Рӯшансозии кӯтоҳи файласуф
Файласуф инсонест, ки аз файласуф будан наметарсад,
Файласуф инсонест, ки аз инсон будан намеларзад.
Файласуф инсонест, ки аз будан наметарсад,
Файласуф инсонест, ки наметарсад,
Файласуф инсонест, ки на
Файласуф инсонест, ки
Файласуф — яъне инсон аст
Файласуф — ин!
Файласуф!
(Хондани рӯшан, пайи ҳам ба овоз қувват дода. Такрори ҳамаи
сатрҳои болоӣ пай дар пайи чаппа.)
Файласуф!
Файласуф — ин!
Файласуф — яъне, инсон.
Файласуф инсон, ки
Файласуф инсонест, ки на.
Файласуф инсонест, ки намеларзад,
Файласуф инсонест, ки аз будан наметарсад.
Файласуф инсонест, ки аз файласуф будан наметарсад,
Файласуф инсонест, ки аз инсон будан намеларзад.
Файласуф инсонест, ки аз инсон будан наметарсад.
Файласуф инсонест, ки аз файласуф будан намеларзад.




