Садо аз чойник
Касе ӯро исроркорона такон медод. Аммо ӯ хоҳиши кушодани чашмонашро надошт. Бале. Нишасти дирӯза бо дӯстон ғайриинтизор поён ёфт. Ҳайҳот, боре чунин ҳолат аллакай рух дода буд. Боз аз куҷо сар зад-а? Дар хона кайҳо боз касе вайро такон намедод. Мижаҳо бо мушкилӣ аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Ҳамин хел! Ба ҳар ҳол беҳтар он буд, ки чашм намекушод. Ҳабашисурате болои сари ӯ хам шуд. Инро, ки акнун дар кӯчаҳои мо низ ҳабашиҳоро метавон вохӯрд, дарк кардан мумкин аст. Аммо бо тафовут аз онҳо ин ҳабаш кулоҳе ба сар дошт, ки дар он навиштаи «New York City» ба чашм мехӯрд. Ҳамин гуна навишта, аммо бо ҳуруфи каме калонтар, дар остини ӯ низ дида мешуд.
Сазояш ҳамин. Дар ҳаёти хеш на як бору ду бор ба чунин ҳолати ногувор меафтод, аммо ҳамеша аз об хушк мебаромад. Аммо ин гунааш, ки финҷони оби ҷавро дар Кохи афсарони воқеъ дар Литейний ба даҳон барию бо гузашти фурсате дар Ню-Йорк бедор шавӣ, то кунун рух надода буд. Аввалан, мебояд ҳолатро аз рӯйи ақл баррасӣ намуд. Пушташ ким-чи хел карахт шуд, чизе ба он халид. Аз ҷо баланд шуда, ба атроф нигарист. Дар рӯйи зинаҳои паҳну дурушт пуштнокӣ мехобид. Бинои боҳашамати тираранг ба боло қад афрохта буд. Ба дари шишагии даввор одамони зиёинамо медаромаданду мебаромаданд.
«Шукр Худойро, хайрият, ки макони баобрӯст! — табассумкунон андешид ӯ. — Маълум мегардад, ки эҳтиром мекунанд. Аммо — кӣ?».
Ӯ хуб дар ёд дорад, ки бо пешхидмати тарабхонаи «Патриот» сари чӣ ҳарф мезад. Ню–Йоркро супориш надода буд.
— Кен ай ҳелп ю? — пурсид полисмен.
Ин, ки ӯ ба забони ангилисӣ ба гап даромад, Сидоровро боз ҳам шигифтзадатар кард. Ҳарчанд чизи дигареро умед кардан камоли аблаҳӣ буд. Аммо аз чӣ бошад, ки вай умед меварзид. Аз ҷавони хуб хоҳиш бикунад, ки ӯро ба Кохи афсарони кӯчайи Литейний баргардонад? Нодуруст мефаҳмад.
Хуб! Охир, маро аз ахлотпарто наёфтаанд-ку! Қадру арзиш дорам! Коре бояд кард, ки дӯсти сиёҳпӯст инро эҳсос бикунад. Ӯ ҷиддан аз ҷой бархосту ба сӯйи полис табассум намуд: ба фикр фурӯ рафт, яъне, гоҳо чунин мешавад! Имкон буд, ки ба ӯ ҳарфи латифу меҳрубонона бигӯяд, аммо кӣ медонад, шояд оҳанги гуфтор боиси нигаронии вай гардад. Тамом! Худро ба даст мегирем! Ӯ бетакаллуфона аз зинаҳо пойин фуромад. Акнун лозим буд, ки ҳамчунин бетакаллуфона ба ҷое биравад. Ба рост? Ба чап? Дар Питер инро дақиқ медонист. Аммо ин ҷо ба саргумӣ афтод. Вақте ки санақатора дар миёни истгоҳҳои антрактикии «Мирный» ва «Восток» дармонд — марг наздиктар буд. Аммо аз чӣ бошад, ки оромӣ ҳукмфармоӣ мекард. Ба ҳалокат расидан дигару шарманда шудан дигар аст. Дар ин шаҳри «олуфтаҳо», ки ҳанӯз дар мактаб чунин мехонданаш, ҷойи шармандашавӣ набуд. Дар миёни худиҳо — кори дигар аст.
Ду тарафи зинаҳоро тавора иҳота мекард ва дар охири онҳо ду шери бузург дида мешуд. Дар пеши шери тарафи чап пой болои пой ниҳода, пирмарди марғулариши ҷандапӯш менишаст. «Аз афташ, ин манам дар ояндаи на чандон дур», — гузашт аз дилаш. Аз чӣ бошад, ки ҷандапӯш билкул полисро нигарон намекард.
Полис чашм аз Сидоров намеканд.
«Ҷинс аз «секон хенд», нимтана — пӯсти сунъӣ. Чӣ бадӣ дорад? — ҳатто каме озурда шуд. — Хайр, тамом! Руҳан барқарор шуд! Кофтуковро сар мекунем! Барои гирифтани маълумот кирои ба полис муроҷиат кардан нест. — Андешарониаш аллакай солим буд. — Аз роҳи дигар кор мегирем».
