Гурба

Анна Анатолевна тӯли умр ба сагҳову бузҳову гурбаҳо он қадр лақаб дода буд, ки ба инаш зӯраш нарасид: ба ранги мӯяш Бӯр гуфт. Боре, ки ҳанӯз гурбача буду нар ё мода буданшро наметавонистӣ гуфт, пушти дари кулба пайдо шуд ва баисрор дарун омадан хост. Остонаи замистон барф набуд ҳоло, ҷо-ҷо алафҳои ҳарза ҳатто дида мешуд, рӯзона ҳаво метафсид, аммо чун абре чашми офтобро мегирифт ё офтоб ба ғуруб наздик мешуд, сардӣ чун нештар ба тан мезад ва заминро дар тӯли шаб монанди шири рӯбаста мекард. Ва дар чунин як бегоҳи сарде ӯ назди Анна Анатолевна омаду даромадан хост. Ин кӯшид ронадаш, аммо вай, чун дигар гурбаҳои овора нагурехт, дар лаби айвон нишастан гирифт. Бидуни тарсу ҳарос ва бо густохии гурбавор менагирист. Монанди як тани баробар ба ӯ менигарист, ки дучори душворе шудаасту нигоҳаш мегуфт: «Ёрӣ деҳ».

Анна Анатолевна лахте андешид, баъд аз паси гарданаш доштаву боло бардошт. Гурбача поҳо ҷамъу мутеъона овезон ҳамон ба ӯ менигарист. Инак чашмҳояш мегуфтанд: «Тандурустам ман, тандуруст...» Анна Анатолевна ба заминаш монду дарро кушод. Гурбача даромад.

Аз он замон ҳамроҳ мезистанд.

Кулбаи шашдевории бо ду бухориву ду соябони гарму сард васеъ буд. Давру бараш чил ҳисса замин ҳам дошт; гармоба, ошхонаи тобистонӣ, оғил, қаиқ, ҳезумхона, боғчаи заминаш порузадаи бо гулхонаву гармхона. Дороии ҳангуфте, ки аз дер касе рӯи ниёз бар он намебурд. Анна Анатолевна низ. Айвони баланд ҳам нороҳаташ мекард, ҳар рӯз бист навбат бароиву фуроӣ аз по мемонӣ.

Хешу табор нопайдо шуданд, ҳамсолон мурданд. Анна Анатолевна аз дер чашмбароҳи марг буд, марг аммо ба суроғаш намеомад. Бе сару садо ҳаррӯзро шукр мегуфту дар боғча саргармие барои худ меёфт. Телевизорро низ бетафовут намедид; касонеро боре дашном мекард, дами дигар ба ҳарфашон розӣ мешуд, ба гирифторони мушкилу душвор ҳамдард мегашт, чун дуздону роҳзанонро медоштанд, шод мешуд.

Ба хоб рафтан аммо душвор буд. Ҳис мекард, ки хаста шудаасту хоб неруяш медиҳад, шаби торик зуд мегузараду субҳ мерасад, офтоб мебарояду ӯ боз дунболи корҳояш меравад, хобаш аммо ба зудӣ намебурд. Андешаҳои дилнохоҳу талх асираш мекарданд ва хобаш мепарид. Он гуна ки тумани ғафс ногаҳ пароканда шавад ва лойу гилу тахтаҳои мехдору гӯшаҳои тезу аз ин гунаҳоеро, ки намехоҳӣ бубиниву бояд эҳтиёт кунӣ, ошкор созад...

Чизҳои бади зиёде пушти сар шуда буд. Дар кӯдакӣ, ки чандон ширин ҳам набуд, дар кори хона ба бузургсолон бояд ёрӣ медодӣ, хоҳару бародари кӯчакро нигоҳ мекардӣ, ба илова, дарсҳоро низ бояд анҷом медодӣ. Баъд омӯзишгоҳи ноҳия буд, ки Анна Анатолевна зуд онро гузошт, зеро касби рангмолу гаҷкорро дӯст намедошт. Бозпас омад ва говдӯш шуд.

Ҳамон вақт ширдӯшии мошинӣ расм шуда буду говдӯшҳо, чун пизишкҳо, хилъати сапед мепӯшиданд, говхонаҳо тозаву говбонҳо ба санитарҳо мемонданд. Наздик ба чил сол ӯ хуб кор кард. Ва, ба бахташ, то пошхӯриву харобкорӣ бознишаста шуд. Кайҳост инак, ки ферма нест, аз говхонаҳо чордеворҳои дарозу бенуру бебом мондаанд...

