Соҳил барои бонувон
Мо се нафар «афғонписар»*, се лейтенанти калон, се муҷаррад, ки дар поезд шинос шудем, дар соҳили Баҳри Сиёҳ пайдо гаштем. Эҳ, мазза мекунем!
— Худоё шукр, пеш аз рафтан ғул-ғулаи мардҳоро шунидам, — гуфт навбатдор шукуфон гашта, вақте мо лифтро мунтазир нашуда, аз зинапоя ҷаҳида-ҷаҳида поин шудем. Ў шояд рўзҳои пешро ба ёд овард, ки баробари ба остонаи санатория қадам гузоштани мо табассум мекард.
— Модом, ки мо пайдо шудем чаро шумо аз кор меравед? — бо ҳавои гапи ў чун одами худӣ пурсидем мо.
— Умри муҷаррадонаи ман тамом шуд, бачаҳо. Шавҳар пайдо кардам, ба наздаш ба Киев даъват намуд.
Гап дар бораи шавҳаршавандааш ба мо маъқул нашуд ва мо ба ҳуҷраи худ йўрға задем. Аммо пас аз чанд соати омаданамонро қайд кардан, худамон наздаш барои шикоят фуромадем:
— Ин ҷо дилгиркунанда аст, Нина-хола.
—Охир дар ин ҷо фақат «лижаронҳо»** ҳастанд, — ў бо таассуф ҷониби генералҳо ишора намуд, ки дар долон равуо мекарданд. — Хушдилӣ куҷо? Кафида пош нахўранд, мешавад.
— Намегўед, ки дар ин ҷо куҷо дилхушкунанда аст?
— Э, худатон меёбед. Барои ин ақли зиёд лозим нест, чашму хоҳиш бошад, кофист. Баъд маро ҳам даъват кунед.
Нина-хола рост намегуфт: ў, ки ҳоло ҳам ситорагарм асту ягон понздаҳ сол боз дар санатория кор мекунад, намедонад, ки дар куҷо чӣ бутта ҳасту кадом зебосанам розист, ки шоми муштариёнро хуш кунад? Нағзакак медонад!
— Ҳеҷ гап не, ҳоло рӯзи охирин нест, — ором намуд моро ў, вақте фаҳмид, ки мо ба шарикии ў дар оҳувоҳ чизи бештар мехоҳем. Аммо барои кашидани доми партофтаи мо шитоб накард. — Аввал кўфти роҳро бароред, ба худ биёед, баъд маълум мешавад.
Итоат кардем. Мо ду рӯз рухсатии худро ҷашн гирифтем, ҳатто ба ошхона нафуромадем. Хушбахтона, дар байни ҳамқадаҳҳо як кас ёфт мешавад, ки нисбатан кам менӯшад. Олег Эҳёгари мо шуд. Пивои хунуку бодиринг аз бозор барои субҳона, моҳии тару тоза барои пешин. — Ў сахт моро дастгирӣ карда, ба по гузошт. Рафиқи масъулиятшинос будааст.
— Тўй доред, ҷавонон? — агар аз ҳад зиёд шўру ғавғо кунем, гоҳо бо ҳасад, гоҳо бо айбмонӣ эрод мегирифтанд ҳамсояҳои «лижарон».
— Ба худ омада истодаем, — ҳисобот медодем ба афсарони калон, вале дарҳол ба сухангўии навбатӣ ва шишаи навбатӣ мешитофтем ва ғоибона ба посбонҳои ахлоқ бе истисно бо ҳамаи сию се ҳарфи алифбо, ҳатто бо «ы» ва «ъ» салавот мефиристодем.
Мо инро ба худ рухсат дода метавонистем. Чунки нахустин афсароне будем, ки пас аз муддате ҷангидан аз Афғонистон ба рухсатӣ омадаем. Ҳанўз оғози ҷанг ва мо ҳоло на қаҳрамон будем, на мусибатзада: гирди моро пардаи асрору муаммо иҳота карда буд. Охир аз кишвари дури номаълуми даҳшатнок баргаштем, ки дар он ҷо тир мепаронанд ва мегӯянд, ҳатто мекушанд. Илова бар ин, то ҳол ягон нафари мо дар бораи имтиёз лаб накушодем, на касе чизе талаб кард, на аз чизе шикоят. Бо ин сабаб мо барои мансабдорон ва атрофиён ашхосир дилхоҳ набошем ҳам, нофорам низ набудем.
Танхо касоне, ки бо ташаббуси худ ба мо ғамхорӣ мекарданд, духтурон буданд. Аз ҳиссаи ситоду шуъбаҳо, аз ҳайати фармондеҳии олӣ як қисми роҳхатҳоро ба санатория бурида, пеши мо, «афгонҳо», мисли бодбезак афшонданд: ба шумо лозим, гиред.
Рад накардем. Ҳаёт дар Афғонистон ба назари мо мисли чумчаи шишагии нозук дар дасти ноустувори касе расид. Ва ҳоло ба мо, ки дар бўйҳои арақи тан, борути таркида, тафси гармо, равғани силоҳ, тол, консерва, сӯзишвории дизелӣ ба танг омада будем; ба мо, ки дар ҳайати қӯшуни якум ворид гаштему дар давраи аввал дарунравӣ, захмҳо, ҳуҷуми шабушҳоро аз сар гузаронда, бо сад азият халос шудем; ба мо, ки занро фақат дар хобу хаёл медидем, ногаҳон бе ягон такопўй дар тобистон! ба баҳри Сиёҳ! бо рухсатии дарози чилу панҷ рўза! Роҳхати ройгон доданд!
Бо чеҳраҳои офтобхўрда ва муносибати ором ба мансабдорон, ки дар нахустин истгоҳҳои ҷанубӣ вагонҳои қатора аз онҳо пур мегашт, мо, «афгонҳо» дарҳол якдигарро ҷудо кардем ва дар назди сутунчаи тарабхона китф ба китф истодем. Ва ҳоло дар назди холаи Нина. Ҳарсеямон. Тибқи оғози ҷанги афғон — як контингенти ҳайти ҷангии бутун.
