Ҷуғрофидон глобусро хӯрд
(порча аз роман)
Пониш, ки дар тобистон базӯр то бист қадам паҳно дошт, акнун чунон дамида аз об пур шуд, ки то ҷои чашмрас бешаи арчаҳои соҳили муқобилро фаро гирифта, пахш кард. Баҳор дер ва бо ҷўшу хурўш омад. Оби барф аз нишебии кўҳҳо, аз дараву тангноҳо фуромада, як сели умумӣ шудан гирифт. Ин сел зуд шоху решаҳои кандашуда, яхҳои фарсуда, пораҳои мос ва алаф, баргҳои пӯсида, порчаҳои пӯст, алафи сиёҳшударо оварда, ба танаи дарахтон доманҳои қаҳваранг печонд. Кафки ифлос қад-қади маҷрои тез ҳаракат карда, дар болои гирдобҳо печутоб мехўрд. Пониш тира буд, мисли шароби дастии худсохт...
Бордонҳои мо холӣ шуда, чизҳои дарунаш дар байни дарахтони кадпаст паҳну парешон хобидаанд. Ман ба падарон услуби дурусти корбарирро таълим медиҳам. Падарон куртаҳои сурхи наҷотдиҳандаро пўшида, дашном дода, дилтангона дар соҳил овора мешаванд ва анҷоми худро аввал дар як ҷо, пас дар ҷойи дигар ҷамъ карда мемонанд.
Барои иҷрои ҳамаи ин корҳо қариб якуним соат рафт.
— Акнун бояд барои сутунҳои чорчӯба дарахт бурем, — мегӯям ман.
Падарон тўда шуда нишаста, бо ғазаб тамоку мекашанд. Ман ҳуштак кашида, бо табар бозӣ мекунам. Ниҳоят, дар тўда ғур-ғури хашмолуд ба вуҷуд омада, сипас ба сарзаниши рўирост табдил меёбад. Падарон хулоса мекунанд, ки барои сутунҳо кӣ меравад. Ниҳоят, Тютин аз чо бархоста чорпоя омада, табарро аз ман мегирад ва нолакунон хам шуда, худро ба сўи дарахтони тўс мекашад. Ҳама нишаста, хомӯшона интизоранд, тамоку мекашанд. Ман ҳам. Тютин бо як даста санавбарҳои тунук бармегардад.
— Инҳо борику беқувват, — мегӯям ман. — Ба мо ғафстараш лозим.
— Ту, бачағар, Ҷабрдида, боз аз пайи сутун рав! — нидо мекунад Градусов.
Духтарон рӯй гардонда, як сӯ рафта, дар соҳил менишинанд. Падарон хобанд. Ман хомӯшона сигор мекашам. Тютин дар дурӣ байни буттаҳо меистад, мисли оҳу.
— Хуб, мегӯям ман. — Бигузор чорчўба аз сутунҳои тунук сохта шавад. Аммо эҳтиёт шавед. Ман ҳушдор додам, ки онҳо метавонанд шикананд.
Ман мефаҳмонам, ки катамаран чӣ гуна сохта мешавад. Нишон медиҳам, ки чӣ гондолҳоро бо ҳаво пур кардан лозим. Ҳама дарҳол фикр мекунанд, ки ин осонтарин кор аст. Градусов, Демон ва Овечкин назди ман шитофтанд. Дар партовгох Градусов насосро азхуд карда, бо он ба сари ҳар кас мезанад. Хуб, бигзор ӯ ҳаво пур кунад.
Ман пайвастани чорчўбаро меомўзонам. Ҳама нобоварона бо пешгӯии ҳузнангез ба ман менигаранд, дар нимдоира гирдамро иҳота карда, дастонашонро дар киса задаанд. Хомушанд. Ман чорчўбаро мепайвандам. Ҳама тамошо мекунанд. Ман риштаҳоро мебандам, Ҳама тамошобин. Ман мегӯям:
— Инсон дар дунё метавонад беохир ба се чиз нигарад: ба оташи сузон, ба афтидани туф ва ба кори касе.
Борман, вазнинона ғур-ғур карда, ба зону мешинад ва инчунин ресмонҳоро мегирад. Бо дили нохохам ва оҳи гарон Чебикин ба у ҳамроҳ мешавад. Пас аз он Овечкини қавоқин. Демон ва Тютин ҳанўз дар кундаи дарахтони берёза хобидаанд.
Катамаран суст бошад ҳам, сохта мешавад. Ба чорчўбаи сустаки аз сутунҳои тунук сохтаам чор гондоларо ҷуфт-ҷуфт мепайвандем. Сипас тўри симӣ мекашем, борҳоро ҷой мекунем ва аллакай якдилона киштиамонро ба об мефурорем. Ҳама ба он андешамандона менигаранд.
— Эротикӣ шуд, — мегӯяд Чебикин.
— Дар деҳаи мо як писар буд, дар қаиқи ҳавопуркарда шино кард — шино кард, оқибат ғарқ шуд, — пастакак мегӯяд Тютин.
Хама дуру дароз хомўш монданд.
— Бивен — мегўяд ниҳоят Градусов.
— Хуб, ҷойҳоро тақсим кунед, — мегўям ман. — Паҳлӯи рост ҷойи ман.
