари он ки нимфа лучи модарзод аз об берун меомад, Марсийи шармгин мегурехту худро дур мегирифт. Сатири ошиқ намеёрист. Вай хиҷолат мекашид. Вай пир буд... Ва фақат аз паси дунгии дуре, пинҳон шуда, нимфаро ба мушоҳида мегирифт. Чӣ тавр ӯ дароз мекашад, ки истироҳат бикунад... Чӣ гуна мехобад...
Боре дар сари ҳамин дунгӣ, Марсий пешпо хӯрду кафи пойаш ба чизе бархӯрда ба дврд омад. Шумо, албатта, дар ёд доред, — агар медонед! — дар миёни алафҳо най хобида буд.
Аҳа! Ана чӣ таваҷҷуҳи нимфаро ба ӯ ҷалб мекунад!.. Сатир сари дунгӣ нишасту ба навохтан сар кард. Ва хеле боҳунарона навохт... Вале нимфа бедор нашуду давида ба назди ӯ наёмад. Чунин занҳо ҳам ҳастанд. Боз амиқтар ба хоб фурӯ рафт... Нимфа хаёл кард, ки дар миёни найзор бод тарона мехонад. Хобҳои духтаронаи ӯ аз ин мусиқии аҷиб боз ҳам ширинтар шуданд.
Аммо навои мусиқии илҳомбахш одамони маскун дар ин наздикиҳоро ҷамъ овард. Ин мирандаҳо, ин сокинони рустоӣ (юнониҳои одии бостонӣ) аз оҳангҳои ӯ ба ваҷд омаданд ва паси ҳам фарёд заданд, ки сатир дар ҳунари ромишгарӣ гӯйи сабқат аз ҳама рабудааст... Аз ҳама!.. вай худи Апполонро ҳам ба зону нишондааст! Одамон дӯст доранд, ки чизҳои илҳомбахшро ба амали худоён муқоиса кунанд. Ва ин ки муқоиса бо худоён кори хатаровар аст, барои одамиёни серташвиш фарқ надорад.
Сатир Марсий дарҳол мусаммам нашуд. Дар тардид буд... Вале бисёр мехост, ки нимфа ба навои найи ӯ биёд, ҳунари бесобиқаи ӯро бибинад. Ва ӯ «бале» гуфт— в ай розӣ шуд, ки ба ҷашни Апполон ояд, ки дар он сатири одӣ, ба шарафи худо ромишагарӣ хоҳад кард. Ва шояд, беҳтар аз худи худо.
Вале нимфа пайдо нашуд. Ё, мегӯянд дигарон, омад, вале машғул ба гурӯҳҳои пурсару садо, дуртар қарор дошт. Гоҳ он ҷо, гоҳ ҷойи дигар... Барои ӯ ҳама чиз ҷолиб буд! Чун пирмард Марсий чашм дамонда садоҳои сеҳрангез дармеовард, нимфа ҳатто наздик наёмад... Аммо худи Апполон омад. Худо бо ҳама азамату ҳишмат омад. Вай аз овозаи маҳорату устодии кудом як сатир ба ғазаб омада буд. Апполон най ба даст гирифту навохт. Баъд лира ба даст гирифту навохт. Вай, маълум, ки пирӯз шуд, вале дилаш нарм нашуд... Аз ҷасорати сатири гумном ба ғазаб омаду дарзамон пас аз ғалабаи хеш сирати хешро барои ҳама ба намоиш гузошт — вай пӯсти Марсийро аз тан берун кашид ва барои садсолаҳо ба дарахт овехт. Ин ки пӯстро бод ба алвонҷ меовард кам буд, ки ба он алами таҳқир ҳам омехта буд. Дарди хеле баргузида! Бо садои ҳар най, ки аз он наздикиҳо шунида мешуд, пӯсти сатири бечора бо дарду азият ба ларза меомад... Дар ин ҳол нимфаро, дар ҳар ҷойе, ки буд, хоб пахш мекард. Ва ӯ ба хоб фурӯ мерафт.
Пизишк Недоплёсов мехоҳад, ки мо бо он ҷангалаки экран биёмезем. То ки бо шавқу эҳсос ва албатта, оромона (бидуни тарси сарусадоҳо ва душномҳо аз атрофу акноф) нимфаи хобидаро тамошо кунем... Пизишк некии бузурги азалӣ: бузургии ба ҳама кор изн доштан дар асотири юнониро ба таҳтушшуъури мо тазриқ мекунад, талқинамон месозад. (Пирамард Фрейд ҳам аз ин кори ӯ хурсанд мешуд. Ва маълум ки барои чӣ. Бо рӯғани зайтун ҳам бошад, шалва аст охир.)
Ва набояд аз тарфиқаи синнусолии сатири пир ва нимфаи дӯшиза шармид. Инчунин буду хоҳад буд. Бисёри бисёр буд... Мунофиқону дурӯягоро дурр ронед! (Бахусус занони аз панҷоҳ болоро.) Садсолаҳо паси ҳам наққошон аз сужаҳои нимфадор ба ҳайрат меомаданд. Тамоми вуҷудашонро фаро мегирифт. Онҳо мӯйқаламро нигоҳ доштан наметавонистанд. Ба ҳадде, ки худи мӯқалам дар рӯйи тоблу медавид. Мӯқалам ба душворӣ тахаюли онҳоро дарёб мекард... Мӯқалам дуздона нигоҳ мекард!
