Соли тааҷҷуб ва андӯҳ
(порча аз қисса)
<...>
Ба назар чунин менамуд, ки ман навакак хоб рафтаам, вале модарам аллакай китфамро меҷунбонаду тўфони воқеаҳоро дар сарам чарх мезанонад.
— Бархез! Ба назди ту омаданд! Ба моҳигирӣ меравед!
Ман боре дар умрам ин қадар барвақт аз хоб бедор намешудам, аммо ҳоло пурра бедор нашуда, аз ҷоям ҷастаму шитобон шимамро пўшидан гирифтам.
Ин пагоҳӣ Байкал намуди тамоман дигар дошт ва бовар кардан ҳам намешавад, ки дирўз аз соҳил то канори беинтиҳо паҳнои дурахшони бе ягон доғе меистод ва оё ин имконпазир аст, вақте ин баҳр аст ва шамоли хурдтарин мавҷҳои обро ба вуҷуд меорад ва ҳангоми ба охир расидани насим мавҷи дароз дар самти худ бо тири кабудфоми тира идома меёбад. Имрӯз ана ҳамин хел ҳолат буд. Тамоми Байкал кап-кабуд, вале мавҷҳои аз ин ҳам кабудтар дар чинҳои кабуди кабуд аз ҷануб ба шимол ҳаракат мекарданд. Чунин буд дар ибтидо, вақте мо ба соҳил баромадем.
— Қултуқ* мешавад! Хуб аст! — гуфт Юрка ва бародараш — киномеханик бо ризоият cap ҷунбонд.
Мо дар канори роҳи оҳан кадам мезадем ва ҳангоми сайру гашт Юрка ба ман дар бораи Байкал бисёр чизҳои аҷибро ҳикоят мекарду мегуфт, ки онро ҳар кас бояд донад, ҳатто агар дар Москва зиндагӣ кунад ҳам, чунки ягон муъҷиза монанди Байкал дар ҳеҷ куҷо нест ва нахоҳад шуд.
— Қултук мешавад! — такрор кард Юрка. Ва ман аллакай медонистам, ки ин барои моҳидорӣ хуб аст, яъне мавҷҳо аз ҷануб ба зудӣ меоянд ва аз зер моҳиро ба соҳил мебароранд, ба назди мо озодамоҳиро меоранд, моҳии хеле калон, ки дар каъри баҳр зиндагй мекунад, чунки мавҷи калон ба соҳил бархўрда, тухми моҳичаҳоро аз зери сангҳо зада мебарорад, ҳамон моҳичаҳое, ки дирўз Света бо дастонаш дошта буд. Моҳича-модар ба зери санги назди соҳил даромада, дар қаъри он озода хобида, шиками худро боло мекунад ва дар болои санг тухм мегузорад, ки дигар моҳиёни калон ба наздикии соҳил баромада натавониста, онро нахӯранд. Моҳидорон ин тухмаҳои моҳӣ — икраро ҷамъоварӣ намуда, намак зада, пахш карда ба ҳам мечаспонанд ва барои сайди озодамоҳӣ чун дом истифода мебаранд. Вай барои хўрдан мувофиқ нест, бемазаву талх аст.
Мо ҳама роҳ мерафтему роҳ мерафтем ва ман фаҳмида наметавонистам, ки чаро ин қадар дур меравем, дар ҳоле ки ҳама гирду атроф об асту ҳама соҳил яксон санглох.
Соҳили дигар дида намешуд, танҳо абр, аниқтараш, тўдаи абрҳои ғафс қариб дар болои об мехобиданд, ё ба назар чунин менамуд. Ва дар наздикии соҳили мо чизе шалаппос зада ҷило медод, тамоман равшан набуд, ки чист, мавҷи калон набуд, танхо як мавҷи хурди кабуди тира ба пешу пас метохт: ё қад-қади соҳил, баъд аз соҳил дур; баъзан ҳама гирду атрофро мавҷҳои тира фаро мегирифт ва баъд он дигар кабуд набуд, балки хокистарии тира, қариб сиёҳ буд, аммо баробари қатъи шамол об дубора кабуд мегашт ва ман ранги дигарро намехостам. Чунки осмон ҳам кабуд аст мисли об, вай ҳам ин субҳ барои худ ранги доимӣ интихоб карда наметавонист, гоҳо кабуд мегашт, гоҳо онро тўдаи абрҳои пармонанд фаро гирифта, дар уфуқ пароканда мешуд.
Қаторае аз мо пеш гузашт ва мо мо дар худи канори қошаки рох истода, метавонистем бо даст вагонҳои равонро ламс кунем.