Тарсуӣ одаташ набуд. Бо дӯстони айёми наврасӣ дар қаиқи сурохшуда Ладогаи тирамоҳии пуртуғёнро убур намуд — албатта, танҳо ба як тараф: дар роҳи бозгашт аз ғарқшавӣ ҷойи гурез набуд... Боре дар вақти сафари хидматӣ бо дӯстон шарт баст, ки рӯди Масковро пурра, ба таври диоганал дар ним соат убур карда, аз он тарафи Маскав, дар хонаи дӯстдухтари умумиашон гӯшаки телефонро мебардорад. Чӣ тавр инро анҷом дод — ба хотир надорад, аммо дар ҳамон сонияе ба хона ворид шуд, ки занги телефон баланд гардид. «Чанд метавон шуморо интизор шуд?» — садо баланд кард ӯ.
Акнун ҳамин «диловарии ҷавонмардона» ӯро ба Ню-Йорк овард. Дар ҳақиқат, ин аллакай «диловарии пионерӣ» буд, эҳтимол аст, ки барои чунин вусъати имтиҳонҳо созгор бошад. «Оташин шуд», чуноне аҳёнан дӯстон мегуфтанд, барои рӯпӯш кардани девонагиҳои худ. Аммо баъди ҳаёти пурҷӯшу хурӯш, марги ҳамсар ва дӯсти беҳтарин, якбора «аз ҳама кор даст шуст» ва аз ғусса акнун тавассути Интернет аз ин реалитшоуи байналмилалӣ — «эвенчюрис» кор гирифт, ки тавре дӯстони ақлашон даромада шӯхӣ мекарданд, «ба сари худ мушкил овардан» тарҷума мешуд. Шӯхии онҳо дарҳол тасдиқи худро ёфт.
«Чӣ супориш додам, — медонам, чӣ тавр ҳисобӣ кардам–не. Акнун ин ҷо ҳисобро баробар мекунам».
Баргашт. Полис аз ӯ чашм намеканд. Аз афташ ошиқ шуда буд. Сидоров ба сӯйи ӯ бо ангшутонаш ишоракунон аз сутунзинаҳо фуромад. Нақдӣ ҳисобӣ мекунем...
Бо чӣ ҳисобӣ мекунӣ — дар ҷайбаш як рубл ҳам ёфт намешуд.
Ҳарчанд ки рубл на то ҳадде қурб дошт, ки онро дар ҳамаҷо бипазиранд. Ба ҳар ҳол дар Ню-Йорк чунин ба назар мерасад, ки ҳоло онро намегиранд... аз ин рӯ, худро азият надеҳ... Аҷиб аст, ки ин «эдвенчюристҳо» бо ин чӣ гуфтан мехоҳанд?
Ӯ ин найрангбозонро танҳо як маротиба зинда дидааст ва он ҳам на сарваронашонро, балки дуюмдараҷаҳоро, ки муваққатан киро карда шудаанд. Онҳо ҳам хуб ба фаҳмаш намерафтанд, ки чӣ кор мекунанд, ҳарчанд, тавре ҷавонон мегӯянд, топ-менеҷерҳо аз худ ҳама осори карруфару ашёи лозиму нолозимро ба намоиш мегузоштанд.
Ин дар танкӯчаи Галерной, дар кадом як хонаи нимвайронаи канории граф, собиқ хонаи маданият сурат гирифт. Акнун шайтон медонад, ки он ҷо чӣ ҷой доштааст. Гуфтагӣ барин, ҳамзамон, аз рӯйи эълони зебо ва оммаи аҷобатангез, дар он ҷо фестивали ақаллиятҳои ҷинсӣ ҷараён дошт. Дуруст аст, ки «эдвенчюристҳо» бовар мекунониданд, ки ба ин фестивал камтарин иртиботе надоранд. Ҳайратовар буд, ки дар толорча, дар миёни «ҷӯяндагони моҷаро», ҷавонони зебо хеле бештар буданд. Ӯ дар синну соли онҳо асло ба назди миёнаравҳо намерафт, худаш ҳисобашро меёфт! Эҳ ҷавонон!
— Марҳамат карда, саволномаро пур бикунед ва дар банди «г», сутуни бистушаш, нишон бидиҳед, ки кадоме аз орзуҳои худро мехостед амалӣ бикунед! — садо баланд шуд аз саҳна.
— Шумо метавонед орзуҳои мизоҷони қаблиро қироат бикунед? — пурсид марди лоғарандоми айнакдор аз толор.
— Бале, бале! — ҳуззор якдилона дастгирӣ карданд.
Тамом! Сидоров бошитоб бархест аз ҷо. Агар одамон орзуҳои хешро аз рӯйхати қаблан омодашуда мегиранд — ин ҷо ҷойи ӯ нест.
— Шумо моро тарк мегӯед? — бо меҳрубони пурсид топ-менеҷер аз саҳна. Шояд ӯ ба ақаллият иртиботе надошт, вале агар чунин аст, пас, барои чӣ мӯяшро мисли сабзӣ ранг додааст?
— Тарк мегӯям. Ҳеч зиддияте надорам...мушкили ман бо вақт аст.
— Модом чунин аст, пас, шояд орзуи худро шифоҳӣ мегӯед?
Орзу? Орзуҳои ӯ кайҳо дар амал татбиқ гардиданд — ба сурати аҳсан.
