Сайди колибри*
(пора аз роман)
Аркадий Иванович Челишев — рассом-эҳёгари чилудусола, мўйҳои дарози маллаи ба сиёҳӣ моилашро ҳангоми ба болои тасвир ё икона хам шудан бо лента мебаст; ҷабини кушодаи софе дошт ў, ки ҳангоми ба андеша рафтан ангуштонашро ба он мениҳод ва гўё фикри саркашу нобоберо молида мутеъ мекард; абрўвони дарозу беҳад мулоими занона ва чашмони хокистариаш кунҷковиро ифода мекарданд, гўё дунёе, ки ба он менигарист, аҷибу гуворо буд ва фақат гоҳ-гоҳ он чашмон, гўё дар ин дунё чизе ғайриоддию тасхиркунанда дида бошанд, равшан медурахшиданд; бинии борику нозуки андаке барҷаста чеҳраашро каме мағрур нишон медод, аммо, ҳамин ки даҳони танги маҳинашро ба табассум моил мекард, ин таассурот барҳам мехўрд.
Фармоишҳои бисёр эркааш карда буданд. Дўстдорони сарватманди иконаҳо муроҷиаташ мекарданд, ки таровату ҳусни собиқи тахтаҳои рангбохта, сўхта, дудзада, аз оҳани тез сўрохшударо баргардонад. Ва аз як дахолати нозукаш дар тахтаҳо ҳолаҳои заррин, абоҳои арғувонӣ, қабоҳои нилгун мешукуфтанду аз зулмот чеҳраҳои дилкаши фариштаҳо, авлиё ва саҳобаҳо намоён мешуданд.
Ў симоҳои хонаводагиеро, ки дар захирагоҳи осорхонаҳои музофот пўсида мехобиданд, барқарор менамуд. Аз байни рангҳои сиёҳшуда ва тарақҳое, ки тортанакҳо доғдорашон карда буданд, заминдорони чеҳракушоди камзўлпўш, ҳамсарони содиқи кулоҳпўшашон, дўшизаҳои дилкаши чашмаконашон чун олуи сиёҳ, афсарони мундирпўш бо зулфришу** мукофотҳои дар ҷангҳои Қафқоз ва ё Балкан гирифтаашон сўи бинанда менигаристанд. Челишев ин портретҳоро бисёр муҳтарам медошт, намегузошт, ки асарҳои рассомони гумноми музофот барбод бираванд ва он асарҳо барои чунин дилсўзиву дастгирӣ аз вай миннатдор мешуданд.
Боре ў аз Олмон, аз бонкдори номдоре, ки маҷмўи мусаввараҳои ҷамъовардааш бинобар фалокате ба рўди Рейн афтода буд, даъватнома гирифт. Челишев чанд моҳ дар қасри он бонкдор гўшанишинӣ карда, мусаввараҳои Матисс, Дег ва Ван Гог — заврақҳои дар оби нилгун шиновар, балеринаҳои зумуррадӣ, офтобпарастҳои қирмизиро барқарор намуд. Бо бовар ба таносух*** рангомезиҳои афсункоронаи рассомони бузургро такрор мекард ўву зери таъсири илҳоми онҳо мезист.
Муштариёни сарватманд ба Челишев пули хуб медоданд ва ў ба чизе эҳтиёҷ надошт. Либосу пойафзолашро аз дуконҳои гароннарх мехарид. Дар хонаи сеҳуҷрагии бинои сталинии кўчаи Твер мезист. Як ҳуҷраашро коргоҳ карда буду дар ду хонаи дигар, ки пур аз ҷиҳози гаронбаҳо буданд, пазироии меҳмононро дўст медошт. Фармоишгарон — бонкдорҳо, дипломатҳо, тоҷирон, ки шоҳасарҳои осебдидаро бовараш мекарданд, ба доираи хеш пазируфта будандаш. Ба шабнишиниҳо дар тарабхонаҳои гаронбаҳо даъваташ мекарданд, дар яхтаҳояшон ба саёҳати баҳру уқёнусҳо мебурдандаш, ба пойгаи аврупоии мошинҳо воридаш менамуданд ва ў дар қофилаи мошинҳои дурахшон, савори «Волво»-и хеш, шаҳрҳои зебоманзари Испания, кўҳҳои зумуррадгун ва халиҷҳои лоҷувардиро паси сар мекард. Ва ҳар бор зане дигар — офтобхўрдаву хушҳол ҳамдамаш мешуд ва ҳамроҳ дар айвони меҳмонсароча майи ноб нўшида, ба маҳтоби рахшону дилрабо менигаристанд.