Дар тарафи рости қафо нишастгоҳи командир ҷойгир аст. Аз чй сабаб ба фикри падарон ҷойҳои байн барои бечораҳосту ҷойи ашрофҳо дар нўги қаиқ аст. Градусов болои гондолаи рост рў ба поён меафтад, дастонашро печонда, таҳдид мекунад, ки ҳамаро чизро мешиканад, вале ҷояшро намедиҳад. Чебикин ва Овечкин ўро кашола карда дур мебаранд. Тютин дар атрофи онҳо паропар мекунад, то даме ки мӯзаи Градусов тасодуфан ба зери шикамаш мерасад. Тютин рў ба замин хобида, хомўш монд. Вақте Чебикин ва Овечкин пойҳои Градусовро ба ду тараф мекашанд, Борман зуд болои гондолаи чапро соҳибӣ мекунад. Иблиси Раҷим анҷомҳои худро дар паси Борман мегузорад. Баъд чор нафар шуда Градусови саркашро дур мекунанд. Чебикин зуд дар нўги рости қаиқ мешинад, Овечкин дар паси Чебикин. Градусов аз дасти Борман ва Иблис халос шуда, сумкаи Чебикинро, ки ба чорчўбаи катамаран маҳкам баста буд, канда мегирад. Ҳама боз Градусовро кашола карда, ба у мефаҳмонанд, ки майзадагон дар кафо нишаста, дам намезананд, мисли Ҷуғрофидон. Градусов бо хашму газаб ба бордони Чебикин туф карда, ба ақиб мегузарад.
Ман ба духтарон ёрӣ мерасонам, ки ҷойгир шаванд — Люся дар назди Градусов, Маша дар бари ман. Дарди Тютин паст шуда, ба худ омада, бархоста мебинад, ки ба у танҳо дар байни катамаран ҷой мондааст. Фақат бояд интихоб кунад, ки дар тарафи рост нишинад ё дар чап.
Тютин белро мегирад, аз чӣ сабаб болои теппача мебарояд ва муддате дар ҳаво машқ мекунад. Муайян кардан мехоҳад, ки бо кадом даст бел задан барояш мувофиқ аст. Маълум мешавад, ки аз тарафи чап созтар. Ӯ борхалтаашро дар гондолаи чап мегузорад. Градусов таҳдид мекунад, ки агар дар пешаш анҷоми ўро бинад, фавран онро пора-пора мекунад. Тютин оҳ кашида, итоаткорона ба суи гондолаи рост менишинад. Муҳориба қатъ мешавад.
— Акнун, — мегӯям ман, — мо бояд барои хӯроки шом ҳезум ҷамъ кунем.
Падарон дар кундаи дарахтони тус бе ҷунбиш хомушу хашмӣ нишастаанд. Тамоку мекашанд.
— Бачаҳо... — бо таассуф мегўяд Люска. — Чаро шумо ин хелед? Борман...
— Ман чӣ хелам?! — Забон мехояд Борман. — Ҳамеша: Борман! Борман!.. Чӣ, аз хама ман ҷавонтарам? Ана, Иблиси раҷим равад.
— Наметавонам. Ман дастамро буридам. Ана, бинед.
— Чаро ту хоркашакатро ба рӯи ман мекашӣ?! — дод мезанад Градусов. — Худата ҷунбон! Пойи ман ҳам дардманд.
— Хайр чӣ? Пой даст не, ҳезумро бо пой намебуранд.
Набарди падарон бо оташи нав аланга мезанад. Дере нагузашта ҳама доду фарёд мезананд, ҳама ба сари сина мушт мезананд, табар ба сўи ҳамдигар мепартоянд, аз маъюбиашон шиква мекунанд. Тютин хапу хомўш ҷониби буттазор меравад.
— Виктор Сергеевич, — хастаҳолона мегўяд Маша. — Мебинед, онҳо ҳеҷ гуна гулхан карданӣ нестанд. Шояд ҳамту як наҳории сабукак кунем?
— Аввалан, — ҷавоб медиҳам, — онҳо аллакай ҳама чизеро, ки аз хона оварда буданд, хӯрданд...
— Ман ҳоло нахӯрдаам, — гуфт Люся зуд.
— Дуюм, — давом медиҳам ман, — босабр бошед, духтарон. Ин зарур аст. Ва саввум, биёед ба беша рафта, пирожниҳои Люсяро секаса мехўрем.
— Сенафара хуб нест, — гуфт бо қатъият Маша. — Тақсим кардан лозим бошад, беҳтараш, ба ҳама ҳисса кунем.
— Маша, — мегӯям ман. — Саъй накун, ки маро бифаҳмӣ, танҳо ба ман бовар бикун. Баъд мебинӣ, ки ман ҳаққам.
Фикри Маша парешон шуду ў хомўш монд.
— Бовар дорад ба шумо, фақат андак худнамоӣ мекунад, — мегӯяд Люска.
— Аҳмақ, — сурх шуда ҷавоб медиҳад Маша.
Мо ҳарсе ба ҷангал меравем ва дар он ҷо бутерброд, вафли ва чипсиҳои Люскаро мехӯрем. Вақте мо баъд аз ним соат бармегардем, падаронро мебинем, ки дар ҳолатҳои аҷиб бо қавоқи даҳманӣ дар сохил хобидаанд.
— Ана ҳезум... — Градусов ба ман ғазаб карда, бо нўги пошнаи мӯзааш як тӯдаи хурди шохҳои буридаро нишон медиҳад.
Як пораи берёзаро гирифта, дар шакли наъл қат мекунам.
— Ин ҳезум не, ресмони тар аст, — мегўям ман. — Ва хеле кам. Душоха барои даргирондани оташ куҷост? Харак куҷост? Дегҳои об дар куҷо? Оташ дар куҷост?
Падарон ҷавоб намедиҳанд.