— Шумо ба худ нигаред, ки чӣ сон нерумандед... Паҳлавонҳо... Хуб, бале, дил... Бале, захми меъда... Дардҳо дар ин ҷову он ҷо. Аммо чун ман ба парастор Ариша гуфтам (парвандаҳоро пур мекардем), ҳар яке аз шумо чанд солатон аст, вай андак монда буд, ки аз курсӣ биуфтад. Як ба як. Сарбозҳо... Ҳоло шумо аз ҳама гӯйи сабқат мебаред! Дибикин фардо Тайсонро мекӯбад. Вале гӯшатро эҳтиёт кун, мӯсафед! Аз ҳама муҳим ин ки... Муҳимтар ин ки, ҳамаи шумо дарозумред! Ҳадяи осмонӣ!
Вожаи «дарозумр»-ро ӯ бар зеҳни мо нақш кард. Хомӯшӣ.
— Худ ба сари худ дуздона нигаристан ҷиноят нест, ҳатто бо ахлоқ ҳам ихтилоф надорад... Аммо...
Ва Недоплёсов ниҳоятан ба хулосаи мустақими амалӣ мерасад. Ҷамъбаст мекунад. Ба хотири мо, пирамардакон... Вай устураро тоб дода ба тамсил мерасонад.
— Шумо фаҳмидед?.. Марсий муҷозот шуд. Барои иддиъояш ҷазо дид. Шумо ин нуктаро дарк кардед, ҷанобони сатирмэн? Шумо метавонед ҳар қадар, ки дилатон мехоҳад орзуи нимфа кунеду оби даҳон резонед... Шумо метавонед дар филмҳои шаҳвонии нимашабӣ экранро билесед. Дар суратҳо... Дар соҳили дарёҳо... Шумо метавонед лаззат бибареду кайф кунед. Аммо... — садои равоншинос қавитар мешавад, — аммо исрорнакунед... Аммо даъвою майдонхоҳӣ накунед. Бо найи худ ба рахти хоби гарми дигароннаравед.
Пизишк Недоплёсов слайдро дигар мекунад ва дар девор боз як нимфаи хобидаи зинда мешавад... Лекин инҳо кистанд?.. Аз куҷо пайдо шуданд онҳо? Ду сатир бо ҳам. Ҳарду ҳам бадани сиёҳ доранд... Ҳарду нафас намекашанд. Нимфа месурфад ва онҳо дарзамон нопадид мешаванд. Онҳо дар болои бадани сафед (ва гӯё бидуни муҳофизат)-и ӯ қарор доранд. Уильям Этти. «Нимфаи хобида ва сатирҳо». 1828. Нигорхонаи миллии Лондон.
Навишта дар кӯза. «Афина ва сатир Марсий». Қарни V то мелод. Аҳа! Ин охир, оғози саргузашти сатири бечораи мост. Ин лаҳзаест, ки Марсий пой ба алафзор гузошта, най пайдо мекунад... Яъне ин найи машҳур аслан моли худозан Афина буд. Найи бегона буда!
Пуссен. «Сатир ва нимфа». 1630. Дар ин ҷо нимфа андӯҳгин аст. Вай хушҳол нест. Сатир ду қадам дуртар аз шиша май менӯшад. Пирамард бор ёфта! Аҷаб!.. Вале наздик будан ба нимфа (дар дуқадамӣ!) ҳанӯз ба ин маънӣ нест, ки пирамарди мо муваффақ шуда бошад. Фақат ин ки нимфа ба ӯ иҷозат медиҳад талошҳои миёншикан бикунад. Кӣ медонад — шояд, вай, сатири маст, ба нимфа хушҳолӣ меорад. Барои он ки андӯҳаш дур бишавад. Барои он ки вақташро пур кунад... Бигузор, бигузор, боз каме бинӯшад, Эроти кучулу. Бигузор! Такаи беақл!..
Баъд мебинем, мебинем... Яке мебинӣ, ки дар уфуқи мо ҳам, ақаллан қаҳрамони баде пайдо шудааст. Дар баландии зайтунзор... Қаҳрамон-марди хаставу гардолуд... Пас ин така.... Ин сатир дафъ мешавад! Ба пушти гарданаш мезанад.
— Меҳвари дидро дигар кунед! — фарёд кард Недоплёсов. (Вақте ки ман пинак рафтаам, ҳама садо ба гӯш баланд мерасад.)
Ман чашмонамро нимпӯш мекунам, то аз ҳадди муҷоз (аз марзи ҳунар) берун науфтам ва ба тавассути мардумаки худ дар он ҷо — ба он баландиҳои офтобӣ қарор нагирам. Ба зайтунҳои муҷаъадбарг ва ба нимфаҳои махмалибадани хуфта дар зери сояҳои онҳо... Ман он ҷо чӣ хоҳам кард? Он ҷо аз ҳузури ман чӣ тағйир хоҳад ёфт?.. Як сатир бештар...