Роҳи оҳан аз шафати роҳи санглохи танг қад-қади соҳил мегузашт, ки болои он шахҳои рости баланди қариб то ба осмон расида овезон буданд. Вақте қатора моро дар канори об нигоҳ медошт, ман сарамро боло карда, баландии шахҳоро андоза кардан хостам ва ба назарам чунин намуд, ки баландии онҳо чандин километр аст, зеро нўги қуллаҳо намоён набуданд: онҳоро ёнаҳои баланди болои мо овезон пўшонда аз назарҳо пинҳон кардаанд.
Баъди ин мо зиёд роҳ нарафтем, дере нагузашта мо бо як сойи санглох аз роҳ ба соҳил фуромадем, ки ҳама ҷо пур аз сангҳои азим буд. Дар ду ҷо дар рўи об шпалаи як нўгаш бо сангҳои калони соҳил пахшкардаро дидам. Ин ҷоро лава — маҷрои сел меномиданд. Вай чоҳи жарфе буд, яъне соҳил аз санги охирин ҷудо мегашту, якбора бе нишебу фароз чуқурии ҳашт-даҳметра оғоз мегашт. Дар чунин чоҳҳои ба соҳил наздик дар вақти мавҷзанӣ озодамоҳӣ наздик мешавад. Ин мавзеъ беҳтарин ҷой барои сайди моҳии калон аст.
Вақте ки мо ба об фуромадем, ҷараёни селмонанди баҳр аллакай оғоз шуда буд. Ростӣ, мавҷҳо баланд набуданд, оромона ва оҳиста-оҳиста аз паси ҳамдигар мерафтанд, рост ба сохил намерафтанд, балки гуё моил ба он мешуданд, аввали мавҷ танҳо бо як канори худ ба соҳил расида гуё худро ба он мечаспонд ва ҳангоме ки нуги дигари намоёнаш низ ба соҳил мерасид, дар ин ҷо, дар назди пои мо, аллакай мавҷи дигар рўи сангҳо меафтод ва чакраҳои дурахшонро байни сангҳо мепартофт.
Юрка ва бародараш аз зери сангҳо шастҳои азими моҳидориро берун кашиданд, ки ҳангоми сафари охиринашон пинҳон намуда буданд. Шасти Витя-амак ҳафт метр, аз Юрка панҷуним метр дарозӣ дошт. Шастҳо аз якчанд чӯб иборат буданд, ки бо қубурҳои оҳанӣ ба ҳам пайвастаанд. Ҳарду халтачаи дом — тухми моҳиро ба китф гирифта, чўбҳоро ба осмон боло карда, болои шпалаҳои тангу тар баромаданд, ки дар болои онҳо ҳатто бе ин бори вазнин ҳам истодан душвор аст, ба чангакҳо тухми моҳӣ гузошта, риштаҳои шасти моҳигирро то қадри имкон дур партофтанд. Нуги чўбро ба таги худ гузошта, дар ин ҳол шах шуда, ба қалмоқҳои шаст, ки пари дароз доштанд, бодиққат нигаристанд. Қаровулакҳо болои мавҷҳо меҷунбиданд, ба пасу пеш ҳаракат мекарданд ва ман борҳо як қад парида, дод задам — ба назарам чунин менамуд, ки моҳӣ ба шаст афтондааст, аммо моҳигирон мисли муҷассамаҳои сангин, заррае ҳаракат намекарданд ва кас гумон мекард, ки онҳо сабаби дар ин ҷо истоданашонро фаромӯш кардаанд.
Озодамоҳӣ як махлуқи доно аст, на мисли аломоҳӣ ё зағорамоҳӣ, ки чун аблаҳон кирмҳоро дарҳол ба шикам фурӯ мебаранд ва қаровулаки шастро кашола карда, гӯё ба моҳигир хабар медиҳанд, «ана бин, кор анҷом ёфт, сайдатро кашола гир»! Не, озодамоҳӣ аввал мекӯшад, ки дом — тухмакро бо думаш аз қалмоқ афтонад ва танҳо баъд, агар хеле гурусна бошад, бо лабонаш онро бодиққат месанҷад. Дар ин ҳол, каровулак танҳо каме меларзад ва сайёд бояд саривақт онро кашад. Ва бояд бикӯшад, ки онро ҳамвор бардорад, то лаб канда нашавад, моҳӣ фурсат наёбад, ки домро аз даҳон раҳо кунад, махсусан дар ҳоле, ки дар дастат чӯби ҳафтметра дошта бошеду риштаи моҳигирӣ дар об шаш метр чуқур фурў рафта бошад!
Аҷиб аст худи ҳолате, ки моҳигир шах шуда назорат мекунад!