Ана барои ҳамин менўшидем — барои бозгашт, барои дўстоне, ки дар паси кўҳҳои Ҳиндукуш мондаанд. Аслан шаробро мо не, ҷавонии бепарвофалаки мо менўшид. Мо то ҳол ба қафо нигоҳ накардаем, аммо аз он чи дар пеш аст, умуман андеша намекардем. Ху-у-уш замоне.
— Бачаҳо, ба назди шумо даромадан мумкин? — Рузе дари моро кўфтанд.
— Эҳ, Нина-хола! — аввал Эҳёгар вокуниш нишон дод ва рост дар остона навбатдорро ба оғӯш гирифт.
— Оҳ, бачаҳо, ба назар чунин менамояд, ки вақти бас кардан расидааст. — Вай ба бесарусомонии серӯзаи рўи мизи мо ишора кард.
— Ҷанобон афсарон. — Виктори аз ҳама чаққон, чунки десантчӣ аст, шароби сурхи «Изабелла»-ро ба чор стакан рехт. — Ҷанобон афсарон, ба назди мо дўст ва бонуи зебои мо омад, ки ҳар калому ҳар паёми ў барои мо қонун аст. Нина-хола, шишаи охирин барои шумост. Ҳамаи боқимондааш дар обрав рехта мешавад. Заремба, иродаи дили моро амалӣ соз — фармон дод ў ба ман.
Ман шишаҳоро гирифта, майро ба обрез рехтам ва мо бо ифтихор дар назди навбатдор истодаем.
— Не, ба зону истед, — меҳмон ҳам ба ҳавои сухани мо рақс карда, биниашро боло бардошт.
Мо рўи гилем афтодем, оринҷамонро дар кунҷи навад дараҷа қарор додем, ҷомро пушти даст гузоштем ва ларзишро рафъ намуда, онҳоро ба лаб бурдем, холӣ карда, сар афшондем. Ҷомҳои холиро зери «о»-и изтиробомези соҳиба боло партофта, чаппа доштем ва ба пеши навбатдор гузоштем.
— Нина-хола, барои шумо, барои шумо... — Виктор чизе ҷуст, ки бештар меҳрашро баён кунад, вале чизе ба чашмаш наафтод, чизе ба хотираш наомад, он гоҳ куртаашро кашид. — Нинаҷон, ин курта аз оташи ҷанг гузаштааст. Дигарон борҳо хоҳиш карданд, надодам. Аммо ба шумо медиҳам.
— Оҳ.
— Нина-хола, — Эҳёгар ангушт боло карда, шодии ўро лаҳзае боздошт. — Як сония сабр.
Дари ҷевонро бо пояш кушоду сумкаашро ба сӯи худ кашид. Қуфлро бо садои баланд канда, дарунашро кофт ва як бастаро, ки калтаэзорҳои занонаи «Ҳафта» дошт, кашида берун овард.
— Нина-хола! — То ин вақт ман мизчаи назди бистарро кушода, айнаки офтобии он замон мўдро гирифта, дароз кардам.
Бону мисли кӯдак бинӣ кашида, пилки чашмонашро меҷунбонд, то ашкашро боздорад. Мо худамон чӣ? — Омода будем аз меҳрубонии худ гиря кунем. Аз дарки он, ки ногоҳ ба таври одӣ, ба осонӣ як инсонро шод кардем. Дарвоқеъ, додани туҳфа гуворотар аз гирифтани он аст.
— Бачаҳо, — пичирос зад меҳмони ҳаяҷонзада ва моро ба сӯи худ кашиду бўсид. Сипас, дар қаъри чашмонаш ҷинчаҳо пайдо шуда, гўё пеш аз дав лаҳзае хомўш монд: — Шумо надароед. — Ва худ ба ванна даромад.
Бо ифтихор аз ҳамдигар мо табодули назар кардем ва ба дари пўшида чашм дўхтем.
Аслан, ҳама занҳо зебоянд, барои фаҳмидани ин каме нӯшидан лозим. Ва азбаски мо хеле бисёр нӯшида будем, Нина-хола ба назари мо на танҳо як ҳамфикр, балки як дӯст, зане менамуд, ки дар бари ў будан ва шабро ҳамроҳ гузарондан орзуст. Бовар дорам, ки аз хаёли Эҳёгар ва Десантчӣ низ ҳамин фикр мегузашт. Бинобар ин, вақте дар кушода шуд, мо ҳама бо даҳони боз шах шудем. Нина-хола тани як курта назди мо баромад. Намедонам, вай бастаи «Ҳафта»-и Эҳёгарро кушод ё не, чунки курта қариб то зону мерасид, аммо пешбандак надошт: синаҳояш дар зери матоъ озодона ҷунбида, рахҳои сафеду кабуди курта ва ҳамзамон, қалбҳои моро ба ҳаяҷон меоварданд. Дар чашм айнак, Нина-хола пеши назари мо чун зебосанами мўд дасташро зебо бардошта, пояшро ба як тараф гузошт.
Ба зани оростаи нерўманди аз офтоб сурхшуда мо бо чашмони ҳариси ҳушёршуда менигаристем. Ана шармандагӣ: қариб як ҳафта мешавад, ки мо бо зани навбатдор ҳамчун як шиноси одӣ бепарво мегардему вай ана ин хел соҳибҷамолак будааст...
— Эники-беники ели вареники*** — пўкида монд Виктор бе ягон муносибат. Шояд барои ба худ омадан гуфт.
— Ман метавонам писандида бошам? — Меҳмон бо ноз мўйашро афшонда, камари куртаашро ба андозаи ду хат болотар бардошт.
Оҳ, чӣ тамасхур ба мардоне, ки як сол дар Афғонистон буданд! Десантчӣ бо нигоҳи оташбор ба атроф назар кард. Ману Эҳёгар худро бефаҳм вонамуд карда, аз ҷой наҷунбидем ва бо ҳирси гурги гурусна эҳсос кардем: Нина-хола ҳеҷ касро махсус ҷудо накардааст, пас, имкони ҳама баробар аст.
