Гуреза аз биҳишт
(порча аз қисса)
Шояд дар ниҳоди ҳар яки мо, чун дар як хонаи мустаҳками чўбӣ, хирсе нишаста, лаҳзаи мувофиқро барои ҳуҷум интизор бошад; фақат андаке сустӣ кофист, ки вай дари маҳкамро кушояд, занҷирро канад ва он гоҳ гулўи шайтони шохдорро ҳам зери пояш пахш намуда, рўҳи ўро берун кашад.
Аммо, бародарон, кист он, ки ин махлуқи бераҳмро то дами оташин гаштанаш, нигоҳубин мекунад? Кист, ки ҳар лаҳза ҳушёрона назорат мекунад, ба найрангаш роҳ намедиҳад, уро озод намекунад, хашмгиниашро бо занҷири боэътимоди ноаён мебандад? Он симои пурасрори посбони дилро чӣ тавр пай бурда, ба қувваи бемайлони он бовар ҳосил кардан мумкин аст, то ки дар руҳаш мустаҳкам шуда, оҳиста-оҳиста ба солҳои минбаъда бе тарс оромона раҳсипор шавад? Аз куҷо ҳамвории беғубори зиндагиро ёфтан мумкин, то оби зиндаву пурсамари он болои майда-чуйдаҳо нарезад, то ятими бадбахт баъд ба худаш раҳм карда ашк нарезад.
Ва он гоҳ, ки гӯё дар пайроҳаҳои саргуми зиндагӣ, ботлоқхо масту ҳушёр гашта, умри ношоди худро афтидаю хеста гузарондан мегирӣ, аз тарси ба доми тирезаҳои кушодаи домхонаҳои заҳрогин афтодан аз канори тори роҳҳои тобнок гашта, чун санги вазнин дар кӯли бепоёни нафасаш сарди марговари монанд ба сӯрохии ваҳшатнок, даромадгоҳи дараҳои дӯзах меафтӣ, ки аз дидани он ҷон дар танат ларзон гашта, фишурда шуда, ба марг розӣ мешавӣ.
Ва ин ҷо хирси абадӣ бехоби интизори соати амал дар сари синаат «ҳаракат» карда, сарашро ба поён кашида, чашмонашро аз осмони барҳаво, ба кӯҳҳои яхбаста бо кулоҳҳои мисли зуғолаи сурхгашта дўхта нула мекашад. Хуб, дар ин лахза чӣ гуна аз роҳи ғазаб барнагардем аз андӯҳ гиря накунем ва тавалло накунем: «Худовандо, бубахш ва мадад расон!..» Ва ана ҳамин рӯз ман як одам куштам.
Рости гап, кайҳо боз ҳаминро мехостам, вале роҳҳои дурусти наҷотро пайдо карда натавонистам ва танҳо ҳамин маро нигоҳ дошт: чӣ қадар ақли чандири ман печидааст, новобаста ба он ки кадом тахфифҳо ва роҳҳои махфиро ихтироъ карда бошам, новобаста ба он ки дар кадом ҷойҳои махфӣ пинҳон мегаштам, вале мутаассифона, ҳама чиз ба охир расид: гиреҳи макр канда шуд, риштаҳои печони найранг кушода шуданд, дар кулбаи ман як корманди мақомоти давлатй бо таппонча пайдо шуд, бо дасмонаи пулодӣ кишан зада, ба зиндон кашола кард; дар ин ҳол сарам шах гашт, пур аз сармо шуду аз кор монд.
Маълум шуд, ки тамоми сарзамини паҳновар, бо чакалакзори касногузари худ ва ҷангалистони анбўҳ бо дараҳои кўҳӣ ва шикоргоҳҳо, садҳо киштзор, манзили одамон — ҳеҷ чиз маро паноҳ кардан намехост; ниҳоят, «Ҳакикати қонун» мамлакатро бо назорати хушёрона сахт печонда, мардумро аз ирода ва ҳатто орзуҳои кўчаки пинҳон шудан аз ҳокимият маҳрум кард. Ман норавшан тахмин мекардам, ки дар баробари ногузирии ҷазо, ки бадқасдон ва тавоноёни ин дунё, ки давлатро дуздидаанд, он қадар банд ҳастанд, ки ман беихтиёр чизи аз ҳама муҳимро аз даст додам, ки ҳадди ақал бо андешаҳои соддалавҳонааш одами русро, ки ҳамеша пинҳонӣ мехост исён кунад, аз зердаст будан раҳо шавад ва аз шиддати ғазаб лаззат барад, ором менамуд.
