Дар ҳафт адир, ба ҷангали сабз...
* * *
Дар ҳафт адир, ба ҷангали сабз
Як шоҳ-гияҳ ба ҳафт рангаш
Рӯида ба ҳафт теппаи сабз,
Бо ҳафт насим гашта ҳамкаш.
Як барг ба ранги сурхи қирмиз,
Як барги дигар ба ранги явшон,
Не талх, чу осмон гулобӣ,
Як барг чу арғӯвон парафшон.
Як барг сафед, чун фаришта
Болои сараш суруд хондаст,
В-он барги дигар, ки сабзранг аст,
Чандон суми аспҳо бидидаст.
Пас барги шашум ба ранги заррин,
Ҳафтум шахшӯл чеҳра бикшуд.
Мурғон ба ҳавас тарона хонанд,
Дар ҷангали сабз, дар бари рӯд.
Дар зери гиёҳ одаме ҳаст,
Рӯяд алаф аз қабурғаи он.
Як пораи ӯст ин гиёҳак,
Оҳиста варо бикан ба дастон.
Дар ҳафт адир, ба ҷангали сабз,
Гир одамро ба рӯи дастон,
Аз пайкари ӯ дили варо гир,
Як барги кабуди меҳрафшон.
Як барги кабуди ҳафт эъҷоз
Мегиру варо ба сина мебар,
Фарзанд калон бикун ба сад меҳр,
Эҷод бикун суруд бо фар...
Дар ҳафт адир, ба ҷангали сабз
Як шоҳ-гияҳ ба ҳафт рангаш
Рӯида ба ҳафт теппаи сабз,
Бо ҳафт насим гашта ҳамкаш.
Як барг ба ранги сурхи қирмиз,
Як барги дигар ба ранги явшон,
Не талх, чу осмон гулобӣ,
Як барг чу арғӯвон парафшон.
Як барг сафед, чун фаришта
Болои сараш суруд хондаст,
В-он барги дигар, ки сабзранг аст,
Чандон суми аспҳо бидидаст.
Пас барги шашум ба ранги заррин,
Ҳафтум шахшӯл чеҳра бикшуд.
Мурғон ба ҳавас тарона хонанд,
Дар ҷангали сабз, дар бари рӯд.
Дар зери гиёҳ одаме ҳаст,
Рӯяд алаф аз қабурғаи он.
Як пораи ӯст ин гиёҳак,
Оҳиста варо бикан ба дастон.
Дар ҳафт адир, ба ҷангали сабз,
Гир одамро ба рӯи дастон,
Аз пайкари ӯ дили варо гир,
Як барги кабуди меҳрафшон.
Як барги кабуди ҳафт эъҷоз
Мегиру варо ба сина мебар,
Фарзанд калон бикун ба сад меҳр,
Эҷод бикун суруд бо фар...