— Нина-хола, ба шумо чор соат вақт медиҳем, — парашюти эҳтиётиашро «кушод» Виктор. — Расо пас аз чор соат шумо ва ду духтари шиносатон аз назди пирс вориди тарабхона мешавед.
...Вақте пул доред, худнамоӣ кардан хуш аст. Он замон ба шарофати маоши дукаратаи афғонӣ, ҳатто мо, лейтенантҳои калон, садсўмаҳои зиёдатӣ доштем.
— Ҷанобон афсарон. — Виктор ба атрофамон нигариста, нархномаи таъомҳоро ба даст гирифт, — барои имшаб қоидаҳои «дасти рост»-ро пешниҳод мекунам.
На ман ва на Эҳёгар тасаввуроте надоштем, ки ин чист. Ба ёдам кадом як «қонуни оғози аввалу охир» аз физика омад, вале бо вуҷуди ин ризо шуда, сар ҷунбондем. — Албатта, танҳо қоидаи «дасти рост».
Чанд дақиқа пеш ба тарабхона омада, мо дарҳол фаҳмидем, ки чӣ саҳви дағал, хатои ҷавонӣ кардем. Дар атроф чӣ қадар мавҷудоти хуб, ба ҳар ранг. Аз ин эҳсос гулўямон хушк шуд. Вале ба мо ҳоло панҷоҳсолаҳоро меоранд, маълум не, ки онҳо чӣ хел...
— Ҳа-а — бо таассуф мад кашид Эҳёгар ва ману Десантчӣ дар посух ризомандона оҳ кашидем.
Вале ба ёд овардем, ки дар китфамон погони афсарӣ дорем, самимона ифтихор кардем ва дандон ба дандон монда, кўшиш менамудем ба гирду атроф тири ҷигарсўзи назар наандозем ва интизори тақдир шудем. Агар Нина-хола албастиҳои шохдор биёрад ҳам, мо пеши пояшон тасаддуқ шуда, онҳоро чун зебосанамҳои дараҷаи олии тамоми соҳилҳои Баҳри Сиёҳ қабул мекунем. Аз рўи принсип.
Аммо Нина-хола — оҳ, чӣ хел аҷиб аст Нина! — Ў бинии моро мисли гурбачаҳои навзоди ҳоло нобино пок карда монд. Вай ҳамроҳи ду духтари малламўйи зебо омад. Ё шояд пас аз фикри албастиҳои шохдор ба назарамон чунин намуд. То ҳол мо ҳатто фикр накардем, ки худи Нина-хола насиби кӣ мешавад. Куҷост ҳушёрии қўшунҳои зарбазани десантӣ?
— Мо дар ин ҷо, марҳамат, — Десантчӣ аз паси миз ҷаста хест ва ба мизе ишора кард, ки дар назди асбобҳо гулҳои садбарги харидаамон меистоданд.
Нина-хола бо пирўзӣ ба дугонаҳояш чашм духт: — Хайр, ман ба шумо чӣ ваъда додам? Ва миёни ману Десантчӣ нишаст.
— Лейтенантҳои калонро шинос мекунам, — Виктори беҳад шодгашта ба нақши барандаи маҳфил даромада, моро шинос кардан гирифт. — Олег, — ба Эҳёгар ишора кард ў. — Дарвоқеъ, сапёри дараҷаи олӣ. Ин кас Алексей Заремба, разведкаи мо дар сарҳади ҷанубии Ватан. Ва ман, Виктор, аз қўшуни ҳавоӣ-десантӣ, ба ҳеҷ гуна муаррифӣ ниёз надорам.
— Оля, Лена, — дўстонашро шинос кард холаи Нина.
Ин вакт Десантчӣ Оляро ба тарафи дигараш шинонда, холаи Нинаро назди ман гузошта, такрор кард: — Ҷанобон — рафиқон, имшаб қоидаи «дасти рост»-ро пешниҳод мекунам.
— Ин яъне чӣ? — Оля ҷониби ў хам шуд.
Мӯйҳои онҳо ба ҳам печиданд ва шахсан барои ман комилан равшан шуд: бо Оля бояд хайрухуш кунам. Бо умед пинҳонӣ ба канори дигари миз нигаристам, аммо дар он ҷо Эҳёгар ба Лена кӯмак мекард, ки сумкачаашро ба пуштаки курсӣ овезад. Ҳамин тавр, салиби бебарорӣ ба сари ман фаромад. Эҳ холаи Нина, Нина-хола. Беҳтар мебуд, ҳамсолони худатонро меовардед, то рўйи ҳамсафони мо чун табақи мисӣ намедурахшид.
— Хеле оддӣ, Оляҷон, — бо рақс фаҳмонд Десантчӣ. — Албатта, агар чунин пойҳо дар паҳлӯи ман ҳам бошанд, мисли оҳу мерақсидам. — Қоидаи дасти рост он, ки нархномаро бо кафи даст пўшида, ҳар чизи маъқулро мегирӣ. Дар чап бошад, хоксорона, мувофиқи нарх ва имконият интихоб мекунӣ.
— Аҷоиб, — каф кўфт Лена. Ман ҳам ҷонибдори «дасти рост».
Ман бояд пеш аз рафтор андеш кунам. Ё ба ҳама, махсусан ба зани навбатдор, хотиррасон кунам, ки ба шарофати кӣ дар ин ҷо бадбахттарин ҷавонмард манам, ё баракс, аз ин ҳолати ногувор худамро бароварда, аксашро собит кунам.
Дар саҳна садои нақора баланд шуд ва пеш аз он, ки ҳамнишинонам фирор кунанд, ман аз ҷой хестаму дасти Нина-холаро гирифтам.
— Мо рақс мекунем. Вақте дастархон ороста шуд, ба мо хабар диҳед.
— Моро ҳам, — гуфт Эҳёгар ва ҳангоми омадани пешхизмат ба Виктор ишора карда гуфт: — Ин ҷавон фармоиш медиҳад.