Ду бор хонадору ҳар бор ҳам осон, бо розигии тарафайн, ҷудо шуда буд ў ва ҳар зани матрукаш барояш на кўдакон мемонду на навмедӣ, танҳо накҳати сабуки атрашро боқӣ мегузошт, ки боз чанде дар хобгоҳаш эҳсос мешуду баъдан ғайб мезад. Серу пур мезист, аз зиндагӣ комилан баҳравар ба кори писандида шуғл меварзиду гоҳ-гоҳ ба тамошои намоишҳои рассомону театрҳои маъмул мерафт ва ҳамеша гули сари сабади давраҳо буду аз хеш розӣ.
Боре ба осорхона даъваташ карда, иконаи муҳтоҷи эҳёро нишонаш доданд. Дар тахтаи дарозу вазнине Модархудо навишта шуда буд. Иконаи асри дувоздаҳ Марями Ёри Худо ном дошт. Сахт осеб дида буд. Тахта бисёр нам кашида, зангоб мебаровард. Мусаввара варам карда, ранг кафида буд ва гўё ҳамин замон пора-пора мерехт. Сўрохҳои зиёд — кори гамбусакҳо ҷавлонгоҳи ҳаво буд.
Чеҳра дуда гирифта буду навиштаҷоти хеле баъдина сахт таҳрифаш мекард, дар саропои икона осори зарбаи ғазаболуди корд эҳсос мешуд.
Челишев иконаро аз назар гузаронд ва ночизии ҳаққи корро, ки мудираи осорхонаи камбағали давлатӣ пешниҳодаш намуд, фаҳмида, рад кардан хост. Охир, кори содатару пурфоидатар — асари Семирадский, ки дар он зани дилкашу муҳташами гулгунпешобағал дар зарфи атиқа хўшаи бунафши ангурро мениҳод, интизораш буд.
Меҳрубонона ба мудираи хушкидачеҳраи рангканда, ки пероҳанаш гиребони номаъмули тўрӣ дошт, менигаристу суханони нарми радсоз меҷуст. Бори охир нигоҳаш ба иконаи фарсудаву кордхўрдаи рўи миз афтод ва баногоҳ дарду пушаймонӣ, дилсўзиву гунаҳкории ҷонкоҳе эҳсос кард.
Ба сўзише монанд буд он, ки ба хурўҷи дарди дил қаробат дошт. Модари чанд сол пеш реҳлаткардааш буд гўё. Ба назараш намуд, ки модари хунаш карахшбаста, таҳқирдидаву бепаноҳаш байни лойу чал, зери борони сард мехобаду касе ба додаш намерасад, ҳатто писари сангиндилаш аз вай рў гардондааст.
Дард чандон сахт буду ҷурм чандон сўзон, ки сўзиши қафаси синаашро равшан эҳсос карда, ба мудирзан гуфт:
— Ман розӣ. Машғул мешавам. Мумкин аст ба коргоҳи хонагиам бубарамаш?
— Эҳтиёташ кунед, Бебаҳост он.
— Чун модари ҷонам эҳтиёташ мекунам.
Дар коргоҳаш Челишев, рўи миз матоъи сафедеро густурда, иконаро ба болои он монд. Пардаҳои тирезаро пўшида, чароғи пурнурро даргиронд. Ҳамоно ба рўи икона нури якнавохти сап-сафед борид. Ба ин тариқ ҷарроҳихонаҳоро равшан мекунанд. Назди икона нишаст ва, мижа назада, ба дастони Бибӣ-Марям, ки ниёишкунон ба пеш ёзонда буд, нигарист. Сари хами Модархудоро рўмоли гелосранге, ки ситораҳои нозуки рахшон дошт, мепўшид, дар чеҳраи гандумгунаш чашмони калони ғизолона сиёҳӣ мекарданд, ғунчаи даҳони лоларангаш шукуфон буд, дар пойҳои хурдакаки аз зери пироҳан намоёнаш мўзачаҳои сурх менамуданд.
Назораи Челишев тўл кашид, гўё афсун шуда буду карахт, дар вуҷуди Модархудо аломатҳои зиндагиро пайдо намекард. Растании хушку пачақи гербарий, бехуну рангпарида менамуд Модархудо. Ҳарчанд ки назорааш мекард, он бузургтар мешуд, вале булўри шаффофи яхбаста менамуд, ки чун шаҳбонуи афсонавӣ беҷону берўҳ дар тобути булўрӣ хобидааст. Дар ҳашт асри мавҷудияташ ба чӣ қадар одамон нерўи шифобахш эҳдо кардааст ў, чӣ қадар одамонро наҷот додаву таскин бахшидааст, чӣ қадар ҳуҷумҳои адўвонро баргардондааст, борҳо ба коми оташаш афкандаанд, дар чоҳҳояш ғарқондаанд, табаркуш кардаанд, корд задаанд ва ў бемадор шудаву хушкидаву фавтидааст, ба гули пажмурда, сояи сокити рўи тахта, рангинкамони тира, булўри яхин табдил ёфтааст.