Ман медонам, ки ҳеч сатирмэн («э» ё «е» — муҳим нест) нестам. Ман дар ин ҷо фақат ба хотири кунҷковиям. Мавриди сабук!.. Ман пирамарди маъмулии ошиқмизоҷам. Ва эҳтимолан чунин ҳам хоҳам мурд. Бошад. Ман, албатта, шунидаам, ки бисёре аз сатирҳои пир ба худ талқин мекунанд, онҳо фақат ошиқмизоҷанду бас. (Ман инро ҳам мумкин медонам.) Бигзор чунин бошад... Чаро бояд бо гиреҳкушоӣ (анҷом) бишитобем. Бо «э» ё бо «е», аммо ман ба қадри кофӣ тобулҳоро тамошо кардам. Ман пур шудаам. Наққошон фишорам овардаанд. Ва андаке монда иқрор бикунам, ки дар паси марзи ҳунар (дар гӯшаи ниҳоии руҳ) одамӣ ҳақир аст. Одамӣ кӯчак аст. Вай зарра аст.
Ин манам, ки дар ин ҷо кӯчаку зарраам.... Ва вақте ки наққошии хубро мебинам, дигар намехоҳам ҷаҳонро битарконам. Дигар барои чапғалат додан вақт нест. Дигар барои ақиб нишастан фазои кофӣ нест. Хун меҷӯшад, вале ман пирам ва хуни баҷушомада, маро метарконад, на ҷаҳонро.
Ж.-Ф.-Ж. Сали. «Сатир бо бузғола». 1751. Ина!.. Ина дар куҷо сатир (ва ҳамроҳ бо ӯ сатирмэни ба серӣ тоблуҳоро тамошокарда ) ҳамдилу ҳамруҳи худро пайдо кард!.. Ина бо кӣ ӯ метавонад рафтор и одӣ дошта бошад — бо мавҷуди кӯчаки чаҳорпо. Ва чӣ гуна ин сатири мармарии ҷавонгашта ором аст. Чӣ тавр зебост. Вай қиме аз табиат аст. Вай худ ҳанӯз бузғола аст. (Вай ҳоло фақат фардо нимфаро мебинад. Фақат фардо... Ва баъди он як дунё азияту бадбахтӣ ба сараш фурӯ мерезад.) Агар аз ҷаҳони бачагӣ намерафт, аз биҳишти кӯчаки бузонааш...
Даъват мекунад?.. Вале оё нимфа даъват мекунад? (Яке аз се ғабғаби нозуки ӯ даъват мекунад. Яке аз сад чини шикамаш.) Бидиҳад ё надиҳад — аслан чунин суоле нест. Барои нимфа ин на суол ба садсолаҳо тӯл кашида... Чунки посух маъно надорад! Ин барои дигарон суол аст. Дар чашмони нимфа асаре аз фикр вуҷуд надорад. Вале рангҳо, рангҳо! Вале чӣ тантанаи бадан аст. Дар миёни алафҳо. Дар миёни алафҳои фирузаӣ. Кулчақанди сафеди буруномада аз модар Замин.
Хобидаву хобида. Вай ҳатто қаҳрамонро мунтазир нест... Вай ба сари худ аст. Нурро мунтазир аст... Боронро... Ҳашараро... Ҳар чи ки аз осмон фурӯ меояд!.. Вале фақат ҳеч чизи заминиро, чиркинро, сатиршаклро. Вай намехоҳад ту, агар сатир бошӣ, чӣ мехоҳӣ. Сатир барои ӯ вилгард аст. Оворагарди дарозумр... Сатирҳо хона надоранд. Боз чӣ? Сатирҳо ҳоҷатхона надоранд... Аммо ин амр аслан масъала нест. Ҳоҷатхона дар ин ҷо фаровон аст, майдони кушод ва зайтунзор... ва боз буттаҳо, буттаҳо буттаҳо...
Бо садои паст (то ба дигарҳо халал нарасонад):
— Петр Петрович... Ҷойҳоямонро иваз мекунем, а?
Ин Чижов аст. Муаллими мактаб мехоҳад меҳвари дидро комилан тағйир бидиҳад. Омоҷ гирифтааст... Ба ҷойи ман нишастан.
Вале ман сар меҷунбонам ва низ бо садои пичиросӣ мегӯям: не... Охир, дидгоҳ низ меъёр дорад. Яъне, ба ман барои тағйири нуқтаи дид комилан кофист, ки чашм пимпӯш мекунам. (Лекин аслан ман дар ҳоли нимапинакам. Танбалӣ мекунам.)