Нўги ғафси чўби шаст гуё ба ронаш часпидааст, нўги борики он як метр болотар аз қаровулак овезон, дасти чап дар рони чап, бадан каме ба акиб моил ва ба истиснои омодагӣ ба кашидани шаст, як навъ сабукй ва оромй, ҳатто бепарвой ва бетарафии куллй дар чехрааш дида мешавад. Ва дар айни замон, шпала, ҳарчанд онро бо сангҳо сахт бастаанд, дар зери пойҳо хаму рост мешавад, мавҷҳо ба пойҳо мезананд ва агар моҳӣ ба шаст афтад, бояд онро берун кашад, озодамоҳиро бо дасти чапи худ дошта, шастро ба тани худ пахш карда, моҳиро аз чангак ҷудо карда, ба халта ё ба соҳил мепартояд, домро дар чангак гузошта, дубора ба об фурў мегузорад, вақте моҳӣ чӯби дарозро ҷунбонд, бояд мувозинатро аз даст надиҳад, пои худро аз лағжиш нигоҳ дорад, чӯбро ба об назанад. Озодамоҳӣ эҳтиёткор аст, икра дар қалмоқ сахт намечаспад ва дар сурати шастро сахту нобарор кашидан, аз чангак ҷудо мешавад. Ва боз ҳама корро аз нав шуруъ кардан лозим меояд.
Тақрибан даҳ дакика кори моҳигиронро тамошо карда, ба онҳо эҳтиромам бештар гашт. Ва пас аз чанд дакика ба санг такя кардаму хобам бурд ва хоб дидам, ки як мохии азим сарашро аз оби байни сангҳо берун бароварда, даҳонашро кушода бо овози баланд гуфт: «Хобат бурд, мохигир!» ва хандид.
Ҳамин асно чизе болои шикамам афтид, аз ҷой ҷаста хестам ва дар пеши поям моҳиро дидам. Юрка ва амаки Витя хандиданд.
— Хоб кардааст! — дод зад Юрка.
— Ҳезум ҷамъ бикун, оташ афрўз! Моҳиро бирён мекунем!
Ва амаки Витя ба ман нишон дод, ки аз куҷо шохчаҳои хушкро ҷамъ кунам.
То вакте ки ман оташ афрўхтам, як-як хашт мохӣ ба сохил парвоз карда омаданд — озодамоҳии калон, чунон ки Витя-амак гуфт, ҳар кадомаш ду кило, кам не.
Баъд нўлзании моҳӣ қатъ шуд. Моҳидорон ба соҳил баромада, чўбҳои худро ба рўи харсангҳо гузошта, бо усули бемислу монанд ба таббохӣ шуруъ карданд. Моҳиро ба газета печонда, ба гулхан, болои лахча гузоштанд ва ҳангоми баровардани он, газета фақат каме зард шуда, дар баъзе ҷойҳо ҳатто ҳарфҳо хоно боқӣ монд. Моҳӣ комилан пухта, ба он намак задан кофӣ буд.
Хангоме ки моҳӣ мепухт, вақте мо онро мехўрдем, ва муддате, ки мавҷи боди муосидро интизор будем, Витя-амак ба ман дар бораи Байкал накл кард. Дар бораи чоҳи Қултук ва чоҳи Баргузин, дар бораи шамоли Сармо, ки дарахтонро аз бари шахҳо канда ба об мепартояд, дар бораи ҷазираи Олхон, ки дар шимол воқеъ аст, дар бораи он ки Байкал як духтари зебо дошт — Ангара ва чи тавр ба назди дўстдоштааш Енисей фирор мекунад ва Байкал аз қаҳру ғазаб кўҳи сангинеро аз паси духтараш партофт ва он ҳоло ҳам дар мавзеи оғози дарёи Ангара аз зери об сар боло мекунад.
Шунидаму намедонам ба чӣ ваҷҳе ба дилам изтироб афтод. Ба назарам чунин менамуд, ки чизи дар борааш ҳикоят кардаи ўро ман аллакай медонистам, ё як маротиба шунидааму холо фаромӯш кардаам, аммо ҳама чиз тамоман дигар хел аст, ҳатто номҳо ва мавзеъҳо танҳо ба ҳам монанд садо медиҳанд, аммо на он таврест, ки ман пештар шунида будам. Ман ҳеҷ чизро ба ёд оварда натавонистам, вале ҳамеша ҳисси эътироз пайдо мегашт...
Баъд Витя-амак суруде хонд:
Дар айёми қадим, хеле пеш аз ин,
Солҳову асрҳо гузаштанд,
Баъди он ки Байкал тела дода дур бурд
Кўҳи баланди кабудро.
Аз кўҳ монд пораҳо
Дар дохили кўл ҳоло.
Ва саддҳои бузурге
Дар ҷараёни об ҳар ҷо.
Ҳама чизҳои дигар рафтанд
Чун оби дарёҳои зудҷараён,
Лек ривоятро дар ёд доранд
Чун муқаддасот моҳидорон.
