Сад сол дастнорас...

* * *

сад сол дастнорас
хобида будӣ
дар синаи ман
чун тифли нонамоён
кӯҳна абзоре ба сандуқ
сад сол ман ба даст
медоштам риштаеро аз парасту
ва меандешидам
ин парвози коғазӣ
ин тӯмори хандаовари кӯдакона
ҳифзам кард
ман ба соҳил кӯфташудаам
гили гиёҳи рег
ғиҷирроси чун хамири зери дандон
ин маҳалҳои ба ман маҳбуб
ин хамир аст аз замин бо лаззати ишқ
ин хамир аз ҷониби ман
мешавад табдил ба матн
ин самимият маро бо ҳасратам якҷоя аст
дар гулӯям мешавад танг
мешавад бо чӯҷаҳо парбоз
ришта
меояд ба ларзиш дар кафам
ман туро маҳфуз медорам ба сандуқ чун ҷиҳоз
мисли шероза
мисли тасма ё ки як бандинаи даври куҳан
судагашта ҳамчуноне тасмаи халта

 чанд мебояд, ки ман гӯям
ком
менагунҷад ҳарф андар осмон
гаҳворае ҷунбонам инак
ки лабрез аст аз ҳарф
мон ки ман ояндаро ресам
ба тори нозук аз боли парасту
ман ҳамон фотимачумчуқ*
зиндагиям буд дар он сӯи баҳр,
бозгаштам
баҳрро оташ задам


* Момоҷурғотак.