Чижов бо аҷала ба назди Клюшкин меравад — вай зуд мақсади Чижовро мефаҳмад ва онҳо ҷойҳояшонро иваз мекунанд. Офарин! Тасаввур мекунам, зайтунзор чи тавр ба назари онҳо ба ранги дигар ҷилва кард. Бо чӣ таровати тозае нимфаи лунбаи андаке дилбазаншуда назарашонро рабуд. (Недоплёсов табодули онҳоро мебинад, аммо шарҳ намедиҳад, пас таъйид мекунад.) Баъдан Чижов ба назди Дибикин мешитоб, то ки боз ва боз табдили ҷой кунанд... Талош мекунад! Табодули дукарата — дидгоҳи дугона аст. Муаллими хуб — мисли шогирди хуб.
Кист ӯ? Дар зиндагӣ чӣ гуна аст, ин муаллим Чижов?.. Мудири қисми таълимиихушҳол?.. Ё, шояд,муаллими шимӣ дар синфҳои болоӣ? Дар синфҳои болоӣ муаллими шимӣҳатман шӯх ва эҳтимол ҳатто сернозунузаст— бо модаҳо тақаллуб мекунад? Аҷиб, оё падари духтарон Чижовро задаанд? Пас аз шикояти духтарони даҳумхонашон?.. Тасаввури ман дуртар аз он ки Чижовро ягон се бор аз мактаб рондаанд, намеравад. Аммо бечора боз ҳам омода аст муаллимӣ кунад, омода аст ба маҳалҳои дур равад. Мактабро дигар кунад. Зеро касбашро дӯст медорад. Роҳи зиндагӣ!.. Ҳароина, дар кудом як гӯшае тавонист истихдом шавад. Дар ҳумаи Маскав... Ӯро аз мактаби он ҷо ҳам берун мекунанд! Аз он ҷо ба иллати бознишастагӣ меронанд. Чижик парида омад — Чижик париду рафт!.. Ва ба таври ниҳоӣ ҳам меронданд, вале боз кудом муаллим омода аст тамоми фасли тобистон ба урдугоҳи мактабии тоқатфарсои замони пасошӯравӣ равад. Аммо ӯ меравад. Ҳатман... Баъд чӣ?.. Хаймаҳои сафед... Шаби орому гарм фаро мерасад. Ин қадар гарм, ин қадар тобистонӣ! Шомҳои Русия ин қадар шавқбарангезанд... («Агар аз назари маишӣ бингарем, мавриди шумо чандон ҷолиб нест. Шуморо назадаанд, — гуфт ба ман дар аввалин мулоқотамон Недоплёсов. — Мизоҷони ман, асосан пас аз латукӯб меоянд».) Аз назари маишӣ? Ман метавонам Дибикини ғӯлпайкарро дар миёни задухӯрду кашокаш тасаввур бикунам. Аммо Чижов... Охир чӣ тавр мумкин аст Чижови ситорагарм, ин марди қоматбаланд, лоғарандом, некмазҳар, дорои бурути нармро зад— чӣ тавр метавонЧеховро кутак зад? Чеховро, ки ҳанӯз айнак аз чашм набардоштаааст. Нобакорҳо!
Урдугоҳҳои тобистонаи мактабӣ — кори ифтихорӣ нест, хеле дилгиркунанда аст ва камтар касе ҳозир мешавад ба ихтиёри худ ба он ҷо биравад. Аммо ӯ довталаб мешавад... Сафари умумӣ ба беруни шаҳр. Ба ин куномҳои ҳақиронаи фанерӣ ва чодарҳои бо саросемагӣ росткарда. Ӯ хунук мехӯрад. Гурусна мемонад. Меъдааш дард мекунад. Захми кӯҳна (аз ғизои ҷавонон, комсомолон ) аз худ дарак медиҳад. Вале ӯ меравад. Ҳар чи ки доданд, мехӯрад. Чижик ҳама чиро нӯл мезанад!.. аммо баъд ман бо душвории зиёди тахайюл ба худ тасаввур мекунам, ки чӣ тарв ӯ,монанд ба Чехов,шабона боэҳтиёт дар байни чодарҳо қадам мезанад... Моҳтоб... Ҳама хобидаанд... Мудири қисми таълимӣ— хушахлоқ, вай шитоб намекунад. Вай дурудароз дар даромади чодар нишаста хунук мехӯрад, беҳтар аст биравад ҳоло... Ба духтари болиғи даҳумсинф менигарад. Дӯшиза хоб аст. Аммо эҳтимолан, вонамуд мекунад, ки хобидааст... Не, не, вай... Вай ғамхор аст, вай фақат даст дароз мекунаду хасеро аз бозуи хунукхӯрдаи духтар мегирад... Харигарист, албатта, дар бораи вай чунин фикр кардан. Медонам, ки харигарист. Ман ба заҳматкашони маориф арзиш қоилам. Меҳнати шоққа.
Зиёӣ, даст бар асари ранҷиш меларзад, на аз латукӯб. Чижови шаллоқхӯрда, ба фикри ман, аслан ғазаб надорад... Вай бо садои хиросӣ дод мезанад, фарёд мекунад, баъд муддате тӯлонӣ ҳиқ-ҳиқ мегиряд.
