Духтари Иван, модари Иван

(пора аз қисса)

Тирезаи ошхона дар болои дари ғиҷирросии даромадгоҳ, ки ҳангоми даромадану баромадани одамон садо мебаровард, воқеъ гардида буд. Вуҷуди Тамара Ивановна аз оташи интизор метапиду дармегирифт ва агар касе аз дари даромадгоҳ даробуро мекард, вай садои онро аз ҳама кунҷи хона, ҳатто аз хонаи хоби дар паҳлуи дигари иморат воқеъгардида, ки алҳол шавҳараш он ҷо масти хоб буду ў чанд соат боз дар назди тиреза мисли тори таранг кашидашудаю маътали нохун задан тори нигоҳ аз кўча намеканд, ҳатман мешунид. Аммо кўча торику сокит буд. Равшании чароғи назди даромадгоҳ базўр то нардаи чўбини гулгашту майдончаи бозии кўдакон дар сояи навдаҳои сафедорони пир мерасид. Ҳеч кас ба доираи ин равшании беҳаракату хира қадам нагузошта буд. Тамара Ивановна аз изтироби бошиддати дохилӣ ончунон месўхт, ки метарсид ин оташ ўро сўхта хокистар мекунад. Ва дар ин ҳолат, агар ягон соя ва ё овозе дар гулгашти торик пайдо мешуд, ў бояд медиду мешунид. Не, ҳама ҷо хомўшу сокит буд. Аз кўча, ки онро хонаҳои мардумаш кайҳо дар хоби ноз, ҷудо мекард, аввал садои мошинҳо меомад, алҳол онҳо низ мунқариз шуданд.

Бевақтии шаб, шояд соат аз се гузашта бошад.

Шавҳараш масти хоб. Аҷиб, то кадом андоза аз ҳам тафовут доранд меҳри падару модар нисбат ба фарзанд: магар модар алҳол метавонад ором бихобад? Дар вуҷуди ҳар фарзанд шояд нисфе аз генҳои падар бошад, аммо он дар муқоисаи нўҳ моҳ бардошта гаштану мудом вуҷудияти тифлро дар батни хеш ҳис кардани модар, кам аст. Ва модар ба он ҳама печутоб хўрдану дард кашидан ҳангоми таваллуд ҳам, наметавонад аз вуҷуди хеш тифли нўҳ моҳ дар шикамаш бардоштаашро пурра берун кунад: канораҳои ҳамли модар заррае аз он тифлро меҷабаду тамоми умр фарзанд дар вуҷуди модари хеш мемонад. На танҳо қалби Тамара Ивановна дард мекард алҳол, бал тамоми вуҷуди ў ба як лахта дарди ҷонгудоз табдил ёфта буд. Дилашро гургон тала мекарданд, чизе дилашро сўзиш медод, чангол мезад, мехарошиду мехарошид ва бофтаҳояшро бармеканду танҳо як вожаро менолид. Светка модарашро ово мекард, ба ёрӣ мехонд...

Бегоҳ, вақте ки ин азобу азият оғоз ёфт, шавҳараш Анатолий дар хона набуд. Тамара Ивановна медонист, ки вай дар хонаи Демин аст, зеро онҳо кайҳо боз якҷоя барои анҷоми коре азм карда буданд, аммо як моҳ боз ба ҷуз гап кор пеш намерафт. Ташабусскор Демини таҷрибадору ба ҳаёти нав собитқадам буд. Ҳамин ки зиндагии пешин рахти сафар баст, ў аз автобаза (ҳамроҳи Анатолий кор мекард ў) рафт ва чанд муддат дар куҷое ба ҳайси таъминотгар ифои вазифа намуд ва баъд дар бозори марказӣ дукончае кушоду ҳар гуна майда-чуйда, аз чароғи барқию ранг то қисмҳои эҳтиётии мошин, мефурўхт. Анатолий бошад, то ҳол дар автобазае, ки бист соли умраш он ҷо сипарӣ шуд, андармон аст. Вақтҳои охир кам ба сафар мебарояд ва аксар холӣ бармегашт. Баъзан ҳезум, пору орад, дигар бе бор меомад. Ба ҳама душвориҳо тоқат кард, тоқат карду оқибат роҳбарон ўро ба кўча ронданд. Бисёр аламовар буд ин рафтори онҳо. Охир, ҳамин қадар сол умрашро дар ин корхона зоеъ карду акнун нодаркор шуд... Дар автобаза бо Тамара, ки се сол боз дар қатори мардон сари чанбари автомобил менишаст, вохўрд.