Челишев ранҷ мекашид, ғам мехўрд, барои Модархудои зебои беҷон ашк мерехт. Мафтуни вай буду дар вуҷудаш набзи нозуки зиндагиро бедор карда наметавонист. Бо умеди эҳсоси нафаси базўр аёнаш рўяшро наздики он мебурд. Дастони ниёишгарашро мебўсид. Ва он дастон зери лабонаш ноаён меларзиданд, аз онҳо гармии базўр аёне меомад. Челишев хушҳолона ба Модархудо, ки гўё бедор шуда буд, менигарист. Намурда буд вай, балки аз заҳмату ранҷҳо беҳол гашта, ба хоби гароне рафта буд. Ва ў, чун табиби бемори арҷманд, варо табобат мекунад, ҳаёти андакашро, ки дар бадани азияткашидааш гармӣ дорад, нерў мебахшад. Эҳсос кард Челишев, ки ҳаёти ў аз ин лаҳза дигаргун гашт, дилу ҷонаш ба ҷониби барояш ғайриинтизор, ки ин қадар солҳо дар бараш мерафту руҷўи ўро мунтазир буд, рў оварданд.
Як ҳафта сарфи хушк кардани тахта шуд. Барои ин дар атрофи икона бухориҳоро монду шамолдеҳакро рўшан кард. Мавҷи хушки ҳаво иконаро менавохту дарахт батадриҷ рутубат хориҷ менамуд. Челишев оҳиста ба тахта ангушт зад ва оқибат ба ҷои садои гирифтаи торҳои аз об варамида овози ҷарангосии хоси пардаҳои ксилофон**** танинандоз гардид...
Бо эҳтиёти тамом иконаро ба матоъи сафед печонда, назди духтури шиносаш, ки дар томограф кор мекард, бурд; ба ҳалқаи васеъаш монда, назора кард, ки чӣ гуна ҳалқа бо хиш-хиши андак дар рўи тасвири Модархудо ҳаракат мекунад. Дар экран амвоҷу хатҳои гуногунранг ба ҷунбиш даромаданд. Принтер аксҳои зиёде мебаровард, ки дар он анвор аз икона гузашта, осебу зарарҳо, халоъу варамҳо, қабати аввалия ва қабатҳои баъдан бар он афзударо равшан мекард.
Акнун, ки асли беморӣ барояш маълум ва дарди мизоҷи арҷманд муайян шуда буд, Челишев ба табобат пардохт. Раванди эҳё оғоз ёфт.
Чунон ки ҳар ҳуҷайраи беморро муоина мекунанд, тавассути заррабин ҷойҳои осебдидаро аз назар гузаронд. Ҳар қисмат, ҳар як ҷои харошида мавриди таҳқиқ қарор гирифт. Дар дастони эҳтиёткораш гоҳ корди ҷарроҳӣ пайдо мешуду гоҳ сўзандору, гоҳ мўқаламча ва гоҳ пахтаи нам. Доғҳоро мешуст, милку карахшҳоро мебурид, моеъи часпанда мепошид ва рангинпораҳоро рўи тахта устувор намуда, таровати аввалаашонро бармегардонд.
Баъди як моҳи заҳмати пурдиққат қисмати начандон калони мисли хун сурхи икона покизаву барқарор шуд ва акнун дар он бо ҳама қимату шаҳомат ситора бо ранги тиллоӣ медурахшид. Челишев беҳолона аз он ситораи нозуки дурахшон чашм канда наметавонист.
Ва замон барҳам хўрд. Москва ҳам дигар вуҷуд надошт, пардаҳои тиреза, ки сўи хиёбони Твер менигаристанд, кашида шуда буданд. Рўзу шаб чароғи рахшони сафед, ки дар зераш Модархудо нурафшонӣ мекард, фурўзон буд. Ва чун марғзори зери офтоб, ки сояҳояш доман мекашанд, матоъҳои эҳёшудаи либосҳо гулафшонӣ менамуданд.
