Осмони пур аз алмос

Ҳикояи адабӣ бо P. S.,
ки аз сию се ёддошт иборат аст

We would like to commission a short story from you to be inspired by the quotes from Checkhov that are attached to this letter. We do not expect you to write in the style of Сhekhov, just to use these ideas as inspiration for your own. Аз шумо як ҳикояти кўтоҳро мехоҳем, ки аз иқтибосҳо аз Чехов сарчашма гирифтааст ва онро ба ин нома замима кардем. Шарт нест, ки шумо бо услуби Чехов нависед, танҳо фикрҳои ўро чун мояи илҳом истифода баред.
                              Порча аз мактубе, ки нависанда Гдов аз хориҷа гирифтааст.
                              Тарҷума бо луғат барои хонандагони синфҳои болои муаллиф.

 Чӣ бояд кард бо марде, ки ҳар гуна корҳои зишт мекунаду баъд нолаву фиғон мекашад?
                                                                                  Антон Павлович Чехов(2)


Хонум Р. О. Аромат руймоли тўриашро ба гўшаи чапи намгирифтаи чашми росташ пахш карда, айни замон таъна мекард, ки расо сию се сол пеш мо ҳарду сокини шаҳри К. дар соҳили дарёи бузурги Сибир Е. будем ки ба Уқёнуси яхбастаи шимолӣ мерезад.
— Чӣ тавр ман дарҳол нафаҳмидам, ки шумо лаънатӣ будед! — мегуфт зан. — Фақат ҳаромзода ба ман чунин номаи видоъии бемаъниро бе суроғаи бозгашт мефиристад. Ҳатто дар номаи ишқӣ менависанд: «Ман барои посух марка — ҳаққи почтаро мегузорам».
— Хайр... ин, медонӣ, тақозои шаҳвати духтар буд. Ту муҷомиат мехостӣ, ман ҳам, чаро зид бароям? Дарвоқеъ, дидадароӣ... Вале ту чаро хурўси зиндаро ба ҳуҷраи ман даровардӣ? — оромона эътироз намудам ва босаброна интизор шудам, ки ғурури яклаҳзаинаи духтари ҳоло хонумшудаи «руси нав» гузарад ва ў боз хушҳол, озод ва пурғайрат шавад.
Гап дар сари он аст, ки аз лутфи Розалия Осиповна аллакай каме арақи қимати(3) «Стандарти русӣ» нўшида будем. Вай арақро бо афшураи афлесун омехта, ба як стакани булўр ду мукааб ях илова кард, зоҳиран дар Амрико ба ў чунин ёд додаанд. Ман ними онро ба таги бинӣ партофта(4) бодиринги шўрро газак кардам. Розалия Осиповна Аромат дар тўли солҳо ҳунари намаккунии бодирингро нағз омўхтааст. Пештар ў ҳеҷ чизро намедонист, ба ҷуз муҷомиат кардан ва пул дода, бо акваланг* шино кардан дар кўлҳои зеризаминии Сибир дар ғорҳои дохили оҳаксангҳо. Розалия Осиповна он вақт узви содиқи комсомол, варзишгар ва шиновар буд. Номаш чун ҳоло Роза буд, аммо фамилияаш тамоман дигар, дар ёдам намондааст. Ё Кукушкина, ё Кристанюк(5). Ҳоло хотираам заиф шудааст аз бемориҳои: склероз, ниқрис, фишори баланди хун, ҷамъшавии намак, илтиҳоби меъда, простатит, хоки хунук(6).