— Вай имрӯз «бо дасти рост кор мекунад», — киноя кардам ман.
Ин дафъа Десантчӣ зиёд фикр кард, ки бо ў ҳазл мекунем, ё кор бо тартиби муқаррарӣ меравад. Мо дар ин вакт зуд ба анбӯҳи раққосон зада даромадем.
— Гумон доштам, ки Виктор сарвари шумост, — табассум кард холаи Нина. — Офарин. Бигзор чарх занад. — Ман ба ў ҷафс шудам, хушбахтона, дар рақсгоҳ ин ҳоли табиист. Ба камараш даст бурдам:
— Ин шомро барои ту мебахшам, Нина.
Тафовути синну солро аз байн бурдам. Ба хулоса омадам: салиби худро чунон баланд бардорам, ки аз дурахши вай чашми дигарон хира шавад. Табассум кун, Нинаҷон, вақте ханда мекунӣ, ҳама дандонҳоят якбора намоён мешавад, ту бемислу монанд мешавӣ. Пайкари нозукат хеле чаққону серҳаракат аст. Поят, албатта, ба линги дугонаҳоят монанд не, аммо зебоии пой фақат аз дур ҷолиб, ҳангоми наздик шудан нақше намебозанд. Биёед, мерақсем.
Олег ва Лена ҳам ба сўи мо роҳ кушода омаданд. Ҳарду ризо ва хурсанд.
— Аммо холаи Нина ҳам зўр будааст! — ё барои таскин додан, ё узрхоҳӣ барои аз таги бинии ман дузддидани арўс, ё ба эҳтимоли зиёд, хеле самимона Эҳёгар ба ман пичиррос зад.
— Хуб, биё, иваз кунем, — гуфтам дар дил, вале ба ў аксашро бо ифтихор арз кардам:
— Нинаҷон тилло, гавҳари якдона!
Олег бо тааҷҷуб абрувонашро бардошт: ту чаққон. Дар ин миён навозандагон ба рақси оҳиста гузаштанд ва ман оғӯш кушода, Нинаро қабул кардам. Вай бо тамоми танаш ба оғўшам даромад ва ман сина, тану бар, пойҳояшро ҳис кардам.
— Олег гуфт, ки ту соҳибҷамолак будаӣ, — пичиррос задам ман бо лабонам гӯши дар лӯлаи мўйҳо пинҳон шудаашро ҷуста.
— Ту чӣ мегӯӣ? — Нина сарашро аз китфи ман бардошт.
— Ҳеҷ чиз, — арз кардам ман.
— Чаро? — маро ба шўр оварда, пурсид ў.
— Намехоҳам, ки бо ситоиши ман аз худ равию биниатро боло кунӣ.
Нина санҷишкорона ба ман нигарист ва бовар кард, ки ман ҳазл намекунам ва шодон табассум кард ва боз биниашро ба синаи ман гузошт.
— Ҳой, хобатон набарад, — садои Эҳёгар аз наздикӣ омад. Виктор даъват мекунад.
— Ана ҳамин тавр, Нинаҷон, — оҳ кашидам ман, — бахтро мешикананд. Касе ба куҷое даъват мекунад, бо чӣ сабабе бояд равем.
— Биё, наравем, — чашмонашро танг кард ў.
— Мо намеравем, — тасдиқ кардам ман ба ҷуфти муносиб, ки дар атрофамон давр мезаданд.
Нигоҳи Ленаро пай бурдам. Метавонам қасам хӯрам, ки чашмонаш аз ҳасад дурахшиданд. Медонист, ки вай зеботар, муҳимаш, ҷавонтар аз ӯст ва дар қаъри дил омода мешуд, ки дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад. Вале он муҳаббати бошукўҳ ва он меҳри бебаркаш, ки аз дақиқаҳои аввал ба сари Нина борид, ба Лена намерасид.
Ҳарчанд оғози шом хуб аст, вале ин ҳоло аҳамияте надорад, анҷом муҳим аст. Лена, дар ҳақиқат, зеботарин аст, ба сад раҳ кобӣ, мисли ў намеёбӣ. Дар ин маврид ҳатто Десантчӣ бой дод. Ман Нина ва ҳам Оляро ба як Лена иваз мекунам.
— Хуб, меравем, вагарна ба қадаҳҳоямон мурч меандозанд, — Нина гўё аҳволи маро ҳис кард ва якум шуда ба сари миз рафт.
Худо накунад, ки ягон каси дигар ба ҳоли он бегоҳинаи ман афтад. Танҳо ба худ амр додан, ки чунин амал куну дигар хел не, кам аст. Ман гоҳо аз меҳрубонии хонум ғурур доштам, гоҳо барои ин ғафлате, ки ба сари ман овард, ғазаб мекардам. Ин эҳсос дар киноя, имову ишораҳоям ба бачаҳо ҳам расид. Шояд чунон рўирост гуфтам, ки чанд бор ба ман нигоҳи изтиробомез карда, илтиҷо намуданд: «Базмро вайрон накун, баъд ягон илоҷ мекунем».
Чаро Нина духтарони зеборо овард! Ба Лена ҷойи гап нест, на танҳо зебо — чандир, қавӣ, парӣ. Маро бештар ҳузн фаро гирифт, вақте ҳисобӣ карда, ба кўча баромадем. Мо калиди ҳуҷраро бо худ гирифта будем ва Эҳёгар онро паси лўндаи оҳанӣ бардошта пурсид:
— Кӣ аввал меравад?
Хонумҳо ба ҳамдигар нигоҳ карданд: ин, албатта, ба онҳо вобаста. Ва он лаҳза Нина боз табъи маро ба фоидаи худ бардошт:
— Ин кори шумо, — ва руирост маро бо худаш бурд.
Ин дафъа дар чеҳраи Десантчӣ ва Эҳёгар ҳасад падид омад, духтарон як навъ норавшан китф дарҳам кашиданд.
— Шомпони худро гирифтем? Нина сумкаашро кушода диду сипас аз бозуи ман дошт. — Ба ҳама шаб ба хайр, то дидори навбатӣ...
