Гёте
Аз миёни таб задам фарёд:
«Оҳ, ман он қадр мехоҳам
Наврасе монам ба ҳукми шир!
орзу дорам, ки ҷисми ман нагардад об
ҳамчуноне кӯзаи аз ях пур аз симоб!
мехӯрад ҷисми маро рӯҳам! ончунон мехостам
ман ба ҳафтодам ҳама тан рӯҳбаланду чуст,
раҳнамои ошиқон бошам
чун Гёте!»
Ту задӣ писханд:
«Дӯстам, ҳайфо, дареғ, аммо
шоирӣ ту. Пас чӣ мехоҳӣ?
он чи коҳонад туро, шеър аст.
Он касе, ки менависад шеър, зиндагонияш фаъол асту қавист,
мисли санги осиёе, ки ба чашми худ надида ғалларо.
Гӯ, Гёте кист?!
ӯ агар танҳо
бо навиштан кор медошт,
дар гумон буд умри тӯлонӣ бубинад ин қадар.
худ наҷоти ӯ дар он буда, ки нанвиштаст шеъре,
нест оё рост?» — сӯям бингаристӣ.
Ман ба даҳшат шох гаштам.
Хона монанди сари ман гирд мегашт.
Аз ҳаво шуд ранг берун. Шамъҳо
ҳамчу ангуштони бидъаткор худ афрӯхтанд...
Соғари бода бизад нобоварона печ
пас парид аз рӯи миз... То даме ки мефитод он
ту ба сӯи ман назар медӯхтӣ (писханде —
чун гули чашмони шаб, часпида аз бурун бар шиша)
беш аз ин чизе нагуфт.