— Роҳи чанголуд, дар паси он бутта,
Сабр намо андак, баъд мебинӣ роҳат, —

ман суруди ночаспон хондам.
— Чӣ? — Розалия Осиповна дар хайрат монд.
— Ин фикри шоир Михаил Лермонтов аст(7), ки вай дар навбати худ аз Гёте ё аз Гейне гирифта буд. Ҳайнрих Ҳайне(8). Шоири рус Лермонтов аслан шотландӣ ва адиби олмонӣ Гейне яҳудӣ буд. Пушкин — ҳабаш, Тургенев — тотор, Лесков — англис, Достоевский — поляк, Чехов, албатта, чех. Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед, — фаҳмондам ман.
— Худи ту кистӣ, ман то ҳол фаҳмида наметавонам? — вай ба ман нигарист.
— Ман? Як ҷавонписари одии рус, зиёӣ, ба корҳои калон қодир. Аз ҷумла, метавонам мудири шуъбаи маданияти ягон журнали нави ҷилодор шавам, ки берун аз сиёсат, бо миқдори муътадили реклама ва маводи шаҳватомез бошад. Бо маоши 2500 доллар дар як моҳ.
— Ана инро дидӣ? — Ў як ишораи ношоиста, вале зебо ва андаке хаяҷоноваре кард.
Бояд гуфт, ки бо гузашти солҳо чандон тағйир наёфтааст. Ин натиҷаи аз ҷавонӣ варзиш кардан, тарзи ҳаёти солим, дуруст хўрок хўрдан аст. Ҳанўз миёнборик, резапайкар, пишаквор(9) қайиш. Хулоса, гурба.
Падари ў Осип Пинҳосович Аромат дар Витебск дар оилаи камбизоати қаннод таваллуд шудааст. Бесавод, вале бо ақлу фитрати табиӣ ба ҳама чиз соҳиб шуд. Эҳсоси ғуломиро дар вуҷуди худ қатра — қатра фишурда, ба инқилобчиён ҳамроҳ шуд, Марк Шагалро мешинохт, дар ЧеКа хизмат мекард ва дар он ҷо мансаби мувофиқ ёфт ва албатта бояд дар қабристони Новодевичевои Маскав, дар паҳлўи, масалан, Хрущев ё Каганович, дафн мешуд, агар соли 1950 дар авҷи муборизаи зидди космополитизм** ҳамкасбони худаш қатл намекарданд.
Модараш Надежда бо насаби Кукушкина ё Христанюк низ аз табақаи миёна буд, ў ҳам инқилобчист. Вале ўро муҳаббат ба исён овард.
Гап дар сари он аст, ки вай хизматгори як тоҷири шаҳватпарасти Маскав буд, ки бо Максим Горкий дўстӣ дошт, баъзан дар ҳолати мастӣ барои инқилоб пул мепартофт, сарпарасти Станиславскийи дорои театри бадеияти баланд буд, аммо худ дар қасри азими худ зиндагӣ мекард, ки дар кўчаи Малая Дмитровкаи Москва воқеъ буд, бениҳоят шалақ— ҳам аз ҷиҳати маънавӣ, ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ. Ба занҳои сабукпой ҳарис, айни замон аз он фахр мекард, ки Чехов пеш аз сафари машҳури худ ба Сахалин барои тавсифи ҳоли онвақтаи вазнини халқи заҳматдўст ва ҷинояткори рус маҳз дар ҳамин бино иқомат дошт. Вай ба хизматгорзан ҳам чашм медўхт, дар ҳаммом ўро наззора мекард ва ҳеҷ нафаҳмид, ки чаро вай ба ў тан намедиҳад, ҳарчанд барои як алоқаи одии ҷинсӣ ба ў пули кофӣ пешниҳод мекард. Буржуй(10), ки аз арақу пул ақл бохта буд, ҳеҷ нафаҳмид, ки дар ҷаҳон ғайр аз шаҳвату нафс, ишқи ҳақиқӣ ҳам вуҷуд дорад. Вай девонавор механдид, агар мефаҳмид, ки хизматгораш Надя ба як кушандаи нонхўракҳо ошиқ шудааст, ки дар хонаи ифлосаш бешумор буданд ва аз ин рў он терминаторро(11) мунтазам ба ин ҷо даъват мекарданд ва оқибаташ ишқи печон шуд. Вақт мегузашт, дар хонаи тоҷир ҳамеша фортепианои механикӣ менавохтанд, муҳит хеле пурғавғо ва шавқовар буд, аммо хушбахтии воқеӣ набуд ва ў худро дар шаҳри Нитса ба дор овехт (ё болшевикон ўро ба дор овехтаанд, чунин тахмин вуҷуд дорад). Вай худро ба дор овехта, як ёддошти аҷиб гузошт, иқтибос аз шеъри дар ҷавониаш навиштаи дўсташ Максим — «Хайр, бодбонҳоро баланд карда, дар сари чанбарак истодам». Аммо он вақт ў ҳанўз зинда буд, вақте хизматгораш Надя баъд аз алоқаи ҷинсӣ истироҳат мекарду ногоҳ ба таҳаммулнопазирии пролетарӣ гирифтор шуда, ба «нонхўраки хурд» Оса пешниҳод кард: «Биё, ўро «нахрен»(12) дафъ кунем, бо зоокумарин(13) заҳролуд кунему аз ин нархуки фарбеҳ ба якборагӣ халос шавем. Имрўз барои шом гўшти желе мепазанд ва ман метавонам ба қадри зарурӣ заҳр илова кунам. Инқилобчӣ ва чекисти оянда Осип Аромат сарашро сахт ҷунбонда, қатъиян рад кард: — Не, Надяҷон, инқилобро бо дастони пок кардан лозим аст. Ба фикри ман, ин ҳаромӣ ба зудӣ худаш мемирад. Агар дарҳол намирад, мисли ҳама аъзои синфи истисморкунанда ба нобудшавӣ маҳкум хоҳад шуд». Воқеан, ҳамин тавр ҳам шуд...