Тамара Ивановна баъди соати ёздаҳи шаб ба воситаи телефон шавҳарашро дар хонаи Демин пайдо кард. Қабл аз ин ў ба хонаи дугонаи Света — Люсаи қадбаланду бокарруфар рафт. Агар лўхтакрўию чашмони калони бозигар ва рухсораҳои болиштчашаклаш намешуд, ин духтар ба назар зани баркамолро мемонд. Аммо Тамара Ивановна аз ин чеҳра аниқ кардан натавонист, ки духтарак рост мегўяд ё дурўғ. Гўё ў рўзона Светкаро дар бозор ҳамроҳи дугонаҳояш, аз ҷумла Лида Топол дидааст: онҳо ҷойи кор меҷустаанд. Баъди ҷойи кор пайдо накардан Люся аз онҳо ҷудо шудааст. Ҳангоми рафтани ў дар назди Светкаю Лида як ҷавони қафқозиасли дар танаш курткаи ҷинс пайдо шудааст.

Аз ин сафар фоида ҳамин буд, ки аз Люся нишонии Лида Тополро гирифт. Ҷойи истиқомати ў аз маҳаллаи онҳо дур буд.

Баъди ба хона баргаштан Тамара Ивановна ба Анатолий занг зада, бе ягон дудилагӣ гуфт, ки Светка гум шудааст, зеро то ҳол вай ягон бор то соати нўҳ дер намекард. Ҳамеша дар ин вақт ҳатман ба хона бармегашт. Додараш Иван метавонист тобистон — мисли ҳозира — то нисфи шаб ба хона наояд ва ин хеҷ касро ба ташвиш намеовард: охир писарбача аст вай. Аммо то ин бевақтӣ гаштани духтари шонздаҳсолаи зебо, кунҷкову бетаҷриба гапи дигар. Светка барвақт, дар шашсолагиаш, ба мактаб рафт, аммо «то синфи даҳ хондан шарт нест» гўён аз синфи нўҳ мактабравиро бас кард. Баъд ба курси нўҳмоҳаи фурўшандаҳо дохил шуд, мехост зиндагии хушу зебо дошта бошад. Ана оқибаташ, курсро хатм карду ба сабаби ноболиғ буданаш дар ягон ҷо ба кор нагирифтанд. Дирўз ҳамроҳи ҳамсабақҳояш барои пайдо кардани кор ба бозор рафтаанд, то савдогар шаванд, моли хуҷаинашонро дар пеши харидорон алвонҷу намоиш диҳанд, таърифу тавсиф кунанд.

Ана ҳамин хел!

Анатолий ба мошини Демин омад. Тамара Ивановна ҳамоно дар назди тирезаи ошхона рост меистод. Бесадо дар роҳи тангу тори пур аз чуқурӣ хазида омадани мошин ва аз он ҷаста фуромадани Анатолий ва баъд муддате Деминро интизор шудани ўро дид. Фаҳмидан душвор набуд: ў намехост танҳо ҷониби хонааш, ба истиқболи таҳдиду ашкрезии ҳамсараш боло барояду ба нигоҳи тарсхўрдаю сахтгири ў рўбарў шавад. Тамара Ивановна Деминро ҳамроҳ дида, оҳи сабук кашид: ў одами боэътимод аст. Демини қоматхамида, мисли одамони давраи ибтидоӣ, ки дар китобҳои дарсӣ тасвир мекунанд, дастони дарозаш аз китф овезон, нахуст ҷониби даромадгоҳ гом бардошт ва вақте ки ба дари кушодаи ҳуҷра ворид шуд, аз чеҳраи ҷиддии Тамара Ивановна фаҳмид, ки духтарча то ҳол пайдо нашудааст. Ў мисли ҳамеша бо овози хиррӣ гуфт:

— Воҳима накун. Ҳоло барвақт аст ба воҳима кардан. Соат... ҳоло барвақт.