Наберагон мегўянд бар шумо
Вай зинда дар байни онҳост.
Фақат номаш номаълум
Он кӣ ҳикоят мекунад ба шумо...
Он вақт мавҷҳо аллакай сангҳоеро, ки мо дар паси онхо нишаста будем, пахш карда буданд ва садои баланди ҷараён моро водор мекард, ки боз ҳам баландтар гап занем. Соҳили дигар, баръакс, аз абр тоза шуд ва ман бори аввал кўҳҳоеро дидам, ки аз шахҳои мо баландтаранд ва чунон ки Витя-амак гуфт, қуллаҳои барфпўш доранд. То он соҳил чил километр масофа буд, ё шояд аз ин ҳам зиёдтар. Чор тараф равшан гашт, ба чапу рост. Дар ду тараф об то фалак мерасид, ё осмон ба об ғарқ мегашт ва уфуқ чун як хатти сусти базӯр дидашаванда ба назар мерасид.
Мавҷҳо акнун на фақат печутоб мезаданд, балки гуё касе онҳоро тела медод, ки ба асабашон мерасид, ба хашм меовард ва хангоми ба сангпораҳои соҳил бархўрдан, хашму ғазаби худро ба болои сангҳо ва ба сари ҳамдигар мепошиданд. Сипас оби он ҷӯшида кафк кард ва дар чархи гирдобҳо тоб хўрд. Дар соҳил қариб шамол набуд. Насим дар куҷое, дар мобайн вазида, обро ба мавҷ табдил дод ва аз он ҷо онҳоро ба соҳил бурд.
Моҳидорон боз дар болои шпалҳо ҷойҳои худро гирифтанд. Мавҷҳо ба шпалаҳо зарба мезаданд, ба қисми аз зону боло панҷа мекашиданд ва дигар мӯза аз таршавӣ наҷот дода наметавонист. Бар хилофи интизорй ва боварии Витя-амак моҳи дигар нўл назад ва баъди ним соат сайёдони аз шасташон гашта бо дили нохоҳам ба сохил баромада, оби ботинкаҳояшонро афшонда, оби пойи шимашонро фишурда, шастҳои моҳигириашонро пинҳон карданд.
Боқимондаҳои оташро ба об партофта, ба соҳил баромадем ва ба хона рафтем.
— Мо дар бораи моҳӣ чӣ медонем, — гуфт Витя-амак, — вай чӣ бояд хӯрад? Ва боз чӣ кору нигарониҳо дорад, мо намедонем! Тибқи ҳама қоидаҳои табиат, озодамоҳӣ бояд чоҳи моро ҷуста меомад, аммо наомад! Пас, боз сабабҳои дигар ҳастанд, ки мо намедонем. Ё шояд боз каме интизор мешудем... Вале ба мо кофист он чи дорем!
Ва халтаи пур аз моҳиро боло партофт ва он бо вазни гарон ба дастонаш афтод.
<...>
Дар ин миён вақти чормағзчинӣ ҳам фаро расид ва бачаҳо яке паси дигар чанд рўз аз соҳили Байкал ғайб задан гирифтанд. Онҳо бо дастони аз қатрон сиёҳгашта бармегаштанд, дар рухсора, пешонӣ ва гардан доғҳои қатрон доштанд ва агарчи вай бо карасин ё бензин ба осонӣ шуста мешуд, бачаҳо саросема набуданд, ки осори ҷалғўзаро тоза кунанд. Ҳама кисаи бачаҳо акнун пур аз мағз буд ва суҳбати атрофи гулхан дар соҳил бештар дар бораи чормағзчинӣ буд. Яке фахр мекард, ки чун ба танаи дарахт зад, бо як зарба дусад ҷалғўза афтид ва даҳтои он рост ба сараш зад. Оҳиста-оҳиста дар ҳикояти бачахо шумораи ҷалғўзаҳо аз як зарба то ба панҷсад адад расид, писарон бо ҳасад пушти сари ҳамдигарро аз назар мегузаронданд, ки аз осори зарбаҳои мустақим доғ бардошта буданд.
Ва ҷузъиёти воҳимаангез зиёд гашт: чўбдастаи нафаре худ аз зарба шикастааст, чайлаи касе шабона оташ гирифтааст, ҷонваре шабона тамоми ғизоро кашола карда бурдааст, касе дар назди каппааш саҳарӣ изи нави пойи хирсро дидааст!
Ва танҳо ман дар мавқеи шунаванда ва зиёфатхўр будам. Ҳама бо чормағз муроот мекарданд ва талаб мекарданд гўям, ки аз онҳо кадомаш дар оташ беҳтар бирён шудааст. Вале ман ҳатто намедонистам чӣ тавр донакҳои ҷалғўзаро бо дастонам шиканам. То даҳ донаашро шикастани ман, дигарон як хавучашро бо дандон газида пўчоқашро ҷудо карда мехўрданд.
