Не ҷаҳонием мо, халқи музофотӣ...

* * *
                                               Ба Т. Кибиров

Не ҷаҳонием мо, халқи музофотӣ,
Вусъати мо то ҳамон ҷангал, ҳамон тӯс аст,
Гар касе эродамон гирад, ба мо часпад,
Сардии иқлими мо ӯро тавонад баст.

Лойхӯракҳои хоки хештан ҳастем,
Мешиносам дамгаҳи ҳар печи ӯро ман,
Бар мусофирҳо бигӯям: то Дунай рафтед,:
Аз шумо дур аст аммо то дили меҳан.

Бо сабукандеш Сена, бо ғурури Тибр,
Нек бошеду набигзоред дар раҳ чиз,
Мардҳо сатҳӣ дар ин ҷо ҳарф мегӯянд,
Мекашонанд об занҳо бар сари полез.

Аз Дунай гар об мегиред ё аз Тибр,
Ба шумо оғӯши меҳри хеш бикшояд.
Чеҳра ин ҷо мешукуфад аз насими сард,
Аз шикофи ях яке садбарг буброяд.