Шудам сисола, лекин гоҳу ногоҳ...
* * *
Шудам сисола, лекин гоҳу ногоҳ
Ҳамегўям, ки сесадсолаам ман,
Ҳаётамро, ки аз сахтист огоҳ,
Нагўяд шеъри ман дилхоҳу рўшан.
Маҷозӣ бошадам ашъору пурбор,
Бувад дар авҷ баргу реша дар хок,
Барои рафтанаш то манзили ёр
Надорад азми рўшан, ҷаҳди чолок.
Ду тан дар ман бувад бо ҳам муқобил,
Ки дил кандан зи ҳарду нест осон:
Яке — дилсардӣ, оваҳ, душмани дил,
Дигар — дилгармии хасми дилу ҷон.
Ягона гашта дар ман мурғаку мор,
Ки гаҳ болову гаҳ поён кашандам,
Хазидан куву аз парвоз осор? —
Миёни хоку афлокам, ба бандам.
Маро парвард Маскав-модарандар,
Биҳиштам — Курскам кам дар хаёл аст.
Касе монда шинос он ҷой-андар,
Вале бишнохтан амри маҳол аст.
Маро ҳам ҳеҷ кас нашносад он ҷо,
Заифанд ин замон чашмони дил ҳам.
Хатоҳое, ки кардам то ба ҳоло,
Шавад такрор дар дунёи пурғам.