— Орзу?.. — Ба ҳар ҳол тавақкуф кард. — Мулоқот бо ишқи аввал! Яъне — ҳамоне, ки буд.
Чуноне онҳову дӯстонашон мегуфтанд: «Худам ҳайронам!» Як кампири дигар ҳам гуфт: «Аз куҷо донам, ки қабл аз он, ки гуфтаамро мешунавам, ман чӣ фикр мекунам?» Ҳайронам!
— Оё шумо мутмаинед...
— Ба ин, ки ӯ зинда аст? — рушан шуд дар зеҳни Сидоров.
— Бале... — шармгинона изҳор дошт «сабзиранг».
Ана — натиҷа! Медонистам, ки чунин мешавад, — намегуфтам... Ба ҳар ҳол «вай нот»? Сатҳи ангилисидонии худро месанҷем! Аммо — зарурат пеш наомад.
— Ҳамшаҳрӣ? — ногаҳон шунид аз наздик.
— А? — Сидоров баргашт ба сӯйи садо.
Марди солманди фарбеҳи майкаю шортпӯшида. На — одамони калонсоли соҳили Нева ҳоло бо чунин сурат намегарданд.
— Чӣ хел шинохтӣ?— пурсид Сидоров. Русҳо ҳамеша дар чунин лаҳза меранҷанд.
— Аз афти чашмон, чӣ хел мешуд? — хушҳол шуд ҳамшаҳр. — Аз афташ бисёр гирифтӣ. — Ӯ аз забони модарии хеш баръало лаззат мебурд.
— Бале... Бояд гӯям чунон бисёр, ки ту ҳатто дар хобат ҳам надидаӣ!
Мавзуи мастигарӣ, чуноне Сидоров мепиндошт, мавзуи муҳимтарин буд.
— Чаро «дар хоб ҳам надидаам»? Баҷо, — ранҷид ӯ. — Ту чаро чунин афсурдаҳолӣ?
— Бояд занг бизанам... Аммо як пайса ҳам надорам.
— Боке нест! — бо эҳтиром изҳор кард дӯсти нав. — Ҳади аққал рақамро дар ёд дорӣ?
— Ёд дорам! — ногаҳон изҳор дошт Сидоров ва такон хӯрд. Аз афташ бо мағзи сари ӯ аллакай кор гирифтаанд: телефонаш куллан ошкор шуд, ҳарчанд ӯ ҳеч гоҳ бо он занг намезад ва гузашта аз ин онро аз бар намекард. Ҳамин хел, боре шунид. Тасодуф? Маълум мешавад, ки тасодуф набудааст! Аз ин бармеояд, ки «ҳолашро ба танг меоранд».
— Хайр, бифармо! — гуфт дӯсти нав.
Онҳо ба дукон даромаданд. Телефони бадвоҳима овезон буд, — Сидоров бо мушкилии зиёд ҳайраташро пинҳон дошт, — бузруг, бо чандин гарданбанди ҳарфу рақам. Ҳақорат диҳӣ, зери арақ мемонӣ!
— Хайр, ҳамшаҳр, маълум, ки сабрро аз даст додӣ.
— Ҳафтсаду ҳаждаҳ... — Сидоров арқоми аввалро ба забон овард.
— А-ҳа... Квинси боло! Дар мавзеи шоиста зиндагӣ мекунӣ.
Шунидани ин ҳарфҳо барои ӯ хушоянд буд.
— Резидент? — «ҳамшаҳр» чашмак зад.
Ҳаминаш намерасид! Аммо Сидоров ба ҷуз ин, ки дар посух чашмак бизанад, илоҷи дигар надошт.
— Давомаш.
Сидоров бо итминон ҳафт рақами дигарро низ ба забон овард.
— Инҳоро (тангаҳоро) чӣ? — кафҳои дасташро холӣ кард ҳамшаҳр. — Бояд ба дастгоҳ онҳоро ворид бикунӣ. А-ҳа. Шояд дар ҳақиқат ҳам ту бо парашют парвоз карда омадӣ?.. Ма — гӯширо бигир. «Коллект» — мегӯйӣ. Баъд номи худро ба забон мегирӣ. Аз ҳисоби муштарӣ гап мезанӣ. Албатта, агар ӯ хоҳад.
«Мехоста бошад? — рӯ зад андеша дар Сидоров — Мо кайҳо боз... юсуфталъат нестем».
Дамгир буд ҳавои дукон. Ба ҳар ҳол аз арақ часпак гардида буд. Овози дағали занона аз гӯшӣ баланд шуд. На, бо чунин суръат ӯ ба фаҳмаш намеравад. «Коллект!» — билохира, муяссар шуд, ки ба забон орад Сидоров. Садо хомӯш гардид. Боз аз нав тарақ-туруқ баланд шуд. Рост ба сар мекӯбад!
— Номатро гӯй! — ёдрас кард дӯсти нав.
— Мистер Сидороффф! — аз чӣ бошад, ки бо се «ф» баобрӯтару мутантан садо медод номаш.
— Бошӣ! — ба кифташ даст зада, берун шуд ҳамшаҳр.