Ва ниҳоят, рўзе фаро расид, ки як субҳи мусаффо бо пайраҳаи танги ҷангалзор, дар пуштам бордон, ба ҷойҳое равон шудем, ки ҷангали анбўҳи дарахтони ҷалғўза воқеъ буд. Пеш аз ман падари Светка — амаки Серёжа, Юрка ва бародараш Витя-амак мерафтанд ва Светка аз паси ман.
Пайраҳа печутоб мехўрд, гоҳо боло мебаромад, баъд ба поён мехамид, баъд дар гардишҳо нопадид мешуд. Мо соати дуюм ҳам роҳ рафтем, вале хастагиро эҳсос намекардам, танҳо шодӣ мекардам. Чунки гирифтани рухсати модарам барои ин сафар осон набуд ва агар Серёжа-амак пуштигирӣ намекард, ў маро рафтан намемонд. Модарам дар ҳаққи ман чӣ суханҳои ношоистае гуфт, ки пеши ин корро гирад: ман заиф будаам, ба роҳгардии тӯлонӣ дар кўҳистон тоб оварда наметавонистаам, шабона аз сардӣ хунук мехўрдаам, зеро ки сафари мо як шабонарӯз тўл мекашид ва ман ҳанўз аз беморй шифо наёфтаам ва бисьёр дигар суханони нодаркору беадолатона. Аммо, ҳарчи ҳам бошад, ҳоло дар роҳам ва аллакай он қадар дур рафтаем, ки дигар ҳеҷ кас маро баргардонида наметавонист!
Мо ҳанўз дар торикии субҳ аз деҳа баромадем, аввал ҳатто роҳро дидан душвор буд, шамолаки сарди саҳари Байкал моро ба пеш тела медод. Баъд субҳ дамид, дар пушти сарам офтоб дурахшид ва хониши хеле баланди парандагон, ки чунинашро нашунида будам, гўшамро кар кард. Аммо ҳар қадар дуртар мерафтем, атроф ҳамон қадар сокиттар мегашт, ҷангал ҳамон кадар тиратар мешуд. Аллакай дар гирду атроф танҳо дарахтони ҷалғўза монду дар шоху болои онҳо меваҳо овезон, вале ман намефаҳмидам, ки чаро мо аз он ҷо ҳам мегузарему чаро ба ҷойи дур меравем. Намешавад, ки дар ин ҷо чормағз ҷамъ кунем? Ман аз Света пурсидам, вай хандид:
— Ҳамин ҳам ҷалғўза шуд! Дар як дарахт даҳ дона! Як ҳафта ҷон кандан лозим мешавад!
Дар роҳ ба бисьёр чизҳои шавқовари ношиносу нофаҳмо дучор шудем, вале мо барои иҷрои «кори муҳим» мерафтему вақти истода нигоҳ кардан надоштем. Махсусан мўрчаҳои калон ва арчаҳои азими афтода бо решаҳои каҷи рў ба осмон ҷолиби диққат буданд.
Борҳо пайроҳаи мо ба ду шоха ҷудо мешуд, дар як дуроҳаи навбатӣ амаки Серёжа наистода ба ман фарёд зад:
— Мебинӣ!
Ва ӯ ба роҳе ишора кард, ки аз тарафи чапи мо ҷудо мешуд. Мо ба назди як чайлаи калони аз шохаю чўбҳо омодашуда расидем. Зуд чой нўшидему корро cap кардем. Мо ба ду гурўҳ ҷудо шудем.
Юрка ва бародараш ба як тараф, ману Света бо падараш ба тарафи дигар рафтем. Серёжа-амак бо табар як дарахти калони санавбарро бурида, бо арраи хурд як кундачаи якметриро ҷудо карда, дар миёнааш чуқурчае кофт ва нўги чўби санавбарро ба он андохт. Як калтаки аҷиб, мисли гурзи гароне шуд. Вай чунон вазнин буд, ки ман ҳатто бардошта натавонистам.
Ману Света ба даст халта гирифтем. Серёжа-амак калтакро ба назди дарахти якум бурд, гирди худ чарх занонда ба танаи кедр зад. Ва ҷалғўзаҳо аз он афтоданд! Бо ҳуштак парвоз карданд, баъзеяшон гирди тана рехтанд, ё ба самтҳои гуногун париданд.
— Ҷамъ кардан гир! — дод зад Света.