Ҳангоми тобистон дар Баҳри Сиёҳ шаб нест. Кӯчаҳо, соҳилҳо, майдонҳои шаҳрҳои курортӣ ҳатто дар зери ситораҳо оромиро намедонанд. Гўё, аксари истироҳаткунандагон аз Шарқи Дур омадаанду тафовути вақтро эътироф кардан намехоҳанд. Ин таассуротро он чиз пурқувват кард, ки дар байни онҳо тафовути синну сол ҳам набуд: на танҳо куртаю блузкаҳои сафеди ҷавонону духтарон, балки сари сафеди пирон ҳам медурахшиданд. Ва шаб ором аст ва ситораҳо калон ва мадду ҷазри об танбал. Ва ҳама занҳои атроф хубанд ва беҳтараш ҳамонест, ки дар паҳлӯяш ҳастӣ, ба ў даст мерасонӣ ва узр мепурсӣ — мебахшӣ, ман ҳамту, нохост. Ва ў дар ҷавоб танҳо табассум мекунад ва зери дастат медарояд. Ва маълум мешавад, ки маҳз аз ҳамин боварии занҳо мардон бештар лаззат мебаранд. Ҳангоме ки дар наздикӣ рақибон нестанд. Вақте шумо ба қадри кофӣ зиёд нўшида, мастед, вақте на танҳо шумо бо такаллуф сухан мегӯед, балки ба худатон ҳам лутф мекунанд: — Чӣ хуб аст, ки дар бари ман ҳастӣ, марди қавӣ, боназокат...
— Ҷое равем, ки ягон кас набошад, — хоҳиш кардам ман. — Агар, албатта, чунин ҷой бошад.
Зоҳиран, мо ба он чо мерафтем: Нина танҳо худро ҷафстар карда, қадамашро тезонд. Одамон торафт кам мешуданд ва ман ба шаҳр нигоҳ кардам, ба фонусҳое, ки моро гусел мекарданд.
— Метарсӣ? — Нина маро ба ғайрат овард. Попўшашро кашида, лаб-лаби кафколуди баҳри дар хоб базўр тобхўранда қадам зад.
— «Афғон-писар» дар кишвари худ метарсад? Хафа кардед, сардор. — Танҳо аз сармо метарсам. Ва ҳоло ба назарам, мо ба самти ҷанубу шарқӣ меравем.
— Мо ба соҳили бонувон меравем.
Ба ҳар ҳол, ба пешпохӯрии ман санг айбдор буд, на ин паёми Нина. Ў ба наздам баргашт, мунтазир шуд, ки реги пойафзоламро меафшондам, интизор шуд, ки ӯро ба оғӯш гирам: зан дар оғӯш дарҳол бе ҳимоя монда ром мегардад. Нина ҳам ғарқ гашту ором шуд.
— Гуфтӣ, ки ин бегоҳ шоми ман аст. Ман оббозӣ кардан мехоҳам. Бо ту. Ва дар соҳил шомпон менӯшем. Ба фикрам, дар умрам дигар чунин ҳолат такрор намешавад. Аз ин рў... — Вай суханашро тамом накарда, хомўш шуд.
— Дар он ҷо занҳо бисёранд? Ман мавзуи суҳбатро иваз кардам. Ҳаминаш намерасид — ашки ҳасрат, ёди рўзгори пешин, изтироби дил.
— Танҳо манам. Чӣ, ба ту кофӣ нест?
— Кофӣ ҳастӣ, ҳазл кардам. Рафтем.
— Мо аллакай омадем.
Як раҳчаи танги регу сангреза дар миёни баҳр ва кӯҳ — ҳамин аст соҳил барои оббозии бонувон? Ман дар бораи он бисёр шунидаам ва беихтиёр интизори дидани чизҳои ғайриодӣ шудам. Вале дар ин ҷо аз маҷмуи муаммоҳои афсонавӣ — танҳо як акс-роҳи моҳтоб дар баҳри ором асту халос.
— Маро оғӯш бикун.
Ман бо камоли майл итоат кардам.
— Имрӯз каме нороҳат будӣ аз ман, — гуфт ногаҳон Нина дар бораи он, ки ман тамоми шом дар бораи он фикр мекардам. Вале ҳамон замон ў бо кафи дасташ даҳони маро пӯшонд, пеш аз он, ки ман хашму ғазабамро иброз кардан хостам. — Ман ҳамаашро дидаму ҳис кардам, кўдак нестам. Ва ба ҳар ҳол ту ба ман як шоми олиҷаноб бахшидӣ. Ҷаҳоне сипос. Албатта, метавонистам бо чунин дугонаҳоям оям, ки дар байнашон ман ба хонандаи синфи даҳум монанд мешудам, аммо... ба шумо раҳмам омад. Вале аз худам гузашта натавонистам. Бахшиш. Ман хостам бо шумо бошам. Охирин бор...
— Бас, Нина. Самимона мегўям, бо ту будан бароям хуш аст.
— Рост? Медонӣ, инро баъзан ҳис мекунам. Пас аз ду рӯз ман меравам ва ту бар хилофи дӯстонат озод мешавӣ. Мехоҳӣ, — кӯшиши навбатии эътирозамро қатъ кард ў. — Мехоҳӣ боз як чизи дигар гӯям?
— Бигӯ.
— Рафиқонат бар акси ту шабро дар санатория, дар кати худ рўз мекунанд.
— Ҳа? — Ман ба Нинаи маккорона табассум карда нигариста, намедонистам, ки ин хабарро чӣ тавр қабул кунам.
— Ҳа. Ҳарду соҳибҷамолак ҳамроҳи модару духтарашон зиндагӣ мекунанд. Ана ҳамту, — гуфт ӯ на бо хашм, вале бо ҳисси интиқом.