Аз роғ гармии тоқатфарсо ворид шуд. Ана, ҳамин хел аст макони онҳо! Офтоб дар октябр метафсонад. Арақ бо ҷӯйчаҳо сарозер мешуд. Ӯ бесобиқа тарсид ва дар Антрактида дармонданро ҳамин ҳоло авло медонист. Дар гӯшӣ ляляла шунида мешуд — ӯ мусиқие беҳтар аз ин ҳеч гоҳ нашунида буд. Кош, абадӣ идома меёфт!
— Мешунавам, — баланд шуд садо аз ун тараф ба забони русӣ.
Маълум мешавад, ки фаҳмидааст... Агар ҳамин ҳоло нӯшиданӣ мебуд!
— Салом! — нимшунаво овоз баровард ӯ...
Бемадоршуда аз дукон берун баромад. Андаке монда буд, ки биафтад. Хушбахтона, дӯсти нав аз дасташ дошт.
— Хайр?
— Меояд.
— Хатто ҳамин хел? Маълум мешавад, ки дӯст медорад.
Ана ба инаш эътимод надошт вай.
— Ту ин... биё — дар як ҷой наист. Ҳаракат бикун. Инҷо харчанд озодӣ ҳаст, беҳтараш кор нагир! Шод бимон.
Аввалин — ва шояд охирин — дӯсти амрикоӣ дар миёни издиҳом аз назар ғоиб шуд. Намешуд, ки бо ҳамшаҳр ҳалқ тар бикунӣ, дил холӣ бикунӣ, майка бидарӣ. Партофта рафт! Ҳамаашон ҳамингунаанд! Аз чӣ бошад, ки ӯ батамом гӯё аз хам рехт. Хоҳиши ҳаракат кардан намонд, мабодо боз аз нав бар зинаҳо биафтад. Аммо Ира, ба гумон аст, ки инро бипазирад! Чӣ хел бошад ӯ? Шояд сӣ сол боз якдигарро надидаем. Аммо садояш ким-чи хел заиф. Ҳамон гуна дар охири сухнаш низ беҷуръатона ба назар мерасид, гӯё нафас тангӣ мекард. Аммо ӯ тарсуву беҷуръат набуд!
Ногаҳон ашк аз дидаҳо берун таровид. Шояд куллан мадор таркаш гуфт. Барфи хиракунандаи кавголовӣ падид омад. Дар умқи изҳо ранг нилӣ менамуд.
Ира дар свитри дарози ғафс нафису борикак метофт (Петя, дӯст, ба ӯ дод онро!). Сидоров бо ӯ ба истгоҳ рафт — ва табиат гӯё гӯшзад мекард: «Беҳуда меравӣ!» Ҳанӯз ашк мешорид. Ҳама дар атроф медурахшид: ёнаҳо, шушаҳои порисаҳо, панҷаҳои санавбар. Ва аз Ира ҳам нур мерехт!
Ба дӯст вогузошт! Барои як рӯз! Ва бегоҳ Петяҷон истиқбол кард: «Бубахш, пирмард!»
(Акнун пирмард аст ӯ. Он вақт пирмард набуд.)
Ким-чӣ хел ногуворӣ пеш омад. «Рости гап, ман муқовимат нишон додам. Ним соати расо». — Ӯ боз табассум кард! Рӯ задани густохии ногаҳонии ӯ дар пасманзари шарму ҳаё аз по афтонд. Ҳатто Пеятҷон, «дӯст», ҳамон ҳам бисёр ғусса хӯрд — ва ё чунин вонамуд кард! «Биёед, рухдодаро хатои фоҷиавӣ биҳисобем!». «Биёед... Аммо хатои ман!» — зери лаб ғур-ғур кард Сидоров. Ва барои ҳамеша аз он кулбае, ки дар пастхамии трамплин иҷора гирифта буданд, рафт. Аз садои «Шшш», «Шшш» бедор шуданд... Аллакай аз трмплин «нахустпарастуҳо» дар парвоз шуданд. Сӣ сол қабл — ва ана ногаҳон баргаштанд! Ашк, мисли ҳамон давр, аз дидаҳо мешорид. Чӣ бояд кард — ҳамин гуна Ираро ӯ дӯст дошта буд. Ҳамон вақт тамоми шаб дар истгоҳ нишст. Қабл аз субҳидам ғанабаш бурд — каме дигар монда буд, ки аз аввалин эликтричка дер монад: фурсат ёфт, ки дасташро ба роғи дарҳо дарорад ва онҳо боз шуданд. Эликтричка аллакай ба ҳаракат даромада буд — марг дар мекуфт, аммо ин ӯро наметарсонд, ҳатто хушҳолаш карда буд!
Танҳо сурати гӯшаҳояш қатхӯрда боқӣ монд: онҳо болои барфи пеши кулба истодаанд ва Ира шушаяхҳои аз порисаи пастак овезонро пуф мекунад. Шушаяхҳо медурахшанд ва гӯё, ки «дам мешаванд», яктарафа овезонанд, албатта, онҳоро шамол ҳангоми яхбандӣ каҷ кардааст. Аммо расми олиҷанобест. «Муъҷизаи ишқ».
