Борути сиёҳи намгирифта, шӯълаи тари банғолӣ...

* * *

Борути сиёҳи намгирифта, шӯълаи тари банғолӣ,
гӯгирди гирон, гиёҳ, чағаз*, ғубайро**, —
ҳангоми ба фазо менигарӣ ва баногаҳ чун сӯрохии сиёҳ
ба ту ӯ мудаввому ноҷунбон менигарад.

Ва фарёд мекунӣ бехудона, бе эҳсоси дасту по:
— Бигир дили маро, Худованд! — бигир ба дасти рости худ! —
Гулӯлаи сурхи кафида, пораи ғиҷимхӯрда,
латтапораи хоида резиниро!



* Алафи даштӣ.
** Меваи буттагӣ.