Доираи зиндагӣ

Кӯдакӣ дар орзуи оқилист, Оқилӣ дар фикри адлу дод, Ҳақ ҳаме дар ҳасрати бахт аст, Бахт дорад орзуро ёд. Орзу дар ёди уммед аст, Майли уммед аст бар бовар. Меравад бовар пайи виҷдон. Баҳри виҷдон ишқ шуд довар. Ишқ мардиро талаб дорад, Мардӣ мехоҳад зани зебо, Зан умеди модарӣ дорад, Модар аммо тифлии фардо.