Чунки ҳар исён қасос аст ва гарчанде ки бе хун намешавад, вай маънои муайяне дорад, ки аз ҷониби рўҳониён муқаддас дониста шудааст. Ҳеҷ фаҳмида наметавонистам, вақте кас дар фикри куштани каси дигар, аз дасташ гирифтани ҷони ба ў додаи худо мешавад, аз ҳеҷ додситонӣ — на заминӣ ва на осмонӣ, наметарсад, яъне дар бораи наҷот фикр намекунад. Ин ҳолат дар як дам, як нафас, ногаҳон, чун ҳар бадбахтӣ рўй медиҳад, гўё дар мастӣ, хоби ғафлат, бо тафси аз ин пеш маълумнабудаи дил, беақлона сар мезанад, гўё тамоми ҳиссиёти аламоварро ногаҳон боди самум ронда, мастонавор ба мағзи сар мезанад.
...Бо ман ҳамин тавр шуд.
Дар деҳаи Петрово рӯзи ёдбуди фавтидагон баргузор гардид. Дари мазор дар паси кулбаи ман аст, майитҳо гўё ният кардаанд, ки ҳама якбора ин ҷо кўчида, ба хоби абадӣ раванд. Ҷараёни тунуки кампиракҳо, дасторчаву зарфҳо дар даст, аз дарвозаи хокистарранги қабристон даромада, муддати дуру дароз ҷунбуҷўл карданд ва касе аз қабрҳо ба хона барнагашт. Аз тирезаи ман канори деҳа намоён аст: пур аз алафи бадгуҳар; аз байни гандуми бовиқор ва арзанҳои пастак тирезаҳои чанд кулбачаи дорои се тиреза базӯр медурахшиданд ва онҳо низ гўё бо ҳавас ба замин фурў мерафтанд. Ҳама чизи мавҷуда мунтазири садои карнайи малак Ҷабраил буда, бо худ лавозимоти хоксоронаи маросими дафнро гирифта, бо омодагӣ ба сафари охирини худ омаданд.
Ин мазор барои ман бегона буд: ҳама гузаштагонам манзили охирати худро дар заминҳои дигар баргузидаанд, ки ҳоло қариб фаромўш шудаанд, аммо як ҳисси ноаён ғайричашмдошт маро маҷбур кард, ки ба ин ҷараён ҳамроҳ шавам, гӯё метарсам, ки дар рўи модар — замин ятими яккаву танхо намонаму чизеро бубинам, ки одами одӣ қодири идроки он нест. Ман саросема чанд тухми обпазро ба ҷайбам гузоштам, то марҳумонро бо ид муборакбод кунам, бо онҳо ғизо хӯрам ва аз канори полез гузашта, якбора ба тали номаш Красние горки — Теппаи сурх баромадам, ки он ҷо дарахтони санавбар зич қад кашидаанд ва аз байни онҳо дарёи Проняи обаш шир барин сафед ба назар мерасад.
Дар зери ин дарахтони солхӯрда, ки дар тан занҷири мисини калон доштанд, пиразанҳо махсусан зору ҳақир менамуданд, гўё то зону ва ҳатто то синаашон ба замин фурў рафта бошанд; дар байни хомаҳои реги зард аз баъзеҳо танҳо тори сарашон метофт. Бевазанхо дар гирди қабр хазида, бахшиш мепурсиданд, алафҳои аҷириқ, карами харгӯш ва нахӯди сахти мушингро хишова мекарданд, бо ангуштони ларзони қаҳваранг, дар болои қабрҳо булка қанд, мегузоштанд, ба стаканҳои кайҳо аз борону баргҳои пўсида ифлос арақ мерехтанд, баъзеҳо парандагону чарандагони ҷангалро, ки ба қабристон ташриф овардаанд, ба зиёфат даъват менамуданд.
Кампир Груня бо лақаби Королишка, рўяшро сари қабр гузошта, мисли мурғи бадовоз садо бароварда, канда-канда мегуфт:
— Оҳ, Ваняҷон, маро бо ғами фаровон ба кӣ гузоштӣ? Азизам, чаро ба ман занг намезанӣ, аз худ дараке намедиҳӣ? Оё дилгир нашудӣ? Охир, дар он ҷо касе нест, ки ба ту сухан гўяд.
Чӣ кадар оромона, эҳтиёткорона байни салибхо қадам задам, ки Груня омаданамро фаҳмида нороҳат нашавад, вале бо кадом ҳисси худ ў шарфаи пойи маро шунид, китф дарҳам кашид, гуё аз шахси сеюм шарм дошта бошад, саросемавор аз теппача барҷасту худро чунбонда, гардҳои регро аз зонуҳояш афшонд. Чашмони Груня, махсусан дар чеҳраи варамидааш, ба сони қаҳрабо барқ пошида, мисли гунбази калисо медурахшиданд. Гӯё ҳамин ҳоло на ҳасрат мекард, на нолаву фиғон.
— Шўята ёд кардӣ? — аввалин чизе, ки ба ёдам омад, пурсидам аз ў ва гирди гӯри фаромӯшшудаи касе давр задам, ки бештар ба дўнгии бо пашми нуқраранг пӯшида монанд буд.
