Ҷавонӣ ваъдаам бисёр медод...
* * *
Ҷавонӣ ваъдаам бисёр медод,
Ба биступанҷ буд умри ман он гаҳ.
Ки ин оғоз буду норасо ман
Ба дил сад орзу мерафтам аз раҳ.
Ба дил шоир шудан буд орзуям,
вале ҳоло бигӯямтон начандон.
Надорад дастмузде шеър акнун,
барои дастаи гул ҳам ба гулдон.
Муҳандис гаштам андар соҳаи кӯҳ,
гирифтам хонда ман дипломи аъло.
куҷо шуд сайри гулгашту хиёбон,
куҷо шуд килку дафтар, шеъри зебо?
Тарабхона равам, то бишнавам хуш
навои ғижжаки ғижжакнавозе,
ҳисоби пул кунам, монам ба киса,
набошад то ки бар чизам ниёзе.
Зи ман шоир бурун н-омад бад-ин сон,
бурун н-ояд кунун дигар зиёда.
Худовандо, чӣ мегӯед бар ин?
Ҳама бо гиря менӯшанд бода.
Ба оғӯш баргирифта духтаронро,
ҳама хомӯш май нӯшанду нӯшанд.
ҳама ҷунбонда сар дар боданӯшӣ
фузунтар аз ҳарифи худ бикӯшанд.
Ҷавонӣ ваъдаам бисёр медод,
Ба биступанҷ буд умри ман он гаҳ.
Ки ин оғоз буду норасо ман
Ба дил сад орзу мерафтам аз раҳ.
Ба дил шоир шудан буд орзуям,
вале ҳоло бигӯямтон начандон.
Надорад дастмузде шеър акнун,
барои дастаи гул ҳам ба гулдон.
Муҳандис гаштам андар соҳаи кӯҳ,
гирифтам хонда ман дипломи аъло.
куҷо шуд сайри гулгашту хиёбон,
куҷо шуд килку дафтар, шеъри зебо?
Тарабхона равам, то бишнавам хуш
навои ғижжаки ғижжакнавозе,
ҳисоби пул кунам, монам ба киса,
набошад то ки бар чизам ниёзе.
Зи ман шоир бурун н-омад бад-ин сон,
бурун н-ояд кунун дигар зиёда.
Худовандо, чӣ мегӯед бар ин?
Ҳама бо гиря менӯшанд бода.
Ба оғӯш баргирифта духтаронро,
ҳама хомӯш май нӯшанду нӯшанд.
ҳама ҷунбонда сар дар боданӯшӣ
фузунтар аз ҳарифи худ бикӯшанд.