— Ина бин-а, ту дар миёни таҳаввулоти хуношоми ҷаҳонӣ комилан эмин мондӣ. Коммунизм пош хўрд, СССР барҳам хўрд, террористон ҳар рўз моро бо ҳамдардии комили зиёиёни чапи «ақлашонро хўрдагӣ»(14) метарконанд. Ва боз ҳам зеботар шудӣ. Пештар, иқрор мешавам, хунукак будӣ, айнак мемондӣ. Ҳоло ба чашмонат линза гузоштаӣ? — пурсидам ман.

— Линза, — кўтоҳ ҷавоб дод вай дар бораи чизи дигаре фикр карда.

Розалия Осиповна дар давраи баъди бозсозӣ(15) тавонист дар Исроил, Итолиё, Англия, Фаронса, Амрико зиндагӣ кунад, аммо ягон ҷо писандаш нашуд ва ҳоло ҳамчун бевазани машҳури рус ба ватани азизаш баргашт. — Ў зани ҳунарманди маъруфи фаронсавӣ шуд, ки замоне ўро аз СССР ба Ғарб бурда буд ва қаблан насаби аслии худро дубора ба даст овард ва ба болшевикҳо исбот кард, ки ў, собиқ Кукушкина (ё Христанюк) ва ҳоло Аромат, яхудӣ аст, ҳуқуқи ба ватани таърихии худ омаданро дорад. Вай дар гирдиҳамоиҳо, тазоҳурот иштирок карда, далерона рў ба рў бо ҳукуматдорон месуруд: «Шабу рўз аз такрор хаста намешавам, халқро озод бикун...(16)». Дар «совк»(17) рассомро албатта, эътироф накарданд, ўро ду маротиба ба беморхонаи бемориҳои рўҳӣ равон карданд, ҳарчанд баъзе ғайбатчиҳо мегуфтанд, ки ин кор бесабаб нест. Вай хеле боғайрат ва аҷибулхилқат буд. Дар шаби тўйи арўсӣ фармуд, ки ба ҷойи рўйкаши сафеди кўрпа дастархони дар рўи мизи тўй чиркиншударо гузоранд ва хеле пеш аз маргаш дар кохи боҳашамати худ дар шаҳри кўҳнаи Берре-ле-Алп ҳар рўз таъоми пешин хўрда, занашро метарсонд, ки ба дайр меравад, занаш гиря мекард аз тарси он ки он девона тамоми пулашро ба дайр васият мекунад. Баъзан Розалия Осиповна гумон дошт, ки шўяш ба эҳтимоли зиёд пинҳонӣ ҳамҷинсбозӣ мекунад ва аз ин боз ҳам талхтар мегирист. Ҳама чиз дар ҷаҳон хотима меёбад. Ҳоло мусаввараҳои шавҳараш миллионҳо доллар арзиш доранд ва зан боз ба хонаи худ омад. «Дубора(18) салом, Ватан, баъди баргаштан! Салом, пойтахти азиз, Москва»!
— Чаро он вақт маро ба занӣ нагирифтӣ? — рўирост ва бо хашму ғазаб пурсид Розалия Осиповна.
— Хуб, тасаввур кунед, ҳоло шумо дар рўи замин устувор истодаед. Хайр, он замон як никоҳи шоирона мешуд, баъд чӣ? — Аблаҳӣ, бачаҳои аблаҳ! — Ман кўшидам, ки низоъро бо ҳазл анҷом диҳам.
— Боз кадом кўдакон? — Розалия Осиповна нафаҳмид.
— Хуб, образнок карда гўем, ин ману ту.
— Ва аблаҳон кистанд?
— Инаш ҳам ману ту.
Розалия Осиповна табассум кард ва оҳиста–оҳиста сигори «Вог»–и ментолдорро оташ гиронд.
— Не, шумо аз зумраи онҳоед, ки дар як мақоли русӣ омадааст: «Дар аҳмақӣ аҳмақ, вале собун намехўрад».
— Ба наздикӣ як варианти дигари ин мақолро шунидам: «Кўр кўр аст, аммо собун намехўрад» — гуфтам ман.