— Хулласи гап, барои дарёфт кардани чои шабгузаронӣ худи ҳозир ба дарё мебароем. Субҳона ва хӯроки пешинро бо шом якҷоя мехӯрем.
Ва инак, мо шино мекунем. Ман хеле дер интизор будам, ки муҳтавои ин суханони одиро дар амал ифода созам: мо шино мекунем. Дар банди дастҳо, чаккаи сар ва нӯги гӯшҳоям таровати ҳавои сернамро эҳсос мекунам. Аз ҳар як зарбаи бел дар рӯи оби зард ду чуқурча ба вуҷуд меояд ки расми он ба суратҳои дохили калисо шабоҳат дорад. Чанги ҳасрат, ки як сол боз ба ҷонам задааст, оҳиста-оҳиста кушода мешавад. Ба назарам, пас аз муддати тӯлонӣ бори аввал бо роҳе ҳаракат мекунам, ки маро ба шодӣ мерасонад.
Падарон ногаҳон фаромӯш карданд, ки гурусна ва хаста буданд. Онҳо дар ҳайрат монданд, ки дар ҳақиқат дар тайга — ҷангалистони ҳақиқй дар байни дарё шино мекунанд. Онҳо аблаҳона дар самтҳои гуногун бел мезананд ва қоҳ-қоҳ зада механданд.
— Эротикӣ! — мегӯяд Чебикин.
Пониш-дарё дар байни ҷангали арчазор — роҳи тобноку қаҳраборанг, ки аз ғуруби офтоб дар байни ду девори сиёҳ ва баланд медарояд, зуд чарх мезанад. Дар болои дарё садое ба гўш мерасад — буттаҳо овоз мебароранд, акси садояшон ба фазо мепечад. Чанд моҳӣ аз бари мо хеле наздик гузаштанд — онҳоро ҳатто бо бел доштан мумкин, милт-милт мекунанд. Бегоҳӣ тамоми рангҳоро ғафс кард, думҳо ва сутунҳои абрҳоро ба ранги моҳиҳои тропикӣ сурх намуд. Домани осмони оташгуни ваҳшӣ бо гирдоби беохири офтоб ба мо кўрона ва дудолуда менигарад. Як зарфи ҳавопуркарда ва чанд тан одамча болои он — дар мобайни уқёнуси азими ҷангалистон. Мисли корд дар гулӯ, мисли ишқи аввал, чун шеъри охирин.
— Ҷуғрофидон, дар пеш чист? — мепурсад Борман. — Хона?
— Шояд Перм? — бо умед тахмин мекунад Тютин.
— Шино карда расем, мебинем, — мегӯям ман.
— Бало занад, ин кўҳи сангӣ! — нидо мекунад Чебикин.
Дар нимдоираи дароз пеш мешитобем. Ва инак, баъди гардиш деворҳои сангини рост боло қадафрохта моро истиқбол мегиранд. Арчазор мисли парда ба як тараф кашида мешавад. Шахи калони сангӣ не, кўҳи бениҳоят бузург, мисли динозаври пушташ шонадор дар алаф, дар соҳили чап миёни арчазор хобидааст. Чебикин аз даҳшат ё шодӣ дуру дароз ҳуштак мекашад. Бомба бо чунин ҳуштак меафтад. Падарон аз қаиқронӣ даст кашида, ба кӯҳҳои сангин нигоҳ мекарданд.
Дар таҳкурсии умумии сангӣ, ки Пониш қад-қади он парвоз мекунад, ду шахи бузург хам задаанд. Шахи чап аз боло ба се дандона тақсим шудааст, дар болои шахи рост чор дандона. Ва дар байни шахҳо, гўё бо пармаи афсонавӣ, манораи борике бо номи Ангушти Иблис ба боло печида, дар охир каллааш варам мекунад. Ҳафт қулла — Ҳафт Бародар, санги Ҳафт Мард. Найзаҳои арча ба зери қабурғаи Бародарон даромадаанд.
Пониш моро назди шах мебарад. Мо якҷоя сар меҷунбонем. Хиштчинии дағалона. Давраманорҳои кӯҳна. Қабатҳои нимдоира аз фишори ҷозибаи бениҳоят гўё мекафанд. Тарқишҳо ва доғҳо бо обовардаҳои баҳорӣ ва лишайники қаҳваранг пўшонида шудаанд. Аз рахнаҳо, монанди тўпи амбразура, танаи шикастаи дарахтон берун мебароянд, ки аз боло афтодаанд, Ва боз забонҳои сангин ва тўдаи сангҳо, девори мустаҳками яклухт дар паси шохҳои арчаҳои хушкшуда. Ва дар шонаи қаторкӯҳ дар баландии даҳшатнок — тўдаи тоҷҳои санавбари арғувон аз ғуруби офтоб.
Ва ногаҳон Борман фарёд зада, заврақро ҷунбонд. Нигоҳамро аз қуллаҳо ба дарё меандозам. Мӯй дар сарам гўё калавида роҳ меравад. Дарё дар зери об гуё ба тахтасанги дарозе пешпо хӯрда, дар канал ба парвоз медарояд.
Қаиқи дар болои тахтасанг ғелида ҷаҳида, мисли корд ба шўлаи ҷўшони кафк медарояд ва аз он фаввораи оби пошхўрда ба амал меояд. Катамарани мо бо паҳлў ба маҷро медарояд. Пас аз лаҳзае шояд киштӣ чаппа шавад.
— Тарафи чап, бел зан! — фарёд мезанам.
— Табан! — дод мезанад Борман.