— Чаро не... Ман Ваня гуфта фарёд мекунам, аммо вай хомўш аст. Ана, барояш арақ рехтам. Ман мегӯям, бинӯш. Вале ӯ хомӯш аст. Ва ана, ҳоло ҳам ҳеҷ чиз нагуфт. Ақаллан ягон чи мегуфт... Ба фикрам, мегўяд, ба ман кампири фартут чӣ лозим? Дар руи замин танҳо, талхтар аз шалғам мондаам, боз ўро ба назди худам даъват мекунам... Хомӯш аст мўйсафед. — Груня оҳи вазнин кашид. Ва бо ҳамин як навъ видоъ кард бо арвоҳ ва гўё бори андўҳи худро сабуктар карду тухмро пўст карда бо зардиаш якҷоя пош дод.
— Наход аз қабр ҳам садо барояд? — бо табассуми аблаҳона пурсидам ман. — Ё он ҷо телефон гузошта шудааст? Дар сари синаи марҳум, то дар дунёи уқбо садоҳои ҷаҳони фониро қабул намояд.
— Ҳа, телефон гузошта шудааст, Пашаҷон, ту танбалӣ накун, ба зону афтода, заминро гӯш кун. Ў туро бародар ҳисоб мекард. Шояд ба ту садо медиҳад, шайтони кар.
Пои лангамро хам карда, сари пургуноҳамро ба замин монда, хостам он шахсеро, ки панҷ сол боз он ҷо хоб асту бароям чандон бегона набуд, — Иван Горбачёвро бо лақаби Горбач шунавам. Ҳамин лаҳза нафаре маро ҷеғ зад, гӯё садо аз қабр баромад. Ман ба атроф нигаристам, дар канори қабри кўҳнае салиби бетонии хокистаррангро дидам (чунин салибҳо пештар дар даштҳои сералаф буданд), ки ба ман хеле шинос менамуд. Фёдор Зулус, писари Груня дар даст шишаи кушодаро дошта, хам шуда, аз чӣ сабаб бошад, ба нишони даъват ба ман, стакани садграммаро ба «булўр»-и сабз чараққос зада садо баровард. Чунин арақи фачи бесифатро машруботкашонҳои ғайриқонунӣ як шишааш дувоздаҳ рубл ба камбағалони деҳотӣ мефурўшанд.
— Ин салиб аз куҷо пайдо шуд? Ман пештар чизе надидам. Ё ки ҳамин зимистон аз русҳои нав касе мурдааст?
— Дар куҷо? Кадом салиб? — пурсид Груня ва даст ба чашмони нимкўраш гузошта, аз байни дарахтон теппачаи наверо дид. — Ба назарат намуд, Паша. Ана ин телефон барои ту — бо бобоят тавассути осмон мепайвандад. Бароят рақам ҳам мечинам.
Кампир бепарво ангушти худро ба тугмаҳои садафгуни дастгоҳи пластмассӣ расонд ва телефон қурбоққавор вақ-вақ садо бароварду онро аз масофаи дури осмонӣ дар он дунё Иван Горбачёв шунид, ҳарчанд ӯ дар ин чо, дар зери пои ў, дар замин хобидааст ва решаҳои буттаҳо ба ҳам печида, ниҳолаки ғубайро сар кашидааст. Ман дасти Грунинро тела додам: ҳатто нигоҳ кардан ба пўсти рихинакдори ў нафратовар буд.
— Худат занг зан, қафо нагард, — ба зан маслиҳат додам ман ва ҷонибе, ки мусиқии шишагӣ даъват кард, баромадам. Салиби бетонӣ ба осмон такя карда, сари худро ба нўги ҷингиласони дарахтони санавбар баланд мекард, аз онҳо болои қабрҳо хазон мерехт; дар болояшон зоғи пурғуссае дар баҳри хавоӣ оббозӣ карда, бо маром парҳои худро тоза мекард.
— Гир, нӯш, — Зулус стакани пурро дароз кард, ки дар он доғҳои зарди пўшиши хазон, донаҳои қуми зардгунаи ба консентрати тилло монанд шино мекарданд. Чашмони сурхи Фёдор мисли дидагони модараш ғайричашмдошт интиқомгиранда ба назар мерасид, ки гуё ман аз вай пули зиёд қарз гирифта, дар вақташ напардохта бошам ва ҳоло Зулус «ҳисобро баробар мекунад». Мўйи ғафси сиёҳи болои лабаш ҷунбид, дандонҳои зичи зардаш гиз шуданд, милки дандонаш чун доғҳои сафеди риштаи аз ифлосӣ сафедгаштаи резинӣ намоён гашт. Чунин ҳолати ғазаб одатан дар саг рух медиҳад, вақте ӯ нияти газидану хоидани устухони қандманди худ мекунад.
— Ту медонй, Зулус, ки ман май наменўшам. Ба ман духтурон манъ кардаанд.
— Ба чоҳ туф накун — бо ман баҳс накун, Паша.
— Кӣ мурдааст? — Ман хостам, ки Зулусро давр зада, акси рўи гўрро бинам, вале мард дасташро бо шаст дар пеши бинии ман гузошта, пеши назарамро баст. Стакани қиррадор дар кафи ғафси дасташ чун пораи булӯри сангӣ меҷунбид.