Дар дил ба бачаҳои моҳирона дар ғафлат монда раҳмам омад, аммо баъд ба ёд овардам, ки чӣ тавр онҳо ба пойҳои дарози базеб часпиданд. Шояд Нина ҳам инро пешакӣ ҳис карда, занҳоеро интихоб кард, ки дар курорт ҳуҷраи алоҳида надоштанд. Эҳ, занҳо...
— Хуб, биё, ин гапҳоро тамом кунем. Беҳтараш, менӯшем.
— Биё.
Вале ба кушодани шиша фурсат наёфтем: ба гўш овозҳо расид ва мо дар паси буттаҳои назди обрав нишастем. Ана ба ту ҷойи холӣ. Не, дар ҷануб ба хилвати шаб бовар кардан қатъиян мумкин не.
Дар саҳни баҳри аз сиёҳӣ дурахшон суробҳо пайдо шуданд ва ман бо қаноатмандӣ кулоҳи афсарии онҳоро дидам. Одамҳои худӣ. Ҳама бо ҳаяҷон сухан мегуфтанд ва ногоҳ рўбарўи мо истоданд, гуё пайраҳаи моҳтобӣ танҳо аз ҳамин ҷо мегузашта бошад. Суроби шиша дурахшид, қу-қули аз гардан рехтани шароб садои танбали мавҷҳоро халалдор кард.
— Барои баҳр, ки мо онро посбонӣ мекунем, — афсарон ҷомҳоро бардошта, бо либоси расмиашон рост ба об даромаданд. Об то миёнашон расиду нӯшиданд ва шишаро ба шуоъи моҳ дар рўи оби баҳр партофтанд ва қад-қади соҳил роҳашонро давом доданд.
— Имруз — ид, Рузи сарҳадчиён, — ба ёдам омад он сана.
— Ба ҳар ҳол, дар ниҳоди афсарон чизи аҷибе ҳаст, — андешамандона бо ангуштонаш садо баровард Нина ва ман ба сарҳадбонон барои чунин рафтор, ки беихтиёр обрўи маро дар пеши назари хонум баланд карданд, хаёлан ташаккур гуфтам. — Дурусттараш, аз қадим, аз китобҳо замони кўдакиамон мондаанд. Рости гап, ба осоишгоҳ ман маҳз барои ҳамин омадам, ки... чӣ тавр ба ту фаҳмонам... бо ҳарбиён наздиктар шудан хостам.
— Пеш аз ин дар куҷо кор мекардед?
— Дар осорхона. Роҳбалади гурўҳҳо будам.
— Шояд мардҳо ба экспонатҳо не, ба шумо нигоҳ мекарданд? Агар ман мебудам, ҳамин тавр мекардам.
— Инаш ҳам буд, — розӣ шуд Нина бо табассум. — Кам бегоҳе бе занги телефон мегузашт: «Салом, маро дар ёд доред? Дар экскурсия ҳамроҳи шумо будам, дар танам куртаи сафед буд». Мухлисон ҳама як хел курта мепўшанд ва ба як рўй метобанд. Ба ёд мемонад танҳо оне, ки бисёр савол медиҳад. — «Алло, — давом дод Нина бо овози каси дигар, — медонед, ба театр тасодуфан ду билет гирифтам»... «Хайр, шумо ҳардуи онро ба ман медиҳед?» — «Не, яктояш барои шумо, дигараш барои ман»... Дар аввал мисли аблаҳча давида, фикр мекардам, ки бахтамро ёфтам. Баъд хаста шудам. Театрҳо, намоишҳо ва баъд ҷойҳоро интихоб мекардагӣ шудам...
Вале як чиро фаҳмидам: аз чӣ сабаб бошад, ба ман фақат онҳое занг мезананд, ки ҳама чизро доранд — оила, фарзанд, мошин, бўстонсарой, мансаб. Вале аз ин бештарашро мехоҳанд, то аз даҳону биниашон баромадана... Ба дилам зад. Баъд дар садопардаҳои овозам нуқс пайдо шуд ва ман бо хушнудӣ ба ин кор гузаштам.
Сарҳадчиён хеле дур рафтанд ва мо аз пинҳонгоҳ хазида баромадем.
— Мо то ҳол нанӯшидем.
— Гап нест, — пўки шишаро кушодам, вай садо бароварда, ба торикӣ парида рафт ва Нина бо ханда кафи дасташро зери кафки аз гардани шиша шорида гузошт.
— Акнун мехоҳам оббозӣ кунам, — бо нози омехта бо фармон пас аз нӯшидани ду ҳавуч шароб гуфт ў. — Фақат либоси оббозӣ надорам. Аммо ин соҳил барои бонувон аст. Пас, ё каме дуртар рав, ё рўятро гардон.
Албатта, чанд қадам ақиб рафтан беҳтар. Чунки чашмҳо ба шаб одат кардаанд ва торикӣ тунук шуда, буриши соҳилҳоро танҳо дар дуриҳо пинҳон мекунад.
Нина тугмаи куртаашро кушода, онро бепарвоёна болои сангҳо партофт. Сафедии синабандакаш чашмро хира кард, вале ҳамон замон чангакаш шараққӣ карда кушода шуд ва он ҳам лаҳзае дар ҳаво бол зада, ба замин афтид. Нина бо пушт ба ман меистод ва ҳангоме ки аз домани ба поён афтодааш баромад, ман дарҳол нафаҳмидам, ки ў ҳама либосашро кашидааст. Нафасам танг шуд, аммо ба сӯяш ҳаракат кардани маро дида, Нина зуд ба сўи баҳр рафт, ба оби ороми он даромад ва бо хушҳолӣ нидо кард:
— Ин ҷо биё, чӣ қадар форам аст!
Худро дар оби хунук тасаввур карда, ларзидам. Аммо дар зери по гӯё тир хӯрда бошад, бюстгалтери болҳояш печидаи сафеди ў афтода буд, дар пайроҳаи моҳтобии рўи об зани урён хушҳолона шино мекард ва ман бо ангуштони ларзон тугмаи куртаамро кушодам.