3
Гармо... Гармо заъф меорад... Нимфа ӯрён, дар канори беша хобида, сатир Марсий маст аз бадани сап-сафеди ӯ, аз миёни буттаҳо менигарад. Ӯ қаҳрамон нест... Сатир ҳанӯз ҳам ҷуръат надорад. Аслан! Пас ӯ доиравор қадам мезанад (На наздик меояд, на дурр мешавад. Нимфаи хобидаро музоҳим намешавад, вале аз назар дур ҳам намекунад.) Дар канори беша давр зада, Марсий найро, ки на он найи найистон аст, зери пой пахш мекунад.
Худозан Афина ин найро аз устухони оҳуи наҷиб сохта буд. Ӯ ин найро бомдод фақат барои худ ва шом, гоҳе барои ҳама менавохт. Ва Афина ҳеч намефаҳмид, ки барои чӣ дар чунин шомҳо Гера ва Афродита пӯзханд мекунанд. Ба ҳамдигар менигаранд ва ҳатто ҳир-ҳир механданд, дар ҳоле ки ин дилхушӣ (навои най) навойин ва албатта, уъҷуба буд. Афзун бар ин, ба ҳамаи худоёни дигар навозиши ӯ хушҳолӣ меовард. Махсусан навои тақлиди бод... Аммо мусиқии ӯ барои ин ду хушандоми машҳур хуш набуд. Ин ҳам воқеият аст. Воқеияти ҷиддӣ!
Афина субҳи зуд ба беша даромада дар канори рӯдак нишаст ва най навохта, ба акси худ дар об нигаристан гирифт. Ва фаҳмид, ки асли гап чист!.. Вай бо ду лунҷи дамидаааш ва чеҳраи аз норасоии ҳаво тарангшудааш хеле безеб буд. Маълум мешавад, ки навозиши най чеҳраи зебои худоёнаи ӯро зишту кареҳ мекарда... Афина ҳамон дам найро дур афканд ва ҳар касеро, ки онро мебадорад, лаънат кард.
Ва Марсийи бечора онро бардошт. Марсий фақат мехост таваҷҷуҳи нимфаро бо навои най ба худ ҷалб бикунад. Баъид аст, фаҳмида бошад, ки бо ин кор алайҳи худозан қомат алам кард. Ин рустоиён буданд, ки бо фиреб сатирро барангехтанду ба идашон даъват карданд. Биё, биё! Нимфаи ту ҳам даъватӣ аст... Меояд...
Ва барои он ки базмашон бошукуҳтар бошад, Апполонро барангехтанду бо лирааш ба сабқати эҷодӣ хонданд... Ва худо омад. Худо магар метарсад... Аз кудом як сатире? Тфу!.. Ва консерти ду най оғоз шуд (Пасон лира ҳам ба садо омад.) Онҳо то поёни рӯз — то фаро расидани торикӣ навохтанд. Ҳарду баробар буданд. Юнониҳои адолатхоҳ мусиқии ҳардуро гӯш дода, ба ду қисми баробар тақсим шуданд, ки боиси ҷанҷол шуд.
Ва инак, Апполони таҳқиршуда, ба назди бародаронаш ба Олимп давид... Вай гуфт–бигузор ин баҳсро худоён қазоват кунанд. Ва дарро сахт пӯшиду аз назди худоён рафт. Вай аз онҳо барои аз нав баррасӣ кардани натичаи сабқат рой дарюза накард. Вай ин тур хурдакору миҷинг набуд.... Ва пайдост, ки сокинони Олимп қазияро ба таври худамонӣ ҳал карданду бидуни тардид ӯро пирӯз эълом карданд.
— Вой бар ҳоли мағлубшудагон, — гуфт Аполлон.
Ва амри муҷозот дод. Фармуд сатирро зинда ба зинда пӯст кананд... Нимфа дар он ҷо буд... Вай натавонист бибинад, ки чӣ тавр сатирро пӯст мекананд ва ба чаманзори худ гурехт. Дар рӯдаки миёни беша оббозӣ карду рӯйи алафҳо дароз кашид... Пӯсти Марсийи бечораро дар ғор овехтанд. Барои чандин аср... Ва мушоҳида карданд: вақте ки аз русто садоҳои сода ва маъмулии най меомад, пӯсти ҳассоси ромишгар бо назми он ба ларзидан медаромад. Вале чун худоён най менавохтанд, пӯст ором овезон меистод.
Дибикин — сатирмэни барчаста аст. Каллакалон. Пурпашм... Пирамарди таҳамтан, ҷуволи мушаку бофтаҳо. Вай ба ҷаҳон бо афзалияти кунди паҳлавон ва ҳамзамон бо тарси амиқи бачагона менигарад. Вай кӯдакияти худро пинҳон медорад. Ҳамаи одамон барои ӯ калонсоланд. Азбаски дастур шудааст, ба росту чап ҷунбида, дидгоҳ иваз карда шавад, Дибикин ҳам ҳаракат мекунад, вале мисли бачагон ҳамроҳ бо курсиаш. Ба фикри ӯ ҳамин тавр осонтар аст. Чаро бояд аз курсӣ ҷудо шавад ва чаро бояд сурин бардорад?.. Вай бо курсӣ якест. Мисли қурбоқаи ҷаҳанда — як метр ба рост вақ-вақ... як метр ба пеш вақ-вақ... Вай намефаҳмад, ки ҳаракати ӯ вақ-вақ мекунад, дар гӯши ҳамаи мо танин меандозад.