Хонавода буд. Ду духтару як писар дошт. Онҳо имрӯз ҳам ҳастанд, аммо тақрибан пиру мӯсапеданд. Пайдост замоне, ки ҳар тобистон, нахуст худҳошон, баъд бо арӯсҳову домодҳо ва ниҳоят бо набераҳо меомаднад, бебозгашт рафтааст. Гаҳгоҳ ба муддати андак кадоме хабараш мегирад, аммо пайдост, ки бидуни майл. Гӯёин корро вазифа медонист. Набераҳо калон шудаанд, деҳаро хуш надоранд; лойу гил, кӯрпашаҳо мегазанд, бадрафт дар берун... Назди худашон мехонанд. Маълум, ки зоҳиран. Анна Анатолевна аз ҳавлиаш рафтан намехост. Аслан фикри ҷиддии ба муддате ё барои ҳамеша онро гузоштану ҷое рафтан боре ба сараш нёмадааст. Ду бор дар маркази вилоят, дар хонаи писари хурдӣ буд ва он рӯзҳо ба назараш дарозу берангубӯ буданду саргармӣ бо набера ҳатто дилашро гарм намекард. Зиндагӣ дар баландошёнаро ӯ тасаввур намекард, дилаш ба кампиракҳое, ки рӯз то бегоҳ дар нимкатҳои пеши даромадгоҳ менишастанд ё боғчаҳакои зери девори биноҳои ҳафттабақаашонро «мелесиданд», месӯхт. «Шуморо дар ин хонаҳакову боғчаҳако ҳар кадомро ҳадди ақал панҷ мурғӣ мебояд, зери лаб пеши худ маслиҳат медод Анна Анатолевна. Варна аз бекорӣ афтодаву девона мешавед. Вожаи «бекорӣ»-ро на бо маҳкум кардан, балки фикран бо ҳамдардӣ мегуфт.

Ва худ ҳаррӯз даст ба коре буд. Бештар корҳои беҳуда ва бефоида. Аммо медонист, ки агар наҷунбад, афсурда мешавад, аз по мемонад. Панҷ-ҳафт сар мурғ дошт. Агар аз мағоза ё кадом ҳамсоя тухм мехарид, арзонтар аз нархи дон буд, аммо мурғончаи бемурғро тасаввур кардан наметавонист. Ва ҳар баҳор ба суоли марде аз мурғдории ноҳияи ҳамсоя, ки мегуфт:

— Мурғ мехоҳӣ?

Посух медод:

— Мехоҳам, мехоҳам.

Мурғҳо ҳамеша лусу саркашу тақрибан бепарубол буданд, кадоме тухм агар мекард ҳам, бемазаву зардааш камранг буд. Мурғҳо аммо бо расидани дону алафи тозаву кирми лойу лағжак, ки Анна Анатолевна соатҳо дар боғча мекофту меёфту ба онҳо медод, нарм-нарм ҷон мегирифтанд ва рӯздармиёну ҳаррӯз тухм мекарданд. Оғози ноябр, ки сармо дар мезад, ҳамсояе бо хоҳиши ӯ мурғҳоро мекушт, ин пар меканду мешусту дар махзане қайла мекард ва ба оромиву роҳат то баҳори нав мехӯрд.

Неруяш аммо ҳамора камтару камтар мешуд. Ночор корманди иҷтимоиро, боз ҳам ҳамсояи чилсолааш Надяро даъват карданд, ки дар ҳафта ду рӯз обу нон меовард, алафҳои ҳарзаи қаддодаро меканд, вақте ноҳия мерафт, дору мехарид, пули барқро мепардохту ба телефон ҳам пул мерехт.

Рост аст, ки Анна Анатолевна Надяро зиёд ғам намедод, музди бештари корҳояшро медод. Рӯйхати ин «хидматҳои изофӣ» дар ҷевон буд. Ба масал, яхзудудану шустани яхдон сесаду чордаҳ рубл, сафед кардани як метри мураббаъ сиву се рубл, сӣ дақиқаи барфрӯбӣ шасту ҳафт рубл, обёрии як ҳисса аз боғча як саду сиву чор рубл, шустушӯи як кило сарулибос дар мошин шасту ҳафт рубл...

