Лолоӣ
Хоб кун, кўдакам, ки дар дунё,
Ҳама хуб асту офият барҷост.
Шабаҳи Шекспир сохта гоҳ,
Душмани амну роҳати дили мост.
Бош ором, эй писар, ором,
Ки ҷаҳон дар канори ишқи Ҳақ аст.
Ихтилофи тасодуфиро Джойс*,
Бо ҳамин фикри хоми худ сабақ аст.
Ғам нахур, сабза сабз мегардад,
Офтоб аст то кунун тобон.
Он чиро, ки навишта буд Кафка,
Кош бахшад ба ҷони ў Раҳмон.
* Джейм Огастин Алойшес Джойс дар назар аст, ки аз шоирон, рўзноманигорон ва нависандагони номии Ирландия ба ҳисоб меравад. Ў соли 1882 таваллуд шуда, соли 1941 фавтидааст. Аз ў осори гаронбаҳое ба мерос монда, ки ба насри баъд аз ў таъсири бузург расонидааст.