Ва фикр кард — ҳамааш тамом. Аммо — гармӣ омад, баъзе корҳои умумӣ пйванд хӯрданд ва ногаҳон Петяҷон дар Ню-Йорк пайдо шуд. Ва дар навбати аввал, ҳамчун муҳимтарин кор хабар дод, ки ӯ аз баҳри вай гузаштааст ва ба рассоми «икдиш» (касе, ки аз зану шӯйи ирқҳои сафед ва сиёҳ зоида шудааст) ба шавҳар баромадааст! Фикр кард, ки хурсанд мекунад? «Барои ишқи умумиямон менӯшем». Пеятҷон тағйир ёфтааст. Ҳақорат дод. Ва дар ҳамон ҳуҷрае, ки Сидоров зиндагӣ мекарду тирезаҳояш ба сӯйи тармпарк во мешуданд, гузаштаро ёд карданд.
— Инро ҳам партофт! — Петяҷон аз чӣ бошад, ки бо ҳаяҷон фарёд зад. Алам гузашт. Танҳо ишқ боқӣ монд... Илова ба ин — фишори баланд! Биное, ки ӯ аз пешаш мегузашт — шояд китобхона буд. Нина ҳамин хел ҳам гуфт: «...бо шерҳо». Аз тамошои китобхона сер аст! Донишкада, аспирантура, ҳимоя — ба ҳамаи ин дар китобхона омодагӣ гирифта шуд, аз ин ҷо шинохтани ин бино мушкил надошт... Полис аз ӯ чашм намеканд! Як чиз оромӣ мебахшид: ҷосусҳо чунин рафтор намекунанд. Аз ин бармеояд, ки ба гумон аст ӯ ҷосус бошад. Ба ҳар ҳол: шиноснома, раводид, монанд ба инҳо корҳои беҳуда — оё дар мавриди ин ҳама он найрангбозҳое, ки ӯро ба ин ҷо партофтаанд, андеша карда бошанд?
— Истед! — ҳамон вақт инро «сабзиранг» ба забон овард, вақте калимаи «ишқ»-ро изҳор дошт. — Шумо бурд кардед!
— Ва... баъд чӣ?
— Орзуи шумо амалӣ мешавад.
— Кай?
— Ин сирри хурдакаки мост! — Гапро бин — «хурдакак»! — Ҳоло бошад, — идома дод тафриҳотчӣ, — шумо туҳфа мегиред! Ҳадяи боарзиш. Чойники ғурунг-ғурунг! — қуттиеро пешниҳод кард.
— Чӣ тавр? — ҳайратзада шуд ӯ. Чунин менамуд, ки бо навгониҳои техникӣ ӯро ба ҳайрат намеорӣ. Худаш «Сипари Ватан»-ро дигаргун карда, ба василаи ошхона табдил дода буд... Аммо — «Ғурунг-ғурунг»? Нашунидааст.
— Истифода баред! Баҳравар шавед!
Хост, ки он асбобро партояд... Аммо аз рӯйи умеди аҷибе худдорӣ кард, ки он зиндагиашро тағйир медиҳад. Ва хато накард. Каме монда буд, ки аз курсӣ биафтад, он гоҳ, ки чойник баногоҳ ғуррунгид: «Ба курсӣ нашин!», «Чӣ-ӣ?» — фарёд зад Сидоров. Акнун чойникҳо ӯро панд медиҳанд! «Ҳоло, ки орзу дорӣ ишқи аввалатро мулоқот намоӣ, худро ба таври шоиста идора бикун!» — ин гӯё мисли ҳуштаки бӯғи хориҷшуда садо дод. Ким-чи хел гӯйиши ҳайратангез. Дар куҷо онро меомӯзонанд? Сидоров дар ошхона ба давутоз даромад. Ҳамин хел! Барои худ дӯсти мушовир пайдо кардам! «Чунин дӯстонро...!» — қисмати дувуми ибора, мутаассифона, аз одоб берун аст. Ҳамин вақт чойник мисли чойникҳои маъмул ҳуштак кашид. Ва чойнӯшӣ, гумон меравад, бо чизе таҳдид намекард. Вақти фикр кардан фаро расид. Маълум, ки «бозӣ» оғоз ёфт. Ва супоришҳо аз чойник бармеоянд. Даҳ сол қабл кӣ инро ба ӯ мегуфт? Аммо чун ворид шуд, чораи дигар нест. Зиндагӣ сипарӣ шуд. Ба беҳуда ҳам набошад, гузашт. Наваш бо чӣ хушҳол мекунад? Шояд ақли чойник даромад, дарк кард — ба дасти одамаш афтод, бо тавозуъ ҳар саҳар вазъи ҳаворо бозгӯ кард, ногаҳон ба қироати ҳикояи Чехов — «Шоҳбулут» шуруъ намуд. Дар маҷмуъ тадриҷан — «худӣ мешуд». Аҷиб аст, онҳое, ки онро сохтаанд, чиро умедвор буданд? Чӣ, акнун ҳама барои харидани «чойники доно» мешитобанд? Ё чӣ? Гуфтагӣ барин куҷост «ишқи аввал?». Худоё! Ӯ меояд! Гӯё ҳеч коре нашуда бошад, аз пушти дар даст меафшонад: савор шав!
— Наход —а! Ню-Йорк! — худро дошта натавонист Сидорови қаблан боре дар ин ҷо набуда.
