Гулу хор
Рафт аз ёдам ҳама, кўру карам ман,
Балки дар беморхона буда мадҳуш.
Мисли хорам, дар бари хушбўи гулшан,
Ошиқи садбарги чинӣ лолу хомўш.
Шомгаҳ нури шафақ хомўш гардид.
Чуғз фоли нохуше аз сар гирифтаст.
Мурғаке, к-аз ман дилаш беҷўш гардид,
Сахт механдад ба аҳволам, шигифт аст.
Заҳри худро қорчҳо наздам ниҳода,
Говзанбўре чу иблис аст пешам.
Хонагӣ занбўраки дилсофу сода
Лек медорад ҳазин эмин зи нешам.
Метавонам буд умре дар роҳи бод,
Бо баду неки ҳаётам сохтан низ.
Баъд аз ин умрам дароз, эй ёри ман, бод,
Зинда хоҳам буд дигар бо ту ман низ.
Балки дар беморхона буда мадҳуш.
Мисли хорам, дар бари хушбўи гулшан,
Ошиқи садбарги чинӣ лолу хомўш.
Шомгаҳ нури шафақ хомўш гардид.
Чуғз фоли нохуше аз сар гирифтаст.
Мурғаке, к-аз ман дилаш беҷўш гардид,
Сахт механдад ба аҳволам, шигифт аст.
Заҳри худро қорчҳо наздам ниҳода,
Говзанбўре чу иблис аст пешам.
Хонагӣ занбўраки дилсофу сода
Лек медорад ҳазин эмин зи нешам.
Метавонам буд умре дар роҳи бод,
Бо баду неки ҳаётам сохтан низ.
Баъд аз ин умрам дароз, эй ёри ман, бод,
Зинда хоҳам буд дигар бо ту ман низ.