Анна Анатолевна пул дошт; нафақа мегиифт, бачаҳо мефиристоданд; арчанд намепурсид, аммо зиндагӣ кардан ба унвони хонуме, ки дигарон барояш мепазанду мешӯянд, шармовар буд. Ё ноҷӯр. Ё ҳатто хиҷолатовар ё чизи дигаре. Чӣ гуна метавонад бошад, ки як бегона либоси зери туро шӯяд.

Алҳол ӯҳда мекард. Мешуд, ки ҳамаи рӯз сари по буд, хаста намешуд, мадораш намерафт, ғам намехӯрд. Аммо шомгоҳон... Соатҳое, ки телевизору чароғ хомӯш асту хоб бояд рафт, аммо намешавад. Ва кирмҳои хотироти дилнохоҳ ба мағз мезананду мехазанд.

Бо шавҳараш Виктор зиндагии хубе надошт. Ҷанҷолу доду фарёдашон то ба ними русто намерафт; ҳама чиз бесару садову сард ва бидуни таваҷҷуҳи кӯдакон иттифоқ меафтод. Ва ин шояд бадтар аз расвоӣ буд. Фарёд агар мезад, шояд ба гӯшаш мерасиду натиҷа медод, акнун чӣ... Пас аз панҷ соли хонадорӣ, ки соҳиби писару духтар шуда буд, Анна Анатолевна аз хиёнати шавҳараш пай бурд. Дурусташ, одамони некхоҳе бо ишораву ришханд мефаҳмониданд, тавре ки Анна Анатолевна муддате бовар накард. Саранҷом аммо тасмим гирифт ва як рӯзи таътил аз паси шӯ поид. Шӯ гуфт, ки як ошнояш-номашро инак наметавонад ба ёд орад, ёрӣ хостааст, дар асл назди ун зан рафт.

Номи зан Олга буд ва дар канори русто мезист. Мегуфтӣ Виктор махсус дур аз хонааш, аз он дурдаст интихоб карда буд. Олга таҳҷоӣ набуд; ӯро шавҳараш ин ҷо оварду худ ба зудӣ дар кӯл ғарқ шуд. Ангшотанд ӯ назди хешонаш меравад, аммо нарафт. Шояд Виктор навозиш карду ваъдаи навозишаш дод ва ӯ ҷое нарафт. Дар ошхонаи совхоз ошпаз буд.

Анна Анатолевна пушти сутуни телеграф пинҳон шудаву аз дарича даромадани шӯро дид он рӯз. Ва ба умед интизор шуд, ки ана-мана шӯ бопас мебарояд. Аммо ӯ на пас аз ним соату на пас аз як соат набаромад. Ва зан ба хона баргашт...

Виктор говгум омад ва тавре ишқварзӣ кард бо Анна Анатолевна, ки зан шак овард: оё назди маъшуқааш рафта буд ӯ? Ва чанд рӯз натвонист аз ин боб гап кушояд. Аммо аз шӯ ҷудо шудан ҳамон «Виктор ҳолӣ назди ӯст, Виктор ҳолӣ назди ӯст» ба сараш мекӯбид. Вай тракторист буд, бештар дар худи русто корҳои мухталифро мекард, Анна Анатолевна аммо ҳамеша дар даҳкилометрии русто, дар ферма буд. Ва боре тасмимашро гирифт ва шӯ ором гуфт, ки бале, бо Олга вомехӯрад. Ӯ писандаш аст. Анна ҳам инчунин. Ва фикри ҷудо шудан надорад. Бори зиндагиро мекашад, бачаҳоро дӯст медорад... Ва тавре ки мардони қавӣ метавонанд муътақид кунанд, инро бовар кунонид, ки ҳаминаш дуруст аст. Ва ун замон чунин секунҷаҳо дар русто кам набуданд.

Мардҳову ҷавонҳо ба садама дучор мешуданд, дар занозанӣ мемурданд, ғарқ мешуданд, аз водка ҷон мебохтанд. Виктор ҳеч наменӯшид, заҳматкаш ва пилтаву чароғи маҳфилҳо буд. Муҳимтар аз ин, кӯдаконро дӯст медошт. Ва Анна Анатолевна тасмим гирифт: бигзор бошад. Бо ин ҳол...

Аз он бабаъд аммо муҳаббаташ ба шӯ сард гашт. Машрӯъияти муҳршудае дар шиносномааш монду зодномаи фарзандони муштараку зиндагии муштарак. Дар ҷогаҳ сард буд инак, он кореро намекард, ки ҳар зани дӯстдору дилхоҳ дар чунин мавридҳо бидуни шарм мекунад. Ин гуна бист сол зистанд. Панҷ соли бо муҳаббату бист соли зиндагии муштарак...