Недоплёсов ӯро огоҳ мекунад:
— Дибикин, ту сум ба замин мекӯбӣ.
Ва таъсири суханашро коҳиш дода, табассум мекунад:
— Ҷанобон, мо ҳам кентаври худро дорем.
Аммо Дибикин намефаҳмад. Вай ҷаҳиданашро идома медиҳад ва ҳамзамон чашм аз нимфаи лумбаи слайд — аз ин пораи сафеди барангезанда намеканад.
Акнун ба чап вақ-вақ... Дар зақан як хат оби даҳон.
Ман дар ҳоли ғанабам. Дар атрофам худоён, сатирҳо, нимфаҳо... чиро кентаврҳо набошанд?.. Фурӯрафти амиқ ба ба асотир.
— Дар ҳамаи давру замонҳо кентаврҳо дар қалби инсон эҳсосоти мутаолӣ тавлид мекарданд.
На, чунин нест, ҷаноби Недоплёсов. Аслан чунин нест... Мутобиқ бо бархе устураҳои на чандон машҳур, КЕНТАВРҲО — ҳаромзодагонанд. (Аз ҳисоби нимаи инсониашон.) Ин чиз фаромӯш нашудааст. На ҳама онро фаромӯш кардаанд... Ба назар мерасад, бритонии тундзабон таҳаммули кентаврҳоро надошт. Вай мехост ин дурагаи бемаъниро аз нав ду тақсим кунад. Вай ҳақиқатро мехост. Ба ақиб, ба ақиб!... Вай ҷузъҳои асли аввалияро дарёфтан мехост. Ва Свифт ду нима кард — кентаврҳоро ба аспҳои зебо ва йэхуҳои зишт ҷудо кард.
Вақте сухан аз пӯсти Марсийи бечора меравад, мушакҳои чеҳраи Дибикини таҳамтани мо асабиёна ба ҳаракат меоянд. Вай паст, вале хеле муассир дандонҳояшро ба ғиҷиррос дармеорад. Вай ҳеч гоҳ тан ба онҳо намедод. Вай пӯсти худро наҷот медод (ба маънои асли ин таркиб) Вай ба ҳамаи онҳо нишон медод, кӣ кист. Вай худ тиҳигоҳи ин Апполонро чок мекард! Ва маълум нест, ки ҳоло пӯсти кӣ аз аср ба аср аз бод меларзид...
Ва ногаҳон садои Дибикини ҳамроҳ бо курсӣ дар рӯйи фарш ба ҷойи кентавр тобхӯранда ҳамаи синфхонаро пур мекунад. Вай баланд фарёд мекашад. Вай моҳияти масъаларо амиқтар аз ҳамаи мо фаҳмида:
— Муҳимтар аз ҳама — найро набояд зери по кард!
— Петр Петрович... Дидгоҳ! — Ин боз Недоплёсов аст.
Ман дарҳол посух намедиҳам.
— Петр Петрович!
— Дигар мекунам, дигар мекунам... Ман чашмонамро нимкоф мекунам.
— Баъд чӣ?
Пизишк Недоплёсов маро таъқиб мекунад, аз ман пеш мегузарад. Бо кинояи малеҳе ҷумлаи маро ба ҷойи ман иброз мекунад:
— ...Баъд нимфа худаш шуморо таъқиб мекунад. Дуруст?
Эҳ, бигузор минбаъд ҳам киноя бикунад... Тағйири сареъи дидгоҳҳои эшон маро ҷалбу ҷазб намекунад. Бозор... Ширкат намекунам! Ҳамроҳ намешавам... Яъне, дар атроф саррофиҳост, бозор, ҳамаи онҳо ақл бохтаанд, вале ман не — ман фақат чашм нимкоф мекунам. Гоҳ чашми ростро, гоҳ чапро. Танҳо тағйире, ки ба ман марбут мешавад.
Вале ҳоло Дибикин ҳам курсии вақ-вақии худро ором гузошта ба Клюшкин ва муаллими мактаб Чижов, ки ҷойҳояшонро иваз мекунанд, ҳамроҳ шудааст. Акнун онҳо се нафаранд. Чӣ лозим ман ба онҳо?.. Эҳ саррофҳо!.. Ҳар се кайф мекунанд. Ба пеш пирамардҳо! Ба пеш тахайюли мунҷамид! Агар бо чашм боз наздиктар, боз чобуктару қатъитар ҳамла оварӣ, пас молики ин ҷангалаки зайтун, ин алафҳои хоболуд — ин зани ҷавони хобида хоҳӣ шуд. Бо чӣ баданашро пӯшида?.. Ҳеч чиз фақат як пораи хурди матоъ, матоъи нозуку сабук, ки дар миёни пойҳои фарбеҳаки сафеди ӯ печидааст. Агар дурустар бигӯем, дар байни ронҳояш.
