The Dark Side of Love
Ба хотир мерасад чун ишқи навмедонаи дерин,
Ки ҳоло пос медорам варо чун ёди як мурда,
Маро месӯхту мекушту мебирёнду меафшурд
Ғаму андӯҳи нокомии сахти ҷони озурда.
Дилам мехост бошам молики эҳсосу афкораш,
Дилам мехост ҷонаш сабз гардад дар вуҷуди ман,
Шавад ӯ дидаи ман, хуни ман, нерую армонам,
Ҳама афтодагиҳоям шавад охир сууди ман.
Вале танҳо азобу дард монду ҷумла дигар рафт,
Ва фаҳмидам барои хеш ман ин сон ҳақиқатро:
Агар ин нерую ин зиндагиро мешудам молик,
Баробар мешуд он бо қатли ому куштану яғмо.
Ва фаҳмидам, ки ин сон ишқ даҳшат ҳасту ваҳшат ҳаст,
Аз ин рӯ мешавад табдил бар андӯҳу бар меҳнат.
Аз ин рӯ андар оғӯши нафасгардони пеш аз ҳаҷр
Биларзад ҷону тан чун ларзад аз як хоби пурдаҳшат.