— Чеба, даҳаняла, туро мекушам! — дод мезанад Градусов.
— Ба қафо! — Чебикин нолиш мекунад.
— Ба чап гардон! — дод мезанад Овечкин.
— А-й-и!.. — фиғон мезанад Тютин.
Ман бо тамоми вуҷудам ба пушт хам шуда, сутуни чорчўбаро бо нўги мӯза медорам. Дастаки бел садо мебарорад, аз таги бел кафк мехезад. Катамаран ба ларза медарояд, фуки баҳмутро ба суи монеа мегардонад. Ба назарам, ресмонҳо аз фишор дар пушти ман канда шуданд. Мо дар оинаи ҳангоми ғуруби офтоб чашмро хиракунандаи ҷараёни об даромада поин меафтем.
Мавҷи сафеди об Борману Чебикин, баъд Иблис ва Овечкинро фурў мебарад. Катамаран дар мобайн хам мешавад ва ҳатто аз байни ғурриши об садои кафидани чорчўба ба гўшам мерасад. Падарон шино карда, сар аз об боло мекунанд, забонаи кафк бар сари Тютин чарх мезанад ва дар зонуҳои Маша ва Люся тит мешавад. Катамарани тар гуё лагад хўрда бошад, аз остона парида мебарояд, андак ба пойафзоли ману Градусов мерасад.
Ва ногоҳ мебинам, ки Тютин оҳиста ба чаҳорчӯба фурў рафтан мегирад. Тютин хомўш аст. Дар рӯи ӯ танҳо чашмони калон даҳшатангез ва лабони сахт фишурдашуда боқӣ мемонад. Чорчўба рост аз мобайн шикаст, аз ҷое, ки дар он ҷо ду ҷуфт гондола дар зери Тютин пайванд гашта буданд. Ва ҳоло катамаран оҳиста-оҳиста ба ду қисм ҷудо мешавад.
— Қурбониро нигоҳ доред!.. — Градусов аввалин шуда дод мезанад.
Маша, Люся ва Овечкин аҳлона ба Тютин часпиданд, ки аз чорчуба аллакай то камар поён рафта буд, мисли Иван Писари Гов дар замини тар. Ҳоло Тютин ягона ҳалқаи байни ду нимаи катамарани мост. Вай дар байни онҳо чун кулфи анбор дар байни ҳалқаҳои дарвоза овезон аст.
— Ба соҳил! — фармон медиҳам ман.
<...>
Қуллаи Ҳафт Инсон як теппа аст, ки дар саросари он санавбарҳо рўидаанд. Вай ба дандонҳои болои дара кашоли Бародарон такя мекунад. Дар байни ҷангалҳо лабиринти зинамонанде аз роғҳои каҷ мавҷуд аст, ки бо сангҳо иҳота шудааст.
Мо ба лаби ҷар мерасем. Дар поён як холигии даҳшатбор аст. Дар пеш, то уфуқ ҷангалистон паҳн мешавад. Ҷангалистони кабуди туманолуда бо мавҷҳои нарм ва суст боло мебарояд. Ва дигар на шахҳо менамоянд, на дарёҳо, на роҳу на деҳот, хама мисли пўсти дудранг.
«Эротика!» — бо шавқу завқ ба атроф нигариста, ғур-ғур мекунад Чебикин.
Дар пеши назари мо бути даҳшатангези Ангушти Иблис хомӯшона баланд мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки он бевосита аз қаъри канданиҳои зери замин аз қабати устухонҳои ҳайвон — калтакалосҳо мерӯяд, ки дар қадим ин ҷо дафн шудаанд. Вай мисли мори афъии сарбардошта ҷоду мекунад. Ман нигоҳи сарду хомўши ғайриинсонии ўро аз пилкҳои сангини чашмони кўраш эҳсос мекунам.
— Фу, чӣ хел нигоҳ мекунад... — Люся меларзад.
Падарон аз назди сутуни сангин зуд мегузаранд.
— Ҷуғрофидон, ба ин дараҳо даромадан мумкин? — мепурсад Чеба.
— Дароед, — мегӯям ман. — Фақат гум нашавед...
Чебикин дар яке аз дараҳо нопадид мешавад. Боқимондаҳо бо чӣ сабабе таъхир мекунанд. Ногаҳон Чебикин дар яке аз дандонҳои Бародарон пайдо мешавад.
— Ҳой, бинед, дандонҳо...!» — дод зада дастонашро ҷунбонд ў.
— Зуд фуро! — бо як овоз, бо даҳшат фарёд заданд Маша ва Люска.
Аммо Чебикин бо каноатмандӣ хандида, болотар мебарояд, паси шахҳо нопадид мешавад, ба роғҳо мефурояд, боз пайдо мешавад, мисли пашша дар харсангҳо мехазад. Ҳаракатҳои ӯро бо як тӯда ях дар шикам пайгирӣ мекунам. Метарсам, ки ҳатто биларзам, гӯё бо ин метавонам ӯро тела диҳам. Падарон дандон хоида, беихтиёр муштҳои худро мефишоранд ва мушакҳоро таранг мекунанд. Люся рӯи худро бо дастонаш мепӯшонад. Бо дастони ларзон сигори филтрдорро ба даҳонам гузошта мекашам ва инро пай намебарам. Чебикин ба дандонаи охирин, баландтарин, тезнўг ва дастнорастарин мебарояд. Чизе гуфта фарёд мезанад, кулоҳашро алвонҷ дода, ба мо қафояшро мегардонад ва ба он мезанад.
— Хайр, Чеба тамом шуд, — дандон хоид Градусов.