Ҳама бетафовут шуниданд ин ҳарфҳоро ва худи ў низ нағз медонист, ки ин суханҳо танҳо барои тасаллои диланд.

Онҳо ба Иван таъкид карданд, ки хобаш набарад, то баргаштани онҳо аз назди телефон дур нашавад ва аз хона бадар рафтанд. Шаби гарму торик буд, бўи борон меомад. Кўча хилват буд ва аз ин истифода карда, мошинҳое, ки дар давоми се-чор сол аз тамоми гўшаю канори дунё оварда буданд, ба пойга омода мешуданд. Ин пойгаи мошинҳои бегона дар ҳама чиз таҷассум меёфт: дар латтаю чарм, дар чойнику тобаҳо, дар тухмии сабзию картошка, дар дастурҳои таълими кўдакону бозомўзии профессорон, дар ишқварзӣ, дар муҳаррики ҳавопаймо, дар таблиғоти сари роҳу маҷлисҳои ҳукуматӣ. Ҳамаи ин нағмаҳо гўё якбора дар ҷойи холӣ пайдо шуду куҳнаро чаппагардон кард. Акнун ба тарзи пешина фақат дафн мекунанд одамон наздиконашонро. Бештар ҷанозаро дар калисо мехонанд. Ҳама якбора бо суръати баланд ба пеш, ҷониби дунёи номафҳуми шарорбору сўзон медаванд ва ҳамзамон бо ҳарос ба ақиб, ба тарзи зиндагии шинос баргаштан мехоҳанд, ки бо гўронидан анҷом меёбад он. Ва ба назар чунин меояд — бархе мисли парвона худро ба оташ мезананду қисме мисли кўрмуш ба замин фурў мераванд.

Хомўш роҳ мепаймуданд, агар ягон мошини хориҷӣ аз ў гузарад ва ё аз пеш бо чароғҳои рахшон, бидуни тағйир додан ба чароғи равшаннамо, ояду нороҳат кунад, Демин норозиёна оҳу ўҳ мекард. Ба маркази шаҳр расиданд ва аз пули кўҳна ба соҳили чапи Ангара гузашта, ба рост тоб хўрданду шаҳрро ақиб гузоштанд. Атроф торик буд. Барои карахт нашудан Тамара Ивановна дар нишастгоҳи ақиб ба тирезаи мошин ҷафсу хам шуда, дида ба ахтарони осмон дўхт. Наменамуданд ситораҳо, дар баландиҳо мисли тахлаби ботлоқзорон тобишҳои барқии рангоранги шаҳр ба назар мерасид. Тамара Ивановна ахтаронро наёфта, ба хотир овардан хост, ки вақте онҳоро медид, оё ягон ният мекард. Аммо чизеро ба ёд оварда натавонист, гўё вай ду пора шуда буду робитаи байни онҳоро хира медид.

— Суст ҳаракат дорем? — безобита шудани ўро ба таври худ фаҳмид Демин.