Виктор тақрибан бемор нашуд, зуд мурд. Дар як моҳ лоғар шуд; нисбат ба ҳама чиз бетафовуту бепарво буд. Бештар хамидаву қатшуда менишаст. Мегуфтӣ кадом рухдоди ваҳшатбори дарандарунашро интизор аст. Анна Анатолевна муроҷиат ба пизишкро маслиҳат дод, ӯ даст афшонид: мегузарад. Нагузашт. Дар хоб мурд. Наъшро ба шаҳр бурданд; колбадкушоӣ бояд мекарданд. Ҳар гоҳ, ки чӣ гуна дар сукути кулба интизори мошин нишастанашонро ба ёд меорад, дилаш меҷаҳаду ба гулӯяш меояд. Аслан пир набуд, аз нигоҳи синн дар авҷи камол. Чилу ҳафтсола. Арақ, ки намехӯрд, кам сигор мекашид...

Саратони меъда будааст. Пизишкон шигифтзада аз Анна Анатолевна мепурсиданд:

— Ҳеч шикоят намекард?

Ӯ мегуфт:

— На.

Ва хомӯш хашм ба шӯ мегирифт, ки чаро чунин кард. Шояд наҷоташ медоданд. Инак ӯ бо се фарзанд монд. Калонӣ нав аз аскарӣ баргашт, арчанд омӯзишгоҳ хондааст, қомат рост кардан вақт мехоҳад. Духтараш ба донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуд, хурдӣ дар синфи ҳашт мехонад. Хашми бештараш аз он буд, ки аз Олга ҷудо нашуд, то вопасин лаҳза як бору ду бор дар ҳафта наздаш мерафт.

Олага ба ҷаноза омад. Дуртар аз гӯр истод ва чун ҳама як каф хок рӯи тобут меандохтанд, осема пеш омад ва чунин кард. Анна Анатолевна таҳаммул кард. Бист сол, ки таҳаммул кард, дигар чӣ... Агарчи ҷо дорад ин зан чизе ба ӯ хӯронида бошад, саратони меъда, ки ба тасодуф иттифоқ намеафтад. Ё шояд солҳо гиёҳону махлутҳое ба ғизояш мерехт, ки батамом хушк шавад.

Шояд ба хотири хиёнати шавҳар буд, ки марги ӯро бе ғаму андӯҳи зиёд пушти сар кард. Мисли баъзеҳо мую рӯ наканд. Мавридҳое буданд, ки занҳо худро дар гӯри шӯ мезаданд ё пас аз ҷаноза пажмуридаву воқеан аз дунболаш мерафтанд. Ин гунаҳо аммо ё ҷавон буданд ё пирҳои хастадил. Анна Анатолевна он вақт нав чилу панҷро пур карда буд; ӯ мисли гузаштаҳо дигар ба марде чун нарина ниёз надошт, ба марде чун дастёр низ. Соле пас аз марги Виктор говро фурӯхтанд, аз се сар хук яктояшро гузоштанд. Мешавад гуфт, ба ҳолу ҳавои тоза хӯ карданд, дарду алам низ хомӯш гашт.

Калонӣ бо духтари хубе издивоҷ кард, то ин ҳама тағйироти хусусисозӣ тавонистанд соҳиби хонаи дуҳуҷраӣ низ шаванд. Духтараш низ шавҳар кард, ки одами баде набуд, Анна Анатолевнаро ҳурмат мекард, ҳангоми ин ҷо буданаш ёрӣ медод. Писари хурдӣ ҳам сархамаш накард. Ҳама хабарашро мегирифтанд ва сӣ сол бе ғами танҳоиву ғуссаву ин андешаҳои тоқатфарсо, ки намегузоранд бихобӣ, гузашт.

Чорво ҳам дошт-буз, хук, мурғ, гоҳе то панҷ мурғобӣ, чанд харгӯш, саг ва албатта гурба. Бо фаро расидани сардӣ кадоме аз писарҳо ё мардони ҳамсоя ҳайвонҳои гӯштиро мекуштанд, баҳор Анна Анатолевна ҷояшонро пур мекард ва ба ҳимоят аз ин кораш мегуфт, ки чорво агар набошад, ночорӣ нони хушку сабзиву карами ҳосилаш фаровону картошкаи резаву аз ин гуна чизҳоро партоӣ... Сагҳову гурбаҳоро, ки рӯзашон буд мешуд, худ мемурданд. Сагчаҳову гурбачаҳои дигар пайдо мешуданд.