Ман ба назди дарахт шитофтам, ба гирду атроф нигариста, ба замин сар хам кардам, базўр панҷ ҷалғўза ёфтам. Серёжа-амак боз ба танаи дарахт зарба зад ва ба тахтапуштам он қадар ҷалғўза афтод, ки фарёд зада, болои ушнаҳо афтодам. Света аз ханда ба замин ғелид! Вақте ба ӯ наздик шудам, вай аллакай дар халтааш тақрибан панҷоҳто ҷалғўза ҷамъ карда буд.
Воҳ, ин чй кори душвор будааст! Серёжа-амак мезаду мезад ва ман ба зери дарахтон мешитофтам ва ба ҷойи ҷамъ овардан, бештар онҳоро поймол мекардам. Света, вай аз ҳеҷ чиз наметарсид, ба чамъоварии ҷалғўзаҳое мешитофт, ки онҳо навакак аз дарахт парвоз мекарданд, ба сару китфаш мезаданд, ў дод мезад, виғғас мекард, вале механдид ва ман намефаҳмидам, ки чй тавр танаш дард намекунад. Пас аз се зарбаи ҷалғўза сарам ғуввас мекард, дастам чунон ба дард даромад, ки ба он ангушт расонда наметавонистам, сутунмӯҳраам гўё шикаст...
Аз хамшавии доимӣ тамоми устухонҳоям карахт шуда, нола мекард, пойхоям низ ба чуқурчаҳои бо алаф пўшида фурў рафта меафтодам, баъзе чуқурчаҳо санг доштанд, пойҳоям ба санг зада тоб мехўрданд, ба ҳам мепечиданд, мелағжиданд.
Мо меваҳоро дар як ҷо тӯда мекардем, аммо як майдонро паси дигар гузошта, ҳама вақт ба ягон тараф ҳаракат мекардем ва ман намефаҳмидам, ки чӣ тавр мо он тӯдаҳоро пайдо мекунем.
Вақте, аллакай ба назар чунин менамуд, ки ман як қадами дигар гузошта наметавонам, Серёжа-амак ба ману Света гуфт, ки ба каппа рафта, хӯрок пазем. Вақте Света «биё, равем» гуфт, ман чашмонамро пўшидам, ҳатто тасаввур карда наметавонистам, ки ба кадом роҳ равам. Света оромона, гўё аз байни гузарҳои деҳа мерафта бошад, маро ба бошишгоҳи байни ҷангал бурд. Ва маълум шуд, ки он қадар дур нарафтаем: мо дар атрофи каппа давр мезадаем. То пухтани хўрок акаи Серёжа ва Витя-амак меваҳоро дар халтаҳо андохта, кашола карда ба чайла овардан гирифтанд, меваашро мерехтанду боз рафта меоварданд.
Ман шӯрбои Светаро чунон бо иштиҳо хӯрдам, ки ҳеҷ гоҳ оши хонаамонро чунон бо шавқ нахӯрда будам ва ҳеҷ бовар намекардам, ки сер мешавам. Баъд ба пушт хобидаму якбора хобам бурд. Маро бедор карданд ва мо фавран ба кор шуруъ кардем. Аҷиб, ки пас аз таъом кор осонтар шуд ва ман аллакай каме одат кардам, фаҳмидам, ки ҷалғўзаҳо ба куҷо меафтанд, зуд ёфтан, аз зарбаи онҳо канорагирӣ карданро ёд гирифтам, ҳол он ки ҳатто Светаи таҷрибадор ҳам аз онҳо гурехта наметавонист.
Пеш аз шом моро боз ба пухтупаз фиристоданд ва ин боз бароям хеле боб буд, ман ғайричашмдошт хеле хаста шудам!
Мардон ҷалғўзаҳоро ҷамъ карданд ва тали онҳо мисли кӯҳ баланд шуданд. Баъд дарахтони хушкро бурида, назди чайла бурданд. Ба мо тамоми шаб оташ лозим буд, зеро ҷалғўзаҳоро бояд то саҳар сара менамудем. Аз чайла брезенти калон бароварда, ба замин густурданд. Аз он ҷо боз тобаи оҳании сӯрохиҳои андозаашон гуногун доштаро гирифтанд — вай ғалбер буд. Оташ афрӯхтанд.