Челишев пай набурд, ки чӣ гуна дарахтони гулгашти Твер хазон шуданд ва сели рахшони мошинҳо зери хазонрез бо суръат мераванд. Пай набурд, ки чӣ хел боронҳои сард оғоз ёфтанд. Ва пайкараи Пушкин, чун шишаи сиёҳ медурахшаду дар пояаш гули танҳое маҳзунона сурхӣ мекунад. Пай набурд, ки чӣ сон баробари барфбоди аввалин чароғҳои шабафрўзи Твер дар ҳалқаи рангинкамони бенур хира шуданд. Пай набурд, ки чӣ хел зери лўлаи об биркаи софе пайдо шуд, ки дар он сели равони мошинҳо инъикос меёфтанд ва оташи серангаи светофор медурахшид. Пай набурд, ки чӣ гуна хиёбонро тумани сабз печонд ва дар тали сиёҳи гулзор лолаҳо парафшон гаштанд. Соле сипарӣ шуд, ки аз рўзу ҳафтаҳо не, аз қисматҳои кўчактарин иборат буд; қисматҳои кўчактарине, ки ў аз марг наҷоташон бахшид. Он қисматҳо хиштчаҳои ин ҷаҳон буданд, ки ў намондашон пош бихўранд.
Заҳмати Челишев лаззати ногуфтание мебахшид, гўё ҳар рангпора ҳаловати ноаёне эҳдояш мекард ва дар оянда, вақте ки кор анҷом меёбад, мукофоти беназире интизораш аст.
Вақте ки ў дударо аз чеҳраи Модархудо дур намуд, он бо анвори нозуки ангубинӣ дурахшид, лабони нозукаш ғунчагул шуданд, дар чашмони чун чашмони ғизол кашидаву зебояш осмони ситоразор тобон гардид ва ў хушбўиеро эҳсос кард, ки икона мепароканд. Коргоҳ саршори бўи гул шуд ва ў дар ҷустуҷўи дидани гулбуни шукуфон беихтиёр ба атроф нигарист.
Челишев дигар аз ошноёни пешин дурӣ меҷуст, аз мулоқотҳо мегурехт. Билети намоишҳои театрҳои англисиву фаронсавиро, ки театрдўстони масковиро мафтуну бехуд мекард, рад менамуд. Даъватномаи ҷашни пўшидаи зодрўзи вазири фарҳангро нодида гирифт. Ба даъвати маъшуқаи собиқ, ки ба сайри Испания мехондаш, посух надод. Телефонашро, ки қаблан беист занг мезад, хомўш кард. Худро ба танҳоӣ маҳкум кард, вале инро эҳсос наменамуд. Ў танҳо бо Модархудои фаттон буд ва ҳар бархурдаш бо ў, ҳар рангинпораи аз тахриб наҷотдодаи икона ҳаловати бемисле ба бор меовард.
Боре мудираи осорхона ба коргоҳаш омад. Бо ҳайрат ба икона нигарист ва чеҳраи пажмурдаи карахташ нарму нозук арғувонӣ шуд.
— Коратон, Аркадий Иванович, ба анҷом мерасад. Аллакай байни осорхонаву ибодатгоҳ баҳс сар шудааст — мехоҳанд икона ба он дода шавад. Охир, ҳифзаш карда наметавонанд. Боз бераҳмона месўзандаш, яхаш мекунонанд, дар маъбади намаш меовезанд. Барои ин ғилофи махсус лозим аст, ки ҳарорату рутубатро танзим кунад. Фикри шумо чӣ, Аркадий Иванович?
— Намедонам, — оҳиста ҷавоб дод Челишев, ба тиллои тобони ситора нигариста ва чеҳраашро табассуми рўҳбахше фаро гирифт.
Ба назди ў аз маъбад роҳиба модар-Елизавета ҳам ташриф дошт. Аз ҳамон маъбаде, ки замоне Модархудо барои княз Андрей Боголюбский зуҳур кард ва ў кашидани тасвирашро фармуда буд. Модар-Елизаветаи лоғару сари синааш ҳамвор ва чашмони кабуди сиёҳфомаш шуълавар борҳо ба икона саҷда овард ва бо овози андаке хиррӣ ба сурудан оғоз кард:
— Модархудои порсо, шод бош. Марями табаррук, Худо ёрат. Дўшизаи саропо хайру эҳсонӣ ту. Саропо хайру баракат аст вуҷуди ту, ки наҷотбахши рўҳу ҷонҳои моро зодаӣ.
Баъд чеҳраи самимонаи бинидарозашро сўи Челишев гардонд:
— Шумо, Аркадий Иванович, аз ин дунё нестед. Шуморо Худо баргузидааст, ки дар ин рўзҳои тақдирсози ҳаёту мамоти Россия тавассутатон симои Модархудои муқаддас зуҳур кунад. Бо дастони шумо ин симои табаррук бар фарози сарзамини рус нурафшон мешавад ва чашму қасди бадро аз он дур мекунад. Акнун, Аркадий Иванович, шумо бояд ҳамеша, ба ҳар куҷое, ки биравед, дар паҳлўи Модархудо бошед. Назди мо, ба ибодатхона меравад он, ба он ҷое, ки барои князи содиқ Андрей зуҳур кард. Модархудо ба мо шоҳро нишон медиҳад ва шумо инро ба ҳамаи мардум эълом медоред. Дар ин аст эътиқоду корномаи шумо, Аркадий Иванович, — Модар-Елизавета сўи Челишев салиб кашид ва, камари борикашро чолокона хам карда, ба икона таъзим намуду бадар рафт.