— Хуб аст — туро ба ҷазираи ваҳшӣ, тавре дар шумо мӯд шудааст, напартофтаанд! — табассум кард бону.
Сидоров бо шаст ба тарафи ӯ гашт. «Маълум мешавад, ки кампир дар ҷараён аст!»
Мӯйи сари ношинос ба ҷайраи сафед мемонд, аммо рӯяш... боз ҳам хубтар шудааст! «Аз сӯйи тоторбибиям ба ман ҳадя тамоман кам мерасид», — ба ҳарфзанӣ оғоз кард бону... — Ҳеч гуна ҳадяҳо, ба ҷуз рӯй — рӯйи барҷаста бо гӯшаҳои чашми ба боло кашидашуда. Ва пойҳои каме каҷи «ковбойӣ». Туфлиашро бароварда, тормозро пахш кард. Аҷобаташ — акнун аллакай кам-кам акдишзан мешуд... Бо кӣ рӯз мебарӣ? Гармо аз ҳад зиёд, аммо ӯ бошад, ҷӯроби маҳиннах пӯшидааст. Аммо ин — қалбаш ногаҳон косагардон шуд — ҳамеша ҷо дошт. Дар як лаҳза дар зеҳнаш рӯшан шуд, ки чӣ тавр бори аввал ин бону дастони ях барин хунукашро ба шиками вай расонд ва ӯ як қад аз ҷой парид. Табассум намуд: «Бале. Аз чӣ бошад, ки дастони ман ҳамингунаанд. Ва пойҳоям ҳам. Барои ҳамин ҳатто бо мардҳо ҳам бо ҷӯроби пашмин мехобам. Аз чӣ бошад, ки ба пӯшидани дастпӯшак дастам намеравад».
— СММ! — ӯ бо сараш ба тарафи бинои баланд, ки дар пешаш парчамҳо ҷилвагар буданд, ишора кард.
Ба болои пули чӯянии саноатию борбарӣ, ки гулдурросзанон садо мебаровард, баромаданд. Дар миёни дарё ҷазираи хурдакаке буд. Баржа бор холӣ мекард. «Ҷамъияти кушода» чӣ маъно дорад?— ҳама чи дар онҳо баръало зоҳир аст! Баъди купрӯк аз миёни хонаҳои хурд — мисли «кооперативи бӯстонсароҳои афсарони ҳайати миёна» ҳаракат карданд. Баъд хонаҳо баланд шудан гирифтанд.
— Акнун аз чизе ҳайрон нашав! — гуфт бону.
Онҳо қаторҳои пайиҳами гулгаштҳоро убур карданд, баъди онҳо танҳо ҳиндуҳо дар ҳаракат ба чашм мехӯрданд: бунафшранг, босалобат, лоғар, саллакалон. Ҳамчунин дар дуконҳою мағозаҳо низ онҳо менишастанд.
— Таъриф карданд, ки ноҳияи соҳибэътибор аст! — аз даҳони Сидоров баромад.
— Буд! Акнун ман ҳиндузан ҳастам! — бо ишва кифт ҷунбонда, ба забон овард бону.
— Ана, акнун — чойнӯшӣ! — сари по хеста, ғолибона садо кард Сидоров. Дар маҷмуъ бад нест чун кӯрпача бар рӯйи фарш партофта шудаст — мисли собиқа дар Кавголов, сӣ сол қабл.
— Ошхона дар дасти чап, — на дарҳол посух дод бону.
«Мешуморем — дар рифоҳем!» — зиндадилона фикр кард ӯ. Аммо ҳамин ки ба ошхона ворид гардид, — «рифоҳ» вайро низ фаро гирифт. Чойник. Ҳамон, дақиқтараш — ҳамон намуд: аз биринҷӣ сохташуда. Нишаст. Ҳисси таҳқиқгар корашро кард — ба он об рехту болои электорплита гузошт... Ф-с! Садо баровард чойник... ва ногаҳон бо калимоти мурда, ба русӣ ба гап даромад, ким-чи хел бо ғуввоси аҷиб:
— Омезиш нодуруст роҳандозӣ шудааст! Ба ҳисоб гирифта намешавад! Ҳозир ба назди шумо ҳиндуи мутахассис (соитолог) меояд! — Ин ҷо чойник садои тамасхуромез баровард.
Кадом иблисе он ҷо нишастааст!
— Кӣӣӣ?! — оташин шуд Сидров.
— Соитолог! — такрор крад чойник, аммо тарсида.
— Инро чӣ тавр фаҳмидан мумкин? — таҳдидомез пурсид Сидоров, вақте ки Ира махмурона (ва ё сохтакорона?) дар ошхона пайдо шуд.
— А-а, — коҳилона садо бровард ӯ. — Аз ту ҳам ҳамингуна аст?.. Рашк намекунем. — хур-хуркунон пешпохӯрон ба зонуи ӯ афтод... Ана инро бӯса гӯянд!
— Биё, инро бигирем.
— Дафъ шавад! — зуд посух дод бону.
— Аҳа! — Сидоров бо як зарба онро пачақ кард. Об ба ҳар тараф пошид. Каме сӯзонд. Сидоров аз болои тафдон онро як сӯ партофт.
— Оҳо! Хуҷаин омад! — хушҳолона гуфт бону. Инаш боз кист?