— Ана барои ҳамин мегўям, ки ту ҳаромзодаӣ. Нағз медонистӣ, ки дар хонаи бачагони барои «душманони халқ» тарбият ёфтаам ва маро он ҷо ҳама тамасхур мекарданд. Ҳатто як мактаббача, Трахтенбауэр, ифротии сермутолиа, писари ҷосуси Ҷопон(19) пешгўӣ карда буд, ки ман ҳеҷ гоҳ издивоҷ намекунам. Ман зуд-зуд аз дарунравӣ азоб мекашидам ва ў бо ғазаб аз ҷое иқтибос меовард: «баришняи ҷавонро(20) бо равғани кастора*** масхара намуданд, аз ин рў вай издивоҷ накард». Бо вуҷуди ин, ту бо ман чунин бадрафторӣ кардию дар самти номаълум пинҳон шудӣ. Чи хел мардуми бераҳманд русҳо, аз ҷумла шумо! Дуруст аст, ки чеченҳо шуморо тарконда истодаанд.
— Оҳ, ҳайвон! — дод задам ман. — Моро дуруст метарконанд? Дар Исроил чӣ? Дар Испания чӣ? Дар Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ World Trade Center чӣ? Дар Норд-Ост чӣ? Дар Осетияи Шимолӣ мактаббачагон аз ҷониби террористон тирборон шуданд? Трахтенбауэр, ба фикри ту, рус аст? Бачаҳои осетин ҳам рус буданд? Бобои падарии ман, масалан, аз халқияти кетҳо буд. Ту ин миллатро медонӣ? Кетҳо — остякҳои**** Енисей маҳаллитарин аҳолии Сибир мебошанд, шумораи мо назар ба ҳиндуҳои америкоӣ, ки бо онҳо хешу таборем, хеле зиёд буд, ҳоло 1204 кас боқӣ мондааст, аз он ҷумла, ман. Бале, он замон аблаҳ будам, аммо ҳоло оқил шудаам ва бовар дорам, ки дар Русия ё русҳоянд, ё онҳо тамоман нестанд ва одамони оқил бояд дар сулҳу салоҳ зиндагӣ кунанд, агар зиндагӣ кардан мехоҳанд ва барои идеалҳояшон дар як шаб намиранд.
— Хафа нашав, азизам, — зан бо ангушти дурушташ нармак ба гўши тафсидаам даст расонд. — Ман ҳанўз Ванесса Редгрейв — сарпарасти Аҳмад Закаев нестам. Ман эътироф мекунам, ки хато кардам ва Худо маро барои ин ҷазо медиҳад. Мебахшед, аммо зани ранҷида чиҳое намегўяд. Ман зан будам ва зан мемонам, — махсус таъкид кард ў.
— Ҳеҷ кас бо ин баҳс намекунад, — ғур–ғур кардам ман. — Вале ҳамсояи ман, мўзадўзи майзада Лазар Пафнутич, ҳангоме ки занаш даромади(21) ўро мегирифт ҳамеша бо хашм фарёд мезад: «Аз он рўзе, ки зан гирифтам, худам занак шудам!» Вале ман зан нашудаам(22)! Ба фикри ту, чаро?
— Хайр, агар албатта, ба ин бовар дошта бошӣ, бигў, чаро? —Вай табассум кард.
— Ба чӣ бовар дошта бошам?
— Ба он, ки зан нашудаӣ. Охир, услуби асабонӣ шуданат комилан занона аст. Бо ман баҳс накун, дар тўли ин солҳо ман асабшиноси хуб шудаам.
— Бо пуле, ки ту дорӣ, метавонӣ дар ҳама соҳа устод шавӣ, — киноя кардам ба ў. — Ман зан нашудам, чунки бо ту издивоҷ накардам. То ҳол муҷаррад ҳастам.
— Ҳа, масалан, барои он оиладор нестӣ, ки зани охиринат туро аз хона ронд, нахост, ки хислатҳои тоқатфарсоятро таҳаммул кунад. Ба хаёл нарав, ман дар бораи ту, корманди ояндаам бисёр чизҳоро пурсида омўхтам.
— Бале, шумо аз капиталистон чӣ тавр хафа кардани халқи заҳматкашро(23) зуд ёд гирифтед, — гуфтам ман.
— Мо, яъне киҳо?
— Русҳои нав.
— Вале ман яҳудӣ ҳастам, — хандид вай.
— Яке ба дигаре халал намерасонад, — гуфтам бо андуҳ.
Ҳамин тавр суҳбати мо ба бунбаст афтод ва фарҷоми корам бад шуд. Фарзанди хурдии болшевикони куҳнаи(24) «ғайриқонунӣ қатлшуда»(25) Ятим. Комсомол-духтар. Зани худсоз — Сэлфмэйд вумен(26), ки бо оббозӣ тавассути акваланг ризқи худро меёбад. Диссиденти тавбашикан. Муҳоҷир. Бойдухтар...