Баъд зӯраш ба бузу хуку харгӯш нарасид, сипас ба мурғобиҳо ва сарнҷом ба мурғҳо низ. Перорсол Тёмкаи занҷирбандро гӯр кардаву тасмим гирифт дигар сагбача намегирад. Порсол Рискоро интизор нашуд ва бе гурба монд. «Ман мемурам, мегуфт ба худ, инҳо гушна мемонанд. Надя, ки ҳаррӯз нест».

Инак ин Бӯр пайдо шуд. Ва шояд ун замистон ӯро наҷот дод. Балки нигаҳбонӣ аз ӯ ба Анна Анатолевна ёрӣ дод он замистон зинда бимонад.

Ҳеч гоҳ ӯ ба ҳайвонҳо ғамхор ҳам набуд, махсусан гурбаҳо ӯро ҷалб намекарданд ва чашмдори таваҷҷуҳаш низ набуданд. Ғамхориаш бо додани мағзи ноне ё гоҳе рехтани шир ба косаашон тамом мешуд. Гурбаҳо худ ғами шикамашонро бояд бихӯранд; мана ҳавокаши фаршу зераш мушҳо сайру гашт доранд; муш нест, аз ҳавокаши дигар дар теппа хориҷ шаву ба анбору говхонаи матруку соябон гузар ва ҳатто гунҷишкҳоро дунбол гир. Анна Анатолевна ба Бӯр аммо чун ба кӯдак нигоҳ мекард. Он чи худ мехӯрд, ба ӯ низ медод; гӯшти мурғи ҷудо аз пӯст, панир, ҳасиб ва шӯрбо ҳам буд. Дар канори дигар ғизоҳое, ки Катя аз мағоза мехарид, ғизои гурба илова шуда буд. Мададгори иҷтимоӣ нухст шигифтзада шуд, аммо сипас бо итоат ва ҳатто хушҳолона сар такон дод:

— Бошад, бошад. Дидамаш. Ба шумо хушкаш ё дар инҳо, дар покетҳо?

— Аз ҳар ду бигир. Бубинем кадомро хуш мекунад.

Гурба миннатдор буд. Дар кулба ганд намезад, зери фарш медаромад ё рӯи ҳавлӣ мебаромад. Музоҳим намешуд, аммо чун Анна Анатолевна дар роҳаткурсӣ менишасту телевизор медид, пеши пояш менишаст ва нарм худро ба ӯ мемолид. Ва ӯ дар ниҳоят иҷоза медод:

— Бошад, баро.

Ӯ нарм боло меҷаст ва рӯи шиками зан ғунча мешуд. Ва роҳат, чун бухории кӯчак, замзама мекард.

Боре, ки тибқи одат хобаш намебурд, оҳиста рӯи кат баромаду канори пойҳояш дароз кашид. Анна Анатолевна хост ронадаш-ҳеч гоҳ гурбае дар кат нахуфта буд, аммо нарондаш. Замзамаи Бӯрро гӯш кард, гӯш карду хобаш
бурд.

Аз он бапас ҳар бор назди ӯ меомад ва агар мабод ҷои дигаре мехуфт, зан садояш мезад:

— Хуб, биё, таронаҳоятро бароям бихон.

Ва Бӯр бо камоли майл меомад ва ба тадриҷ ба синаву сараш наздик мешуд. Хур-хур замзама мекард ва ба назри Анна Анатолевна меомад, ки гурбаро ба ӯ раҳм меояду табобаташ мекунад...

Ин гуна замистон сар омад. Гурбача гурба шуд. Гурбаи ҷавон, аммо қавӣ, ки ҳам шикаму ҳам мушакҳои сахт дорад. Пӯсташ медурахшид, гӯё бо чизи тобноке пӯшида шуда буд.

— Хуб, бале бо гӯшти мурғу бо саршир, ишора мекард Анна Анатолевна гӯё норозиёна, аммо дар асл бо хушҳолӣ. Дар посух Бӯр танбалона чашм нимкоф мекард.

Вақте ки саҳн хушк шуд, деворҳову сатилҳоро бӯидаву ба фазову ҳавои перомуни кулба ошно гаштаву ҳамроҳи зан дар ҳавлӣ гаштан гирифт. Дар офтобрӯ пинак мерафт. Кор ҳамроҳи ӯ бештару хубтар буд, ангор кӯшиши танҳо барои худат набуд.