— «Кофир нашав, бидъат накун, май бинӯш», — такрор кард Зулус ва дар шакли нимдоира бо дасти дарозаш гӯё сари маро ба ҳалқа гирифт, лангар кард, ба дом андохт. Ман ба паҳлӯ нигаристам: дар пеши чашмонам бозуи пӯсташ сиёҳгашта мисли санги 16-килогӣ бардошта шуд, рагҳои кабуди мушакҳо зуд варам карда, омодаи кўфтан шуданд. Нерўи чун барзагов қавӣ ба зарфи пуриқтидор ҳамроҳ шуд ва мехост маро буғӣ кунад. «Имрӯз танҳо Исои Масеҳ наменӯшад, чунки дастҳои ӯ мехкӯб шудаанд», — масхараомезона ба таги гўшам дод зад Зулус. — Ва махсусан, вақте муфт аст, чаро нанӯшӣ? Фақат аблаҳ бепулаша наменўшад, вале ту хеле доноӣ. Мешунавӣ? Нўш, ҳайвон. Набошад, маҷбурӣ ба гулўят мерезам. Ту ҳоло нўшида кайф мекунию боз мепурсӣ. Вале ман намедиҳам. Ман ба ту мегӯям: ба ҷаҳаннам рав, эй муфтхўри палид.
Ва ман дар ин ҳолат бояд чӣ кор мекардам, бародарон? Нури равшан дар сарам зуд хомўш гашт ва торикии девонагӣ ба мағзи сарам зад. Чӣ қадар қуввате, ки ёфтам, худро аз оғўши ў берун кашида, бе ягон зўроварӣ аз поён ба боло як мушт задам, ки ба ҷоғи Зулус расид: мардак оҳ кашид, як қадам қафо рафт, бо тааҷҷуб бепарво ба магасак нигоҳ кард, аммо дар он лаҳза пояш ба сӯрохии хурдакаке, шояд ҷойи чўкидаи гўре, фурў рафт, эҳтимолан зарб хўрда, ба ягон унсури қадима часпид. Ва Зулус вазни худро дошта натавониста, ба пушт афтид.
Ва дар наздикии ў як чизи ба ҷузъи аробача монанде буд, ки аз ҷониби соҳибони манзил барои овардани салиби вазнини бетонӣ истифода шуда, баъд барои дигар лозим нашуданаш, ҳамон ҷо монда фаромӯш кардаанд, ки аксар вақт дар Русия чунин мешавад. Вай мебоист як аср ин ҷо таги алафҳои навруста пинҳон шуда, аз тамошои гули лолахасакҳо лаззат мебурд, оҳиста-оҳиста пўсида, мисли тахтаи тобут хок мегашт, аммо ҳоло барои охирин амал бо маитҳо лозим шуд.
Аҷиб аст, ки чӣ гуна дар лаҳзаҳои ҳалкунанда нигоҳи инсон нозук мешавад, мисли табларза зудамал аст, ҳама воқеаро пешакӣ тахмин мекунад ва эҳтимол, аз тапиши сахти дил, аз тарси ботинӣ ба ҳар як чизи майда-чуйда кунҷковии пинҳонӣ мушоҳида мешавад, зуд ояндаро пешгўӣ карданӣ мешавад ва худи оянда сарҳадҳои ноаёнро убур карда, замонро танг намуда, ба қафо бармегардад.
Зулус танҳо бемадорона ба ақиб ҷаст ва ин лаҳза ман изи дандонашакли тракторро дидам, пораҳои гили аз зери чархи трактор чаппашударо ва решаҳои сафеди ниҳолҳоро, ки рагҳои кандашудаи чорворо ба ёд меовард ва чӯбҳои кашоли зард ва мехи калони аз тахта берун баромадаи ба нӯги найзаи моҳидорӣ монандро, ки аз пўсидан каме зардгуна шудааст. Зулус бо тамоми вазни ҷуссаи калонаш болои маҳз ҳамон найза афтод ва нуги шох ба тани бечорааш даромада, нуги вай мисли нӯли паранда аз байни устухони синааш баромад. Чашмони Фёдор хира шуд, гӯё чароғи сараш хомўш гашта бошад, чашмонаш бо тунуктарин пардаи оина пӯшида шуда, лабонаш аз дард ларзида, аз кунҷи чапи даҳони каҷшудааш оби тунуки арғувонии чун шарбати меваи брусника ҷорӣ гашт.
Ин чӣ девонагист, бародарон! Як марди ҳузарб буд, акнун нест. Чӣ кӯшиши ночизе барои гирифтани ҷони каси дигар. Ҳазён аст, ба худо. Ва ман барои чӣ мақсади номаълуме ин мардро куштам?