Об гўё бо миллионҳо сӯзан ба танам халида, маро сўзонд. Ҷаста ба соҳил баргаштан салоҳ буд, аммо Нина шино карда пештар омад, дастонашро ҷунбонд ва хост ба ман об пошад. Ҳамроҳи дастон синаҳои сафедаш пасту баланд шуда намоён гаштанд ва барои зудтар рафъ кардани даҳшати сармо ба сўи онҳо шитофтам. Аммо дастам нарасид, танҳо болои баданаш лағжид. Бо сар зери об ғўта зада, ба шиками нарму ронаш даст расондам. Дар ин ҳол тайёр будам, ки ба сўрохии даруни ях афтам.
Саросема аз об сар бардошта, кӯшидам соҳиб шавам ба оне, ки насиби ман буд. Аммо Нина маро сабук тела дода, ба сиёҳии баҳр шино кард. Якчанд қулочак кашидан кофӣ буд, ки ба ў баробар шавам, гирдаш тоб хўрам, аз ламс кардани тани зан хушнуд шавам.
— Бикўш, ки рўи об хобида ба осмон нигарӣ, — гуфт ӯ ва дар об рўболо шуд.
Аз байни оби тира рахҳои сафеди офтобнадидаи пеши баданаш намоён шуданд, аммо барои он ки худамро азоб надиҳам, ба ў пайравӣ кардам. Ва аҷиб, ки дар як лаҳза ором шудам: ногаҳон дарк намудам, ки зебоии зан ва табиат ҳамоҳанг шуданд! То чӣ андоза онҳо ягонаанд ва хешу таборӣ доранд! Кӣ гуфт, ки зан аз қабурғаи Одам офарида шудааст?
Ва дар айни замон, муҳим нест — ситораҳо чӣ гуна бошанду осмон чӣ гуна, агар дар барат зане бо тани ларзон меҷунбаду кофист танҳо дасти худро ба ў дароз кунӣ. Аз табиат чашм пўшида метавонед, аммо аз зан не, чунин нерўе нест. Ҳарчанд шоире гуфтааст: «касе, ки ҳама чизро якбора мехоҳад, бечораест, ки сабр надорад»...
Нина бори дигар ҳаракати маро ба сӯяш ҳис кард ва боз оқилона бо тамкин маро боздошт:
— Ман обро хеле дўст медорам. Сардашро боз ҳам бештар, гӯё дар он дубора таваллуд мешавам.
— Пас, ту маро гарм мекунӣ.
— Эҳҳа, ана, то куҷо расидем — аллакай мардро бояд гарм кунем. Тасодуфан, ғарқ шудан намехоҳӣ?
— Фақат дар оғӯши ту.
Ҳазл кардаму дарҳол аз гуфтаам пушаймон шудам: ҳама чизи ғайритабиӣ ҳоло дағалона садо медиҳад. Ягона амали одилона — шино кардан ба соҳил аст. Зан охир аз қабурғаи мард офарида шудааст. — Мо бе онҳо зиндагӣ карда наметавонем.
— Ба қафо шино намекунем?
Нинаро каме пештар гузарондам, — охир, бало занад, ҷентелменам, ҳатто дар об аз паси ӯ шино карда, мекӯшам вақти қулоч кашидан об аз таги дастам ба ў пош нахўрад ва Нинаро тамошо кунам. Вақте ки пойҳо ба замини сахт расиданд, ҳарду бозистодем. Ҳаво назар ба об сардтар буд, аммо Нина шах шуда истод, эҳтимол чӣ кор карданашро андеша мекард.
Ташаббусро ба дасти худ гирифтам, — дигар тоқати худдорӣ намонд, ба насиҳати шоир дар бораи мақоми сабр туф кардаму аз пас наздик шуда, ўро оғўш кардам. Теппачаҳои нармро ёфта, онҳоро фишурдам. Аз байни мўйҳои тараш гарданашро бўсидам. Баъд навбатдорро сабук рўи дастонам бардошта ба соҳил бурдам. Об тани Нинаро тарк намуда, оҳиста-оҳиста ҳама баданашро кушод, танҳо як кӯлчаи хурд дар байни шикаму пойҳояш боқӣ монда, секунҷаи сиёҳро пинҳон мекард...
Баъд дар Афгонистон ҳазорҳо бор ин манзараро хоб дидам ва тасаввур кардам: Нинаро бардошта мебарам ва кўли хурдакакро мебинам. Ва чизе дар дилу афкори ман шикаст. Аз иқрор шудан ба худ тарсида, ногаҳон пай бурдам: баъди таътил ҷангро барои сарҳадҳои ҷанубии Ватан бас кардам. Не, ман ба касе хиёнат накардаам, ба ҷои худам касеро зери тир нафиристодаам, дар ин маврид шарафу виҷдони афсарии ман пок монд. Ман танҳо барои худам, барои зинда баргаштан талош намуданро сар кардам. «Барои пўстини худ», — ин ҳазл дар Афгонистон маъмул гашта буд.
Аммо дар атроф дӯстон — лейтенантҳо хидмат мекарданд, ки дар ҳар набард ба хатти аввал мебаромаданд, ба марг омода буданд ва аз ин намеранҷиданд. Онҳоро бо он сарҳадбонҳо муқоиса кардам, ки ба хотири ба ном хидмат, ба баҳр рафтаанд. Бале, бештари онҳое, ки меҷангиданд, ҳатто намедонистанд, ки дар баробари ҷони худ боз чиҳоро аз даст медиҳанд.
Ва ман аллакай медонистам. Аз он рутубат, ки маст мекунаду мадҳуш, як ҷуръа даркашидам. Ман медонистам, ки ба куҷо ва назди кӣ баргардам. Дигар намехостам ҳатто ёди он шоми бо Нина гузарондаамро аз даст диҳам. — Оҳ, чӣ хушбахтист зани ларзонро ёфта гарм кардан дар рўи либосҳои саросемавор партофта!
Ва ман нисбат ба онҳое, ки метавонистанд ва мехостанд маро кушанд, мисли рӯбоҳ эҳтиёткор ва мисли паланг бераҳм шудам. Ва ордени Ситораи Сурх барои зинда мондани ман аст, на барои шуҷоати махсус дар он ҷанг.