Заҳмати ў поён меёфт. Саропои Москва пур аз арчаҳои солинавии чун шоҳбонуҳо ғарқи дурру марҷон буд. Дарахтони хиёбони Твер шаддапеч буданд ва одамон гўё дар ҷангали анбўҳе, ки пайваста булўряхҳояш ҷарангос мезаданд, роҳ мерафтанд.
Челишев бодиққат ба икона менигарист. Ҳар зарра, ҳар рангинпора гармии дастони ўро дошт, нафаси гарми ўро эҳсос карда буд ва бо рангҳои азалии зебову фаттон ҷило медод. Модархудо гўё дар заврақе, ки дар баҳри бекарон, байни барфу бодҳои Москва, арчаҳои солинавӣ, дарахтони булўрин шино мекард, ба хоб рафта буд.
Ногаҳон эҳсос кард ў, ки ҳавои коргоҳ ғайб мезанад, дар атрофи икона холигии беҳаво зуҳур мекунад ва он дар умқи нилии ҷилои ахтарони бешумор ба парвоз меояд. Челишев нафастанг мешуд, аз ҳуш мерафт, аз марги ногаҳон ба даҳшат меафтод, ки баногоҳ аз икона, аз умқ, тавассути тахта, либосҳои мунаққаш, чеҳраи мисин, аз он ҷое, ки каромоти ба ақл дастнораси илоҳӣ ниҳон аст, нури чашмбаре шуълавар шуд. Анвор ба вуҷудаш ҷорӣ гардид ва шодмонии бемисле саршораш кард. Касе абарқудрату ҳайратовар ўро бардошту байни рангинкамонҳои чашмбар, ҷилоҳои пурафсун, амвоҷи пурхурўш, ки акси ахтаронро алвонҷ медоданд, нигоҳ дошт. Ончунон хушӣ, ончунон шаҳомати нуронӣ, ончунон муҳаббат эҳсос кард ў, ки макону замон ғоиб гашт ва танҳо як фараҳи нафасгардон боқӣ монд.
Ин лаҳзае давом кард. Баъд боз дар коргоҳаш буд ў. Икона чун қолаби фулузгудозӣ, ки барои сард шудан гузоштаанд, меистод. Дили вай ҳамоно шодмонӣ дошт...
Аз ҳамон рўз Челишев вобастагии ширинашро ба икона эҳсос кард, гўё на ў иконаро, балки икона ўро умри дубора бахшида бошад.
Гўё Модархудо беҳарф амрҳое медиҳад, ки хотираҳояшро бармеангезанд, ҳар амр ҳайрону мафтунаш мекунад. Модарашро — ҷавону зебо, пероҳани сафеди васеъ ба тан — ёд овард. Дар назди оина мўйҳои хурмоиашро шона мекарду мўйҳояш аз зери дандонҳои шонаи чўбӣ мешориданд ва дар назди оина, байни шишачаҳо, шишае, ки офтоб воридаш гардид, бо шуълаи ҷолиби зумуррадӣ ҷило медод.
Бўстонсароро ёд овард ў, шиғи тахтагиеро, ки ба рўяш шабпаракҳо менишастанд ва ў ларзидани мўйлабчаҳову ҷилои пашмакҳои тани нозукашонро медид.
Тирезаи хонаи муқобилро, ки шомгоҳон аз нури чароғ норинҷӣ метофт, ба хотир овард. Баъдан дар назди тиреза ҷавонзане пайдо мешуд. Оринҷи урёнашро намоён карда, ба тангкўча менигарист. Умқи ҳуҷра дар паси ў бо нури сеҳрангезу ҷолибе аён мешуд.
Боре ба Челишев чунин намуд, ки Модархудо ба кўчааш фиристода, хоҳиши шўшаях овардан мекунад, шўшаяхҳое, ки фаррошон зада аз девори бино меафтонанд. Ў ба ҳавлӣ фуромад, шўшаяхи нўгтези нилгунеро гирифту ба хона овард ва дар паҳлўи икона гузошт. Модархудо ба шўшаяхе, ки дар он арчаҳои солинавӣ мунъакис шуда буданд, менигарист.
