Зимистон дар Франкфурт

Тамоми рӯз савти занг омад
ба гӯшам аз маҳалли олмонӣ.
ба раъде ёфт пайванд об бо хок
дурахши барқ — акси осмонӣ;

ба гардиш печиши пайванди автобус
кашон мебурд гӯӣ пӯсташро.
саги туркӣ ба рӯи бурмаи худ
ба рӯи токчак гардида пайдо;

ба борон по ниҳодам мехчагулҳо
бо болои кулоҳи ман фурӯ рехт
ҳаворо гурбаи ҳамсоя чангол
заду бо мӯйилаб бигрехт, биргехт;

зимистон буду сардии фалакпеч,
вале аз моварояш буд ҷорӣ
ҳазорон накҳату бӯйи ғализе
зи газҳову зи гармо аз каноре;

равон будам ману зоғи алое
шарору ашк дар чашмаш ба торам.
Дигар шуд хун. Ба ҳар атрофу акноф
Равон шуд раъд бар ақсои олам.