— Дар ин ҷо ғоор!.. — ба гўш мерасад овози Чебикин.
Сипас ӯ зуд ва моҳирона ақиб меравад, дар ними роҳ чарх мехўрад, ки бо роҳи наздиктар ба ғор расад.
«Биёед, мо ҳам ғорро тамошо кунем», — мегӯям ба падарон. — Ҳо ана, дар он тараф...
Мо ба дараи намноки сарду тира мефуроем. Вай ноҳамвор асту ба поён нишеб мешавад. Падарон бо даст ба сангҳои тар мечаспанд, дар ҷўби сӯзанбаргҳои пӯсида ва кундаи дарахтони тар мелағжанд. Дар баъзе ҷойҳо лозим меояд, ки аз обкандаи на чандон баланд ҷаҳида фароем. Падарон аз поён духтаронро муҳофизат мекунанд. Маша имрӯз маро гўё намебинад.
Ман аз ҳама охир меравам ва дар бораи ин фикр мекунам.
Ман дигар аз дирўз шарм намедорам, беэътиноии Маша ва шояд ҳатто душмании ошкоро бароям дарднок нест. Ба назарам, дар дилам Машаро бо девори хиштӣ маҳкам кардам, мисли тиреза дар девор. Фақат гоҳо аз сӯрохии наве андак насим мевазад, — дар ҷое, ки хиштеро андак шикастаам.
Дар пеш ва дар поён башараи Чебикин менамояд.
— Инҷо биё, буз! — бо ғазаб дод мезанад Градусов.
— Худата гум кун! — маслиҳат медиҳад Чебыкин ва бо ханда паси шах мегурезад.
Ниҳоят, ба як майдончаи ҳамвори урён меоем. Дар болои он дар девор сӯрохи секунҷаи ғор. Падарон баромада, ба даруни он менигаранд.
Овечкин мегӯяд: «Дар он ҷо кӯҳе ҳаст».
— Аммо Чебикин чй тавр фуромад? — Люся ҳайрон мешавад.
— Бу-бу-бу-бу! — шарҳи хушҳолона меояд аз ғор.
— Бале, — Борман бо шубҳа розӣ мешавад. — На ҳама чунин маймун мешаванд.
— Дар деҳаи мо як писарбача буд, болои харсангҳо баромада, хазиду хазид, баъд афтоду мурд, — мегуяд Тютин.
— Дар деҳаатон ягон писар зинда мондааст? — бо киноя таваҷҷуҳ мекунад Маша.
— Оё медонед, ки Чеба куҷо баромад? — мепурсам ман. — Дар замонҳои қадим ин ғор чӣ буд...
— ...Ҳоҷатхона! — тахмин мекунад Градусов ва қаҳҳос мезанад.
— ...Маъбади бузург ва дар ин ҷо бутҳо, рамзҳои муқаддасот буданд.
— Кадом муқаддасот? — Люся ҳайрон мешавад. — Дар ин ҷо касе зиндагӣ мекард?
— Дар ин ҷо халқҳои бузурге зиндагӣ мекарданд, ки инсоният онҳоро кайҳо фаромўш кардааст. Дар ин ҷо қалъаҳо, каналҳо, маъбадҳо буданд, шоҳзодаҳо, коҳинон, ситорашиносон, шоирон буданд. Ҷангҳо буданд, шаҳрҳоро истило мекарданд, қабилаҳои тавоно дар байни шахҳо то мурданашон меҷангиданд. Ҳамаи ин буд. Ва гузашта рафт.
Падарон ғайри одат бодиққат гӯш мекунанд. Ман ин таавҷҷуҳро ҳангоми дарсҳоям дар мактаб надидаам. Дар чашми онҳо мебинам, ки чиро тасаввур мекунанд. Онҳо низ, албатта, мисли ман, нигоҳи ноаён ва нофаҳмои Ангушти Иблисро эҳсос намуданд. Акнун гуё замин дар зери пои онҳо гап мезад. Дар умқи худ, то устухонҳои дафншудаи сусморҳои хунхор вай ногаҳон пур аз маънӣ, пур аз воқеаҳои таърихӣ шуд. Ин маъноҳо бо нафаси таърих боло шуда, мисли нурҳои радиоактивии Чернобил ба ҷисмҳо, ба мағзи сарҳо медарояд. Мавзеи аз тамаддун дурафтода будани ҷангалистон ва ин сангҳои гумном фаромўш шуда, аз деҳоти мусибатзада ва лагери маҳбусон пур гашт. Ҷангалистон ва харсангҳо якбора чизи ҳаётан муҳим, аз бисьёр чизҳои дигар гаронбортар ва заруртар шуданд.
— Ҷуғрофидон, баландтар гап зан! — нидои Чебикин шунида мешавад.
— Беҳтараш, аз ғор баро! — дар посух дод мезанад Борман.
— Э, не, шумо маро мекўбед... Ҷуғрофидон, баландтар!..
— Бостоншиносон дар ин ҷо ҳафриёт анҷом доданд. Ман он чӣ дар бораи Ҳафт Одам хондаву шунидаам, нақл мекунам. Онҳо устухонҳои зиёди ҳайвонҳои қурбонӣ шуда ва саракҳои тирро пайдо карданд...
— Ту чӣ, буҷулҳоятро гум кардӣ, Курбон? — Градусов Тютинро бо паҳлуяш тела медиҳад.
— Ёфтам! Ёфтам! — Чебикин бо ҳаяҷон аз ғор дод мезанад. — Пайкони тирро ёфтам!