— Бубин, шояд набераҳо биёянд, бо ту бозӣ кунанд,-мегуфт Анна Анатолевна. — Онҳо меҳрубонанд, хубанд.

Меистод ва мекӯшид дар мағз чанд сол доштани ҳар кадом набераро ҳисоб кунад.

Калонӣ инак бисту сесола шуд, дигарҳо низ яе понздаҳсола, дигаре дувоздаҳсола... Калон шуданд. Замони аберадор шудан ҳам омад. Мехоҳам ба он рӯз расам, танҳо барои худ не, барои он ки Бӯрро навозиш кунанд, ҳамроҳаш бозӣ кунанд...

Гурба дунболи ошноӣ бо ҳавлӣ майли кӯча кард. Анна Анатолевна дар оғоз садди роҳ шуд, набаро гуфт, бо сагҳову бачаҳо тарсонид. Бенатиҷа. Дар кулба, ки намешавад бандаш кард. Деҳотӣ аст, дар ҳуҷраи ошёнаи бисту яки шаҳр, ки нест.

Гардишгариҳои Бӯр дар оғоз кӯтоҳ буд, сипас як соту ду гум шуд, ба чошт ҳатто наомад. Инак шаб нопайдо гашт. Анна Анатолевна то дили шаб дар айвон чашмбароҳ шуд, ҷеғ зад, ба ҷакидани сагони кӯчаҳои ҳамшафату фарёди бардавоми грбаҳои ҷангара гӯш дод ва ба назараш омад, ки онҳо Бӯри ӯро пора мекунанд.

Дами субҳ аз роҳи ҳавокаш баргашт. Ғизои мисакро тӯлонӣ хӯрд, дасту рӯ шуст, баъд дар лаби кат дароз кашид ва ҳамаи рӯз хобид. Бегоҳ низ бо серӣ хӯрд ва зери фарш даромад. Анна Анатолевна гиряолуд пурсид:

— Куҷо меравӣ? Бубин, пашмат мисли намад шудаст, фӯкат харошидагӣ. Худо накарда чашмата мекананд. Набаро аз хона.

Бӯр пӯзишхоҳона ба ӯ нигарист, пиндорӣ мегуфт:

— Наметонам, бояд биравам.

— Фикр мекардам, бачаи хубӣ, аммо мебинам, ки авбош шудаӣ. Ҳай, ҳай, ҳай.

Ва гуфтугӯ бо коргари иҷтимоӣ Надя дигар ҳама аз гурба буд. Надя бо нимтабассум ё шояд маҳзунона шикоятро мешуниду эҳсос мекард, ки ӯро низ ба ҳангоми пирӣ шикоят аз гурбаи дӯстдошта пеш хоҳад омад, чаро ки аз дер бешавҳар буду бачаҳо дар шаҳр мехонданд ва пайдост, ки дар пирӣ танҳо мемонад...

Остонаи хазон Бӯр то ду-се рӯз ва ҳатто як ҳафта нопайдо мешуд. Анна Анатолевна нигарон буд, интизор мешуд ва хашм мегирифт. Гурбаро дар ғайб зиёд носазо мегуфт, чун меомад, шод мешуд, навозиш мекард, мехост рӯи даст гирад (дуруст, ки зӯраш намерасид), дар косааш ғизоҳои бомаза мерехт.

Ва гурбае, ки баҳору тобистон гуруснаву хаставу жӯлида бармегашт, инак аксар сер меомад, мӯяш, мисле ки шона карда бошанд, ҳамвор буд. Анна Анатолевна мепурсид:

— Шикора ёд гирифтӣ? Ҳамаро мағлуб кардӣ? Инак шоҳона мегардӣ?

Бӯр мамнун чашм сапед мекарду баланд хур-хур мезад.

Зан нарм-нарм ба чанд рӯз нопайдо шудану бозгаштану тақрибан ҳафтае бо ӯ мондани гурба хӯ кард ва албатта бо гаштугузор дар давру бар. Чӣ метавон кард, гурба саг нест, озодиро дӯст медорад. Сардӣ, ки расид, ҳатман бас мекунад... Ва шомгоҳоне ба ёдаш мемомад, ки Бӯр ҳамеша бо ӯ буд, ғамашро мехӯрд, диқиашро мебурд. Бе ӯ, чун дар гузашта, то дер хобаш намебурд.