Оҳ, чӣ қадар бо шавқ, ошиқона, хушу хурсандона муҷомиат мекардем, вақте ҳарду дар шаҳри К. дар соҳили дарьёи бузурги Сибирь Е. будем, ки ба Уқёнуси Шимолӣ мерезад! Ў дар хобгоҳи донишҷўёни Донишкадаи омўзгорӣ мезист, ман дар хонаи гарму роҳати дорои як китобхонаи калон, мероси волидонам — шаҳрвандони осудаҳоли шўравӣ, бошандагони кишваре, ки тамоми умр аз ҳама чиз метарсиданд ва ба эътирозҳои ман фақат сари хокистарранги худро ҷунбонда панд медоданд: «Камтар ҷоғ зан, ки туро мешинонанду мо ҳам халос шуда наметавонем»(27). Ва ман аз даст додам онҳоро, инчунин манзилро, инчунин Ватанро. Чунки СССР Ватани ман буд! Ман дар СССР таваллуд шудаам(28). Ва ҳоло ҳеҷ яке аз онҳо, ки болотар зикр кардам, нест, танҳо пирӣ ва Розалия Осиповна Аромат монд. Оҳ, ба мо иҷрои ОН КОР дар балкон, пагоҳии бармаҳал, вақте ки тамоми меҳнаткашони шўравӣ ба кори сохтмони коммунизм мерафтанд, чӣ қадар маъқул буд!