<...>

То шавҳар кардан Тамара Ивановна ҳар гоҳ ба андоми худ бо ҳаяҷон менигарист. Зиёдтар аз ин ў аз ояндаи хеш меандешид. Дар русто онҳо дар хонаи калони панҷҳуҷра мезистанд, ки ба ҳавлӣ мепайваст. Духтари хонадон як кунҷи онро соҳибӣ карда буд. То дер хоначаи ў дар надошт. Ба ҷойи дар пардаи вазнини қирмизӣ истифода мешуд. Танҳо ду сол қабл аз гусели ў падар дар шинониду оқибат он ба хона монанд шуд. Баъд оинаи барқад оварданд. Бо вуҷуди он ки ҷо-ҷо мўяк рафтаю рангаш парида буду чеҳраро каҷукилебу мавҷдор менамоид, хидмат мекард он оина ба ў. Пеш аз хоб Тамара ҳалқаи дарро гузаронида, дар назди оинаи хира куртаи хобашро боло мебардошт ва мисли ҳар як духтари болиғ, ки ниҳонӣ ба хурдтарин тағйироти дар вуҷудаш пайдогашта менигарад, бо диққати тамом дида медўхт ба бадани худ. Мақбул набуд андомаш ба вай: миёнақад, ғалча, китфонаш баланд, пойҳояш қавӣ, сермушак. Бояд каме дарозтар бошад, дар тасаввури ў ҳар як ҳуҷайраи бадани зан бояд донаҳои ёзидаи ҷавдорро ба хотир орад ва ҷисми ў аз нўки по то фарқи сар ба боло, ҷониби хуршед қад кашад, зеро офтоб вуҷуди баланду болоро бештар навозиш мекунад. Танҳо дар ҳамон ҳолат андоми зан мавзун, ҳассосу латиф ва дилрабою дилкаш мешавад.

Ба баландболо набуданаш ба осонӣ тан надод Тамара. Баъзе чораҳо андешид, раҳнамое ҷиҳати амал тартиб дод. Аммо акнун, вақте ки лучи модарзод ба оина наздик мешавад, дигар мушавваш намегардад. Он ҳолат танҳо дар нигоҳи аввал ба вуқуъ мепайваст. Ана ҳоло ором ба оина нигарист, худашро шинохт, танашро нарм-нарм ба поину боло панҷа кашиду тўлонӣ молиш дод ва чашмонашро пўшид.

Як дунё ҳаловат дошт ин интизории пуразобу пурэҳсос. Мисли мавҷи сабук аз боло ба поён ноаён аз ду паҳлу хазида, сусту ланҷ мекард, баъд тамоми вуҷудашро бедор намуда, ўро ба тангно меандохту бо мавҷи ҷавобӣ боз ба боло мехазонид. Вуҷудаш тарангу карахт мешуд, метаровид, нафасаш мегирифт, дилаш метапиду ўро алвонҷ медод, ба шавқ меовард, ҷисмаш тадриҷан нарм-нарм партав меафканд. Ва аниқ аз дарун садои ниҳоние суруди алларо ба самъаш мерасонид: шояд замоне ў ин сурудро шунида бошад:

Ором, ором
Рўдак ҷорӣ буд,
Обаки борон
Гунҷонда дар худ.
Оҳ лўлӣ, лўлӣ,
Дарёча, нахрўш.
Оби софатро
Макун ту гилпўш.