Тобистон ба муддати андак писари хурдӣ омад. Баъзе корҳоро кард, дар боғча ёрӣ дод. Гурба хушаш омад. Гуфт:

— Хуб буд, як сагча ҳам мебуд.

Анна Анатолевна даст афшонд:

— Эҳ, сагча... Гоҳе то чошта аз ҷо хестан наметонам, кӣ ғизош медиҳад.

— Ту бояд назди мо равӣ. Танҳоӣ бад аст.

— Беҳтар аст шумо ин ҷо оед.

— Ман-ку бо ҷону дил. То нафақа сабр мекунам, баъд аз он ҷо меканам.

— Ман то нафақаи ту намебарам.

— Мебинем, модар, ҳадс назан...

Замистони дигар омад. Вопасин ё шояд навбатӣ. Мардҳои мардикор чӯбҳои тӯс оварданд, арриданд, шикастанд, ҳезум карданд, Анна Анатолевнаву Надя ҳезумро ба ҳезумхона дароварданд. Як ҳезумхонаро, барои осон шудани кор, канори девори айвон сохта буданд, дигарашро дар назди ҳаммом.

Бӯр рӯи кундаи калони лӯнда, ки ҳеч наметавонистандаш шикананд, нишаста корро наззораву хайрхоҳона чашм нимкоф мекард. Надя рӯ ба гурба гуфт:

— Ана, акнун бо соҳибат гарму роҳат зиндагӣ мекунед. Ҷое рафтану поҳоро хунукзанонидан шарт нест.

Аммо ӯ рафтанро бас накард. Сардӣ низ садди роҳаш нагашт. Чун ҳамеша як ҳафта гум мешуд ва як ҳафта дар хона буд. Анна Анатолевнаро хаста карда буд. Зан ӯро шармдор мегуфт, раҳм мекард, ҳаррӯз ғизои бомазатар аз рӯзи дигараш медод. Аммо ҳама барабас...

Ба хотири он, ки пушти девор мағор задаву ваҳшӣ нашавад, зан гаҳгоҳе ба мағоза мерафт. Ва тӯлонӣ омода ба ин кор мешуд, гарм мепӯшид, вале мекӯшид либос вазнин набошад. Пӯстини хубе дошт, аммо ба танаш вазн меовард, китфҳояш кашол мешуданд, пушташ хам мехӯрд, пойҳояш шалпар мегаштанд. Аммо нимтанае, ки панҷ соли пеш духтараш туҳфа карда буд, роҳати ҷонаш шуд. Анна Анатолевна дар оғоз рад кард; намепӯшам, рангаш гулоб, барои ҷавонҳост. Инак шодӣ мекард...

Ва боре, як рӯзи баҳманмоҳ, ки офтоб равшану шод метобид ва хона дилро танг мекарду кор дар боғча бемаънву дилгир менамоид, тасмим гирифт, ки меравад. Ҳолаш бад набуд. Кифи парчаии дастадарозро ба китф овехт, дари кулабаро қуфл зад, даричаро баст. Калидро, ки ба хотири зуд пайдо кардан дар ҳалқааш маҳри вазнине овехта шуда буд, дар ҷайбаш зад. Ва ба роҳ афтод.

Русто як кӯча дошт, ки роҳ низ шумурда мешуду то ба рустои ҳамсоя мебурд. Аз ин кӯча тангкӯчаву паскӯчаҳо ҷудо мешуданд. Бештари хонаҳо дур аз садову чанги мошинҳо дар ҳамин тангкӯчаҳову бунбастҳо истода буданд.

Анна Анатолевна дар дурдасти хиёбони дарозе, ки ба чаманзор мехӯрд, дар яке аз чунин хонаҳо мезист. Замоне дар ин чаманзор бузҳову говҳо бо гӯсолаҳошон чаро доштнад. Дур аз сару садову роҳат буд. Аммо инак...

Бардаму боқувват то мағоза дар даҳ дақиқа меомад, аммо ба ин ҳол... Не, нолидан хуб нест. Бардам мерафт, сабук нафас мезад. Ҳаво яхзада буду офтоб медурахшад. Барф ғажжас мезад, аммо чун дар чилла хушку халанда не, дигаргуна, мисле ки яхпораҳо орд мешуданд. Гунҷишкҳо дар шохаҳо ҷанҷол доранд, аккаҳои сари деворҳо одамро, ки диданд, хиш-хиш кардан мегиранд. Пиндорӣ нигарон не, хурсанданд. Ҳангоми аз наздашон гузаштан ҳатто намепаранд. Шояд ҳадяе мехоҳанд. Анна Анатолевна ғур-ғур мекунад:

— Медиҳам, медиҳам. Бозгашт медиҳам. Мағоза рафтан дорам...ягон чиз мехарам.

