Маъбади Силсилатоқ


Дар қалъаи Судак, агар аз дарвозаи калон
ба чап бигардиву бишавӣ боло равон
то кунҷи девор, дар чашми даҳанвоз,
даҳанвози муқаррарии бе сифате хос,
бо ягона устун — ягона дандони даҳони он иморат —
устуни гунбази воҳиду нимдоираи пурҳашамат,

андар ин хонаи ҳашткунҷаи Худо,
дар навбати тўлонӣ, пайиҳам, бо ғавғо
дуоҳои амнхоҳӣ дар даҳанҳои во
пайиҳам ба соҳил даршитобанд:
чун амвоҷи мукаррари обанд...
аз саҳроҳои урён расида

пайравони Муҳаммад, ки бихонанд мад кашида
«Ло илоҳа илалоҳ»;
мусофирони санъатвари омада
бо роҳи гирдобҳои ларзон
такрор мекунанд мурдазабон
фиқраҳо аз «Патэр ностэр»-и ҷиддии бостон;

бо «Шма Исраэло» мерасанд сарафшон
муҳоҷирони сарзамини дурзамон
бо эътиқод ба дастнависи куҳан,
ки ҳарфҳояш аз такрор азёд шудаву фарсуда тан;
ғосибони баҳру бар пурматлаб,
«Отче наш» ба лаб,

Меоянд ин ҷо бо бовар ба чангаку парчамҳо.
Низ навиштаҷоти Мартини сангдилро ворисон
меоянд «Фатэр унзэр» вирди забон,
Аллоҳро ягонаву бебадал донандагон —
сокинони ғамкадаҳои айшҳои бекарон
ба атрофи лангаргоҳи киштии Нўҳ мерасанд,

то ки бо ҷўшу хурўши садчанд
«Хайр мэр» бихонанду андўҳ,
андўҳи ба дарки нокомил дастнорас бипарваранд, —
ин ҳама дар ин ҷо буд як замон
ва акнун — дар осорхонаи аз ҳашти субҳ
то ҳашти шом кушода-ст —

он ҳама ангораҳо, меҳробҳо
ва деворнигораҳои гуногунзабон,
ки тамошояшон озод аст
ва мешунавад ин ҷо яксон
зориву илтиҷоҳои инсонияти аз ҳам ҷудову парешонро Яздон.