Новобаста ба он, ки онҳо чӣ мегӯянд, ки Зулус пешпо хӯрд, пои ӯ ноҷо фурў рафта корашро кард, вазъият он қадар ба тартиб тарҳрезӣ шудааст, ки ҳеҷ гуна зӯроварӣ аз ҷониби ман набуд ва ин ҳукми такдир буд, ки чӣ тавр хотима ёфтани рӯзҳои ўро муаяйян созад, вале ба ҳар ҳол, ман саҳм доштам дар ин кор. Ва чаро бояд маро сафед кунанд, чаро? Ман кадом як хоҳиши ниҳонии дилро иҷро карда, бо дастони худам одам куштам.
Ман мебоист ба он бадбахт ёрй мерасондам, ба деҳа шитофта, мардумро ба кўмак даъват мекардам, ўро ба пой мемондам, вале ман аз тарсу ваҳми ногаҳонӣ гуё аз хоби мудҳиш гурехта бошам, аз Красная Горка дур шуда, ҷўйи баргу шохчаҳои пӯсидаро гузашта, аз байни қамишҳо роҳ кушода, то зону дар болтлоқи обаш гандидаи қаҳваранг дармонда, базўр поямро кашида, аз шохчаҳои дарахтони пур аз ғурм дошта, байни буттаҳои ғуллии пурнашъунамои папоротникхо даромада, дили шитобзадаамро ором карда, ниҳоят сӯрохи наҷотбахши деворро ёфта, ногаҳон ором шуда, ба хомӯшии атроф гӯш додам. Дар беша хомўшии пурмаънои кайҳонӣ ҳукмфармо буд ва танҳо набзи худам ба гўш мерасид, ки бо хун ба сарам мезад ва дилро ба ларза меовард, аз байни ҷангали арчазор дар паси маъбад ғурриши мошинҳои пурборе, ки сари теппача баланд мешуданд, базўр ба гўш мерасид.
— Он ҷо рафтан даркор, ба он тараф, — андешае беқаророна водор месохт маро, — «Ба Москва роҳ ҷўй, ба ягон мошини раҳгузар бишину рав, дар Москва чун сўзан дар хирман пинҳон мешавӣ...» Ва ногоҳ аз боло овози оромтаре баланд шуд: «Куҷо меравӣ, куҷо худата метиққонӣ? Туро дар ҳама ҷо пайдо мекунанд».
Шохчаҳо қисир-қисиркунон шикастанд, касе аз байни беша дастонашро ба шохи буттаҳои малинаи қадпаст гузошта, роҳ мерафт. Нафаси гарм ногаҳон рухсораамро сўхт. Ман бо даҳшат мушакҳоямро тоб дода, қоматамро рост карда... Ва аз хоб бедор шудам.
Ҳазорон шукри Худо! Ин хоб будааст, хоб. Дил сахт метапид, ба ҷое саросема буд, ҷон мехост аз тан бадар шавад. Модарам дар гирди кулба гаштугузор ва зери лаб ғур-ғур мекард: «Пир шудаам: чиро дар куҷо мондаам, намеёбам». Сагча дар назди диван истода, нафаси тафсонаш рост ба димоғам мезад, забони дарозаш аз гармӣ берун баромад; чашмонаш сиёҳ, бе фосила, мисли ду ангишти сўхтаи беранг буданд, ки дар қаъри худ ҳанўз гармии шуълаи пештараро нигоҳ медоштанд. Худоро шукр, нафаси сабук кашида, фикр кардам, ки хайрият, хоби нимрӯзӣ будааст.
Бадани карахту варамкардаамро қату рост карда, ба айвон баромадам. Дар берун гармои моҳи июл ҳукмфармо буд, ихлосмандони охирин хаста шуда, аз дарвозаи қабристон кашола шуда мебаромаданд. Ҷониби ман бо як навъ ҳисси кунҷковӣ, чун ба як ҳайвони аҷиб нигариста, гӯё аз башараам тарсида бошанд, дарҳол рӯ гардонданд.
Фёдор Зулус пайдо шуд, бале, зинда, дарвозаро бо лагад кӯфта кушоду баъд ғалақаи чўбиашро гузаронд, то чорво надарояд ва ногаҳон, напурсида, якбора дари хонаро кушод. Дар чеҳраи Зулус нишони марг ҳувайдо буд, таги чашмонаш сиёҳ, тағояки биниаш барҷаста, гуё бо корди кунд бурида бошанд, ба ду ҳисса ҷудо шуда, мисли нӯли уқоб каҷ шудааст... Аҷаб шодӣ, азизон, аҷаб хурсандии бепоён. Худоё! Ҳамсоя зинда аст! Зулус зинда! Синааш мисли чарх мустаҳкам, дар либосаш як қатра ҳам хун нест, танҳо дар гарданаш чуқуракҳои аҷоиб, гўё онро тўқумшуллукҳо хоидаанд. Ин аст сазои касе, ки болини дўстдоштаашро новақт истифода мебарад. Вой бар ман! Вой бар ман...