Мағозаи аз чӯбҳои ғафсу дороз бунёдшуда, ки ӯ аз кӯдакӣ медонист, кайҳост, ки нест. Миёнаи солҳои навад бастандаш, сипас бо дарки он, ки гумон аст дигар боз шавад, маҳаллиҳо андоваро кандан гирифтанд, тирезаҳоро бурданд, шиферҳоро кашиданд, боқӣ панҷ сол пеш сӯхт. Ба қавле, барои пай кӯр кардан, дониста оташ заданд, ба қавле, аз аблаҳӣ. Ва тӯдаи ангишт нарм-намр алафзор шуд.

Ин мағоза дар гузашта маркази русто буд. Ин ҷо суҳбатҳои тӯлонӣ мешуд; дар русто низ мешавад ҳафтаҳо якдигарро надид, ҳар кас мушкили худро дораду дунболаш аст. Овозаҳову навиҳоро низ ин ҷо мешуниданд, аз сармо паноҳ мебурданд, интизори молҳои камёфт ё ҳатто нон мешуданд, низ сатилу либосу собуну дигар молҳои мавриди ниёзро савдо мекарданд. Инак аммо русто се мағоза дорад. Ҳама хусусӣ. Ва ҳама тангу торику камранг. Мардум барои як хурда чиз ба шаҳр меравад инак, он ҷо ҳам интихоб зиёд, ҳам арзон.

Ва Анна Анатолевна на ба хотири харид, бал барои дидани русто мерафт, ки шояд ошноеро вохӯраду ду даҳан гӯяд. Ва дид ҳам. Онеро, ки солҳо надида буду ба ёд оварданаш ҳам намехост. Вақте ки ба ёд меовард, аз кинаву дард гиристан мехост. Олгаро дид. Ҳамон Олгаро.

Ӯ низ асо дар дасту киф дар китф оҳиста меомад. Ба сӯи ҳамон мағоза меомад. Аз дунболаш Бӯр. Бӯри Анна Анатолевна. Думаш чухт, сураташ мисли ғумбакӯдаке, ки қанд ваъдааш карда бошанд, шод по дар ҷои пойи ӯ ниҳода меомад.

Шояд ӯ нест? Ва Анна Анатолевна ҷеғ зад:

— Бӯр! Пиш-пиш!

Гурба шод шуд, сӯӣ ӯ шитобид ва бозистод. Баъд пушти Олга гузашт. Олга ба лаҳне, ки мегуфтӣ ғӯлинг дар лунҷ дошт, ғуррид.

— Кадом Бӯр...!? Витусяи ман аст ӯ.

— Чӣ? — Ви...

Лақаб Анна Анатолевнаро ба ҳайрат овард:

— Тн чӣ ҳақ дорӣ?..

Ба гурба нигарист; бале, Бӯри ӯ буд ва нигоҳаш дигар парешону гӯшҳо сих, мӯйлабу думаш аммо афтода.

— Бӯр, Бӯр, назди ман биё...

Олга нешханд зад:

— Гурбаи ман аст ин.

Анна Анатолевнаро хашм фаро гирифт:

— Ту... Ту мор ҳамаи умр шавҳарама аз ман мебурдӣ, акнун ина мебарӣ? Ҳаром!

— Фу!

Олга ӯро чунони як саг маҳор мекард:

— Комилан девонаӣ. Гурбаи ман аст. Ду сол мешавад, наздам аст.

— Ду сол боз назди ман аст. Ва мегардад... Куҷо мегардад? Акнун маълум шуд, куҷо. Ту магар ҷодугарӣ?

— Ту худ ҷодугари сарзадаӣ. Витуся, рафтем, азизам...

— Бӯр, ин ҷо биё. Биё, ширинам.

— Витуся...

Олга вазнин хам шудаву хост гурбаро ба даст гирад. Гурба канор ҷаст. Сардаргум гаҳ ба ину гаҳ ба он нигарист ва худро ба барфтӯда зад. Берун омад ва сари девор ҷаст. Давру барро нигарист, суроғи дунболаш будан ё набудани сагро гирифт ва даруни ҳотаи кадоме ҷаст.

Кампирҳо танҳо монданд.