Хона аз меҳмон пур асту ба тан...

* * *

Хона аз меҳмон пур асту ба тан
Модарамро чӣ куртаи зебост.
Ва бузургон ду қисм гардиданд.
Хулқи як оливу дувум аълост.

Ҷомҷанг асту ваҷду валвалае,
Дуди сигор печ-печон аст.
Он яке Ню-Йорк хоҳад рафт,
Дигаре зери чархи гардон аст.

Тирамаҳ бо ҳавои тираи худ,
Меҳмонию ханда поён бурд.
Саратон гашт он яке з-ин ҷамъ,
Дигареро ҷунун ба зиндон бурд.

Рўшанӣ рахт баст аз хона,
Чеҳраҳо пушти ёдҳо монданд.
Рўи даҳлез сӣ баҳори ҳаёт,
Дар раҳи хайрубодҳо монданд.

То ҳанўз аст лек меҳмонӣ,
Гарчи қомат хамиду тос сар аст.
Зиндаву шодмона меоед,
Ки дар ин хона аз нишот дар аст.