Нимашаб аз изтиробе бедор шуд. Гумон кард, ки Модархудо мехонадаш. Пойлуч ба коргоҳ даромада, чароғро даргиронд, икона дар ҳолаи нури ранҷури арғувонӣ буд ва гўё таб дошт. Аз ҳавои гарми атрофаш гўё нур мехест. Челишев дид, ки аз чашмони Модархудо ду қатра ашки хунин ҷорист. Мегирист ў. Бадбахтии ояндаро эҳсос мекард. Рухдодеро эҳсос менамуд, ки натанҳо ба як Челишев, балки ба ҳамаи одамон, ба тамоми Россия, ки ба гуфти Модар-Елизавета Модархудо барои наҷоташ зуҳур карда буд, сияҳрўзӣ меовард. Челишев дарду ранҷи бекаронеро, ки Модархудо аз сар мегузаронид, ҳис мекард. Эҳсос менамуд, ки сарчашмаи ранҷ дар паси ин тирезаҳо, дар шаҳри ғарқи зулмот, дар байни биноҳои муҳташами сангин, кўчаҳои аз мошин пурғавғо, арчаҳои пурҷилои солинавист. Модархудо тақозо дошт, ки Челишев ба шаҳр биравад ва сарчашмаи бадбахтиро биёбаду бартараф бикунад. Амри Модархудо раднопазир буду ўро саросема мекард. Зўре бармеомад аз вай, ки роҳ менамуд. Челишев бошитоб либос пўшид ва дар он нимашабӣ ба ҷустуҷўи лахтаи фалокат, ки боиси ҳалокати ҳамагон мешуд, баромад.
Ҳаёти шабонаи Москва идома дошт. Он сокинони дар тўли рўз азиятдидаашро дар минтақаҳои истиқоматӣ пинҳон намуда, тарабхонаҳо, клубҳои шабона, толорҳои театрро барои дўстдорони дилхушӣ, муштариёни хўрданиҳои лазиз, ҷўяндагони хастагинопазири лаззатҳо кушода буд. Дар кўчаҳои баъди барфи навборида сап-сафед, барфи пурҷилоро бо чароғҳояшон рўшан карда, мошинҳои гаронбаҳо равон буданд. Намоишқуттиҳои***** мағозаҳои бошукўҳ бинандаро бо мўинаи кабуди рўбоҳ, ороишоти хориҷӣ, тиллову алмос мафтун мекарданд. Лавҳаҳои майхонаву муассисаҳои дилхушии шабона дар он ҳавои сард чун оташи банголӣ шуълапошӣ доштанд. Ва дар ҳама ҷо — майдонҳо, чорроҳаҳо арчаҳое қомат афрохта буданд, ки чун бонувони нозанин пероҳанҳои гуногун — сабз, нилӣ, доманҳои сурхи сиёҳтоби орову тороёфта доштанд.
Челишев, дар банди нишондоду амрҳои беҳарфе, ки Модархудо ирсолаш карда буд, дар кўчаҳои Москва қадам мезад. Мафтуни хатҳое буд, ки ба пиёдароҳҳо мебурдандаш, ба гузаргоҳҳои зеризаминӣ мефуровардандаш, аз як минтақа ба минтакаи дигар мерасондандаш. Ин хат ба лахтаҳои бадиву ранҷҳо, ки ҳар яке дар худ марги ҳама ҷаҳонро дошт, наздикаш мекард. Чунон ки дар акси рентгенӣ доғҳои дарднок намоёнанд, шаҳри муҷалло мавҳумоти ноаёнеро дар худ ниҳон медошт.
Аз назди тарабхонае гузашт, ки «қонунидуздон»-и гурҷӣ базм доштанд. Қарордоди калони нафтро «мешустанд». Пулҳоро пош медоданд, ҷавонзанҳоро ба ҳуҷраҳои алоҳида бурдаву арақшор ва бо куртаҳои тугмаво бармегаштанд. Занҳо бо ангуштони нозукашон сари синаҳои пашмини гурҷиҳоро мехориданду онҳо беғам механдиданд ва дар ҳамин лаҳза аз кисаи пиҷаки яке тапончаи тиллоӣ афтод...
Челишев ба гей-клуби машҳур, ки дар болояш рангинкамони садранг ҷило медод, наздик шуд. Марди дарбон, ки шубаи занона ба тан дошт ва лабонашро сурх кардаву туфлии пошнабаланд пўшида буд, дарро боз кард. Коргардони машҳури пиру фарбеҳ, ки навакак аз мошини боҳашамате фуромада буд, китфони писари наврасеро оғўш карда, вориди «муассиса» шуд, Ҳарду дар говгуми толори даромадгоҳ, ки бўи арақи гарми бадан ва атрҳои заҳрноку марговар дошт, ғайб заданд.