Падарон бо ҳаяҷон ба ғор шитофтанд.
— Баро, маслуқ! — нидо мекунад Градусов. — Намекўбем! Қавли мард!
Пас аз чанде Чебикин аз ғор берун шуда, ба ман як санги дарозрўя медиҳад. Падарон бо эҳтиром ба он менигаранд, бо ангуштони худ ламс мекунанд. Вай як пора санги муқаррарӣ.
— Ин чист? Тир? Найза? — шукуфон гашта мепурсад Чебикин.
— Саргини сангшудаи мамонт, — мегӯям ман.
Падарон механданд. Чебикин хиҷолатмандона сангро дар кисааш пинҳон мекунад.
— Барои шумо, дандонҳо, шояд саргин аст... — мегӯяд ӯ новобаста ба хулосаи мо.
Мо ба болои дара бармегардем. Ман пас аз ҳама меравам. Бачаҳо пеш рафта, духтаронро фаромӯш карданд. Вакте ба Маша ёрӣ додан мехоҳам, ў қафотар меравад ва бо нигоҳаш маро тела медиҳад.
— Даркор не! — мегӯяд ў бо ғазаб ва пас аз каме таваққуф илова мекунад: — Ман намехоҳам, ки шумо ба ман даст расонед!
Пас аз хӯроки нисфирӯзӣ мо чизҳои худро ҷамъ мекунем, то ба киштӣ равем. Борман пастакак ҳарф зада, аз ман маслиҳат мепурсад. Вале Маша ба ман бетаваҷҷуҳ аст. Вай ин корро бе намоишкорӣ анҷом медиҳад, ки худ як навъ таваҷҷуҳ аст. Вай маро гўё намебинад, чунон ки одам банди кушодаи пойафзолашро пай намебарад. Вале ман оромам. Медонам, ки Маша аз они ман аст. Фақат намедонам бо вай чӣ кор кунам. Дар сарнавишти худ ҷойе барои ӯ намебинам. Ин бароям аламнок. Ман ӯро дӯст медорам. Дарднок ҳам бошад, шодам, ки ҳоло ҳамсафар ҳастем. Саёҳат мисли мамнунгоҳи тақдир аст. Дар назди хайма бордонамро чамъ мекунаму нохост суҳбати Машаро бо Овечкин мешунавам. Ду кас дар хайма гумон мекунанд, ки девори чодарӣ онҳоро аз ҷаҳон пинҳон мекунад.
— Туро имрӯз намефаҳмам, — мегӯяд Овечкин бо эҳтиёт.
— Ман чун ҳарвақатаам, — бо қатъият ҷавоб медиҳад Маша. — Дастатро гир.
— Сабабгораш Ҷуғрофидон?
— Кори ту набошад.
— Ман чӣ? — ниҳоят баъди хомушӣ мепурсад Овечкин.
— Худат медонӣ...
Ба Овечкин раҳмам меояд. Феъли Маша вазнин. Лаҳни Люся дигар. Вақте аз Ҳафт Одам мефаромадем, духтар дар нишебие чаппа шуда афтид ва бо гиря хоҳиш кард, ки ӯро ба даст гирем.
— Хуб, биё туро мебарам, — гуфт Борман.
Вай Люсяро ба пушташ шинонда, ғур-ғуркунон то иқоматгоҳамон бурд. Хушбахтона, бошишгоҳ наздик буд, тақрибан дар масофаи 200 метр.
— Градусов, ту имрўз навбатдор, — хотиррасон намуд Борман ҳангоми пешин хўрдан.
— Рав, дегро шўй, — розӣ мешавад Люся дар атрофи Борман давр зада.
— Ба як кас душвор! — гила мекунад Градусов. — Бигзор Ҷуғрофидон ҳамроҳ шавад!
— Вай ба ҷойи ту ҳангоми наҳорӣ навбатдор шуд, чунки ту хоб будӣ.
— Фарқаш чӣ?! Бедор кардан лозим буд. Умуман, Борман ба ман хўҷаин не! Ман ба сардор шудани ў зид будам!
— Вале аксарият ўро интихоб карданд, пас, ў командир аст!
— Пас, бигзор «аксарият» дегро шўяд!.. Исто ки чаро ту фармон медиҳӣ, агар командир ў бошад? Бисёр бетоқат бошӣ, ба Бормани худат фармон деҳ, на ба ман, фаҳмидӣ, Митрофанова?
— Чаро Борман аз ман будааст? — Люся дар ҳайрат монд.
— Вай охир туро пуштора карда овард, мисли халтаи ахлот...
— Бигузор чунин бошад. Ман ба ӯ ошиқ шудам! — Люся ба ғазаб омад. — Ту ҳасад мебарӣ. Чунки заб-зардӣ, биниат ана ин қадар! — Люся дастони худро ба ду тараф паҳн мекунад.
— Кош кирои ҳасад мебуд! — Градусов бо хашм фарёд зада, дегҳоро ба даст мегирад. — Дўст доштан гирад, садқаи сарам. Барои тўдаи ахлот афсўс намехўранд!
Иблис чунин ҳангомаро дар атрофи Люска дида, метарсад. Ӯ мекӯшад ба ин ҷараён ворид шавад, аммо касе ӯро пайхас намекунад. Он гоҳ Иблиси ландаҳур дар ноумедӣ як қаҳрамонӣ кард. Пас аз хӯроки шом ба Люся хабар дод, ки ҷузвдони ӯро ба катамаран бурда, дар сутун бастааст.