Ўро рози занонаи дар вуҷуди худи ў низ ниҳон мушавваш карда буд. Ин рози ниҳонии ба ҳама занон хос аз руҳи ғайриодӣ аланга мегирифт: ё ором, хоболуд, базўр ҷунбанда, нарм-нарм сандуқи синаро навозиш мекард ва ё ногаҳон болу пар бароварда, ҳамон синаро аз шўру шааф пур намуда, аз ҳаяҷон ба нўки по мехезонд. Гўё чизи сарбастаи дилпазиру масруре дар вуҷуди ў ҷой гирифта буду қудрати бурун шудан надошт, ин гуна суруд ва он садои борику ҳузноварро ў борҳо аз ботини хеш шунида буд. Алҳол Тамара Ивановна аз худро то ҳол комилан нашинохтанаш азоб мекашид, зеро ҳар чизе, ки мебинад, вазифае бар дўш дорад, ба манфиати кор аст, барои зиндагӣ ва идомаи он лозим аст, аммо намешавад, ки ҷойгоҳи занро танҳо тахти хобу ошхона муқаррар кард. Зан комилан дар он намегунҷад ва ба шавҳар низ пурра тааллуқ надорад. Аммо он чизе, ки (фавқулэҳсосӣ, на шаҳвонӣ) худро ҳамеша озода медораду дар лаҳзаи ба навозиш эҳтиёҷ доштани зан ўро менавозад ва оҳиста-оҳиста ба торҳои қалби вай нохун мезанад, чист? Баъзан Тамара Ивановна дар назди ана ҳамин қисми ниҳонии хеш шармсор мешавад, ки на ба шавқу завқи иштиёқ, балки ба савдои илҳом меафтад ва бо ҷўшу хурўш, беихтиёр барои анҷоми ҷасорат омода мешавад. Аз байни миллиону миллионҳо занони монанди худ ў танҳо ба шарофати ана ҳамин фавқулҳассосияш, ана ҳамин қобилияти бо ботини хеш ҳарф зада тавонистан, худро ягона медонист ў: ҳарки ҳам бошад, баъзе чизҳо дорад, охир.

Падараш ҳангоми ба шаҳр гуселонидан худашро аз ҳад зиёд ба мастӣ андохт, то ўро қаблан огоҳонад: духтарам, то шавҳар кардан доманатро доғдор накун. Бо дигар вожаҳо иброз дошт ин хоҳишашро падар, аммо мақсади ў мисли рўз равшан буд ва духтар онро чунин фаҳмиду ҳатто ранҷид, ки падараш чунин суханҳоро ба забон овард. Аммо баъдҳо ў низ ин суханҳоро ба духтараш Светка такрор кард; Худоё, чи қадар зуд мегузарад вақт. Кўдакони дирўза волидайни фарзандони баркамоланд имрўз ва бояд онҳоро ба шоҳроҳи ҳаёти мустақилонаи пур аз дом гуселонанд. Светка аз шарму хиҷолат чашмонашро пўшида, ба суханони ў гўш медод. Бояд ҳамин тавр ҳам бошад, зеро дар оилаи онҳо ҳама, ҳатто Анатолий низ, дар ин масъала бисёр эҳтиёткоранд; гуфтори дурушту гуфтугўи беҳаёёна ҳаргиз дар хонадони онҳо садо намедод ва агар мабодо ягон нафари бегона суханони қабеҳ ба забон орад, моту мабҳут мешуданд. Ҳатто Демин аз Тамара Ивановна андаке бим дошт ва агар мабодо ҳангоми аз ягон рафтори ғалатии кўдакон ба ваҷд омадан вожаи дуруштеро ба забон орад, Тамара Ивановна зуд ўро мазаммат мекарду Деминро сурфа мегирифт. Баъд аз фаро расидани замони нав, вақте ки аз телевизор, амсоли кўзаи сеҳрнок, шўлаи аз алфози қабеҳ пухта берун шуду барои пеши онро гирифтан сухани муносибе пайдо карда натавонист, Тамара Ивановна қариб дилкаф шуда, телевизорро ба фарши хона заду дасташро шуст.

— Худатро азоб надеҳ, занак, — оромона гуфт Анатолий. Онҳо мисли дигар оилаҳо баъди калон шудани фарзандон беихтиёр ба якдигар «занак» ва «мардак» гўён муроҷиат мекарданд.