Онҳо ҳарчи сареътару зудтар ҷойҳояшонро иваз мекунанд. Клюшкин бо Чижов иваз мекунад, муаллим Чижови беқарор, — бо Дибика!.. Дибика — бо Клюшки — ва Клюшкин боз бо Чижов!.. Ист, таваққуф... Агар аз боло нигарӣ — манзараи табдили дидгоҳ боз пуртаҳарруктар ба назар меояд. Ангор касе таҳамтан (касе ноаён) бо пирамардон мисли се ангуштпона бозӣ мекунад.
Аммо дидгоҳи тоза касбшуда низ, гӯӣ ба сатирмэнҳо чанд лаҳза хурсандӣ мебахшаду бас. Ин ҷаҳиши байниҳамии аз курсӣ ба курсӣ (аз гармӣ ба гармӣ) бештар шуд. Пирамардони ман ин ҷову он ҷо метобанд. Медурахшанд. Ин тарафу он тараф... Он тарафу ин тараф... Фақат оне, ки ҳангоми иваз кардани ҷой дар назди тиреза аст (он ҷо аз роғ нури субҳгоҳӣ ворид мешавад), ҳар бор таваққуф мекунад... Бештар менишинад... Вале ӯро меронанд, ба ӯ мефаҳмонанд: вақт шуд, вақт шуд!..
Аммо ангуштпонабози таҳамтани ноаён боз ҳам ба суръат меафзояд. Ҳар се чӣ тавр боаҷала — дар зери дастони ӯ — ҳаракат мекунанд. Чӣ қадар барангехта шудаанд. Баробари иваз кардани дидгоҳ, боз мехоҳанд иваз бикунанд. (он ҷо хуш аст, ки мо нестем!)
Чижов бо пичиррос маро мехонад:
— Петр Петрович!
Ҷаҳиду даст ба китфам гузошт, — яъне, бо ту ҳам, биё, курсиҳоямонро иваз кунем, ба ҷойи ман назди тиреза рав.
Ман сар меҷунбонам — намехоҳам.
Вале ӯ боисрор аст, аҷала мекунад — бирав, бирав, Петр Петрович, дар ин ҷо зиқ мешавӣ. Ва хунук ҳам ҳаст. Ҳатто бод мевазад.
— Хич чӣ намевазад.
— Мевазад, мевазад! Шамол мекашӣ! — боисрор ба аъсоби ман фишор меорад муаллими пири мактаб.
Чӣ ҳамоқате. Тамоми умр (ва инро ҳар кас медонад) ба мо шамол аз тереза мевазад, на аз девор. Ин ҳарфи бемаъниро метавонист Дибикин пӯкад... Ва Клюшкин ҳам метавонист... Вале, на муаллими мактаб.
Чижови якрав бо исрор ва зӯран маро аз курсӣ боло мекунад. Мисли кана часпидааст! Ман ба иродаи бегона тобеъ мешавам ва ноилоҷ ба назди тиреза меравам, ки дидгоҳро дигар кунам. Ба курсии Чижов фурӯ меуфтам ва ба экран менигирам — чӣ чизи навест, ки бибинам... Ҳамон парии обии ҷовидон зебо ва абадан урён... Ҳамон чамани ҳамвору дурахшон. Ҳамон зайтунҳои муҷаъадбарг дар бешаи ноошно... Ва инак ман аз бекорӣ (ва аз он ки чизе барои тамошо кардан нест) ба навори рӯшноии маҳдудаи пардакашидаи мо — ба оина нигаристам! Ой Худоё!
Дар бинои паҳлӯ, дар табақаи аввал — дар канори оина — духтари ҷавоне хобида буд. Зинда!.. Хобида, нимаурён. Бо рухсораҳои фарбеҳ ва ончунон зинда, ки дар манаҳаш як қатраи хурди оби даҳонаш дида мешуд. Обе, ки аз канори даҳони ӯ таровида буд... Нимаҷорӣ шуда буд... Бозу ва як пистонаш (берун аз лиҳофи сабуки болояш) хеле рӯшан намудор буд. Вале махсусан зонуҳои сафеди ӯ рӯшан, сареҳ, барангезанда медурахшиданд. Муъҷиза.
Ин бино (дар се табақа) мутобиқ бо нақша, ба эҳтимоли зиёд шуъбаи тавонбахшӣ буд. Аз паси шишаҳои бузурги ношуста мешуд девори суидӣ, абзорҳои варзиширо дид... Ҳатто сутуни баскетболро бо ҳалқааш. Ҳамаи ин алҳол зери чанг монда ва занг мезад. Мегуфтанд, касе харидааст. Мегуфтанд, ба зуди зуд... Аммо бино холӣ буд. Ва духтар дар бинои холӣ — чун нигаҳбони шабона,барои ҳар эҳтимол. Аз мо то ӯ, агар ҳисоб кунем, ҳамагӣ понздаҳ-бист қадам. Муъҷизаи хобида!.. Бесабаб нест, ки Дибикин ҳамроҳ бо курсиаш ба «мавзеъи тиреза» тохт. Ин аст, ки ҳар кудоме аз пирамардон бо аҷала, шитобон ба ин ҷо омаданд. Ин аст, ки ин ғоздаҳонҳо бо аҷала ҷой иваз мекунанд... Ҳоло мехоҳанд, ки ман ин ҷоро тарк кунам. Ту дерёз дар ин ҷо нишастӣ, Петр Петрович!
