Инак ин ёс. Ончуноне, ки шукуфон буд даври шӯравӣ...
* * *
Инак ин ёс. Ончуноне, ки шукуфон буд даври шӯравӣ,
Бе ягон иллат шукуфад ҳам дар ин давру замон.
Ман, ки умрамро накардам қисмате бар ҳеҷ давр,
Меравам аз беша, акси ман ба оби раҳ аён.
Он гаҳе, к-аз ман ҳамепурсанд аз табъу барор,
Менависам беҳтар ё бештар з-он рӯзгор?
Бо тафохур қад наафрозам зи роҳи ман-манӣ,
Ман ҳамон ёсам бунафшу сурх, рӯям ҳар баҳор.