— Вале ба ҳар ҳол, чаро аз калиди ҳамеша зери қолин гузоштаам истифода бурда, хурўси зиндаро ба ҳуҷраи ман роҳ додӣ?

— Ману духтарони хобгоҳ(29) фикр кардем, ки ту ин шўхии моро қадр мекунӣ. Хурўсро аз бозор дуздидем ва гумон кардем, ки вақтат хуш мешавад ҳангоме ба хона меоӣ ва мебинӣ, ки он ҷо хурўси зинда дорӣ. Хеле хандаовар мешуд.

— Вай умри зиёд надид, — гуфтам ман.

— Чӣ хел? — Чашмони зан ало шуд.

— Чунки ман ўро сар бурида, дар кострюл ҷўшонда таги бинӣ партофтам.

— Чаро?

— «Чаро» не, балки «аз барои чӣ». Аз асабоният. Зеро ки дилам чунин хонд: «суруд тамоми руз давом ёфт ва ишқи мо кашол ёфт»(30). Чунки ман ба коммунистон тобу тоқат надоштам, вале кўшиш мекардам адиби шўравӣ шавам. Чунки ман аз ибораи аблаҳонаи «ҳоло осмони пур аз алмосро мебинем» нафрат дошам. Ва агар ман хурўсро намехўрдам, ту маро мехўрдӣ, ҳамчун рассоми худ. Лаппонда(31), макида, туф мекардӣ.

— Чӣ қадар аблаҳӣ ту. Аҳмақ ва ҳаромзода.

Зан рўймоли тўрашро боз ба чашми тараш пахш кард, ин дафъа ба тарафи росташ. Ва ман ўро ба сўи худ кашидам. Аз ў андак накҳати атр меомад. Ману ў ба хаёлоти ширин афтодем. Розалия Осиповна Аромат, наҳанги тиҷорати табъу нашр дар Маскав, ба нашри маҷаллаи нави муқовааш рангаи ҷилодоре бидуни сиёсат, бо миқдори муътадили таблиғ ва маводи шаҳватангез оғоз кардааст!

— Розалия Осиповна, зани хеле хуб ҳастӣ. Ман туро дўст медорам. Ман туро дўст медоштам, Роза Кукушкина (ё Христанюк), тамоми умр дўст медоштам, чалаб бошам, агар дурўғ гўям(32)!

Вай гўё фикрҳои беихтиёр гуфтаи маро дарк менамуд.

— Ман ҳам туро ҳамеша дўст медоштам, — чашмонашро пўшида, бо душворӣ гуфт ў. — Аммо баъд оромона илова кард. — Бо вуҷуди ин, туро дар маҷаллаи худ ба кор намегирам, азизам. Хафа нашав, метарсам, ки бо ту ба мушкилоти зиёд дучор мешавам.

Ва боз як ишораи зебо, вале ношоиста кард. Ман ҳайрон шудам. Шаби осмони Москва ториктар шуд, танҳо ситораҳои Кремл равшан ҷило медоданд. Капитализми ваҳшӣ дар ҳама ҷо пирўз мегашт(33), аммо ба ман дигар фарқе надошт.

— Мо ҳоло осмонро боз пур аз алмос мебинем, — гуфтам ман.

* Акваланг — дастгоҳи махсус барои нафаскашӣ дар зери об.

** Космополитизм  — ақидаи буржуазии иртиҷоӣ, ки тамоми дунёро ватани худ шумурда, қадру эътибори маданияти миллӣ ва мустақилияти миллиро инкор мекунад.

*** Равғани лубиёи кастор.

**** Номи пешинаи қавми хантҳо. Аз ду халқият хантҳо ва мансихо дар Федератсияи Россия дар Сибир Вилояти мухтори Ханти-мансӣ дар таъсис дода шудааст.

P. S. Ёддоштҳо барои тарҷумон, ки аз чониби адиб Гдов баъди он ки ў ин ҳикоя адабиро офаридааст, тартиб дода шудааст.


(1) Сухан аз хотимаи пйесаи Чехов «Ваня–амак».