Кори маъмулии рӯзҳои мо: духтараки ҷавон шабона бинои мурдаро посбонӣ мекунад. Нигаҳбонӣ. Бо пули ночизе, албатта... Ногаҳон ман мефаҳмам, ки бо дастонам, бо ангуштонам, қариб бо нохунҳоям ба курсии зери худ часпидаам... ангуштон дард мекунанд! Дарҳол нахоҳам рафт! (Аз тиреза ба экрани намоиш чашм медавонам — аз нимфа ба нимфа.) Вуҷудамро андаке бим фаро мегирад. Ман дар ин ҷо ҷовидона наям. Ҳамин ҳоло дур меронандам.
Ман аслан шефтаю афсуни ин бадани зинда нестам: духтарак танҳо ба сабаби ҷавонияш дилкаш аст. Эҳтимолан шамол кашидааст (ба сабаби ҳаво)... Каме фисаш овезон (аз хоб). Ва рости гап нимфаи тоблу беҳтар аз нимфаи зинда буд. Аммо ин зинда, гӯйӣ мушт ба аъсобам зад, гулӯлае зад ба аъсобам. Вай бедорам кард. Фақат акнун ман дарон ҷо будам... Дар бешайи зайтунзор. Ман парвоз карда, ба он ҷо ворид шудам... Бо суръати баланд!.. — ва танҳо акнун нимфаи экран комилан зинда шуд. Ба наққошии асил бояд бо суръат ворид шуд. Маҳз ҳамин тавр. Бо суръат ворид шудан, на ин ки бо дили ларзон даромадан. Ба наққошӣ бояд ҷаҳид — аз трамплин бояд ҷаҳид. (Чунончи бо лиза мепаранд. Бо лизаи дароз, сар ба боло, калаванда ва дар ҳоли парвоз.)
Аз такрори зиндагӣ ва наққошӣ дил ба фишор меояд. Ин аташро наметавон фаҳмид. Ман беҳол шудам... Духтари хобида каме ба паҳлӯ гашт... Ой Худоё... Пас ин тур аст. Хобидадухтари бечора... Ӯ... Ин духтар кафи пой надошт. Пойи чапаш.
Хушбахтона, поёни ноф ва шиками ӯро гӯшаи лиҳоф пӯшида буд. Ҳолати классикӣ. Ва ин зонувони пешбаромада ин қадар рӯшан ва барангезанда медурахшанд.
Андеша ба ёрӣ омал — ман бо нигоҳ асобағал мечустам. Ё асои дастакрдорро... Не... Чизе нест...
Аммо чашми дақиқбин пайдо кард. Чашм бархӯрд... Дар зери чапаркат, ки духтари маъюб мехобид... Пойи сунъии ҷудошаванда. Шабона онро ҷудо мекунад, мегирад. Арзонбаҳо... Кафши дағалу баднамуд. Бо ришта... ва ҳалқаҳо.
— Бидуни пойи сунъӣ барояш осонтар аст, албатта, сабуктар аст... Хобидан осонтар... — бо ғамхорӣ маълум нест ба кӣ зери лаб гуфтам ман. (Худ ба худ. Ногаҳон дарёфтам.)
Аммо аз пушт Чижов ба наздам омад. Ва аҷала мекард. (Дидӣ?.. холӣ кун, холӣ кун ҷойро!)
— На ба он ҷо менигаред, — гуфт ӯ.
Яъне кафи пой, кафи пой аст, — ба пойи духтар бояд каме болотар нигарист.Афсона дар хамист...Зебоӣ... Дидед?..Афсона дар хами зонуст.
— Нафаҳмидам... Чӣ? — боз пурсидам ман. — Чӣ гуфтед?
— Ман не... Гумилев, — ғурунгид муаллими пири мактаб, аз бесаводии саросарии омма ба алам омада. — Шоир Гумилёв гуфта. Афсона дар хами зону.
* Сатирҳо — худоёни сатҳи поин дар асотири Юнони бостон; худои ҷангал. Сатирҳо каллаи
одамӣ ва пойи буз ё асп доранд, баданашон бо мӯй пӯшида аст, гоҳе шох доранд. Танбал ва
шаҳватпарсатанд ва бештари вақти худро бо таъқиби нимфаҳо мегузаронанд (Мутраҷим).
** Нимфа –худоёни сатҳи поин дар асотири бостонии юнониён. Ба шакли духатри зебо зоҳир
миешаванд ва дар кӯҳҳо, бешаҳо, рӯду кӯлҳо ба сар мебаранд (Мутарҷим).