Каме пештар диққати маро як тобаи калони дандонадор ҷалб карда буд. Ба ин дандонаҳо ҷалғўзаҳоро гузошта, онро бо кўбаки хурд зада, бо як ҳаракат онро кафонда майда мекарданд. Бо ҳамин тартиб тамоми кӯҳи ҷалғўзаро пахшу реза кардан лозим буд. Сипас чормағзҳоро се маротиба аз элак гузаронда, донакҳоро ҷудо намуда, дар оташ дар тобаи бе сӯрох бирён мекарданд. Мардҳо ва Юрка ҷалғўзаҳоро майда мекарданд, ману Света онҳоро аз ғалбер мегузарондем. Кор чунон бо шавқ давом кард, ки ман ҳатто чӣ гуна фуромадани торикӣ ва расидани шабро пай набурдам. Ба назар чунин мерасид, ки он кўҳи мева тамоман кам нашудааст! Аммо вақте он кўҳ ба ҳар ҳол хурд шуд, Юрка ба мо ҳамроҳ шуд ва ман андак нафаси озод кашидам. Аввалин варақаи чормағзҳои тоза аллакай дар тобаи рўи оташ буданд, ба ман дастур доданд, ки онҳоро бо кафгир омехта кардан гирам, то чормағзҳо насўзанд, аммо онҳо месӯхтанд, садои баланд мебароварданд, мисли гулўлаҳои сурх рост ба рӯям мепариданд.
— Акнун фаҳмидӣ, ки чормағз чӣ гуна ба даст меояд!? — гуфт амаки Серёжа. — Минбаъд омадан ҳам намехоҳӣ!
— Мехоҳам! — посух додам ман, аммо на он қадар самимона.
Ҳама чиз ба охир мерасад. Кори мо ба охир расид. Чормағзҳои тозакардаву пухтаамонро бо дегча (котелок) ба борхалтаҳо андохтем. Ба халтаи ман чор дегча мағз рехтанд, гуфтанд, ки аз ин зиёдашро бардошта наметавонам. Ба Света низ чорто. Ба Юрка шашто. Ин шармовар буд. Ман, охир, аз Юрка заифтар набудам. Маро бо Света баробар карданд! Аммо ҷойи баҳс набуд.
Ана, борхалтаҳои Сережа-амак ва бародари Юрка ба таври даҳшатнок калон буданд, ман ҳатто бовар намекардам, ки касе онҳоро аз замин бардошта метавонад!
— Акнун то варам карданата хоб кун! — эълон кард Серёжа-амак.
Дар чайла кӯрпаҳо, гарчанде кӯҳна, вале бутун, курткаҳои ғафс ва ҳатто кулоҳҳо буданд. Шабҳо дар ҷангалистони Байкал хунук аст, ман инро аллакай медонистам.
Калонҳо дар канори оташ нишастанд ва ҷойи мо, се наврасро, ба чайла таъйин карданд. Юрка дарҳол ба он ҷо рафт, ману Света хохиш кардем, ки каме дар назди оташ нишинем.
Шаб торик буд. Ва танҳо ҳоло, ба атроф нигариста, ман дарк намудам, ки атроф чӣ қадар воҳиманок аст! Оташ фақат майдончаи назди гулханро мунаввар мекард ва ду қадам дуртар торик буд, баъд ҳама гирду атрофро сояҳои мудҳиш, шиқир-шиқир, садоҳои нофаҳмо ва ташвишовар фаро мегирифт. Дар манзари осмон нўги дарахтони кедра ба назар мерасид, чунин менамуд, ки онҳо дар болои сари мо овезонанд ва дар ҳар лаҳза тайёранд чун девҳои зиндаи шаб ба сари онхо афтанд. Дар торикӣ ҳаракатҳо ба назар мерасид, гўё касе пинҳонӣ наздик мешуд, ё дар атрофи мо гирд мегашт. Ва хеле мехоҳӣ, ки ба оташ ҳарчи наздиктар шиниву дар он пинҳон шавӣ.
— Даҳшатнок аст? — пичиррос зада пурсид Света. Ман чунин вонамуд кардам, ки гӯё парвое надорам, баракс, писханд задам.
— Не-е...
— Шабҳо ман ҳамеша метарсам! — иқрор шуд Света ва баъд ман ҳам розӣ шудам, ки ин садоҳои номафҳум ягон хубӣ надоранд.
Ҳама аллакай хоб буданд, вале мо то дер нишаста, садоҳои шабро гӯш мекардем ва ба оташ менигаристем ва ман ҷуръат надоштам, ки ба чайлаи торик дароям. Он ҷо барои ман тамоман даҳшатнок буд ва гуфтам, ки дар ин ҷо мемонам. Либоси ғафсро ба болоям кашида, ба тобаи дандонадор такя кардам ва дере нагузашта хобам бурд.
<...>
Тирамоҳи Байкал вақт надошт, ки бо ҳама рангҳо ҷило кунад, чунки сармо ҳама рангҳоро зад ва барф борид. Барф, албатта, об шуд, вале ҳама рангхоро кушту онҳо дар давоми ду рўз пажмурданд.
Дар саросари дара шамоли сард пасу пеш медавид ва боронҳои сарду намӣ меовард. Байкал бошад, беист тўфон мекард. Акнун вай ҳатто дар рўзҳои беабр ҳам кабуд набуд, акнун аксаран ранги хокистариву қўрғошимӣ дошт буд ва танҳо вақте ки мавҷи қултук бо пуштаҳои кафкдораш мерасид, андаке кабуд, вале сияҳфом мешуд.