Дар кулба садое ба гўш расид, панҷараи тиреза кушода шуд, пардаи чит бо сурати нахӯди кабуд ба парвоз омад ва бӯи таъоми пухтаи нав аз танӯр бароварда ба машом мерасид. Модарам, ба гумонам, ҳоло ба рўи самбўсаҳо равғани боли кабкро молида, ба варақи нонпазии тоба мегузорад. Ман ҳатто ҳис кардам, ки чӣ тавр дар даҳони гурусна, дар нӯги забон иштиҳо дар сурати оби даҳон пайдо шуд ва дарҳол хушк шуда, дар ҳалқ бухор гашт. Ва ин руъё ҳам тунук шуда аз назар нопадид гашт. Ман бо карахтӣ нигоҳамро ҷониби Зулус гардондам, мисли арвоҳ менамуд, вале дар ҳаяҷон, ҳар як ҷузъиёти ҷисмаш аҷиб: мардак мӯзаҳои сурхи соқаш чаппакарда дошт ва пораҳои хоки қаҳваранг ба он часпида буд, гӯё навакак қабри худро кофта, аз чуқурӣ хазида баромадааст, ки бо худ барад. Ман то ҳол аз хоб ҳушёр шуда наметавонистам, гўё воқеият ва ҳазён ба таври аҷиб ба ҳам печиданд. Шодии худро пинҳон накарда, бо забони каме тутила пурсидам:
— Федор, иди Масеҳо муборак! Ба ту чӣ шуд? Ранги рўят кандагӣ, гўё дар тобут хобида бошӣ. Ман навакак туро дар хоб дидам...
— Гӯш кун, эй шал, ту духтари маро ба зино накаш, — дағалона гуфт Зулус.
— Чӣ сафсатта мегўӣ?
— Охирин бор ба ту мефаҳмонам, чўлоқи ҳаромӣ: аз қафои духтари ман надав, барои ту калонаш накардаам.
Зулус калавида-калавида, гӯё аз вазнинӣ то буҷулаки пой ба замин ғўтида, дастонашро ба кисаи шими камуфляжиаш андохта, гӯё бо муштҳояш дар ҳар киса гранатаро фишурда, пеш меомад. Хафа шудам, ки маро «чўлоқ» гуфт ва шодии ногаҳонии ман якбора аз байн рафт. Чаро ба ғами дигарон механданд? Ту ҳам имрӯз тўй дорӣ — фардо ба қуттӣ меафтӣ.
Зулус наздик шуда, тамоми фазои хонаро ишғол кард; бо абрувони ғафс, даҳони воз, бо риши ғуллӣ дар рўйи устухонҳояш барҷаста, бо чашмони шилпуқаш гўё маро сўҳон карда, мисли кўҳ ҷониби ман омада, маро аз ҳаво низ маҳрум кард; буи майити пўсида, нами замин, мағори ботлоқ, сўзан-баргҳои пўсида, ки дар зери онҳо замбўруғи нав қад кашидаанд, ҳама ҷоро фаро гирифт. Аз меҳмон бӯи нархуки таҷрибадори ваҳшии хашмгин омад, ки тасодуфан аз ҷойхоби пур аз саргинаш бархестааст. Бо умед ба кунҷи дури ҳавлӣ нигаристам, ки шояд Артемон Баринов дар дўкони худ нишаста, махорка мечокаду моро мебинад. Артемон шикорчй аст, ҳамеша камонаш дар таги даст.
Зулус бо шикамаш маро пахш кард ва ман беихтиёр кафҳоямро ба гӯшти ў зер карда, хостам бо дастони хурди лоғарам худро дифоъ кунам. Вале ман куҷову ин девори сангин куҷо? Фикре бархост: шояд аз ҷойи ҷонаш қапам? Аммо ин аз рўи одоб нест, охир мо намеҷангем-ку, Зулус барои куштани ман наомадааст ва он чизе, ки маро, як шаҳрвандро, ба Фёдор Горбачёв бад кардааст, дифои шарафи ҷонпайвандаш мебошад ва ў омода аст барои духтари ягонааш каллаи ҳар касро канад.
Зулус, як одами серфарзанд, бо шиками худ бо як озори сахт маро фишурда, бо чунин беадабӣ, бе ранҷи виҷдон мани бечораро ба хок яксон кардан мехост; ва дастони ман суст шуда, беихтиёр ба паҳлӯ, ба донаҳои аз шарбат рехта лағжид.
— Дард кард, сахт дардам додӣ! — нолиш кардам ман.
Ин Зулус ногаҳон маро бо дастҳояш печонда, гўё бо чанголи чангакмонандаш аз ду рухсорам кашида пӯсташро ҷудо карда, маро ба осмон ҳаво дод. Муддати дуру дароз дар байни абрҳои пасти сафедранги пармонанд, коҳрезакунакҳои аз ҷониби кормандони осмон гузошта ва парандагони аҷибе, ки ба қуҳои биҳишт монанд буда, пушташон зард ва зери шикамашон мисли пўсти бадани кўдаки навзод гулобӣ аст, парвоз кардам ва кўшидам худамро байни болҳои сустҳаракати мурғи илоҳӣ ҷой кунам.