Тамара Ивановна аз назди шавҳар дур шуду дар назди тиреза мисли духтарчаҳо рўяшро аз ашк олонда гирист. Одатан баъди чунин хурўши дил ў тамоми рўз карахт мегашт, базўр гап мезад. Он вақт Тамара Ивановна нав аз кўдакистон ба почта ба кор омада буд ва ҳангоми дидани рўзномаю маҷаллаҳои рангоранги саҳифаҳояшон пур аз воқиаҳои гўшношуниду аксҳои ҳайратангез, ки хаткашонҳо аз матбааю истгоҳи роҳи оҳан меоварданд, ангушти ҳайрат мегазид. Дар муқоваи китобҳои ба фурўш гузошташуда акси луъбатакон бо пойҳои боло бардоштаву пўзханди таҳқиромез ба олам ҷилва мекарданд. Ў дар почта бо тахассуси пештарааш — телеграфчизан кор мекард; матнҳои барқияҳо низ тағйир ёфта буданд: қабоҳат, таҳдиди пўшидаю ошкоро, ҳақорат, ким-чӣ хел жожу мож, хулоса, гўё дар аблаҳӣ ва якдигарро масхара намудан мусобиқа мекарданд. Ягон чиз манъ карда намешуд, ҳама озод, рўшод, бераҳмона — гўё барои муайян кардани бадкирдорон мешитобиданд, то ҳама бадкирдориашонро дар як ҷо ҷамъ оварда, нобуд созанду худашонро бо бандиён равон кунанд... Аммо ба куҷо? Ҷойи равон кардан набуд, ҳама ҷоро ин шайтонҳо забт карда буданд.

Солҳои аввали аз қуллаи ким-кадом кўҳҳои баланд фурў рехтани ин селоби ифлос Тамара Ивановна аз ночорӣ, аз бепаноҳӣ, аз ҷойи гурез надоштан аз ин селоби азими пур аз касифӣ, ки оҳанги таҳқиромез менавохт, гиря мекард: чизе синаашро фишор медод, дард мисли санги лунда дар таҳхонаи дилаш менишасту нафасаш мегирифт. Бо ашки сўзон қалби дардмандашро тару гарм мекард ва санги лунда гўё каме аз ҷой меҷунбиду роҳи нафасро мекушод. Аммо то кай ба ашкрезӣ халос мешавӣ? Боре чунин суоле дар майнааш бичархид: гирям ё не? Пас, метавонад нагиряд, тарки ин одати занона кунад. Чаро ба гиря одат кардааст, ба худфиребӣ, баъди гиристан сабук шудани дарди дилаш бовар дорад? Бо ашк рехтан магар он ҳама чизеро ки ҷойи волидайн, муаллим, хидматчии давлатӣ, бешармиро гирифтааст, нест карда мешавад? Не, бас аст рухсора тар кардан!