Ва ман зинда мондам.
Аммо ногаҳон маълум шуд, ки дар дилам танҳо як шодии пинҳонӣ ҷой надорад. Худро ба тайёраи нақлиётии ҳарбӣ, ки моро ба Иттифоқи Шўравӣ мебурд, тиққонда, аз тиреза ба гуселкунандагон нигариста, дар байни онҳо касеро надидам, ки ба гусели ман омада бошад. Ва ба худам нафрат кардам. Ва иқрор шудам ба он чи, ки барвақт фаҳмо буд: ман ба он лейтенантҳо ва капитанҳое, ки дар майдони ҷанг дар бораи пўстини худ не, балки дар бораи ҷанг фикр мекарданд, хиёнат кардам. Аз ин рӯ, дуруст карданд, ки ба гусели ман наомаданд. Дар ҷанг пинҳон кардани чунин ҳолат душвор аст, худро дигар хел вонамуд кардан аз он ҳам душвортар. Ва агар ҳаёти маро Нина ва пайроҳаи моҳтоб дар соҳили бонувон наҷот дода бошад, пас маҳз онҳо маро водор карданд, ки ба худ нафрат кунам.
— Баргард, — пичиррос зад Нина он бегоҳ дар манзилаш. — Гўё ҷоду мекард. — Баргард ва маро дарёб...
— Акнун бармегардам, — бо итминон посух додам ман ва надонистам, ки баъдтар ҳар боре, ки ҷанги Афғонистон ба ёдам меояд, худамро бад мебинам. Ҳарчанд ягон гуноҳ надорам.
Ман баргаштам, вале назди Нина нарафтам. Ва ҳар дафъа аз роҳхат ба он санатория катъиян даст мекашидам.
Аммо такдирро фиреб дода, аз гузашта пинҳон шудан имкон надорад.
Боре дар нуқтаи даъвати шаҳри Пятигорск бо Эҳёгар рў ба рў шудам. Вай ҳам мисли ман барои бурдани аскарони ҷавон омада буд. Дар сари синааш ду блоки ордени Ситораи Сурх овезон бошад ҳам, дар погонҳои фарсудаи куртаи чиркинаш ба ҷои ситорачаи сеюм сўрохиҳо намоён буданд.
— Унвонамро то лейтенанти далер паст фароварданд, — ҳайрон шудани маро дида, фаҳмонд Олег. — На дар вакташ нўшидам...
Вай ширакайф буд, вале вақте гуфт, ки Витка — Десантчӣ дар мошини зиреҳпўш ба мина бархўрда, таркида, сўхтааст, мо бе сухан ба қаҳвахонаи болои теппача баромадем. Ман таъом фармудам, ба хотир овардани гузаштаро ба таъхир андохтам. Олеги маст, ки унвонашро паст намудаанд, бе нигоҳубин мондааст, бо ифтихор ва... софдилона менишаст. Танҳо баъди қадаҳи сеюм, ки барои Десантчӣ гуфта шуд, ногоҳ чизе ба ёдаш омад:
— Исто, ба фикрам, ман бояд ба ҷое равам.
— Ба куҷо? — Ўҳдадории ӯ дар ёдам буд, аммо вазъи умумии рўҳӣ чизе намехост. Ва бо ин аҳвол куҷо ҳам меравад? — Бехтараш, бишин.
— Не. Ман бояд ба ким-куҷо равам. Куҷо буданашро дар ёд надорам, вале рафтан даркор.
Вай базўр аз ҷояш хеста, кулоҳашро ба оғўш гирифт ва пеш аз он ки ўро дорам, худро аз панҷараи айвон партофта поён рафт. Дар доманаи теппача бархеста, худро дуру дароз афшонда, ба тартиб андохт, дурудароз кулоҳашро ба сараш рост кард, ба атроф нигариста, самтеро интихоб намуд. Қувваи кофӣ надоштам, ки сарамро боло кунам, аз чӣ сабабе худамро хотиррасон накардам. Танҳо аз пасаш тамошо кардам, то даме, ки Эҳёгар дар паси буттаҳо нопадид шуд.
Дар ҳайрати онам, ки агар он бегоҳ Нина ба Эҳёгар ё Десантчӣ мерасид, оё дар ин ҷаҳон, дар сарнавишти имрӯзаи мо чизе тағйир меёфт? Албатта, баҳр, соҳил, манзил то саҳар аз онҳо мегашт, аммо зиндагии онҳо дигар мешуд? Ё аз сарнавишт гурез нест?
— Ба шумо, рафиқ капитан, боз ягон чиз даркор? — Пешхизматдухтар ба наздам омад.
Ман ягона муштарӣ будам ва ӯ шояд вақт дошт, ки таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунад.
— Мебахшед, шумо дар ин ҷо... соҳил барои бонувон доред?
Духтар сурх шуда, хоҳиши маро ба худаш нисбат дод ва ман маҷбур шудам бахшиш пурсам:
— Не, не, ман ҳамту, як чӣ ба ёдам омад.
— Охир, мо баҳр надорем, соҳил аз куҷо пайдо мешавад? — Пешхизмат нарм табассум кард. Агар маст мебудам, шояд аз ин савол ҳайрон намешуд. Аммо дуруст, ки роҳи қафо гаштан нест.
— Пас, як ҷом шомпон.
Нӯшидам барои Нина, барои се нафари мо, барои онҳое, ки ҳанӯз зиндаанд, майзада нашудаанд, ба касе хиёнат накардаанд. Барои як пораи умри худ, ки ногоҳ чунин сурат гирифту чунон зебо шуд ва ҳам лаънатзада гашт...
* «Афганец» — касони дар ҷанги Афғонистон ширкатдоштаро русҳо ҳамин тавр ном мебурданд.
** Ишора ба хати рост дар ҳарду пойи шими расмии генералҳо
***Тезгўяк, ки барои ба кўдаки инҷиқ хуронидани таъом истифода мебаранд.