Вале ҳамааш беҳуда буд, Худованд маро тамоман тарк карда, ман мисли санг ба замин афтода, рост ба салиби бетонии кӯҳна бархўрдам, ки ҳанӯз аз соҳиби пештарааш монда, бекор дар назди сарой мехобид ва ҳоло онро аз ҳама пахлуҳояш алафу гулхор пахш намудааст. Вале аз чй сабабе ҷонам дарҳол набаромад; шояд бо вазни афтиши ман буд, ки замин гӯё ларзиду ногаҳон кафид, дар зери ман чоҳи бепоён будааст, вале ман ба он фурӯ нарафтам, балки дар болои салиб, чун дар болои гилеми парвозкунанда шино карда, доира ба доира давр зада поён фуромадам: варта шаффоф буд, мисли осмони шаби пурситораи тирамоҳ, ки ҳар зарра чангаш ба чашми одӣ намоён аст ва дар ғояти ҳайрат, аллакай Зулусро фаромўш карда, хитоб намудам: «Худоё, чӣ гуна чуқур аст ин ҷо!» Ва нола кардам аз дарди номаълуме, ки диламро фишор медод, аз андӯҳе, ки ман дигар ба рӯи замин барнамегардам...
— Писарам, бедор шав. Чаро ин қадар дод мезанӣ, гўё туро корд зада куштанд!
Модарам бо изтироб аз китфонам дошта такон дод. Ман то ҳол беҳушу бе ёд бо душвории зиёд чашмони аз гиряву ашк варамкардаамро кушодам ва базӯр фаҳмидам, ки ҳамаи ин ҳазён будааст. Аз байни ашки чашмонам ба таври норавшан рўйи офтобхўрдаи пурчини модари азизамро дидам. Ў бо панҷаҳои чун боли мурғон сабукаш сарамро сила карда, гўё ба тани ман равғани боли дурроҷро молида, чун сипар мустахкам месохт ва дилсўзона сарзаниш кард: «Писарам, охир новақташ хоб рафтӣ. Хоби пеш аз шом касро вазнин мекунад. Иродааатро ба даст гир, Пашаҷон. Набошад, ана, ҳамин тавр, дар рўи диван пўсида, гузаштани умратро намефаҳмӣ. Ана, ман то ҳафтод соламро ҳис намекардам, чунин фикр мекардам, ки як аср медаваму мечаҳам. Ман сабадро гирифта, барои меваи буттаҳо ба ҷангал мерафтам, бо пайроҳа не, рост аз байни дарахту алафҳо мерафтам, шохаҳои хушкида аз зери по, мисли гунҷишкҳо, парвоз мекарданд...
Ман ба диван нишаста, пойҳоямро болои фарши рангкарда гузошта хунук намудам, дилам сахт метапид, омода буд аз қафаси сина ҷаста берун ояд; ва ба ҳеҷ ваҷҳ фаҳмида наметавонистам: ё касеро кушта будам, ё имрӯз маро куштанд. Хоби дидаам чун абр хира гашт, ҳассосияташ кунд шуд, вале дар сина чун пешгӯии воқеаи ногузире таъсири бад боқӣ гузошт.
Модарам саросемавор гирди кулбаро давр зада, аксар вақт, гӯё тасодуфан аз чорчӯбаи дар медошт, гоҳ аз канори миз, ё нӯги дастмолчаи дар рўи вафлиҳо гузоштаро бардошта, аз чизҳои пухтааш розӣ мегашт, пирожкиҳоро рўгардон мекард, ки насўзанд. Мария Степановна чил сол дар нонвойхона назди хамиру тобаву оташдон меистод, бо дастонаш тонна-тонна ордро хамир мекард, монда нашуда ба сокинони деҳа нон мепухт ва ман борҳо дар он ҷо дар зери миз, дар рўи фарш хобида будам, ки бо барфи тунуки орд пўшида буд ва атрофам бўи нон дошт.
Модарам ба болои пирожкиҳо хам шуда, гуфт:
— Имрўз ид аст, барои ҳамин кулчақанд пухтан лозим. Вақти ид мардум кулчақанд мехӯранд. Мо дар Нюхча хамин тавр мекардем. Аз ёдат рафт, Паша? Вале дар ин ҷо, дар Жабка, гӯё одамон зиндагӣ намекунанд. Ҳама чизро харида меоранд, танҳо нон мехўранд, чунон сахт, ки дандон намегузарад. Маро ба ҷои нохуб овардӣ, Паша... Ва чаро мисли ҷомадони бе даста маро аз паси худ кашола карда мегардӣ? Мани кампир ба ту чӣ даркор? Ба синни ман расӣ, мефаҳмӣ ки пиронсолон бояд дар як ҷо нишинанд, сарсафед набояд ба касе халал расонад.