Ва Тамара Ивановна ҳангоми танҳоӣ зуд-зуд зодгоҳашро дар лаби дарёи Ангара, марғзори васеъи пур аз сафедору санавбар, дар канори роҳ махлаби гулкарда ва дар кўчаҳо қолини сап-сафед густурдаву русто аз бўи гуворояш моломол, осмони баланду соф ва аз ҷониби офтобшинам туғёни оби Ангараю соҳилҳои ба дил наздики онро ба ёд меовард. Ва ин ҳама манзараҳои дилфиреб гоҳо ба ҳам омада, ба тарзи гуногун ҷилва мекард, ба истиқболи якдигар оғўш мекушоду ҷудо мегардид ва дар дар ҳама кунҷу канор ба назар меомад, наздик мешуду ҳар чизе дилат мехост, чеҳра мекушод... Ва ин манзара чунон равшану зинда ва ҳамзамон дардовар ба ҷисму ҷони Тамара Ивановна роҳ ёфта буд, ки вай баъзан метарсид, то аз дигарон бипурсад, ки оё ба онҳо низ чунин ҳолат даст медиҳад ва ё ин хотираи азиятовар танҳо насиби ў гаштааст. Чанд бор модари марҳумаашро хоб дид: ў тарсону ҳаросону саросема дар бораи модари худ, бибии Тамара Ивановна, мегуфт: гўё аз модари Тамара чизе мехоста бошад ў. Чӣ хостани ўро фаҳмидан душвор буд, аммо аз андешаи дар он ҷо низ идома ёфтани ким-чи хел муносибатҳо касро ваҳм мегирифт. Ана ҳамин гуна манзараҳои русто, киштзорҳои паҳновару чарогоҳҳои таворадори чорпоён дар он сўи соҳил пеши назараш ҳувайдо мегаштанд. Баъзан саройи хоҷагии ҷангал ва гузаргоҳи пайсипаридаи лаби об дар соҳили Ангара пеши назараш меомаду гоҳо сафедори каҷи як шохаш шикастаи назди хонаи чўбин, ки ҳангоми вазидани шамол нўги қатшудааш парчами дар дарахт устуворро ба ёд меорад, пайдо мешуд. Хайр, ин фаҳмо, аз хотира, аммо пеши назар овардани баъзе ҳодисаю манзараҳои аз ёд рафта, ё баъди аз русто рафтани вай рухдода аҷибу ҳайратовар буд. Масалан, ў дар марғзор тез-тез қадам мезанад, аз ҷониби рост деҳаю Ангара, дар тарафи чап ҷангалаки бараҳна, киштзори даравшуда, ҳавои фасли поиз софу каме сард. Ў ба назди як тўси пири пўстҳояш дарзрафта омада, мебинад, ки дар шохи поёни он чархи ресмонресӣ овезон. Хайр чӣ? — чархи ресмонресии одӣ, — шояд ба касе нодаркор шудаасту дар ин ҷойи намоён гузоштааст, ки агар ба касе даркор бошад, бигирад. Аммо дар рўъёҳои қаблӣ набуд ин чархи ресмонресӣ. Тамара Ивановна ба қавле синчакорона дар пайроҳачаҳо мегашт ва ягон чиз бояд аз назари ў пинҳон намемонд. Чеҳраи кўдакони баъди рафтани ў таваллудёфта як-як пайдо шуданд. «Ту бачаи кӣ?» — «Зиряновский». Лўндача низ аз ин мулоқот бо холаи ношинос ҳайрон ба ў менигарад. «Кадомаш?» — «Аз Люся». Тамара Ивановна дуру дароз ба хотир меорад, ки оё Зиряновский Люся ном фарзанд дошт? Аммо ба хотир оварда наметавонад. Модом ки ин шаҳрванди тору пудаш рустоӣ бо эътимод насаби худу номи модарашро мегўяд, бояд дошта бошад. Охир, аз афсона пайдо нашудаанд онҳо.

«Ҳама чизро Ангара мебарад — бачагӣ, пирӣ, хурсандию ғаму ғуссаро», —мегуфтанд пирони оқили зодгоҳаш. Зиндагӣ мисли оби дарё гузашту рафт, қисмату насибаи нав ба нав оварду то замоне, ки обаш софу равон буд, дар бораи сангчаҳо афсонаҳое мегуфт, ки дар ҳайрат мемондед. Ҳозир ҳама чиз ба қаър меравад, сиёҳлой меҷабад онро. Тамара Ивановна беихтиёр ба андеша рафт: воқеан оби Ангара чӣ гуна бошад, — тозаю шилдиросӣ ва ё гандидаю дурушт, и н ба хилқату хислати сокинони он низ таъсир мегузорад. Бале, ҳама чиз аз як сар ва бефарқ ба қаър меравад. Оқибати ин кор чӣ мешавад? Чӣ гуна кон аст вай, барои кадом эҳтиёҷоти дури тасаввурнашавандаи инсоният коркард мешавад?!