Ира ба экранча нигарист ва тугмаи «даромад»-ро пахш намуд.
— Соитолог? Ҳозир пачақаш мекунам! — ваъда дод Сидоров, аммо... аз даромадгоҳ гӯйиши ошнои русии минтақаи ҷанубиро шунид.
— Дар унҳо ҳама чиз муназзам аст! — фурсат ёфт, ки танҳо ба шӯр ояд.
— Аллакай фурсат ёфтед-ку! — ба «ошиқон» нигариста гуфт Пётр. Ба истиснои доғҳои кунҷитаки калон... гӯё ӯ акнун Пётр набуд! Наҳанги тиҷорат.
— Ҳуҷрача чӣ хел? — мағрурона пурсид ӯ.
— Хайр... — Сидоров ҳатто даступо хӯрд. Барои зиндагӣ кардан дар ин ҷо даъват карданӣ-ку нест?
— Ман вобаста ба кор, — меҳрубонона изҳор дошт Пётр. — Вагарна магар ин даъват аст?
Ира хамёза кашид.
— Магар кори дасти туст? — Сидоров ба чойники пачақи дар кунҷхобида ишора кард.
— Инро бояд фаҳмид, — аз туст? — шаттоҳона гуфт Петя ва чойники ба чалпаки оҳанӣ табдилёфтаро ба даст гирифта, аз дастаи пачақгаштааш кашид.
— Ту акнун чӣ хел ба хона парвоз мекунӣ?
— Чӣ... магар дар чойник бояд парвоз кард? — табассум намуд Сидоров, аммо каме тарсид. — Ба ин ҷо чӣ хел омадам? Умедворам — на дар киштии зериобӣ.
— А-а! — Пётр рӯ гардонд. — Гап дар сари ин нест. Муҳимаш...
— ...чӣ тавр майнаи сари одамонро гич карданд. — Сидоров фаҳмид. — На ҳама ба дом меафтанд! — ба тарафи чойники сураташ тағйирхӯрда ишора намуд.
— Чӣ ҳам мешуд? — ноумедона изҳор дошт Пётр. Куртаашро кашид. Аммо надаронд. — Охир, вақти омаданам чойникҳои одӣ месохтам.
— Ай-й-ай! — изҳор кард Сидоров. Ӯ ку Пётрро медонист. Аз кор барканор намемонад. — Акнун сатҳи генералӣ ҳам эҳтимол дорад? Мисли Бережнев?
— Тасодуфи мутлақ! — рӯ гардонд Пётр. — Гуфтаги барин, онҳоро дар шумо шуҳратёр мекунем! Он чӣ дорем, — ҳамонро мешунавем... Фикр мекунӣ — онҳо маро харидаанд?
— М-м-м... Чунин гумон ҳаст, — гуфт Сидоров.
— Бале, — ғайриинтизор тасдиқ кард шуд Пётр. — Аммо ман аз онҳо наметарсам! — Ин қариб, ки кори бузург аст. — Фикр мекунӣ, ки дар Тиви ба кор мондани рафиқат магар осон буд? Ба онҳо танҳо ҷавононро пешниҳод бикун.
— Сипос! — гуфт Сидоров. — Камера дар куҷост? — ин тараф — он тараф нигоҳ кард.
— ...Чи фарқ дорад?! — таскин дод Пётр, дӯсти ҳақиқӣ!
Ва ногаҳон даҳон гарм кард Сидоров:
— Ёдат ҳаст, — чӣ тавр мо дар киштии зериобӣ бо ту аз сари мастӣ пайкон (пайкони ракета)-ро гум кардем? Он вақт барои мо осон буд? Ҳеч гап набуд! Хандидем.
— Ва мо аз ягон КПСС ҳам наметарсидем! — Пётр ҳам ҷасорат пайдо кард.
— Ин КПСС-ро мо дар тобут дида будем! — аз даҳони Сидоров баромад. — Ва ин чойникҳоро низ.
— Туф! — Пётр боҷуръатона ба чойник туф кард. Баргашт, бо боло кардани ангушт ишораи байналмилалӣ намуд... Ана, дар куҷост камера. Фаҳмо.
— Маълум мегардад, ки тафаккури оммаро идора мекунӣ? — ҳайрон шуда пурсид Сидоров.
— Аз ҳама муҳимаш ту ишқи аввали худро пйдо кардӣ-ку!
Дақиқаи хомӯшӣ.
— Агар нест... — садо баланд кард Пётр. — Ба ин касалӣ бигӯй, ки ба ман ба шавҳар барояд... боз! — охири гап басо маҳзунона садо дод.
— Беҳтараш ту ба ӯ бигӯй, ки ба ман ба шавҳар барояд! — ғайриинтизор барои худ изҳор дошт Сидоров.
— Ман сари пешниҳодҳои шумо — бачаҳо фикр мекунам! — Ва ба саршӯйӣ даромад бону.
Пётр — артисти тайёр! — ҳамон лаҳза «суҳбати мардона» оғоз кард.
Гӯё — бону халал мерасонд! Аммо аз чӣ бошад, ки бехигӯшӣ.
— Ман ба ту кори ҷиддӣ дорам!
— Хайрият!