— Э, раҳмат... — шод мешавад Люска ва дарҳол дод мезанад: — Борман, чаро Градусов ба рўи ҳама бордонҳо лой мепошад?!
Градусов бо ғазаб қадам зада, ба ҳар чӣ айб меҷўяд, ба анҷоми ҳама лагад мезанад. Дар охир, пеш аз рафтан маълум мегардад, ки танҳо ӯ ҳоло омода нашудааст. Вай марғзорро давр зада фарёд мекунад:
— Борман, борхалтаи ман куҷост? Ман аввалин шуда, онро ҷамъ карда будам!
— Ҳо, ана, бордонат. — Борман оромона ба ҷониби буттаҳо ишора мекунад:
Градусов борхалтаро аз болои шох кашола карда мегирад, вале бо нафрат ба замин мепартояд.
— Ин аз они ким-каси дигар, на аз ман!
— Вий, ин аз они ман аст... — пастакак фишшос мезанад Люся.
Иблис беихтиёр табассум мекунад ва китф ба ҳам мекашад. Бо андак эҳсоси гуноҳ шино мекунем.
Боз моро оби зарду масти Пониш ба пеш мебарад. Аз бари мо арчаҳои зери об монда мегузаранд. Абрҳо дар болои ҷангалистон паст фуромада, бетартибона ҳаракат мекунанд. Дараҳои дарози осмони кабуди сурхранг дар дуриҳо мехазанд. Дар пуштаҳои дури баланд, ки нури офтоб ба он ҷо меафтад, ҷангал аз нури дурахшони пуриқтидор равшан аст. Дар нишебиҳои доманаи кўҳҳои дур сахраҳои дар ҷангал ғарқгашта сафед метобанд. Гоҳо харсангҳо мисли ҳайвоноти бузурге пайдо мегарданд, ки барои обхўрӣ омадаанд. Об моро мебарад, аз бари мо соҳилҳо ва хати ҷудокунандаи замину осмон мегузаранд, гоҳо нўги дарахтони арчаи ғарқшударо бо асабоният меларзонад, гоҳо ба сурати мавҷҳои нарми кўҳҳо мадду ҷазр мекунад, мисли нафаси ороми замин боло медамаду поин мешавад.
Бегоҳӣ дар соҳилҳо дарахтони афтондаи киштии яхшиканро мебинем. Ман хавотир мешавам. Чунин «шона»-ҳои даруни дарьё гондолаҳои моро харошида, ба осонй сўрох мекунанд. Дар пеш санавбари дарозеро мебинам, ки болои дарё хам шуда, шакли секунҷаро ифода мекунад. Як шамол кофист, ки дарахти санавбар афтида, чун садди азим пеши роҳро бандад. Дар катамаран қоматамро рост карда, ба пеш менигарам. Як, ду, се, боз чанд арчаеро мебинам, ки ба об афтодаанд.
Вазъият чатоқ. Мо аз таги санавбар чун аз зери болочўби дарвоза шино мекунем. Ин дарвозаҳо моро ба салтанати марг мебаранд.
Катамаран аз бари як «шона» давр зада мегузарад, баъд бо як кунҷи танаш дигарашро зада меравад. Борман оқилона, бе асабоният фармон медихад. Вале ба шонаи сеюм думи қаиқи мо мечаспад. Градусов бо панчаҳои арча задухурд карда, аз байни онҳо суп-сурх, бо мўйи парешон ва танаи пур аз харошҳо мебарояд.
— Бивен! — ҷониби Борман дод мезанад ў. — Аввал бин ба куҷо меравӣ!
Ва дарҳол қаиқ моро ба сӯи арчаи дигар мебарад.
— Рӯ ба поён афтед ва ба пеш! — фарьёд мекунам.
Ҳайат мисли мусулмонон дар намоз рӯй ба замин меафтад. Мо аз зери дарахт парвоз мекунем. Шохҳо пушту сари моро шона мезананд, чодаре, ки борҳои моро мепўшонад, мекананд. Сўзанбарги хушк, чанги чўб аз гиребони мо мегиранд. Пониш ваҳшиёна моро ҷониби дарахти дигар кашола мекунад.
— Ата-ас! — Ногаҳон бехудона дод мезанад Чебыкин.
Киштии мо акнун ба шонаи тӯс парвоз мекунад.
— Бо белҳо онро тела диҳед! — фарёд мезанам ман.
Нерўи ҷараён чунон сахт аст, ки белҳоро қариб аз дасти мо меканад. Киштии мо навдаҳоро шикаста, ба танаи дарахт мечаспад. Ман ба чорчӯба часпида, зарбаи дарахтро бо поям бармегардонам. Онро бо тамоми қувва тела медиҳам, ки об моро зери шона накашад. Вай хеле паст хобида моро мисли корди булдозер реза-реза мекунад. Зоҳиран, Пониш аз муқовимати мо девона мешавад. Як чоҳи азим дар канори чапи қаиқ ҷӯш мезанад. Гондолаи чап болои он меравад. Мо ба тарафи рост хам мешавем, вале чоҳ моро зери дарахти тўс мебарад.
— Тютин, Маша, зуд ба тарафи чап! — фармон медиҳам ман. — Ҳама либоси наҷотбахшро ба бар кунед! Овечкин, шохчаҳои поёнро буред!
Овечкин мисли сояи хокистарранг дар даст табар аз наздам мегузарад. Ба дарахт мисли аспак мешинад ва ҳар шохи пешашро хашмгинона буридан мегирад.
«Овечкин, баргард!» — фарьёд мекунам.