Модараш диндор буд, ҳарчанд ибодат намекарду иконаро нигоҳ намедошт, аммо зикри номи Худо ҳамеша дар забонаш буд. «Ба Худо ҳамеша фармонбардор будан даркор, — талқин мекард ў ба духтараш, — то вай ҳамеша туро дар ёд дошта бошаду дар паноҳи худ бигирад». Тамара он вақт калонакак шуда буд. «Чӣ хел Худо ҳамаи моро медонад? — мепурсид ў андешаманд. — Охир, мо бисёрем, садҳо ҳазор». Дарҳол падараш низ ба гап ҳамроҳ мешуд. «Мо ҳама барои нўшидани об ба лаби дарё меравем, — нимшўхию нимҷиддӣ мегуфт ў сарашро бардошта. — Бе дарё, бе Ангараи мо ҳеч кас зиндагӣ карда наметавонад. Ҳамаи дарёҳо аз назди Худо ҷорӣ мешаванд. Вай ба онҳо нигоҳ мекунаду ҳар яки моро гўё дар оина мебинад. Фаҳмидӣ?» Чӣ ҷойи нафаҳмидан? Вай нигоҳашро ба як нуқта дўхта, хомўш сар меҷунбонд. Аммо баъд борҳо, вақте ки ҳар субҳ дар манзили шаҳриаш ҷумаки обро мекушоду оби дамхўрдаю гандида гўё аз дўзах мегурехта бошад, фирк-фирккунон аз ҷумак ҷорӣ мешуд, ин суханонро ба ёд меовард ў. Чӣ хел оина, чӣ гуна ғамхорию даво? Беҳуда одамони доро аз истифодаи ин об ҳазар карда, дар даст сатилу бидонҳои пластикӣ гоҳо аз чашмаю баъзан аз Байкал об намеоранд. Онҳо дар интихоби ғизо ва ҳавое, ки нафас мекашанд, хеле эҳтиёткоранд, зеро медонанд, ки ҳама гуна беморӣ аз ғизою об пайдо мешавад.

Эҳ, саманди зиндагӣ медаваду медавад, аммо ту дар он мисли шоҳ намешинӣ, балки аз болои санглоху, роҳҳои вайрону пур аз лой меравӣ, аз пайи худ нақши ҷароҳатҳо гузошта.

Боз беихтиёр ҳамон суруди нобу ғамангези дар қалби Тамара Ивановна ниҳон бедор шуд. Боз ҳамон садои борику нозуки дар ягон оҳанги дигар диданашаванда садо дод:

Хиромон, хиромон,
Заврақча дорад шино.
Андарунаш мерезам
Ман ашки сўзонамро.
Оҳ лўлӣ, оҳ лўлӣ,
Хун машав, дилаки ман,
Бахти сафеди маро
Бар замин назан.

Тамара Ивановна ба дард оҳ кашид, аммо мисли ҳарвақта боз ҳамон суол ёдаш омад: оё ба замин назадан ягон аҳамият дорад, вақте ки ба варта тела медиҳанд... Ў ба азоб сари синаашро дамонда, ба тартиб оварду кўшид фикру хаёлҳои ғамоварро аз сар дур кунад. Аммо ин кор низ ба осонӣ даст намедод. Гоҳ ба назараш чунин мерасид, ки аз он ҳама рўзҳои хушу хурсандии чилсолааш дигар чизе боқӣ намондааст, гирду атроф, гўё баъди вулқони азим пур аз шикастапораҳо, ки қисме аз онҳо сареҳ дар як қатор қад кашидаанду қисми дигар бетартиб ҷой гирифтаанд. Аммо ҳам дар ин ҷо ва ҳам дар он ҷо ҳеч гуна қувваҳои ба ҳам зид вуҷуд надоштанд; ба ҷуз вайронаҳо дар шаклҳои гуногун ягон қуввае вуҷуд надошт. Баъзан манзара тағйир меёфт ва вайронаҳо зебо саф мекашиданд, ба тартиб меомаданд ва ба назар чунин мерасид, ки бояд боз каме ин давраи мудҳишро таҳаммул кард, фарзандону худро эҳтиёт намуд, баъд зиндагӣ бояд ягон рўз ба тартиб омада, дуруст шавад! Кош то ҳамон рўз бирасем, дил мехоҳад каме роҳат кунем дар зиндагӣ! Ва аз нав суруди маҳин таровид:

Ором, ором
Дарёча ҷорист.
Ашки фаровон
Нўшида беист.
Оҳ лўлӣ, оҳ лўлӣ,
Дарёча, нахрўш,
Ҷониби заврақ
Бикшой оғўш.