Тўлонӣ хобидӣ андар хок коҳилона...

* * *

Тўлонӣ хобидӣ андар хок коҳилона
ва бекору нодаркор, то расид фурсат,
ки шудӣ бедор аз хобу бардоштӣ сари вазнинатро,
сутунмуҳраи карахтатро бинмуда рост,

муҳраҳои пуштат, ки барқро монад,
қарс-қарс овоз бароварду раъди мудҳиш
чунон ларзонд, ки осмонҳои мағрур ларзиданд
ва бузург жолаҳо сангчасон бориданд,

дар роҳи парвоз ба теғу нешҳо бадал гаштанд
резон қатраҳое, ки донаҳоро мемонанд
ва ташнаи рўидан буданд, бетафовут,
ки чун мерўянд: дар сурати майсаҳо

ва ё тирафом ҷангал ва ё ягон ниҳол, —
тўлонӣ хобидӣ ту андар хок нодаркор
ва коҳилонаву бесуд ва, инак, фаро расид
замоне, ки интизораш будӣ содиқона, —

оре, бигзаронӣ барҳазар аз даву тоз
умри кўтоҳатро дар хоби гарон сокит
беҳ аз он ки дар зулмот биравӣ ҳаросида,
қираҳои дастрасро палмосида,

гоҳ-гоҳ пешпо хўрдаву хандида хушҳол
ва эълом дошта, ки «Чӣ хуб аст ҳама, олист!» —
аз ин рў, ғофил аз асли номат,
туро меноманд ҳама: рўд-суруд.