Нимаи дуюми тирамоҳи Байкал ғамангезтарин давраи сол аст. Баҳри бадқаҳри ғазабнок боронҳои сард, шамоли хунук дорад.
Барфи дуюм дигар об нашуд, зимистон расид. Як рўди хурдакак аз дара мегузашт, соҳилҳояшро ях пӯшид, аммо нерўи сармо ҳоло чандон қавӣ набуд: охир, об рў-рўи сангҳо меҷаҳид. Аммо як шаб вай париду парид ва субҳ мисли яхи дурахшони ҷаҳанда шах шуд. Ин як мӯъҷиза буд — тасаввур карда метавонед, ки сармо обро дар ҳаракат боздошта, ях кунондааст! Ҷараёни об дар ҷаҳидан, ҳатто лаҳзаи ба рўи сангҳо афтидан мисли марворидҳои калон ях баста, сангҳоро бо дурдонаҳои тобнок пўшонд. Аммо азбаски дарё аз обҳои зеризаминӣ баҳра мегирад, дере нагузашта ях дар бисьёр ҷойҳо аввал варам кард ва баъд об чун вулқон яхро пора карда, аз байни он баромада ҷорӣ мешуд. Вале он об ҳам дар рўи ях шуша мебаст ва баъзе бачаҳои ҳолдон мегуфтанд, ки то баҳор дар баъзе ҷойҳо ғафсии он то якуним метр баланд мешавад. Чӣ гуна ба ин бовар кардан мумкин, дар ҳоле ки оби дарё дар ягон ҷояш аз зону болотар нест...
Дар гирду атроф аллакай зимистон ҳукмфармо буд, ранги сафед ҳама чизро дар худ ғарқ кард, ба ҷуз сабзаҳои арчаву кедрҳои нишебиҳо, аммо вай ҳам тира гашта, умуман сабз набуд, балки танҳо мисли доғҳои сиёҳ дар сафедӣ менамуд.
Ва танҳо Байкал баръакси ороишоти сафеди соҳил, ҳадди ақал дар рӯзҳои офтобӣ ранги кабуди сияҳфоми худро нигоҳ медошт. Тўфонҳо аз як соҳил ба соҳили дигар мегузаштанд ва дар қад-қади соҳил ба назар чунин менамуд, ки Байкал хунук хўрдаасту барои гарм шудан машқи бадан мекунад. Дар қад-қади пастхамиҳо талҳои яхӣ бо чаманҳои сафед аз соҳил хазида ба об мерафтанд, аммо баҳр ҳанўз нерўи муқовимат ба сарморо дошт ва сармо ҳанӯз қувваи тобеъ кардани баҳрро надошт.
Барои писарон вақти шодии нав фаро расид: конкитозиро сар карданд. Аспакҳои яхмолакпариро бо ресмонҳо дар мӯзаҳои намадӣ баста буданд, аммо онҳо, масалан, рӯзи якшанбе, аз субҳ то шом бо конки метохтанд, чӣ гуна ресмон тоб оварда метавонанд! Ва бо ин сабаб мӯзаҳои конкидорро каме дар об тар карда, муддате зери барф нигоҳ медоштанд ва конкиҳо ба мӯза мечаспиданд. Дар ин ҳол мўза шахшўл гашта, барои пойҳо чандон гуворо набуд, вале ба мустаҳкамии пайванди конкихо ва канда нашудани онҳо аз мўза эътимод зиёдтар мегашт!
Кариб аз худи Харсанги Мурда то соҳили Байкал тамоми қисмати аз хонаҳо холии дара ях баста буд. Мо ҷониби пастхамӣ рафта, беист ба поён медавидем, гоҳо ба тарқише бармехўрдему бо ҳам омехта, ғарам мешудем ва ҳамроҳ бо тўда чарх зада — чарх зада, поин мелағжидем ва савори конкиҳо то яхи оби соҳилҳои Байкал парвоз мекардем.
Бачаҳо инчунин се тахтаро бо ҳам пайваста, болои конкиҳо мегузоштанд, ду кас дар қафо, як кас дар пеш чун идоракунандаи он менишаст. Чанд кас якбора болои он хобида, қад-қади дара ба суи Байкал парвоз мекарданд.
Шомгоҳон ва рўзҳои якшанбе дар тамоми дара ғавғои бачаҳо ҳукмрон ва ин давраи аз ҳама пургавғо ва шавқовартарини ҳаёти деҳа буд.
* Қултуқ ва чанд вожаи вобаста ба кўли Байкал, ки ба забони тоҷикист, дар матни аслии русӣ омадааст.