Китобхонаи воқеӣ, ки дар он метавон саргум зад...

* * *

китобхонаи воқеӣ, ки дар он метавон саргум зад,
на электронӣ, умумӣ, балки гутенберговӣ, рӯҳи
дактилоскопияи* рӯҳ, беҳуда намегӯянд,
нишон деҳ хондагиҳоятро, ман мегӯям ту кистӣ;
дар китобхонаи мазкур, агар бикобӣ,
метавон дарёфт коғазпечи нодирро
бо ҳукмномаи ба қалам ва ё ранги сиёҳ навиштаи
бахшанда ва ҳатто бо имзои муаллиф, агар омад кунад;
аммо қиматтар аст худи шикори китоби ғайриинтизор:
шояд меандешӣ касе туро ҳам ба чунин тарз меёбад
бо ҷилди хобидаи ту, фарқаш нест кай,
бо қайдҳои душворхон дар саҳифаҳо,
пуф карда чангҳоро хати каҷу килебатро
аз бар ва ё болои матн мехонад ва баъд матнро ҳам —
ин ягона чизест, ки алоқаманди китобро гарм мекунад
ва ниҳонӣ аз шоир, ягона аз ҳама ҳадяву сипосгузориҳо
заҳматҳои беҳуда аз ду тараф дар тӯли ҳама солҳо
ва ниҳонӣ андеша мекунӣ аз ҳаммуалиф ва пуштибони худ:
чӣ мушкиле дорад туро, бидор, бародар маро ҳам
аз тӯдаи китобҳо, озодам кун аз танҳоиям,
аз муқоваҳои хушкида, саҳифаҳои афтон,
бидорам, бародар, чангро пуф кун ва навиштаҳоеро хон,
ки бо дастони саросема акнун бозмонда навишта шудаанд —
ана боздид кардем, ба ӯ бигӯ ва ин аз ҳама муҳим аст:
хондану кушодани бегонае, дар бегона ёбӣ худиро,
боқимонда он қадар муҳим нест: тираж, интишорот,
номаълумӣ, шуҳрат-тиҳигоҳ, ман чунин мегӯям:
бихон ва дар рӯи миз гузор ва бо сипосгузорӣ метавонӣ
фаромӯш кунӣ ва ташаккур, ки аз ёд набурдӣ.



* Усули шинохтан аз рӯи нақши ангушти дасти.