Баъд Челишев аз назди дискотекаи шабона даргузар шуд. Мусиқии девонавор, ки деворҳо хеле нармаш мекарданд, кўчаро пур карда буд ва ў зилзилаи ниҳониеро эҳсос намуд. Дар ниматорики дискотека зери анвори нилӣ издиҳоме ба ҳам часпида мерақсид. Чунон танг буд, ки раққосу раққосаҳо дар ҷояшон истода, худро ба баданҳои ҳамдигар месоиданд, мастона бўсобўсӣ мекарданд, аз кашиши рагҳои бехудашон ногаҳон меларзиданд. Баландтар аз тўда дар сутуне зани урёне, чун олиҳаи афсунгар, саропо тиллопўш мерақсид. Ў беист ҳаракат мекард, пойҳои тиллоияшро пасу пеш мепартофт, чун мори заррин печутоб мехўрд. Тўдаи тапанда шулуки бузурги часпакро мемонд, ки луоби ранга қай мекард ва қатраҳои он луоби ранга кўчаро доғдор менамуд.
Челишев бо хате равон буд, ки чун идомаи ишораи амромези Модархудо дам ба дам ба лахтаҳои зулмоташ мерасонд. Лекин дар ягонтои онҳо, чун дар себи сиёҳ, кирми ҳалокати ҳамагон, аждаҳоре, ки омодаи ҳуҷум ба Россия бошад, пинҳон нашуда буд. Ва ў чанде дар атрофи лахтаи навбатӣ гаштугузор намуда, аз он ҷойҳо дур шуд ва саёҳати пурафсунашро дар шаби Москва, байни арчаҳои заррин идома дод.
Овора, чун дар хоб мегашт. Чашмонаш боз, лекин худ чун шабгард хоб буд. Амри беҳарфи ҳатмие раҳнамоияш мекард. Маҷбур менамуд, ки кўчаҳоро бубинад, дар ҳавлиҳо давр бизанад, зери чароғи танҳо сукут биварзад, ба намои тираи биноҳои ягон-ягон тирезаҳояш равшан бингарад. Дар яке аз чунин тангкўчаҳо маҳбасро дид. Дар ҳалқаи биноҳои истиқоматӣ буд он ва аз роҳи калон наменамуд. Сангпушти бузургу баднамои косааш чорхонаро мемонд. Дар паси девори хиштӣ, дар он сўи симхорҳои беохир чизе оҳ мекашид, ранҷ мебурд, ҳазён мегуфт. Бўи оҳан, қулфҳои равғанӣ, арақи ҳаром, ҷабри бераҳмона меомад аз он ҷо. Маҳбас бадхашмона ба Челишев менигаристу аз он ҷо ба дуриҳо ронданаш мехост. Ногоҳ дарвозаи оҳанин кушода шуд. Аз он мошини боркаши дар рўяш қуттии пўлодӣ берун омад, ки андарунаш ҷони маҳкуми ноаёне дар худ мепечид.
Челишев, гўё бўрони шабона мебурда бошадаш, дар оворагардиҳои хеш аз ин тарафи Москва медаромаду аз он тарафаш мебаромад. Гўё ҳамаро фаромўш карда буд, чашмонашро пўшида мерафт ва ҳангоме мекушод, худро дар гўшаи дигари шаҳр медид, ки хиёбону кўчаҳояш ҳам ноошно буданд. Инак, дар пеши ў бинои муҳташаме чун сахраи кўҳ истодааст. Ғилофи бузургеро мемонд он, ки андарунаш бе нуру гармӣ ким-чизи зинда пинҳон буд. Меларзид он, медамид, мерехт. Маркази саратоншиносӣ буд ғилофи бузург ва ба Челишев чунин менамуд, ки варами бузургеро мемонад. Он чун шаддае дар рагҳои бунафшранг оҳиста меафзуду дар сурати фасод ҷорӣ мешуд. Челишев ларзиши бомҳои бетониву ҷарангоҷаранги бастаҳои оҳаниро мешунид. Омос афзуда, ба деворҳои бино фишор меовард ва онҳо гўё ҳамин замон аз ҳам мепошиданду ин даҳшати часпак ба рўи Москва меафтод. Болои бинои сиёҳ базўр равшан буд. Арвоҳи мурдагон буд он, ки аз ранҷ раҳида, ба осмон пар мекашиданд.
Дар канори шаҳр, дар минтақаи истиқоматӣ, тирезаи ошёнаи якум ғарибона месўхту ба рўи барфтўдаҳо тасмаи зарди нур меафканд. Челишев ба он тиреза нигарист ва дид, ки рўи мулоимкурсии ҷарроҳӣ, пойҳояшро ба ду тараф ёзонда, зане мадҳуш хобидааст. Ҷарроҳи хилъаташ хунолуд ба батни зан найчаи пўлодӣ мегузорад ва ҷанини ба чалчиқи хунин мубаддалшуда фавворазанон ба тағораи сирдор мерезад.