— Ва ту дар ин кор ба ман ёрӣ мерасонӣ! — вай аз остини дӯсташ сахт гирифт. — Ту шояд медонӣ — ҳатто дар ҷанозаи худ метавон ҳаннотӣ кард. Аммо чун мову ту ҳоло зинадем, аз ҳисоби бегонаҳо пул кор мекунем!
— Айни кор! — луқма партофт Сидоров. Бел — медиҳӣ?
— Фу! Мову ту кистем?
— Дӯстон... қадима? — дудила ироа дошт Сидоров.
Пётр сарфаҳм нарафта рӯ гардонд ва бояд гуфт, ки бо ин амалаш ба иззати нафси дӯсташ расид.
— Ҳарифон?
— А? — Пётр боз беэътиноии бештар зоҳир кард. Ана, чӣ маънӣ дорад «одами кордон». Мо пеш аз ҳама гидравликҳо ҳастем!
— Оҳо! Ман кайҳо боз вобаста ба ин эҳсоси ифтихор намекардам, — оҳ кашид Сидоров.
— Ва беҳуда! Медонӣ, ман дар ин ҷо чӣ кор мекунам?
— Чойник.
— Акнун не!.. Тавассути сопло бо фишори муҳаррик ва бо истифода аз об барои қабристон тахтасанг мебурам... барои сохтмон ҳам. Барелефҳо, нақшу нигор, ҳуруф. Ин барои ту чойник нест! — аз чӣ бошад, ки шарҳашро мағрурона ба поён расонд.
— Бад не, — розӣ шуд Сидоров. — Аммо ман ин ҷо чӣ дахл дорам?
— Ту медонӣ, сопла дар ман аз куҷост? Аз механизми оташхомӯшкунии киштии зериобии мо! Ва ту медонӣ, ки онҳо чӣ қадар фишор доранд? Дар мо бошад, ба захираи садкарата сурат мегирифт, вазнин, аммо маҳкаму пойдор.
— Бо назардошти шарафи ондунёии мо. Яъне созандагон.
— Ва чунин бишумор, ки он фаро расид! Аммо медонӣ... медонӣ, дар ман аз он «сопелҳо» чӣ қадар боқӣ монд? Агар ту медонистӣ, мегиристӣ...
Пётр башаст ду ангшаташро боло кард. Ду? Ва ё — ду ҳазор?
Пётр пешниҳод кард:
— Ба ҳар ҳол аз мо ватандӯстанд! — киштиҳоро аз эътибор соқит мекунанд, пасон мебуранд — бо ин ҳар касе метавонад, ҳар чизеро хоҳад, аз онҳо аз худ мекунад. Адмирал Гург! Ту медонӣ?
— Сатили «шила»-ро нӯшидем... спиртро ман дар назар дорам.
— Гӯё ман намедонам! — ранҷидахотир гуфт Пётр. — Ман аз ӯ пурсидам: «умедворам, ки шумо Гурги баҳрӣ ҳастед?». Зеро ҳамаашон дар Маскав менишинанд. Ва ту медонӣ, ӯ чӣ гуфт? «Тиҷоратӣ!» Гург аз ту ин қадар канда намегирад. Эҳтиром мекунад. Ту барои ӯ одами худӣ... ҳарчанд маросими дафн ба назари ман макони муқовимату муборизаи идеологӣ нест... Чӣ, магар ту тарафрдори Хитойӣ?
— Фикр намекунам. — Сидоров ҳатто саргаранг шуд.
— Дар хонаи ту зиндагӣ мекунем, ин ҷо қимат аст. — Ира аз ванна баромада, ба зонуи ӯ нишаст.
Ширкати ғалатӣ! Қариб, ки мисли ҳамон вақт дар Кавголово!..
Сидоров бедор шуд ва ба ошхона рафт. Ира дар саршӯйӣ буд — дирӯз аз Североморск дер омаданд ва дарҳол хобиданд. Чойник маъмулан садо мебаровард, гӯё ба ин ҷо хӯ гирифта, мувофиқ шуд, ҷиддияту қатъияти худро гум карда, дар маҷмуъ — ба ҳар роҳ ба боварӣ даромад. Аз афташ, тақдири фоҷеавии бародари худро дар он тарафи уқёнус дар ёд дошт. Аз чӣ бошад, оромона садо мебаровард, худ бо худ баҳсҳои фалсафӣ мекард. Гоҳо сурудҳои украинӣ мехонд. Барои чӣ украинӣ? Ҳаволаашон ба Худо! Сидоров аз нӯлаш онро пуроб карда, ба рӯйи газ гузошт. О! Ҷӯшид! Садо баровард ва бо лаҳни собиқаи мағрурона гуфт: «Ирина Евгеневна! Бас аст шустушӯй! Паҳлӯҳоро хӯрда мекунӣ! Бо хушдори худ ба Галерний равед — он ҷо барои шумо бо сароҳат қисса кардани он, ки чӣ тавр бо ёрии ман хушбахтиро пайдо намудед, созгор аст!»
Сидоров ба сари чойник даст бардошт, аммо аз раъйаш гашт ва онро ба ҳамсояаш, ки кайҳо боз бо овозҳо гуфтугӯ мекарду дар ин самт таҷрибаи ғанӣ дошт, ҳадя намуд.