Овечкин хап. Ранги рўяш сафед шуд. Рагҳо дар пешониаш хат кашиданд. Табар ба болову поён задан мегирад. Парахаҳо ба рўи ман мезананд. Тараққоси гўшхарош, лаппиш — ин танаи буридаи дарахт аст, ки катамаранро бо ҳама шохаҳо ба оғӯш гирифта, ба об меафтад. Фаввора ба рўи ману Градусов об мепошад. Катамаран озод шуда, ногаҳон ба пеш харакат мекунад. Лахзае Овечкинро мебинам, ки савор дар танаи буридашудаи дарахт, торафт қафо мемонад. Пас аз лаҳзае Овечкин мисли кӯршапарак ба катамаран меҷаҳад ва бо қафаси сина ба қафои он меафтад. Ману Градусов ўро аз об кашида мебарорем. Пониш мои озод ва девонаро поинтар мебарад.
— Ту чӣ, девонаӣ?! — ба Овечкин дод мезанад Градусов. — Ё ту Буратинои ғарқнашавандаӣ?!
Маша бо чашмони тира ва чиддй ба Овечкин менигарад.
— Ӯ моро наҷот дод! — мегӯяд Люся бо эҳсос.
— Боз як шона! — баъд аз даҳ дакика фарьёд мезанад Борман.
Ҳоло дар маҷро як санавбари ғафси серпанҷа дарёро баста, паҳн шудааст. Об дар шохаҳои он тоб мехўрад, мавҷи кафк аз болои он меҷаҳад, назди он пур аз партови гуногуни дар об шинокунанда. Мо танҳо бо роҳи ба соҳил кашола кардани катамаран бар ин шона ғалаба карда метавонем.
— Тарафи чап, бел зан! — фармон медиҳам ман.
Мо дар буттаҳо сахт дармондем. Мо бо тамоми кувва шохаҳоро мекашем, аммо катамаран дигар намеҷунбад. Ман чуқуриро бо бел чен мекунам.
— Ба чӣ нигоҳ мекунед? — Ман бо ғазаб ба падарон фарёд мезанам. — Шимро кашед, тела медиҳем!
Борман бе сухан ба кашидани мӯза оғоз мекунад.
— Мо ҳам? — Маша ба ақиб рў оварда мепурсад.
— Ту ба куҷо! — дод мезанад Градусов. — Шинеду даматонро гиред!
Дар тан свитер, шортҳо ва мӯзаҳо мо ба об лағжем ва чаҳорчӯбаро медорем. Сардӣ, мисли вампир, ба тани мо дандон мезанад. Чуқурии ин ҷо каме болотар аз зону.
— Ту ба куҷо? — Градусов ба Тютин дод мезанад. — Ба ном Ёрдамчӣ, балот занад, панҷ кило якҷоя бо катча.
— Ййак!.. — Фармон медиҳам. — Ддууу!.. Эҳ!..
Хафт нафари мо якбора катамаранро аз байни рустаҳои назди дарахти санавбари афтода кашола мекунем. Катамаран мисли фили мурда вазнин аст. Чуби тези дарахте поямро харошид. Мо аз рўи решаҳо лағжида қадам мезанем. Чебикин ва Борман якҷоя меафтанд, аммо мехезанд ва кашола мекунанд.
«Сарбозони Ермак каиқҳои худро ҳамин тавр мекашиданд...» хиррос мезанам ман.
Ниҳоят, метавонем боло равем. Падарон худро алвонҷ дода, шимро аз болои шорти тарашон мепўшанд. Градусови каб-кабудшуда фарёд мезанад:
— Митрофанова! Ба ман як шиша ва шими хушк биёр!
— Дар куҷо? — Люся метарсад.
— Ҳозир ба ту нишон медиҳам дар куҷо!.. Ту дар борхалтаи ман нишастаӣ!
Люся саросемавор борхалтаи Градусовро мекушояд. Вай чанд ресмон, ғалтакхои сим, банка, шамъ, ҷузъиёти хурди таъйиноти номафҳумро мебарорад ва ҳамаи инро бо даҳшат ба Маша медиҳад. Ниҳоят, трусиҳои калони хонапўшаку як шиша арақ ба дуньё меоянд. Онро ман бо дандон мекушоям, аз гарданаш менӯшам ва ба давра медиҳам. Ба тани сармохўрдаи ман оби гарм медавад.
— Дар пеш садди ях, — мегуяд бо алам Борман.
Мо гардан мекашем. Дар лаби дарё арчае ҳаст ва ба он як кўҳи ях такя задааст. Тану бари он дар офтоб медурахшад. — Маълум мешавад, ки абрҳо аллакай пароканда шудаанд. Ҳам дар тарафи рост ва хам дар тарафи чап зери об арчаҳои касногузар. На рафтан мумкин, на аз болояш гузаштан. Ҳама ҷо маҳкам.
— Чӣ бояд кард? — Бо парешонӣ мепурсад Борман.
— Тамом, — мегуяд Градусов. — Кино тамом шуд.
Барои дар шом ҷой ёфтан ҷониби роҳи зериобмонда меравем. Дар ин ҷо хомӯшии торик ва оромӣ. Ғурриши Пониш паст мешавад. Мо байни ду девори арча оҳиста-оҳиста шино мекунем. Дар таги мо рахҳои шустагашта менамоянд. Дар оби шаффоф ҷалғўзаҳо бе ҳаракат овезон шудаанд. Ҷангал худро намоён мекунад. Ҳисси замини сахт гум мешавад. Аз дур, дар паси нўги тезу панҷаҳои арча, субҳи фарох ва гулобии дурахшон шах мешавад.