Дар лахтаҳои дарду азоб, ки Челишев дид, хатарҳои мудҳиши ба сарнагунсозии Россия омода ниҳон буданд. Лекин хатҳо ба лахтаҳои дардовар танҳо наздик мешуданд ва аз пеши онҳо гузашта, Челишевро ба роҳаш мебурданд.
Гўш ба амри беҳарф, вай оқибат худро дар назди хонааш, дар майдони Пушкин, дар гулгашти назди пайкара дид. Шоири биринҷӣ, кулоҳашро гирифта, таъзим кард ва барфбоди сабуке мўйҳои ҷингилаи биринҷӣ, кулоҳ ва гули пояи пайкари ўро нуқрапўш намуд. Челишев назора мекард, ки чӣ хел дар хиёбони Твер сели рахшони мошинҳо босуръат равон аст, ҳар як бо чароғҳои сафеди обӣ мерасаду бо оташакҳои чун ангишти тасфида сурх дур мешавад. Ин сел ногоҳ карахт шудаву кўчаро холӣ мекунад ва ин ҳангом аз хиёбони дигар мошинҳои шитобон ин хатро бурида, майдонро ба салиби шуълаваре табдил медиҳанд.
Хати сафараш ўро ба гузаргоҳи зеризаминӣ овард. Он ҷо ягон-ягон одамон шитобон мерафтанд ва ҷавонзани ғижакнавоз, ки мўйҳои афшон дошт, бехудона менавохту гузаргоҳро саршори мусиқии нолон мекард. Дар пеши зан кулоҳе буд, ки андарунаш чанд тангаву пулҳои ғиҷим менамуданд.
Челишев ба хиёбони Твер баромад ва худро дар бешаи булўрин дарёфт. Дарахтонро шилшилаҳои рангину дурахшон печонда буданд. Танаҳояшонро яхи нилгуне ташкил медод, ки садои кунде мебаровард. Гулгашти холӣ, дар иҳотаи дарахтони булўрин, то дуриҳо мерафт ва қад-қади он барфбоди шаффоф мешитофт.
Мошинҳо дар назди тарабхонаи «Пушкин» меистоданд. Дарбони силиндрпўш дарҳои мошинҳоро кушода, мизоҷонро то даромадгоҳи тарабхона мегуселонду болои сари хонумҳо чатр мекушод. Дар назди тарабхонаи «Тўрондухт» чун дар маъбадҳои оташпарастон машъалҳои нилгун фурўзон буданд.
Челишев бо эҳсоси изтироби ҳардамафзо дар хиёбон қадам мезад. Ин изтироб байни дарахтони булўрин мегашт, бар фарози қасрҳои кунгурадор мевазид, аз бинои сиёҳи Театри бадеӣ чун дуд фағона мезад. Афзун мегашт, сангин мешуд, чун абр аз миёни дарахтони муҷалло бармехост. Ва ба ҳарос табдил меёфт.
Челишев муқобилат мекард, рафтан намехост, лекин нерўи якрав водораш мекард, ки равон бишавад. Ғарқи абри даҳшат мешуд ў, ки дар он гўё мавҷуди мудҳише гиреҳ хўрда буд.
Дар куҷое булути садсолае меруст, ки Пушкинро ёд дошт, вале Челишев онро намеёфт. Вай дар назди бинои баланди садсола, ки тирезаҳои калон-калон дошт, қарор гирифт. Бино сиёҳ буд, лекин ду қабаташ, гўё ҷашнгоҳи шабонае буданд, ки нур меафшонданд. Шишаҳои булўрини тирезаҳои кандакорӣ нури сафед мерехтанду дар он барфбод бо ранги нуқрагин медурахшиданд. Ва аз он тирезаҳо даҳшати сангине мевазиду касро девона мекард.
Ба ин ҷо, ба назди ин бинои дилфиреб, Челишевро Модархудо оварда буд. Фалокате ошён карда буд дар он, ки Россияро ба ҳалокат мерасонад. Ва Челишеви бемадору аз сармоҳои шаби хиёбон яхбаста бояд ин фалокатро пешгирӣ кунад.
Ў дар байни дарахтони булўрин, ба тирезаҳои дурахшон нигариста, карахт меистод.
* Колибри — паррандаи хурдакаке дар қитъаи Америка.
** Зулфриш — бакенбард.
*** Таносух — интиқоли рўҳ аз ҷасад ба ҷисми ҷонзоди дигар.
**** Ксилофон — сози мусиқии чангмонанд.
***** Намоишқуттӣ — витрина.