(2) А. П. Чехов. Дафтарчаи II. Асарҳо ва номаҳои мукаммал дар сӣ ҷилд. Ҷ. 17, с. 51. Москва, 1980, Нашриёти «Наука». Ҳама таъбирҳои дигари Чехов аз ҳамин нашр иқтибос шудаанд. Ба нуҳ ибораи пешниҳодшуда аз дафтарҳои Чехов даҳумашро илова кардам: «фортепианои механикӣ» — вай аз ҳамин китоб гирифта шудааст, на аз филми ҳамноми даврони ҷавонии Никита Михалков.

(3) Гаронбаҳо, бо лаҳҷаи мардумӣ.

(4) Нўшидем, аз гуфтори мардумӣ, дағал.

(5) Насабҳои одии русӣ ва украинӣ.

(6) Анҷоми вазъият. Хеле дағал. Калимаи ношоиста дидаю дониста хислати бемориҳоро таъкид мекунад.

7) Иқтибоси таҳрифшуда аз шеъри Лермонтов «Аз Гёте». Айнан: «Роҳ чанг намекунад, / баргҳо намеларзанд... / Каме сабр бикун, / ту ҳам истироҳат мекунӣ...»

(8) Талаффузи олмонии номи Ҳейне.

(9) Вожаи навсохтаи ман, яъне гурбамонанд.

(10) Қолаби сохтаи шўравӣ. Гўшхароштар аз «буржуазӣ» аст.

(11) Дар радифи филми машҳури амрикоӣ, ки дар он Швартснеггер нақш бозидааст.

(12) Ифодаи нисбатан муътадили дашноми фаҳшомез.

(13) Заҳр барои куштани хояндаҳо.

(14) Аблаҳ, бениҳоят дағал.

(15) Пас аз соли 1991.

(16) Суруд — хити машҳури дигарандешон — «зиддиятгарон»–и он солҳо. Муроҷиат ба Фиръавн — «Халки яҳудиро ба ватанашон баргардон».

(17) Номи таҳқиромези СССР.

(18) Ба ҷои вожаи «боз». Дидаю дониста хато, беодобона.

(19) Табиист, ки ҷосуси дурўғӣ.

(20) Лақабе гузоштанд, ки замони тўлонӣ истод.

(21) Музди меҳнат ба гуфтори мардум.

(22) Ибораи рехтаи фразеологии «занак шуд», яъне шарафи мардонагии худро аз даст дод.

(23) Ибораи маҷозӣ, мўҳри таблиғоти шўравӣ.

(24) Тамғаи Шўравӣ. Насли якуми инқилобчиҳо, кариб ҳамсафони Ленин.

(25) Вожаи шўравии солҳои 1960, ки терроризми оммавии ҳукуматро бо ибораи нармтари «ҳолатҳои алоҳидаи репрессия» иваз намуд.

(26) Ман намедонам, ин чӣ тарҷума мешавад. Ин вожа ба забони муосири русӣ ворид шудааст.

(27) Мақоли мардумии Сибир. Илоҷ нест: вақте туро барои лаққигии зиддишўравӣ ҳабс мекунанд, мо пинҳон шуда наметавонем.

(28) Намедонам чӣ тавр тарҷума кунам. Мушобеҳи суруди машҳури ватандўстонаи амрикоии «Ман дар ИМА таваллуд шудаам».

(29) Дугонаҳояш, ки бо ў дар як ҳуҷраи хобгоҳ зиндагӣ мекарданд.

(30) Иқтибосҳои нодуруст аз суруди машҳури Булат Окуджава.

(31) Хўрд, гуфтори дағал.

(32) Савганди дағал ва одилона. Айнан: «Агар набошам, маро фоҳиша ҳисоб кунед».

(33) Умуман, асоси ин ҳикояи кутоҳ short story — тавсири воқеӣ — реализм то ба ҳадди натурализм аст, ки гоҳо бемаънӣ шуда, боз ба воқеият бармегардад. Сухани персонажҳо зинда, бо қолабҳои табиӣ омадааст. Ҳикоя = ҳикоя аст.