Бо як гўшам суруди ҳарвақтаи модарро гўш мекардаму ба маънии он сарфаҳм намерафтам. Вай таронаи ғамангез буд, бо ишора ба хотима дар ин наздикиҳо, ки марг дар беруни дар аст, дигар азият надеҳ ва назди гўри азизон, ба зодгоҳам бар. Ба ҳар ҷои ҷаҳон, ки давӣ, оқибат бояд дар замини худ бихобӣ.
— Маро ба хона мебурдӣ, Паша. Кулба ҳанўз мустаҳкам, замин беҳуда ҳайф мешавад, охир фоидаи зиёд медод, чй қадар меҳнат сарф карда будем. Ҳезумро бо сўхтан дар ду сол ҳам тамом карда наметавонӣ. Пўстини гусфандӣ, се палто ва як сандуки калон пур аз курта. Эҳ, писарам, ман дар хонаи ту зиста, шиква надорам, вале худро мисли муше эҳсос мекунам, ки дар ҷевони каси дигар аст, аз ҷунбидан ҳам метарсам, ки яке нодуруст пой мемонам... Дар зодгоҳам ба кўча ки баромадам, ҳама даст пеши сина гузошта, истиқбол мекарданд: «Салом, Маря Степановна. Бигӯ, азизам, аҳволат чӣ хел? Дар ин ҷо ҳама мисли гунг, қасам ба Худо, ҳангоми дар кўча дучор шудан, ҳатто чашмашонро мегурезонанд, ки набинанд, лаб намекушоянд, ки ақаллан як сухани меҳрубонона гўянд...
Чй гуям: дар ҳакикат, Ватан одами масеҳиро ба худ мекашад, намегузорад, ки ором хобӣ, туро мудом ба наздаш мехонад, дар нимашаб ба паҳлуят зада, ба наздаш мехонад, ҳама чиз туро даъват мекунад, ки ба вокзал рафта, чипта гирӣ, дер накунӣ. Хайр, чӣ гўям? Гап занам, ҳайрон мешавед: ба куҷо меравед, бародарон, агар ҳама чиз пўсидаву рехта бошад? Мамлакати бузург, гуфтан мумкин, беҳуда аз байн меравад; танҳо ба ҷумаки нефт такья мекунанд. Худо як ризқ додааст, вале крани охиринро бурида партоед — ҳама аз ташнагӣ хоҳанд мурд.
— Ман дар Нюхчаи мо будам, очаҷон. Бароям афсонаҳои шумо маълум. Имрӯз ҳар яхпораи кӯчаки зодгоҳ бароят мисли лўндаи қанд ширин аст, на яхи сард.
Панҷ сол пеш, ман ба як мошини роҳгузар савор шуда, базӯр ба он ҷо расидам. Вақте аз кӯли Кен дар болои мошини боркаш мерафтам, қариб буд, ки ба конкиҳоям савор шавам. Деҳа дар зери барф, дуди ятим дар чанд ҷояки деҳа боло мешавад, пайроҳа базўр ба назар менамояд, хафтаҳо нон намеоранд, чунки роҳ нест. Барфтўда то тиреза мерасад, гуё ҳама мурдаанд, базур ба остонаи хонаи таваллудшудаам роҳ ёфтам. Ба хона даромадам, дидам, ки модарам маро интизор набуд. Вай мисли зани гадо, дар тан чодари кўҳнае партофта миёнашро бо ресмон баста, болои печка хам шудааст, дар чеҳрааш гарди хокистар, дар зонуяш косаи ҳалилоб, дастонаш дар дастпӯшак, кампир қошуқро базӯр мегирад, чашмони аз дуд хирагаштааш дуруст намебинад, ба дарди трахома гирифтор. Эҳ, ҳаёти бевазан чист? — Шалғамча бошаду квас: шикамро пур мекунад, ҳатто зардаҷўш мешавад, вале чунин эҳсос мекунад, ки гӯё ҳеҷ чиз нахӯрдааст. Маро диду ҳайрон шуд, аммо аз ҷой хеста натавонист. Ў гиря кард, дастпӯшакҳояшро кашид, пӯсти кафҳояш гӯё дар оби ҷӯшон сўхта бошад, кафидааст. Ў гиря кард, илтиҷо намуд:
— Худо туро фиристод, писарам, дуои маро шунид. Паша, ман дигар дар ин ҷо зиста наметавонам. Хаста шудам. Дигар наметавонам...
Ана, се сол боз дар ин тараф аст ва ҳоло ҳар як рўзаш гўё азоби сахт аст, гуё деҳаи зодгоҳаш саросар асал аст. Вале куҷо барам? Маҳкуми маргшударо аз саллоҳхона барнамегардонанд; шояд кулбаи хурдакаки мо дар давоми ин солҳо тамоман рехтааст; пештар ҳам аз роғи тиреза мушти кас медаромад — онро мушҳо хоида буданд, мушҳо тахтаҳои фаршро ҳам хӯрдаанд, шифти хонаро кирм хўрда гард-гард кардааст: бо китфи худ тела диҳед — кулба пош хўрда мерезад. Ҳамааш ҳезум шудааст, ҳезум, факат касе нест, ки онро барои сўзондан истифода барад...